ГУЗАШТА ВА ИМРЎЗИ ШУЪБАИ МАТНШИНОСЇ,

ТАЊИЯ  ВА НАШРИ  МЕРОСИ АДАБИИ

МАРКАЗИ МЕРОСИ  ХАТТЇ

Матншиносии тољик  таърихи тўлонї ва бой дошта бошад њам, он дар нимаи аввали асри  ХХ, дар замони њокимияти Иттињоди Шўравї  дар партави омўзишу андўзиши назарию амалии ѓании матншиносии Аврупо, бахусус рус ба майдон омада, ташаккулу тањаввул ва ривољ ёфт, ки ба он адиб ва мутафаккири тавонои тољик Садриддин Айнї бо тартиб додани китоби «Намунаи адабиёти тољик», ки  соли 1926 аввалин бор ба њуруфи форсї  дар Маскав интишор ёфта буд, заминаи боэътимод гузоштааст. Минбаъд, дар Тољикистони мо њам ба алифбои ниёгон, њам ба алифбои лотинї ва минбаъд бо ќабули њуруфи кириллї матншиносии тољик љон гирифт, ба по монда шуд ва натиљањои хубу монданї ба бор овард. Дар он сањми сектори матшиносии Институти забон ва адабиёти  ба номи Рўдакии АИ Љумњурии Тољикистон, ки имрўз дар Маркази мероси хаттии АИ Љумњурии Тољикистон бо номи Шуъбаи матншиносї, тањия  ва нашри мероси адабї  амал ва фаъолият дорад, назаррас мебошад.

Њамин тавр, бо таъсис ёфтани аввалин сектори матншиносї ва нашри осори хаттї аз соли 1958 сар карда дар кишварамон ба таври расмї илми матншиносї ба роњ монда шуд, ба таври лозима ташаккул ёфт ва минбаъд ба дастовардњои щоён ноил гардид. Зимни ин гузориш аз оѓоз то имрўзи Шуъба мухтасаран баён мегардад.

         Њанўз дар Институти забон ва адабиёти ба ном Рўдакї Ганљинаи дастнависњо ва сектори адабиёти классикї фаъолият дошт, ки дар он љо ањли тањќиќи адабиётшиносї ба матни осори ниёгон таваљљуњ зоњир менамуданд. Њамон ваќт эшон дарк карда буданд, ки появу тањдоби њамаи корњои илмии суханшиносии тољик матн мебошад. Дар солњои 1956-1963 дар натиљаи зањмати матншиносони тољик интишор ёфтани мунтахаби осори Саъдии Шерозї, Амир Хусрав, Убайди Зоконї, Њофизи Шерозї, Камол, Љомї, Мушфиќї, Њилолї, Ањмади Дониш ва ѓ.  ва гузашта аз ин нашри ашъори бозмондаи устод  Рўдакї ва њамасрони ў аз дастовардњои матншиносии тољик буд.  Њамзамон дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакї  мураттаб сохтани матни илмии «Шоњнома»-и Фирдавсї оѓоз  ёфта буд, ки тањияи он минбаъд дар сектори матншиносї ва нашри осори хаттии Шуъбаи шарќшиносии АИ  Тољикистон идома ёфт.

         Солњои 1958-1961 дар сектори матншиносї ва нашри осори хаттии Шуъбаи шарќшиносии АИ  Тољикистон бо сарварии Камол Айнї (мудири сектор) устодону донишмандони соња Б. Сирус, М. Баќоев, З. Ањрорї, А. Девонаќулов,  А. Љонфидо, Ифтихор, А. Зуњуриддинов ва баъдтар А. Афсањзод, Л. Сулаймонова,  А. Алимардонов, М. Мамедова, М. Муродова дилгармона ба кор шурўъ намуда, бо талошу зањматњои бесобиќа фаъолияти илми матншиносии тољикро пеш бурдаанд.

Соли 1964 ба муносибати 550-солагии Абдуррањмони Љомї «Осори мунтахаб»-и ў дар панљ љилд ба чоп расид, ки он асосан дар бахши матншиносии Шуъбаи шарќшиносии АИ Тољикистони њамонваќта , бо зањамоти А. Афсањзод, К. Айнї, А. Зуњуриддинов, Љ. Додалишоев ва М. Мамедова, анљом пазируфтааст. Солњои 1964-1966 матни илмии «Шоњнома»-и Фирдавсї дар нуњ љилд  дар тањияи Б. Сирус, К. Айнї ва З. Ањрорї аз чоп баромада, дастраси хонандаи тољик гардид. Соли 1970 муддате сектори номбурдаро Бањрос Сирус сарварї карда буд.

