оШеър ва шахсияти Шоҳин
Забеҳулло Беҳрӯз

Дар таърихи адабиёти тоҷик мо ду гуруҳи шоир дорем; аввал шоироне, ки шеърашон болотар аз шахсияташон меистад ва дуввум шоироне, ки шахсияташон аз шеърашон барҷастатар будааст. Шоҳин аз зумраи маъдуд шоиронест, ки шеър ва шахсияташон ба таври мувозӣ рушд карда, таъсири амиқе дар афкори дӯстдорони адабу фарҳанг бар ҷой гузоштааст. Шамсиддини Шоҳин аз шоирони номовари нимаи дуюми асри Х1Х-и тоҷик буда, дар ташаккули завқи маънавӣ ва зебоишиносии даврони хеш нақши асосӣ бозидааст. Табъи равону завқи ниҳон, балоғату фасоҳати каломи Шоҳин дар айни ҷавонӣ вирди забони маҳофили адабӣ ва хосу омми Бухоро гардида, дар муддати кутоҳе роҳи ӯро ба дарбор ҳамвор мекунад. Танҳо василае, ки Шоҳини ҷавонро аз сарои узлат ба сурайёи иззат кашонид, истеъдоди фитрӣ, табъи оташбор ва ашъори гуҳарбори шоир буд. Вагарна дар замони Шоҳин шоирони зиёде фаъолият доштаанд ва ҳар кадом даъвои бузургии хешро бар рухи дигарон мекашид ва талош мекард, ки роҳаш ба дарбору маҳофили бузургони дарбор боз шавад. Вале шеъри воло ва барҷастаи Шоҳин бидуни воситагарӣ ва майли шахсии шоир ӯро ба дарбори амирони Бухоро бурда, дар садри шоирони замони хеш қарор дод. Тамоми ҳамзамонони Шоҳин, аз ҷумла шоирон, муаррихон, тазкиранависон ва аҳли адаби Бухоро дар ёддоштҳои хеш, истеъдоди беназир ва ашъори дилпазири шоирро эътироф карда, мақоми баланди ӯро дар густараи суханварӣ ситоиш кардаанд. Тазкиранависони асри Х1Х ба монанди Мирсиддиқи Ҳашмат, Афзалмахдуми Пирмастӣ, Садри Зиё ва Абдуллохоҷаи Абдӣ дар осори худ аз Шоҳин зикри хайр намуда, афкору андешаҳои ӯро сутудаанд. Яке аз шоирони номаълум дар бораи мақоми Шоҳин дар хиттаи суханварӣ фармуда:

Гул дафтари худ надид боби суханаш,
Булбул набарад номи ҷавоби суханаш.
Ҳаргиз набувад ба соф кардан муҳтоҷ,
Дар майкадаи фикр шароби суханаш.
 

Табиатан, ин андеша дар зеҳни ҳар муҳаққиқ хутур мекунад, ки Шоҳин аз кадом роҳ ба ин мақому мартаба даст ёфтааст? Чӣ омилҳое сабаб шуданд, ки шоире бисёр ҷавон ин қадар қудрати парвоз дар фазои маъонӣ ба даст оварад? Бо каме таваҷҷуҳ дар ғазалиёти дилошӯби Шоҳин, ошкор мешавад, ки рози маҳбубияти шоир дар пайравии ӯ аз Ҳофиз нуҳуфтааст. Шамсиддини Шоҳин дар синни 12-солагӣ девони Ҳофизро аз бар карда буд. Бидуни шак, ин талоши шоир дар шаклгирии шеъру шахсияти ӯ бетаъсир набуд. Аз ин ҷост, ки Шоҳин аз ибтидои фаъолияти шоирии хеш ашъори худро дар пайравӣ аз ғазалиёти Ҳофизи Шероз оғоз кардааст. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик шоирони зиёде аз хоҷаи аҳли роз-Ҳофизи Шероз пайравӣ намудаанд, аммо камтар касе дар татабӯи Ҳофиз муваффақ будааст. Аммо Шоҳин сарфи назар аз ҷавонии хеш ҳангоми пайравӣ, аз назари баён, парвози фикру хаёл, истеҳкоми абёт ва инсиҷоми мантиқу маъно аз бисёр ҷиҳат ба мақоми Ҳофиз наздик шудааст. Суннати ғазалсароиро ҳам Шоҳин дуруст дар пайравӣ аз Ҳофиз оғоз кардааст. Аввалин ғазали девони Ҳофиз чунин аст:

