Рӯдакии суханвар ва шеъри ҳидоятгари ӯ

Алии Муҳаммадии Хуросонӣ

  Асрҳои lX-X  мелодӣ барои мардумони дар зери тасарруфу ғасбкорию таассубзудои хилофати араб мондаи Хуросони бузург ду қудрати тавонои таърихии фаромӯшнашавандаро барои ҳаёти минбаъдаи ин минтақа фароҳам овард, ки имрӯз ҳам таҷаллии худро на танҳо накоста, балки бо ба истиқлолият расидани як ҳиссаи бумии  он – Тоҷикистони соҳибистиқлол фурӯзонтар гардида истодааст. Ин ду қудрати тавоно, ки ҳоло ҳам зӯру тавон худро нигоҳ дошта меоянд, кадомҳоянд? Аввалан,  ин бо муросову мудорои мардуми бумии эронитабор ва Шарқи Миёнаву Наздик бо хилофати араб ба майдони сиёсату фарҳанги миллӣ ворид гардидани яке аз сулолаҳои покрою муқтадир Сомониён (875м.-1005м.) бошад, сониян дар сояи ин салтанати озодаю инсондӯст ва фарҳангпарвар ба  меъёр даромадани забони модарии мардумони он - форсии дарии тоҷикист, ки шукӯҳу дасто-вардҳояш  дар таърихи ҷаҳон камназир дониста шудааст. Аз ин ду қудрати тавоно яке тавонист давлати муқтадиру марказонидаву мутамаддини, ба истилоҳи дунявӣ, дорои марзи ягонаи ҷуғрофӣ офарад ва дигаре дар паноҳи аввалӣ тавонист ба устувор намудани мавқеи сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангии он ҳиссаи вофир гузорад ва, зиёда аз ин, марзҳои сиёсию фарҳангии берунаро қарнҳои зиёди минбаъда тасхир намояд,  муддати тӯлоние забони давлатдории аҷнабиёни фармонфармои Хуросону Мовароуннаҳр, Эрону Ҳинд ва Ироқи Аҷам ҳам гардад. Ба ин маънӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин ишораи илман ҷолиб дорад: «Забони тоҷикӣ дар гирудорҳои шадид ва тохтутозҳои бераҳмонаи аҷнабиёни истологар на танҳо ҳастӣ ва покии худро нигоҳ дошта тавонист, балки ғосибонро маҷбур кард, ки онро ҳамчун забони девону дафтар ва давлатдории хеш қабул намоянд»[1].  Доир ба қудрату тавони забони форсии дарии тоҷикӣ шурӯъ аз замони давлатдории Сомониён ҳар қадар сухан гуфта шавад ҳам кам аст. Дар ҷаҳон забонеро наметавон ном бурд, ки масъулияти таърихии худро ба ин поя анҷом ва идома дода истода бошад.