Талаботи ваќт таќозо дошт, ки дар сектори матншиносї ва нашри осори хаттї беш аз пеш ба тањияву тадвин ва нашри мероси гузаштаи ниёгон диќќат дода шавад. Аз ин рў, сектор дар назди худ вазифањои мушаххас ва масъулияти бештар гузошт. Дар баробари ба нашр расидани як идда корњои матншиносии кормандони сектор унвонљўёни он рисолањои илмии худро дар алоќамандї ба матн сомон медоданд. Дар заминаи матншиносї рисолањои номзадии  Њ. Тарбият «Достони «Хирадномаи Искандарї»-и Абдуррањмони Љомї ва матни илмї-интиќодии он»(1972) ва Љ. Назрї «Мактабии Шерозї ва матни илмї-интиќодии достони «Лайлї ва Маљнун»-и ў» (1974) навиштаву ба њимоя расиданд ва эшон дар ин љода комёб њам гардиданд.

Солњои 1971 то охири умр  ( 15-июли соли1999) мудирии ин бахши масъулиятнок бар дўши адабиётшиноси шинохта Аълохон Афсањзод афтод. Акнун дар ин сектор устодон Б. Сирус, А. Зуњуриддинов, Њ. Тарбият, Љ. Додалишоев, Л. Сулаймонова,  А. Љонфидо,  С.Сиддиќов, Љ. Назриев фаъолият доштанд, ки баъдтар ходимони хурди илмї Ш. Нуриддинов, А. Муњаммадї ва  А. Рањмонов  сафи эшонро афзуданд. Дар сектор баробари наќшањои инфиродоии мушаххас, чанд муддат асосан кор болои китоби тазкирамонанд, ки «Гулшани адаб» ном дошту  аз панљ љилд иборат буд ва солњои 1975-1980 ба теъдоди 25000 нусха  дар нашрияи «Ирфон» ба табъ расид, љараён дошт. Дар тањия ва тадвини он А. Афсањзод, К. Айнї, Љ. Додалишоев, Л. Сулаймонова, А. Девонаќулов, Љ. Назрї, Ш. Нуриддинов ва А. Муњаммадї сањм гузоштаанд.  Солњои 1982-1984 «Куллиёт»-и Низомии Ганљавї ва солњои 1987-1991 сељилдаи «Дурдонањои наср», ки мунтахаби осори мансури адибони гузаштаамон аст, рўйи чопро дид.

Соли 1989 дар Тољикистон 575-солагии бузургдошти Мавлоно Абдуррањмони Љомї  дар саросари кишвар ва њатто дар марказњои шарќшиносии  собиќ  Иттињоди Шўравї бошукўњ таљлил гардид. Ба ин муносибат матншиносони тољик «Осор»-и нисбатан калонњаљми адибро дар њашт љилд тањия намудаву интишор намуданд. Ин кори хайр солњои 1986-1990 аз тариќи нашриёти «Ирфон» ба табъ расид. Дар тайёр намудану амалї гардонидани он кормандони илмии сектор устод Аълохон Афсањзод, Абўбакр Зуњуриддинов, Камол Айнї, Зоњир Ањрорї, Мањинбону  Мамедова, Алии Муњаммадї ва Асрор Рањмонов ширкат доштанд.

Солњои 1988-1990 матшиноси дигари тољик Сањобиддин Сиддиќов «Куллиёт»-и Саъдии Шерозиро дар муќобалаву муќояса бо нусхаи ќадимтарини он, ки дар Ганљинаи дастхатњои Институт мањфуз аст, дар чањор љилд тавассули нашриёти «Адиб» чоп намуд, ки аз њамаи чопњои дар Љумњурии Эрон анљомёфтаи осори Саъдї бо сињњатии матн имтиёз дорад.

Тарбияи кадрњои нав, талабот ба љавонон сабаб гардид, ки ба аспирантура ва кор Л. Саломатшоева, И. Рањмонов, Д. Бањриддинов, З. Зарифов ва М. Садриддинов  ба корњои илмї љалб карда шаванд. 