Ало ё айюҳа соқӣ адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал вале уфтод мушкилҳо.
Шоҳин дар пайравии ин ғазал фармуда:
Ало ё айюҳа с-солик, даъи н-нафса ва қотилҳо,
Ки ин аммора мехоҳад ба чандин саъй ботилҳо.
 

Қобили зикр аст, ки дар дастхати 785-и мавҷуд дар Ганҷинаи Маркази мероси хатии АИ ҶТ, ки тавассути Мирзо Қобили Ғиждувонӣ мутахаллис ба Савдойӣ китобат шудааст, ғазали мазкури шоир дуввумин ғазали девони Шоҳин баргузида шудааст. Савдойӣ ғазали “Ба авҷи кибриё, к-аз саъйи озодист роҳ он ҷо”, ки дар пайравӣ аз ғазали “Ба авҷи кибриё к-аз паҳлуи аҷз аст роҳ он ҷо”-и Бедил суруда шудааст, ба унвони якумин ғазали девони Шоҳин интихоб кардааст, ки иллати ин амр барои мо номаълум аст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, ки Шоҳин аз пайравони содиқу муваффақи осори Ҳофиз буда ва аксари ғазалиёти шоир дар пайравӣ аз ғазалиёти ӯ суруда шудаанд, мантиқан бояд ғазали “Ало ё айюҳа с-солик, даъи н-нафса ва қотилҳо” бояд ба унвони ғазали аввали девони Шоҳин баргузида мешуд, зеро Шоҳин аксари ғазалиёти хешро дар пайравии Ҳофиз навишта, танҳо дар чанд ғазали ангуштшумор аз Бедил ҳам пайравӣ кардааст. Пайравии Шоҳин аз Ҳофиз ҳам дар шакл ва ҳам дар муҳтаво сурат гирифтааст. Аксари ғазалиёти Ҳофиз дар авзони Рамали мусаммани махбуни маҳзуф (фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фаъалан), Муҷтаси мусаммани махбуни маҳзуф(мафоъилун, фаъалотун, мафоъилун, фаъалан), Рамали мусаммани маҳзуф(фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун) Ҳазаҷи мусаммани солим (мафоъилун, мафоъилун, мафоъилун, мафоъилун), Ҳазаҷи мусаммани ахраб(мафъулу мафоъилун, мафъулу мафоъилун) ва ғ... ки дар маҷмӯъ 24 вазнро дар бар мегирад, иншо шуда ва аксари кулли ғазалиёти Шоҳин низ дар ҳамин авзон суруда шудаанд. Барои мисол, ғазалиёти “Ало ё айюҳа с-солик даъи н-нафса ва қотилҳо”, “Эй маҳви интизори ту чашми сафеди мо”, “Ман ки бошам сар кашам аз хатти фармони шумо”, “Рузгорест ба абрӯи ту ҷанг аст маро”, “Дӯш ба хоби хештан дидаам офтобро”, “Майи муғона ба бонги чағона хуш бошад”-и Шоҳин дар пайрави аз вазнҳои маъруфи ғазалиёти Ҳофиз суруда шудаандМаънӣ ва муҳтавои ғазалиёти Шоҳин низ бо ғазали Ҳофиз ҳамхонӣ дорад. Ҳофиз мефармояд:

Биё, ки қасри амал сахт сустбунёд аст,
Биёр бода, ки бунёди умр бар бод аст.
Шоҳин дар пайравии ғазали мазкур мегӯяд:
Биё, ки вазъи ҷаҳон тарзи дигар афтодаст,
Ки ҳар ки шод дар ӯ зистаст, ношод аст.
 