         Тамаддуни сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии даврони Сомониён аз нигоҳи ҳирфаияту барӯмандӣ пурмоя ва миллӣ буда, саршор аз муассиртарин корномаҳои сиёсию фарҳангӣ, зинда кардану бозтоби дастовардҳои пешиниён ва диду бардоштҳои тоза ба тозаву мондгори форситаборон, аз ҷумла тоҷикон, мебошаду нубуғи шакли давлатдорию фарҳангпазирии мардумамон аст, ки мо имрӯз онро аз сафҳаҳои заррини осори адабию таърихӣ, тазкираву луғатномаҳо ва маъхазҳои гуногун дарёфта, рӯҳамонро болида мегардонем, сабақи амалӣ барои имрӯзу ояндаи халқу миллати куҳанбунёдамон медонем. Ба ин маънӣ, дар мақолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ганҷинаи бегазанд» омадааст, ки: «Ба бахти миллати мо дар асри lX шоҳони Сомонӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон ба сари қудрат омаданд ва бо омехтани фарҳанги гузаштагону навҷӯйиҳои адибони замони худ ба фарҳангу тамаддуни исломӣ забону адабиёти наверо ба майдон оварданд,  ки сабаби бақои миллати тоҷик гашт. Дар ин давра дар шакли комил адабиёте ба вуҷуд омад, ки дар садаҳои баъдӣ тамоми мардумони ҳамсояро, ки дар Мовароуннаҳру Хуросон зиндагӣ мекарданд, зери таъсири худ қарор дод»[2]. Ва дар сари ин адабиёту фарҳанги дар паноҳи вазири хирадманди Сомониён Абулфазл Муҳаммад ибни Абуллоҳи Балъамӣ ташаккул ва таҳаввулёфтаистода абармарди қодирсухан Одамушшуаро Абӯа бдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) қарор дошту дар атрофи худ, бо шарофати сиёсати мардумсолорӣ, хирадофаринӣ ва созандагии Сомониён, чеҳраҳои тобони илму  адаб, монанди Абулаббоси Марварзӣ, Ҳаким Майсарӣ, Котибии Хоразмӣ, Муродӣ, Шокири Бухороӣ, Кисоӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Робиаи Балхӣ ва даҳҳои дигарро ҷамъ оварда буд. Баъдтар ба майдони илму адаб гомҳои қавӣ ва ҳадафмандона бардоштани Лукарии Чангӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯбакри Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ барин суханварону донишмандон низ идомаи  корҳои шоистаи Сомониён буд. «Сомониён аз он сабаб шоиронро (ҳатто аҳли илму фарҳангро – А.М.Х.) ба дарбори худ ҷамъ мекарданд, ки ба воситаи онҳо шуҳрати худро зиёдтар паҳн намоянд…» [3]. Ин андешаи солими академик Б. Ғафуров дуруст аст. Вале агар ба шахси Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун маликушшуарои дарбори Сомониён наздик шавем, дармеёбем, ки Одамушшуаро ва ҳамқаламонаш ба эҷоди осори бадеии худ дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи кишвар, мудофиаи марзу буми ватан, баробарию бародарӣ саҳм мегузоштанд. Яъне, ба корҳои умури давлатӣ дахолат менамудаанд. Ашъори хеле андак мондаи худи Рӯдакӣ низ таъйидкунандаи ин гуфта мебошад.

Дуруст аст, ки устод Рӯдакӣ дар навбати аввал, албатта баъди омӯхтанҳову андӯхтанҳои пайваста, худро ба сифати ҳунарманду  мутриб назди аҳли адабу фарҳанги Самарқанд ва зиёда аз ин овозааш ба дарбор Сомониён расидан, муаррифӣ намуда буд. Бо ба Самрақанд омада ба дарбори Сомониён роҳ ёфтан ӯ дарк намуд, ки танҳо бо мусиқинавозӣ ва офаридани оҳангҳои гуногуни дилписанду дилхушкунанда ба боварии аҳли дарбор роҳ ёфтан муҳол аст. Рафт аз дунболи ба оҳангҳояш матн пайдо кардан. Ҳамин ният ӯро ба эҷоди шеър талқин намуд,  ки  Рӯдакишиносон Ҳ. Эте, Э. Броун, Саъид Нафисӣ, Забеҳуллоҳи Сафо, С.И Брагинский, А. Мирзоев, Х. Мирзозода, Р. Ҳодизода,  А. Афсаҳзод, А Сатторзода, Л.И. Брагинская, А.М. Хуросонӣ,  А.  Раҳмонфар ва дигарон дар ин бора ишораҳои зиёде доранд.