Ба чоп расидани  «Осори мунтахаби Бадриддин Њилолї ( 1958, дар тањияи К. Айнї), «Мунтахабот»-и Абдуррањмон Мушфиќї ( 1963, бо зањмати З. Ањрорї), «Рубоиёт»-и Умари Хайём (1955, дар тањияи К. Айнї), «Ашъори мунтахаб»-и Шавкати Бухорої (1968, бо кўшишиМ. Ањмадов), «Ашъори мунтахаб»-и Нозими Њиротї (1967, мураттиб А. Зуњуриддинов), «Мунтахаби ашъор»-и Абдуррањмони Тамкин (1974, бо эњтимоми А. Љонфидо), «Мањбубу-л-ќулуб»-и Мирзо Бархурдори Фароњї дар ду љилд (1975-1979, мураттиб ва муаллифи сарсухан А. Зуњуриддинов), «Раъно ва Зебо»-и Мирзо Бархурдори Фароњї (1982, бо зањмати А. Зуњуриддинов), «Гули хуршед»-и Калими Кошонї ( мунтахаби ашъор, 1987, мураттиб Ш. Нуриддинов), «Њусну Дил»-и Фаттоњии Нишопурї ( 1985, бо кўшиши А. Рањмонов),  ашъори Туѓрали Ањрорї бо номи «Гиёњи мењр» (1986, тањияи А. Пўлодов ва А. Рањмонфар), мунтахаби «Девони кабир»-и Мавлоно дар ду љилд( 1986, дар тањияи С. Сиддиќов ва М. Шањидї),   «Осор»-и Бедил ( 1990, т ба баъд, бо саъю эњтимоми С. Сиддиќов ва Б. Рањимї), ашъори Мирзолатиф Рањимзода «Соати саъд» ( 1997, дар тањияву тадвини Алии Муњаммадї) ва ѓайра намунаи амалї гардидани наќшањои илмии  сектор мебошанд. Бо  талаботи ваќт ба чоп расидани  матни комили «Шоњнома»-и Фирдавсї ( Душанбе: Адиб, 1985-1991) аз корњои муњимми сектори матншиної ба шумор меравад.

Матнњои  дар бахши матншиносии Институт тасҳеҳёфта асосан дар заминаи мутуни қаламии дар Ганҷинаи нусахи хаттии ин муассисаи илмӣ, нусхаҳои дигари дар Тоҷикистон буда, дар зарурат нусахи дар марказҳои шарқшиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан бо муқобалаву муқоясаи мутуни дар Эрон интишорёфта, ки дастрасанд, сомон дода шудаанду мешаванд.

Дар сектор бо тарбия ёфтану ба камол расидани матншиносони варзида ва зарурати давру замон таҳияи матнҳои илмї, илмӣ-оммавӣ ва илмӣ-интиқодӣ ба ҳуруфи ниёгон ба роҳ монда шуд. Дар ин кор заҳматҳои собиќ мудири Шуъба А. Афсаҳзод, ки мутуни илми-интиқодии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ҷомӣ ва девонҳои сегонаи ӯ «Фотиҳату-ш-шабоб», «Воситату-л-иқд» ва «Хотимату-л-ҳаёт»-ро солҳои 1971-1981 таҳияву тадвин намуда, дар интишороти «Наука»-и шаҳри Маскав ба чоп расонид, ходимони илмии Шуъба, минҷумла А.Ҷонфидо, ки тазкираҳои Хоҷа Неъматуллоҳи Муҳтарам «Тазкирату-ш- шуаро», Раҳматуллоҳи Возеҳ «Туҳфату-л-аҳбоб фї тазкирату-л-асҳоб», Ҳусайнқулихони Азимободӣ «Наштари ишқ» ва Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ «Тазкирату-ш-шуаро»-ро тайёр карда, солҳои 1976-1983 тавассути нашриёти «Дониш»-и АИ Тоҷикистон дастраси аҳли таҳқиқ гардонид. Ҳ. Тарбият, ки матни илмї-интиқодии «Хирадномаи Искандарӣ»-ро сомон дода, дар нашриёти «Наука»-и шаҳри Маскав нашр намуд, матнҳои таҳиянамудаву бачопрасонидаи Л. Сулаймонова «Козурписар»-и Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷӯрабеки Назрї «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабии Шерозї, Ҷабулқо Додалишоев «Куллиёти»-и Саййидои Насафӣ, Ҷ. Додалишоев ва А. Алимардонов «Девон»-и Шавкати Бухороӣ, Л. Сулаймонова «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Шоҳин, Л. Саломатшоева «Девон»-и Ҳасани Деҳлавӣ, Асрори Раҳмон «Корвони муҳаббат»-и Туѓрали Аҳрорӣ, Алии Муҳаммадӣ «Девони форсӣ»-и Алишери Навоӣ-Фонӣ, ки дар нашрияҳои бонуфузи кишвар аз чоп баромадаанд, назаррас мебошанд. Баъдтар «Баҳористон»-и  Ҷомӣ, ки солҳои 1966, 1972 ва 1978 дар нашриётҳои Душанбе ба табъ расида буд, соли 1987 боз бо ҳиммат ва заҳмати А. Афсаҳзод дигарбора бо муқаддимаи мукам- мал ва тавзеҳоти муфассали илмӣ дар нашриёти «Наука»-и Маскав интишор гардид. Бештари ин корҳои анҷомёфта аз ҷониби аҳли таҳқиқ хуб иқбол шуданд.