Ҳофиз:яд:
 
Боғи маро чи ҳоҷати сарву санавбар аст,
Шамшоди хонапарвари мо аз ки камтар аст.
Эй нозанинписар, ту чӣ мазҳаб гирифтаӣ,
К-ат хуни мо ҳалолтар аз шири модар аст.
 

Шоҳин:ин месарояд:

Он ҳуққаи даҳони ту ё тунги шаккар аст,
Ё чашмаи ҳаёт ва ё ҳавзи Кавсар аст.
Хунам хӯриву бок надорӣ, ки хуни ман
Гӯӣ, ҳалолтар ба ту аз шири модар аст

 

Ҳофиз:офиз:

Туӣ, ки бар сари хубони кишваре чун тоҷ,
Сазад агар ҳамаи дилбарон диҳандат боҷ.

 

Шоҳин:ин:

Эй ситонида ба ҳусн аз ҳамаи хубон боҷ,
Каҷкулоҳон паи таъзим туро дода хироҷ.

 

Ҳофиз:офиз:

Эй ҳама шакли ту матбӯву ҳама ҷои ту хуш,
Дилам аз ишваи ширини шакархои ту хуш.

 

Шоҳин:ин:

Ҳама аҷзои ту хубу ҳама аъзои ту хуш,
Ҳама ҷои ту ба хубӣ зи ҳама ҷои ту хуш.

 

Ҳофиз:офиз:

Рӯзгорест, ки моро нигарон медорӣ,
Мухлисонро на ба вазъи дигарон медорӣ.

 

Шоҳин:ин:

Рӯзгорест ба абрӯи ту ҷанг аст маро,
Рӯи ҳиммат ба дами теғи фаранг аст маро.

 

Ҳофиз:офиз:

Эй пистаи ту, ханда зада бар ҳадиси қанд,
Муштоқам аз барои худо як шакар биханд.

 

Шоҳин:ин:

Эй ҷону дили халқ ба гесӯи ту дар банд,
Равшан зи рухи хуби ту анвори худованд.

 

Ҳофиз:офиз:

Ҳарчанд пиру хастадилу нотавон шудам,
Ҳар гаҳ, ки ёди рӯи ту кардам ҷавон шудам.

 

Шоҳин:ин:

Шикастахотиру ранҷуру нотавон шудаам,
Биё, бубин, ки дилат ҳар чи хост, он шудаам.

 

Ҳофиз:офи

Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад,
Ҳаргизам ёди ту аз лавҳи дилу ҷон наравад.

 

Шоҳин:ин:

То дил андар хами он зулфи парешон наравад,
Сари шӯридаи ман бар сари сомон наравад.

 

Ҳофиз:офиз:

Биёву киштии мо дар шати шароб андоз,
Хурӯшу валвала дар ҷони шайху шоб андоз.
Маро ба киштии бода дар афган, ай соқӣ,
Ки гуфтаанд: Накӯӣ куну дар об андоз.

 

Шоҳин:ин:

Гушой пардаву бар фарқи офтоб андоз,
Зи мушки бофта бар рӯи маҳ ниқоб андоз.
Ҳамеша хуни дили худ нисори дида кунам,
Ки гуфтаанд: накӯӣ куну дар об андоз.

 

Ҳофиз:офиз:

Гулъузоре зи гулистони ҷаҳон моро бас,
З-ин чаман сояи он сарви равон моро бас.

 

Шоҳин:ин:

Марост дидани рӯи ту субҳу шом ҳавас,
Хаёли ту ба дилам бигзарад нафас ба нафас.

 

Ҳофиз:офиз:

Саҳар зи ҳотифи ғайбам расид мужда ба гӯш,
Ки даври шоҳ Шуҷоъ аст май далер бинӯш [7].

 

Шоҳин:ин:

Дӯш омад барам афганда ду гесӯ ба ду дӯш,
Анбарин силсилаҳо рехта дар гардану гӯш.

 

Ҳофиз:офиз:

Забони хома надорад сари баёни фироқ,
В-агарна шарҳ диҳам бо ту достони фироқ.

 

Шоҳин:ин:

Рафтиву сӯхт ҷони ман аз тоби иштиёқ,
Эй кош, бо висол мубаддал шавад фироқ.