Дар Самарқанд ҳунари мутрибию шоирии устод Рӯдакӣ рӯ ба камол буд. Вай ҳамчун фарди соҳибистеъдод дар баробари машғулияти пайваставу фарогирии илмҳои замон дар манзили деҳқонони сарватманд ба ҳунари  сарояндагию навозандагӣ ва эҷоди бадеӣ машғул гардида, дар маҳфилу маҷлисҳои  адабию илмии шаҳр ширкат мекарду шуҳрат бар шуҳрат меафзуд. Ҳамин аст, ки ӯ дар Самарқанд, дар аҳди ҳукумронии Насри l ибни Аҳмад (солҳои ҳукмрониаш 865-892м.) ба хидмати дарбор даъват карда мешавад[4].  Нахуст, ба  дарбор омадани устод Рӯдакӣ бо даъвати сарварони Сомонӣ бошад, дар навбати сонӣ майли дилу хости худи ӯ низ ҳамин буд. Ба дарбор майл намудани ин ҳунарманду суханвари дар касбу ҳунари худ баркамол ҳадафҳои созанда бар нафъи халқу миллат ва ватан дошт. Аз рӯйи ашъори ғиноӣ ва мадеҳаҳои малеҳи устод Рӯдакӣ ва ишораҳои тазкиранигорону таърихнигорон ҳукм намудан мумкин аст, ки вазъи зиндагӣ ва мартабаву манзалати шоир дар дарбор хуб ва дар неъмату фаровонӣ мегузашт. Дар қасидаи пирии ин эҷодкори мумтози тамоми давраҳои минбаъдаи адабиёти форсии тоҷикӣ ишораи нозуке ҳаст, ки  баъди ба хидмати дарбор кашида шуданаш сарвату моли ӯ бо давлати сарварону саркардагон ва деҳқонон баробарӣ мекард, то ҷое ки:

                   ККуҷо ба гетӣ буда-ст номвар деҳқон,
                          Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳумлон буд. умлон 

Байти фавқ фарогири ин маънист, ки устод Рӯдакӣ суханвари қатории замон ва шоиру эҷодкори оддӣ набуд, балки ҳамчун суханвари муқтадир ва эҷодкори шаҳири даврон фаъолият  мекард. Вай шоири дарбор бошад ҳам аз хушомаду тамаллуқи салотин ва умарову вузаро дур буд ва ашъорашро аз маддоҳию чоплусии соҳибони мақомоту дастандаркорони умури мамлакат покиза  нигоҳ медошт. Зеро вобаста ба раванди замон сухани ӯ, шеъри ӯ танҳо барои эҷоди асари бадеии хотирмону дилписанд ва  нишотовару вақтхушкунанда гуфта намешуд. Ҳамин аст, ки маликушшуаро ба ивази заҳматҳои гуногунпаҳлӯву боровари худ дар дарбор  сазовори эҳтиром ва,  ҳатто, аз тарафи ҳокимону сарварон ва фармонфармоёну лашкаркашони Оли Сомон бо инъомҳо қадрдонӣ мегардид:

 Бидод мири Хуросон-ш чил ҳазор дирам,
Дар ӯ фузунии якпанҷи мири Макон буд.
Зи авлиё-ш пароканда низ ҳашт ҳазор
Ба ман расид бад-он вақт, ҳоли хуб он буд.

оли хуб он буд

Баъдтар ин ишораи Рӯдакиро Унсурии шоир равшантар шарҳ дода, гуфтааст:

Чиҳил ҳазор дирам Рӯдакӣ зи меҳтари хеш
Ато гирифт ба назми "Калила" дар кишвар.

 киар.Ин санадро Давлатшоҳи Самарқандӣ зеби авроқи тазкираи худ қарор дода навишта буд: «… (Рӯдакӣ – А.М.Х.) табъе карим ва зеҳне мустақим дошта ва аз устодони фанни шеър аст ва китоби «Калила ва Димна»-ро дар қайди назм оварда ва Амир Насрро дар ҳаққи ӯ силоти гаронмоя буд, чунонки устод Унсурӣ шарҳи он инъом дар қасоиди худ мегӯяд…»[5].