Баъди Институти мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифтани он аз соли 1992, сектори матншиносӣ ва осори адабӣ ба Шуъбаи матншиносӣ ва нашри осори бадеӣ табдили ном намуд Соли 1998 Институти мероси хаттӣ аз сари нав ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ табдил ёфт ва доираи омӯзишу пажӯҳиши он васеътар гардид. Соли 2001 бошад бо баррасиву тасдиқи нақшаҳои панҷсолаи нав (солҳои 2001-2005) Шуъбаи матншиносӣ ва нашри осори бадеӣ ва Шуъбаи таҳқиқ ва нашри осори илмӣ бо номи Шуъбаи матншиносӣ ва нашри мероси хаттӣ муттаҳид гардонида шуданд, ки ҳам акнун номи Шуъбаи матншиносї, таҳқиқ ва нашри мероси хаттиро дорад.

Дар ин муддат ва каме пештар аз он баробари аз Шуъба рафтани як идда кормандони илмӣ ва ё аз дунё гузаштани баъзеи онҳо, ба Шуъба кормандони нави илмӣ, монанди З. Ҳасанова, О. Зиёвидцинова, Л. Саломатшоева, С. Холназарова, ки собиқаи хуби илмӣ доштанд, Н.Амиршоҳӣ, М. Акбарзод ва Н. Муҳаммадюсуф ба кор ва фаъолияти илмӣ огоз намуданд. Соли 1998 бо муққадима ва тавзеҳоти А.Ҷонфидо матни илмии «Тазкирату-ш-шуаро»-и Султон Муҳаммад Мутрибии Самарқандӣ дар Теҳрон рӯйи чопро дид.

То соли 1999-ум мудири Шуъба А. Афсаҳзод бо Ҳ. Тарбият, 3. Аҳрорӣ, А. Зуҳуриддинов, А. Раҳмонов ва донишманди ӯзбекистонӣ А.Урунбоев ба таҳияи матни комили илмӣ-интиқодии «Куллиёт»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ камари ҳиммат бастанд, ки он бо мусоидату кӯшиши пайгиронаи устод А. Афсаҳзод солҳои 1999-2000 дар интишороти «Мактуб»-и Эрон дар ҳафт ҷилд китоб ба чоп расид. Соли 1999 ҳамчунон матни илмӣ-интиқодии «Сулаймон ва Билқис»-и Зулолии Хонсорӣ (Душанбе, «Пайванд») дар таҳияи Ҷ. Назрї нашр гардид.

15 июли соли 1999 Аълохон Афсаҳзод ғайричашмдошт чашм ба хоби абадӣ пӯшид. Ин албатта ба кори Шуъбаи матншиносӣ бетаъсир набуд. Нақшаҳо ва корҳои анҷомнаёфтаи зиёде дар пеш буданд. Баъд аз ин Алии Муҳаммадӣ чанде дар вазифаи иҷрокунандаи мудир ва аз соли 2000 ба вазифаи мудири Шуъба таъйин гардид.