Ё худ:

Касе чу ман набувад дар ҷаҳон нишони фироқ,
Ҳазор тири бало хӯрда аз камони фироқ.

 

Ҳофиз:офиз:

Эй рухат чун хулду лаълат салсабил,
Салсабилат карда ҷону дил сабил.

 

Шоҳин:ин:

Эй гарав бурда зи маҳ ҳусни ту бар ваҷҳи ҷамил,
Пеши лаъли ту ҳаме оби ҳаёт аст сабил.

 

Ҳофиз:офиз:

Ба азми тавба саҳар гуфтам истихора кунам,
Баҳори тавбашикан мерасад чӣ чора кунам [7].

 

Шоҳин:ин:

Шабе, ки ёд зи васли ту моҳпора кунам,
Зи ашки хуншуда доман пур аз ситора кунам.

 

Ҳофиз:офиз:

Чун шавам хоки раҳаш доман бияфшонад зи ман,
В-ар бигӯям дил бигардон, рӯ бигардонад зи ман.

 

Шоҳин:инШшШинин:

Гар чунин ояд дамодам сели об аз чашми ман,
Хонаи мардум шавад охир хароб аз чашми ман.
 

 Ба ҳамин тартиб, феҳристи пайравии Шоҳин бар ғазалиёти Ҳофизро метавон идома дод, аммо барои аҳли назар мисолҳои боло кофист, то қабул кунанд, ки Шоҳин дар миёни шоирони нимаи дуюми асри ХХ-и Бухоро яке аз муридону иродатмандону пайравони асосии ҳазрати Ҳофиз будааст. Бояд зикр кард, ки татабуъ аз шоирони пешин як амри табии буда, ҳатто худи Хоҷа Ҳофиз ба шеъри пешиниёни худ аз ҷумла, Рӯдакӣ, Муизӣ, Анварӣ, Амир Хусрав, Хоҷуи Кирмонӣ, Саъдӣ ва дигарон дар шаклҳои мухталиф пайравӣ кардааст. Шоҳин низ дар пайрави аз суннати пешиниёни худ беш аз ҳама таҳти таъсири Ҳофиз қарор доштааст. Шоҳин агар дар баъзе ғазалиёти хеш бархе мазмунҳо, таркибҳо ва таъбирҳои Ҳофизро ба кор гирифта бошад, дар мавориди дигар аз назари вазну қофияву радиф ва дигар зарофатҳои шеърӣ низ аз Ҳофиз пайравӣ кардааст. Аммо нуктаи муҳим ин аст, ки ҳангоми пайравии Шоҳин шахсияти шоир дар сояи Ҳофиз таҳлил нарафта, балки симои наве аз ӯ ба зуҳур мерасад, ки далолат бар истеъдоди фитрӣ ва табъи гуҳарбори Шоҳин дорад. Гарчанде Шоҳин дар ғазалиёти хеш аз таркибу таъбир ва мазомини Ҳофиз фаровон истифода мекунад, бо ин васф, абёти Шоҳин дорои истиқлоли маъноӣ буда, таровату тозагии хешро ҳифз кардаанд. Далели ин амр бархоста аз шахсияти барҷастаи шоирии Шоҳин аст, ки дар ҳама гуна ҳолат, қудрати муаррифии “Ман”-и хешро дорад. Он ҷо, ки мегӯяд:

Натавон бар гули рӯи ту зад аз бим гулоб,
К-аз латофат дамадаш ойина монанди ҳубоб.
Зад рақам дар сифати ҳусни ту Шоҳин ғазале,
Ки ҷуз “аҳсанта” касеро нарасад ҳадди ҷавоб.
 

Шоҳин шоири бисёр оташинсухан буда, аз қудрати тахайюли болое бархӯрдор будааст. Ӯ бар асоси таъбиру таркибҳои пешиниён маъониеро кашф мекунад, ки аз назари шеърият аз корбурди қаблии онҳо бештар медурахшанд. Шоир дар бораи ин истеъдоди фавқулодаи хеш мегӯяд:

Хирад ба шеъри ту, Шоҳин, аз он бувад вола,
Ки як ҳадису ҳазораш нукот муҳтамал аст.
 