Рӯдакӣ дар дарбор истода, пеш аз он ки қалам ба даст мегирифт, албатта ҳадафе дошт  бар манфиати умури давлатӣ ва дар ин ҷода нишонрасона амал мекард. Ҳадафи ӯ дар симои аҳли дарбори Оли Сомон хидмат кардан ба халқ, ба ватан буд, ки ин нишони созандаро минбаъд мо дар навиштаҳои бештари шоирону эҷодкорони асили адабиётамон мушоҳида менамоем. Дар адабиётшиносӣ ин ҳадафи матлуб зиёд сифат шудааст ва ин даста эҷодкорон дар давраҳои муайян ҳамеша мояи ифтихори ин ё он халқу миллат ва кишвар будаанду ҳастанд. Қасидаҳои ба мо расидаи устод Рӯдакӣ «Шикоят аз пирӣ», «Модари май», «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ва баъзе порчаҳои ашъори ғиноии ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳар кадоме мақсаде созанда доранду дар давлати Сомониён сухани бар манфиати халқу миллат бо ҷанбаи мусбат ҳадафмандона гуфташуда қимати арзишманде дошта, суханвари тавоно қадр карда мешудааст. Ин маънои онро дорад, ки устод Рӯдакӣ ҳатто ба корҳои умури давлатӣ дахолат ва софдилона хидмат мекард.  Мо инро дар мақоми баланду нуфузи зиёд доштани устод Рӯдакӣ дар  дарбори Сомониён мебинем.

Чун ҳокимони Сомонӣ медонистанд, ки Рӯдакӣ ҳамчун сари суханварони дарбор софдилона бар манфиати сиёсати вақт амал ва аҳдофи онҳоро дастгирӣ ва тарғиб менамояд, дастури гуфтани  достони «Калила ва Димна»-ро ба ӯ бовар карданд. Ин амри Насри ll ибни Аҳмади Сомонӣ барои эҳдо ва равнақи ҳарчи бештари адабию фарҳангии кишвар буд.

Ба ин маънӣ санъатшиноси асили тоҷик А. Низомӣ менависад: «Яке аз хислатҳои назаррас ва хеле муҳимми фарҳанги замони Сомониён – ин оғози ҷараёни пурқудрати   эҳёгароӣ ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин давра дар  олами забон ва адабиёт, назм ва мусиқӣ, расму  ойинҳо ва бисёр ҷабҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа  заминаҳои асосӣ барои рушди минбаъдан фарҳанг ва кулли анвои ҳунари классикӣ пайдо карда шуданд»[6] .

Дар «Шеъру-л-Аҷам»-и Шаблии Нуъмонӣ омадааст, ки «Калила ва Димна» ибтидо аз санскрит ба порсӣ тарҷума шуда, лекин вақте ки Абдуллоҳ  ибни Муқаффаъ онро ба арабӣ тарҷума карда, нусхаи порсии он ба куллӣ аз равнақ афтод ва бад-ин ҷиҳат Насри ll ба Рӯдакӣ амр кард, ки онро дар форсӣ ба ҳуллаи назм биёварад.[7] . Бегумон масоили ахлоқӣ ва иҷтимоии достон аз забони ҳайвонот диққати амири сомониро ба худ ҷалб намуда буд ва Рӯдакии суханвар амри амири худро сарбаландона иҷро карда тавонист.

Устод Рӯдакӣ на танҳо шеър мегуфт, балки ҳунари мусиқидонияшро  равнақ дода, пайваста  ба офаридаҳои  бадеияш оҳанг мебасту месуруд ва дар маҳфилҳои хосса ва ҳамоишҳои ҷамоат қироат мекарду замзама менамуд,  кӯшиш бар он дошт, ки тири ҳадафаш ҳар чӣ нишонрастар бошад. Ҷойи таъкид аст, ки оҳангнокӣ ва гӯшнавозии шеъри шоирро бегумон мусиқидонӣ ва оҳангсозиҳои ӯ таъмин менамуд.

Тибқи ахбори «Таърихи Систон» соли 933 мелодӣ устод Рӯдакӣ бо хоҳиши Насри ll ба волии Систон Малик Абӯҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Халиф ибни Лайс қасидаи «Модари май»-ро эҷод намудаву мебахшад. Ин ба он муносибат буда, ки яке аз сарлашкарони Насри ll Мокон ибни Кокӣ бар зидди ӯ исён мебардорад. Исёнро  Малик Абӯҷаъфар бо сарбозони ғаюраш пахш менамояду ҳатто Моконро асир ҳам мегирад. Устоди суханвар қасидаро дар маҷлиси шароби Насри ll ба муносибати ғалабаи Абӯҷаъфар ва содоти ӯ бо садои нозуки тару тоза қироъат мекунад:

Шодии Бӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад,
Он маҳи озодагону мафхари Эрон.
Он малики адлу офтоби замона,
Зинда бад-ӯ доду рӯшноии Кайҳон.
Он ки набуд аз нажоди Одам чун ӯ,
Низ набошад, агар нагӯйӣ буҳтон.
Ҳуҷҷати якто Худову сояи ӯст,
Тоати ӯ карда воҷиб ояти "Фурқон".
Халқ зи хоку обу оташу боданд
В-ин малик аз офтоби гавҳари Сосон.
Фарр бад-ӯ ёфт мулки тираву торӣ,
Адн бад-ӯ гашт низ гетии вайрон.
Гар ту фасеҳӣ, ҳама маноқиби ӯ гӯй
В-ар ту дабирӣ, ҳама мадоеҳи ӯ хон...               Фахон…

Ин намуна барои он оварда нашуд, ки Рӯдакӣ мадҳия навишт ва дар базми тараб  хонд, балки барои он ки шоир пеш аз ҳама ба шодии ғалабаи ҳамватанони худ ҳамроҳ аст ва тарғиби онро мекунад, ки агар ҳама чун малики Систон тавону ҷасорат дошта бошанду фидоии кишвар  ватан ҳеч вақт осебе нахоҳад дид.

Шояд дар ин базми тараби Насри ll шоир Сонеи Балхӣ низ ҳузур дошт,  ки ин рубоии ӯ баёнгари ҳол аст:

Хони ғами ту паст шуда, вайрон бод,
Хони тарабат ҳамеша ободон бод.
Ҳамвора сари кори ту бо некон бод,
Ту мири шаҳиду душманат Мокон бод!

ниманат Мокон 

   Сухани созандаи суханвари асилро дар қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» равшантар мушоҳида менамоем. Таърихи суруда шудани ин қасида дар «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ аҷибу шуниданӣ ва дилнишин тасвир ёфтааст. Низомии Арӯзӣ навишта, ки дар айёми ҳукумронии Насри ll Аҳмад ибни Сомонӣ, ки «воситаи иқди оли Сомон буд ва авҷи он хонадон айёми мулуки ӯ буд», зимистонро дар Бухоро мегузарониду тобистонро барои фароғат дар Самарқанд ё шаҳре аз шаҳрҳои Хуросони Бузург. Соле навбат ба шаҳри Ҳарӣ мерасад. Баҳорон бо лашкару зердастони хидматӣ ба Бодғис меояд ва баъдтар сӯйи Ҳирот меравад. Тобистону тирамоҳи Ҳирот ва дар идомаи фароғат зимистони он ҷо барояш хуш меояд. Ҳавои ҷонфизои муътадил, меваҳои хуштамъ ва боз баҳори Бодғису тобистону тирамоҳи зарин ва зимистони муътадили Ҳирот такрор мешавад. Ҳамин тавр Насри ll чаҳор сол ободию осудагии кишварро ғанимат дониста, дар он атрофу акноф, фориғ аз умури давлатӣ  ба айшу нӯш ва истироҳат машғул мегардад. Гӯё Бухороро фаромӯш намуда буд. Лашкаркашону надимон ва зердастон аз ин сафари тӯлонии ӯ ва пазмонии ёру диёр дилгир мешаванд ва  барои ба пойтахти кишвар баргаштани амир тадбир меҷӯянд. Эшон барои дарёфти тадбире ба хидмати устод Рӯдакӣ, ки ҳамроҳашон буд, мешитобанд, ки аз муҳташамтарин надимони Насри 11 буд. Подоши заҳматашро ҳам ваъда медиҳанд. Устод Рӯдакӣ роҳи ба Бухоро баргардонидани амирро дар сухан ва қудрати тавонои он ҷуста, ҳамоно қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён»-ро эҷод менамояд ва як бомдоди мувофиқ ҳангоми  сабӯҳии амир чанг ба даст гирифта, дар пардаи «Ушшоқ» замзама мекунад[8].  Баробари бо оҳанги муассир хонда шудани қасида «… Амир чунон мунфаъил гашт, ки аз тахт фуруд омад ва бе  мӯза пой дар рикоби хинги навбатӣ овард ва рӯй ба Бухоро ниҳод…»[9] . Чун аҳду паймони пешакӣ буд «Рӯдакӣ он панҷ ҳазор динор музоаф (яъне, ду баробар) аз лашкар бистуд…»[10]. Ва матни қасида ин аст:

Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрбон ояд ҳаме. 
Реги Омуву дуруштий роҳи ӯ
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Ай Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат меҳмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.
Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ-андар зиён ояд ҳаме.  ме.