Баъди давраи гузариш, аз соли 2000 сар карда, маҷрои Шуъба равиши пештараи худро дубора ба даст овард. Таҳияву тадвин ва чоп шудани «Илоҳинома»-и Фаридуддини Аттор (Душанбе, 2000, «Паёми ошно» бо кӯшиши А.М.Хуросонӣ), «Маснавии маънавї»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Теҳрон, 2001, бо кӯшиши А.М.Хуросонї, Б. Ализода ва М. Акбарзод), «Гузидаи газалиёз»-и Мазмуни Зарободӣ (Душанбе «Сурушан», 2002 таҳияву тадвини А. М. Хуросонї), «Муфизу-л-анвор ва девони ашъор»-и Абдулҳайи Муҷахарфї (Москва, «Интрансдорнаука», 2003, бо кӯшишу таҳқики А. М. Хуросонї ва Б. Б. Карим), ҷилдҳои якум ва дувуми «Равзату-с-сафо»-и Мирхонд (Душан- бе, 2004, ҷ.1 ва 2006 ҷ.2, бо таҳия ва таҳшияи илмї- интиқодии Н. Амиршоҳӣ), тазкираи «Шоирони Мова- ронуннаҳр» (Душанбе, «Адиб», 2006, дар таҳияи А.М. Хуросонї), «Мантиқу-т-тайр»-и Фаридуддини Аттор (Душанбе, «Эҷод», 2006, бо кӯшиши А,М. Хуросонӣ), «Ҳаштсад ѓазал»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Душанбе, «Адиб», 2007, дар таҳияи А.Раҳмонфар ва А.Мирхоҷа), «Девони кабир»-и Ҷалолиддини Румӣ дар чаҳор ҷилд (Душанбе, «Дониш» 2007-2009, бо таҳқиқ ва тавзеҳоти А.М.Хуросонӣ), «Ашъор»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (Душанбе, «Адиб», 2007, таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луготу тавзехоти Р. Ҳодизода ва А.М. Хуроснӣ), «Муфид-л-муъмини»-и Абдулҳайи Муҷахарфӣ (Душанбе, 2008, таҳияи Н.Муҳаммадюсуф ва Н. Муҳаммадикром) ва ѓ. қадамҳои ҷиддитаре дар бахши матншиносии Институт буданд. Зеро дар ин нашрҳо кӯшиш ба он рафтааст, ки матнҳо бе кӯтоҳ намудану ихтисороти ноҷо, ки баъзан дар замони собиқ Итгиҳоди Шӯравї ба хотири сиёсати он давр, роиҷ буд, ба нашр расанд, то кори пажӯҳишгарони минбаъда низ осон шуда бошад. Аз соли 2007 сар карда, бо ташаббуси нашрёти «Адиб, бори сеюм шуд, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсї ба чоп расад,  ки имрўз ин кори хайр анљом ёфтааст. .

Солҳои 2007-2009 кормандони илмии Шуъба А. Муҳаммадӣ ва М. Акбарзод тавонистанд тавассути нашриёти «Маориф ва фарҳанг» дар силсилаи «Китобхонаи мактаб» мунтахабе аз осори Низомии Ганҷавӣ, Асадии Тӯсӣ, Фаридуддини Аттор, Саъдии Шерозї ва чанде дигарро мураттаб сохта, чоп намоянд, ки дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳамеша дорои аҳаммияти баланди тарбиявӣ будаанду ҳастанд

Яке аз воқеаҳои хурсандибахши Шуъба ин нашри илмї-интиқодии «Тазкирату-ш-шуаро»-и Малеҳои Самарқандї бо кӯшиши К. Айнї (Душанбе, «Пайванд», 2007) ва таҳияи матни илмӣ-интиқодии осори бозмондаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо унвони «Девони ашъор» бо кӯшиш ва эҳтимоми Р. Ҳодизода ва А. М. Хуросонӣ (Душанбе, «Пайванд, 2008) мебошад, ки ҳар ду кор дар заминаи боэътимоди дастовардҳои шарқии ганҷинаи Марказ анҷом дода шуд.