Аз ин лиҳоз шахсияти маънавии Шоҳин бо шахсияти Ҳофиз дар ғазал бисёр монанд аст. Шеъри Шоҳин он қадар баландмазмун ва баландпарвозона аст, ки худситоии шоир низ боиси малоли хотири хонанда намешавад, балки мухотаби хешро мисли оҳанрабо бештар ба худ ҷазб мекунад. Шоҳин вақте мегӯяд:

Ҳарифи табъи расои ту кас нашуд, Шоҳин,
Зи бас ягонаи офоқ дар сухандонист.
 

Ба назари хонандаи ғазали Шоҳин ин худситоӣ аз ҷинси иғроқ нест, балки ҳақиқатест, ки дар матни ашъори шоир нуҳуфта аст. Аз ин рӯ, вақте Шоҳин иддао мекунад, ки:

Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,
Гуҳар ҳар он чи, ки беҳтар бувад, манаш суфтам.
 

Ҳаргиз боиси малоли хонандаи шеъри Шоҳин нахоҳад шуд, балки майли ӯро барои мутолиаи ашъори шоир афзунтар мекунад. Он чӣ Шоҳинро дар миёни шоирони ҳамасри ӯ мумтоз кардааст, сароҳати баён, латофати гуфтор, инсиҷоми маъно ва истеҳкоми сохтор дар ғазалиёти ӯст. Вижагиҳое, ки ғазали Ҳофизро низ дар тули таърих аз дигарон мутаойиз кардааст. Шоҳин ба унвони муриди содиқ ин хусусиятҳои хоси устодаш-Ҳофизро бо маҳорати тамом дар ашъори худ идома додааст. Шоҳин худ низ аз ин мавҳибати илоҳӣ, ки ба ӯ расидааст, огоҳ буд ва дуруст мисли пиру муроди хеш мегӯяд:

Шеъри равони ман, ки пас аз марг ҳар кӣ дид,
Гӯяд ҳазор раҳмати ҳақ бар равони ӯ.
Шоҳин, ки сити шаҳпари маънӣ бар арш бурд,
Дар пештоқи Сидра сазад ошёни ӯ.
 

Абёти Шоҳин сареҳу равон ва бисёр барҷаста офарида шудаанд. Дар шеъри Шоҳин такаллуфот ва изофоти дилгиркунанда дида намешавад. Ҳангоми интихоби шоҳбайт муҳаққиқ дармемонад, ки кадоме аз абёти Шоҳинро барои мисол задан интихоб намояд, зеро шоҳбайтҳои барҷаста дар ғазалиёти шоир фаровон ба чашм мехӯранд. Шоҳин мегӯяд:

Эй ҷону дили халқ ба гесӯи ту дар банд,
Равшан зи рухи хуби ту анвори худованд.
Қанде набувад чун лаби ширини ту дар Миср,
Себе набувад чун рухи хубат ба Самарқанд.
 

Ин гуна абёти равону барҷаста дар осори шоир ба вузӯҳ мушоҳида мешавад. Барои мисол ба порае аз абёти ин ғазал таваҷҷуҳ намоед:

Гар чунин ояд дамодам сели об аз чашми ман,
Хонаи мардум шавад охир хароб аз чашми ман.
Шаб ба ёди талъати ту гар ниҳам паҳлӯ ба хоб,
Мешавад равшан саҳаргаҳ офтоб аз чашми ман.
 