         Ин ҷо дар баробари он ки сухани ноб дар дили шоҳ меҳри ёру диёрро фурӯзон менамояд, боз ҷузъи ашёҳои дарунии ба таҳриковарандае, монанди муҳаббат ба зодбум, ба ватан ва ҳамватанон, дорад. «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» на танҳо ба Насри ll равона шудааст, балки зиёда аз ин, барои ҳамагон ҷанбаи баланди ташвиқӣ дошт, ки имрӯз ҳам зарбу таъсифаш ҷону танҳоро такон ва ҳавохоҳонро ҳушдор медиҳад ва, дар умум, оҳанги базарби ватандориро талқин месозад. Ҳунари суханвари асил дар ин қасида пеш аз ҳама дар ба ҳадаф расидан буд. Пас суханвар пеш  аз он ки ба минбари баланд барояд, бояд ба қувваю қудрати сухани худ барои ба мақсад расидан боварӣ дошта бошад, ки мо инро дар мисоли ҳамин қасида ва эҷодкори асили он равшан дармеёбем. Қабул гардидани пешниҳоди шоир аз ҷониби шоҳи замон таъсирбахшии қасидаро ба маротиб афзудааст.

         Устод Рӯдакӣ дар дарбори Оли Сомон Маликушшуаро буд ва тавре ишора рафт, ба умури давлатӣ даст дошт, андешаҳои созандаи худро ба  маҷлиси ҳукумат пеш мегузошт ва мулоҳизаву хулосаҳояшро дар таблиғу пешбурди корҳои давлатӣ, барои осоишу ободии кишвар иброз менамуд. Хушбахтона, ҳокимон бештар авқот андешаҳои коршоямашро мепазируфтанду ҳатто мавриди истифода қарор медоданд. Шоир озодиро тараннум, ватандориро тарғибу ташвиқ мекард, таронаҳои инсондӯстию мардонагӣ месуруд ва он ҳамаро то ба гӯшҳо мерасониду то ба ҳушҳо ҷой медод:

Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр,
Дар бад зи худе назар куну шод бизӣ!    !

Ё ҳамон ғазали «Чун теғ ба даст орӣ…»-ро, ки дар панҷ байти он бо як ҷаҳон маънӣ саҳнаи бузурги ҳаёту мамот ва ҳушзо додан ба одамон офарида  шудааст, ба ёд орем. Дар муҳтавои он ишораи устод Рӯдакӣ пеш аз ҳама ба онҳоест, ки ба тоҷу тахт, сарварӣ, ҳукмфармоӣ ва мансабе расидаанд. Шоир бо ишораи худ ба эшон дар сарварию ҳукуматдорӣ, муносибат ба зердастон ва подоши он эҳтиёткор буданро огоҳона ва ҳакимонаю одилона гӯшзад менамояду дар байти мақтаъ таъкид мекунад:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!  фтанатГушт!

         Суханвари дар муҳити дарбору дарбориён каму беш ҳаётро дида, гарму сарди зиндагиро таҳаммул карда, талхию ширинии зиндагиро чашида ва бори адабу фарҳанги замонро бар дӯш дошта ба ҳамнавъон таъкид менамояд, ки дар бештар мавридҳо бо замона сохтан беҳтар аст, аз он ки бо раванди он муштобагиребон бошем. Набояд баҳудаю беҳуда ба ҷони худ ҷабр кард ки ин дар умри кӯтоҳ маъние надорад. Дар ин маврид ӯ аз таҷрибаи пешиниён ва ҳамзамонони кордида истифода намуданро таъкид намуда,  хирадмандона мегӯяд:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт!амона панде озодвор дод маро,

                Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст!