Баробари ин дастовардҳо дар Шуъба тадқиқотҳои илмӣ дар шакли мақола, баромадҳои илмӣ дар конфронсу симпозиум ва нишастҳои байналмилалии ватаниву хориҷӣ ва навиштани китобу монографияҳо идома доштанд, ки ағлаби онҳо дар заминаи боэътимоди мутуни таҳиякарда сурат гирифтааст. Дар ин қатор, пеш аз ҳама, рисолаи илмии Камол Айнӣ «Бадриддин Ҳилолӣ» (1957), рисолаҳои илмии Баҳром Сирус «Қофия дар назми тоҷик» (1955), «Арӯзи тоҷикӣ» (1963), «Назарияи нави қофиябандӣ дар назми тоҷик» (1972), рисола ва монографияҳои А. Афсањзод «Ҳофизи Шсрозй» (1971), «Абдурраҳмони ҶомП» (1978), Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (1970), «Рӯзгор ва осоири Абдурраҳмони Ҷомӣ» (1980), «Таҳаввули афкори Абдурраҳмони Ҷомӣ» (1981), «Ифтихори Шарқ» (1983), «Академик Абдулганӣ Мирзоев» (1984), «Лирикаи Абдурраҳмони Ҷомӣ» (Москва-1985, ба забони русӣ), «Адабисти форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри XV» (1985), «Суннатҳои устувор ва навпар- дозиҳон эҷодкор» (1985), «Дар сафи бузургон» (1986), китобшдарсни «Адабиёти тоҷик» (барои синфи 8, 1987), «Низомии Ганҷавӣ» (1995), «Одамушуаро Рӯдакӣ» (2001) ва гайра, рисолаи Л. Сулаймонова «Ҳаёт ва эҷодиёти Сайфи Исфарангӣ» (1973), рисолаи Ш. Нуриддинов «Абдуллах Кабули и его «Тазкират-ат-таворих» (1988), рисолаҳои илмии Ҷ. Назриев «Мактабии Шерозӣ ва достони ӯ Лайлӣ ва Маҷнун» (1987), «Библейско-кораническая история царя Соломона и её преломления в персидско-таджикской литературе» (рисолаи докторӣ), «Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома» (Теҳрон, бидуни соли нашр, бо ҳаммуаллифии А. М. Хуросонї), рисола ва монографияҳои А. М. Хуросонӣ «Муносибатҳои дӯстона ва равобити адабии Ҷомӣ ва Навоӣ»(1990), «Асади Туси и его поэма «Гершасп-наме» (1994), «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома» (бо Ҷ. Назрӣ) ва монанди инҳоро метавон номбар намуд. Ин ҷо ҳоҷат ба баршуморидани мақолаҳои зиёди илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва таҷас- суми дастовардҳои илмии тоза ба тозаи номбаршудагон ва пажӯҳишгарони дигари Шуъба, аз ҷумла А. Афсањзод, К. Айнї,  А.Зуҳуриддинов, Ҷ. Додалишоев, С. Сиддиқов, З.Ҳасанова, А.Ҷонфидо, Љ. Назрї, А. М Хуросонї, А. Рањмонфар ва дигарон нест,  ки онҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Афғонистону Эрон, Узбекистону Федератсия Руссия, ва бисёр марказҳои шарқшиносии ҷаҳон интишор ёфтаанду дастовардҳои илмии моро ба ниёзмандони бурунмарзӣ намоиш додаанд.

Ин равнақу пешрафт баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бештар аз пештар ба мушоҳида мерасад.

Илова бар ин кормандони илмии Шуъба ният доранд як силсила осори илмиро таҳияву тадвин намуда, барои аҳли таққиқ пешниҳод намоянд, ки асари таърихии Мирхонд «Равзату - с - сафо» аз он ҷумла аст. Хушбахгона, ҷилдҳои аввали китоби Мирхонд дар таҳияи Н. Амиршоҳӣ дастраси хонанда гардидаанд.

Шуъбаи матншиносї, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ дар тайёр намудани кадрҳо низ саҳми намоён дорад. Бештари онҳое, ки аз оғоз то имрӯз дар Шуъба кору пайкор доранд ва бо омӯзишу пажӯҳиш машғуланд, асосан фаъолияти илмии худро аз зинаҳои аввал дар ҳамин ҷо огоз намудаанд. Баъзеҳо бо мурури вақт ҷойи кори худро иваз намуда, ба муасисаҳои дигари илмӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва ё коргоҳи дигар гузаштаанд. К. Айнӣ, А. Афсаҳзод, Љ. Назрї ва А. М.  Хуросонӣ дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ  дар Шуъба пешдаст будаанду њастанд.