Ба ҳамин тариқ Шоҳин ба ғайр аз Ҳофиз дар идомаи фаъолияти кутоҳи эҷодии хеш, аз дигар шоирони классикӣ низ пайравӣ намуда, дар он ҷо ҳам шахсияти тавонои шоирии хешро ба намоиш гузоштааст. Аз ҷумла, Шоҳин ба ғайр аз Ҳофиз ҳамчунин дар пайравии Бедил, Анварӣ, Саъдӣ ва Низомӣ осори мондагоре эҷод кардааст. Шоҳин асари “Лайлӣ ва Маҷнун”-ро дар пайравӣ аз Низомӣ ва асари нотамоми “Туҳфаи дӯстон”-ро дар пайравӣ аз Саъдӣ навишта, ки ҳар ду асар баёнгари қудрати бузурги шоирии Шоҳин мебошанд. Шӯҳрати Шоҳин сабаб шуд, ки Абдулқодири Парвоначӣ духтари худро ба никоҳи шоир дароварад ва ҳамсари ӯ ҳангоми тавалуди фарзанд дори фониро видоъ гуфт ва шоир дар сӯги ҳамсари вафодораш достони “Лайлӣ ва Маҷнун”- ро ба риштаи назм даровард. Дар ҳамин айём буд, ки обрӯ ва эътибори Шоҳин дар дарбор ба хотири истеъдоди баландаш дар шоирӣ, афзойиш ёфт ва ин шуҳрат, ҳасодат ва бухли дарбориёнро барангехт. Шоири нозуктабъ ин ҳама разолату тамаллуқи бадхоҳонро эҳсос менамуд ва ин вазъ дар ашъори ӯ, ки бештар оҳанги шиква ва эътироз дорад, ба равшанӣ мушоҳида мешавад.

Беҳуда нест, ки Зуҳурӣ аз шоирони Ҳиротии тоҷик дар асри Х1Х хитоб ба Шоҳин гуфтааст: “Эй Низоминазму Ҷомитабъу Фирдавсикалом”. Дар ҳақиқат, дар ашъори Шоҳин балоғату шаҳомати сухани Ҳофиз, латофати сухани Саъдӣ, назокати баёни Низомӣ ва сароҳату ғалаёни рӯҳи Фирдавсӣ бо ҳам омехта шуда, аз ӯ шоири тавоно сохтаанд.

Шоҳин дар айни камолоти эҷодӣ, яъне дар синни 35-36-солагӣ дори фониро падруд гуфт. Агар умр ба ӯ вафо мекард, шоир, ки ҳамзамононаш аз ӯ ба унвони “Моҳи сипеҳри суханварӣ, “шаҳбози фалаки шоирӣ, “тутии ойинагуфтор ва булбули чамани ашъор” зикр кардаанд, осори фаровону мондагоре барои ояндагон ба ёдгор мегузошт. Аммо муҳити тираву тор ва шароити сахти рӯзгор, ба ин шоири равшанзамир ва бедордил амон надод, то он чи дар фикру хаёли гардунсайраш мечархид, барои дустдорони аҳли адаб рӯи коғаз биёварад. Шоир худ аз тақдири ояндаи хеш шояд огоҳӣ дошт, ки фармуда:

Маро чу шона бибояд ба каф ҳазор ангушт,
Ки то барам ба хами турраи нигор ангушт.
Пас аз вафоти ту, Шоҳин, суханварон сӯзанд,
Ба ҷойи шамъ, туро бар сари мазор ангушт.
 
Адабиёт:
  1. Дастхати №785-и Ганҷинаи Маркази мероси хатии АИ ҶТ.
  2. Дастхати №1774-и Ганҷинаи Маркази мероси хаттии АИ ҶТ.
  3. «Тазкират-уш-шуъаро»-и Абдуллоњхољаи Абдї. Матни илмии интиќодї бо тавзењу муќаддимаи Асѓар Љонфидо. –Душанбе: «Дониш», 1983.-243 с.
  4. Мирзозода Х. Шамсиддин Шоњин -Сталинобод: Нашриёти давлатии Тољикистон, 1956.- 258 сањ.
  5. Ҳодизода Р. Шоњин. /Тадќиќоти нав дар њаёту эљодиёти шоир/. Душанбе: “Дониш”, 1974.-140 с.
  6. “Куллиёт”-и Шамсиддин Шоњин. Душанбе: “Адиб”, 2006.- 637 с.
  7. Девон-и Ҳофиз. https://ganjoor.net/hafez/ghazal/sh263/
  8. Муҳтарам Н.Тазкират-уш-шуаро./Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи А. Ҷонфидо ва дебочаи К. Айнӣ/.-Душанбе:Дониш, 1976.-369 с.