         Барои он ки бештар аз пештар бовар намоем, ки устод Рӯдакӣ дар ҳақиқат ба  раванди умури давлатӣ мудохила менамуду ба шоҳу атрофиёни ҳукмронаш гоҳе бо маслиҳатҳои судманди худ таъсири амиқ мерасонид, қитъаи зеро ба сифати шоҳид иқтибос менамоем:

Замона панде озодвор дод маро,
Замонаро чу накӯ бингарӣ, ҳама панд аст.
Ба рӯзи неки касон, гуфт, ғам махур зинҳор,
Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.
Замона гуфт маро:-Хашми хеш дор нигоҳ,
Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст!       бирез

                Дар ин ду байт чандин масъалаҳои давлатӣ, ки ҳаллу фасли онҳо танҳо ба раводиди шоҳи мамлакат марбут аст, пешниҳод шудааст. Дар сари сол- Наврӯз  маликушшуарои дарбор барои муборакбодӣ ба ҳузури шоҳ ҳозир мешавад, ӯро табрик мегӯяд ва таманниёташро бо абёти фавқ арза медорад. Тавре дида мешавад, таманниёти шоир ҷанбаи баланди иҷтимоӣ, мардумӣ ва меҳанпарастӣ дошта, вай мехоҳад, ки дархостҳои ӯ бо амри амири кишвар бар нафъи ҷомеаи зердасти ӯ- ҳамватанон амалӣ гардад. Дар ин маврид сухандонии амир ин дар атрофи худ ҷамъ овардани аҳли илму адаб ва равшанфикрон, шамшери буррои ӯ қувваи ҳарбии шикастнопазири боимону боварикунанда доштан ва қалами тез амру фармонҳои одилонаи вай бар манфиати болоравии ҳаёти иҷтимоии халқи кишвар аст. Дар поёни ин қитъа муфассири номаълуми «Тафсири Қуръони карим», ки муттааллиқ ба асрҳои Xl-Xll  мелодӣ мебошад, менависад: «Пас амир ба ӯ (ба Рӯдакӣ) ҳазор динор фармуд»[11]. Ин маънои онро дорад, ки амир (кадом амири аҳди Сомониён бошад, ки номи ӯ дар он шарҳ сабт нашудааст – А.М) пешниҳодҳои созандаи устод Рӯдакиро пазируфта , тавассути мукофот амалӣ намудани онҳоро ба минбаъд ваъда ҳам додааст. Ин ду  байт бори дигар башорат бар он медиҳанд, ки устод Рӯдакӣ дар дарбор на ҳамчун шоир ва ҳунарманд барои хуш гузаронидани вақти аҳли дарбор хидмат мекард, балки, зиёда аз ин, шахсияти боэътимоди садорати дарбори замони худ буду бори дигар таъкид  менамоем, ки ба корҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар бевосита бо ҳадафҳои арзишманд мудохила мекардаву ба маҷлису маҳфилҳои дарбор ҳозир мешудааст ва ғ.

         Ниҳоят, бояд хулоса кард, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҳунари созандагию навозандагӣ ва маҳорати баланди адабӣ ба дарбори Сомониён роҳ ва бо мурури вақт камоли комил ёфта, то ба  маликушшуароӣ мерасад. Осори бозмондаи шоир гӯёи онанд, ки вай суханвари ба тамоми маънӣ мардумӣ ва бо халқу ватан аст. Ва ашъораш ба манфиати ҷомеаву инсоният равона шудаасту сурудаҳояш тағибкунандаи ҳуввияти миллист ва офаридаҳои баландмазмунаш имрӯз ҳам дар доираи тамаддуни миллӣ арзишманданд. Барҳақ, чунин ашъори бар манфиати халқу дар паноҳи халқ  ба  минбаъд ҳам қуввату қудрати ҳидоятгарӣ ва омӯзандаву созанда дорад ва дар ҳамаи давру замонҳо чароғи фурӯзони роҳнамоию  ҳидоятгарӣ шинохта шудааст.