Муддате бо сабаби ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ Тољикистон њамроњ шудани Институти Шарќшиносї ва мероси хатии Академияи илмњо  Шуъбаи матншиносї ба Шуъбаи таърихи адабиёти классикї њамроњ карда шуда буд. Аз моњи апрели соли 2017 институти фавќ ба се гурўњ таќсим шуд, ки яке аз онњо Маркази мероси хаттї мебошад.

Баъди таъсиси Маркази мероси хаттии АИ Љумњурии Тољикистон Шуъба номи Шуъбаи матншиносї, таҳия ва нашри мероси адабиро гирифт ва самти корњои Шуъба муайян карда шуд. Дар Шуъба айни њол Мудири Шуъба Алии Муњаммадї, ходими пешбари илмї Мањмудљон Холлов, ходими калони илмї Мављуда Хуљова, ходимони илмї Холида Давлатова, Мубашшир Акбарзод ва Рањматшоњ Исмоилов ва ходими хурди илмї Субњиддин Зиёев фаъолият доранд.  Дар ин давраи хеле кўтоњ илми матншиносї аз нав равнаќи тоза ёфт. «Наводиру-л-ваќоеъ»-и Ањмади Дониш ( дар тањияи Љ. Назрї. –Душанбе: Дониш, 2017), Маљмўаи рисолањои манзуми Абдуррањмони Љомї ( Тањияи Р. Исроилов. –Душанбе, 2017),  «Манозир-ул кавокиб»-и Ањмад Махдуми Дониш ( Тањияи М. Холов, -Душанбе, 2017), «Абдулњайи Муљахарфї ва маќоми адабии ў” ( Маќола ва мењрномањо) ( Мураттиб А.М. Хуросонї. –Душанде: Дониш, 2017. -168 с.), Сайидои Насафї “Девон” (Тањияи матн бо муќаддима ва луѓоту тавзењоти А.М. Хуросонї. –Душанбе: Адиб, 2017. - 480 с.), Толиби Омулї, Калими Кошонї, Шавкати Бухорої, Ѓании Кашмирї “ Чањорбоѓи ѓазал” (Тањияву тадвини матн бо муќаддима ва луѓоту тавзењоти А.М.  Хуросонї.- Душанбе: Адиб, 2018.- 480с.), Навої, Алишер. Февони Фонї / Амир Алишери Навої (Фонї). (Тањияву тадвини матн бо муќаддима ва шарњи луѓоту тавзењоти А.М.  Хуросонї //Амир Алишери Навої//Чашмаи хирад. –Душанбе, Ганљ, 2018. -705 с.), Навої, Алишер. Фарњод ва Ширин / Амир Алишери Навої. Тарљумаи М. Амирзода. Тањия, тасњењ ва шарњи луѓоту тавзењоти А.М.  Хуросонї ва А. Маликзод//Амир Алишери Навої. Чашмаи хирад.(-Душанбе: Ганљ, 2018.-С. 940-1196) ,Љомї, Абдуррањмон. Дусад ѓазал / Абдурањмони Љомї. Тањияву тадвини А.М. Хуросонї ва муьашшир Акбарзод //Амир Алишери Навої// Боѓи ошної.(-Душанбе: Ганљ, 2018.-С. 220-420),  Навої, Алишер. Дусад ѓазал. (ба забони ўзбекї) / Алишери Навої. Тањияву тадвини А.М. Хуросонї // Алишери Навої. Боѓи ошної. (-Душанбе: Ганљ, 2018.-С. 20-220), Насафї, Миробид Саййидо. Куллиёт/ Миробид Саййидои Насафї. - Тањияи матн бо муќаддима ва шарњи луѓоту тавзењоти А. М. Хуросонї ва А. Р. Сомонї. (-Душанбе: Дониш, 2018.-594 с), рисолаи Н. Муњаммаюсуф “Гузоре ба рўргор ва осори Шайх Абдулњайи Муљахарфї” (- Душанбе: Дониш,2018) мањсули илмии Шуъбаи  матшиносї, тањќиќ ва нашри мероси хаттии њамин давраи Маркази мероси хаттї ба шумор мераванд.

Љамъомади кории шуъбаи матншиносї, тањияи ва нашри мероси адабї
Кормандони шуъба дар дароматгоњи Маркази мероси хаттии АИ ЉТ