Маҷлиси Шӯрои илмии Маркази мероси хаттӣ 30.04.2019

30 апрели соли 2019 таҳти раёсати Ҷӯрабек Назриев-директори Марказ маҷлиси Шӯрои илмии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ баргузор шуд. Дар рӯзномаи маҷлис чаҳор масъала мавриди муҳокима қарор гирифтанд:

  1. Дар бораи натиҷаҳои таҳияи феҳристи дастхатҳои арабии Марказ. Гузориши ходими калони илмӣ Н. Шаҳобуддинов.
  2. Вазъи тафсири нусхаҳои туркии ганҷинаи дастнависҳои марказ. Гузориши номзади имлҳои филологӣ Ализода С.
  3. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии шуъбаи робитаҳои илмӣ, тарҷума ва иттилоот. Гузориши Давлатов Р.
  4. Масъалаҳои ҷорӣ.

Н. Шаҳобуддинов, ходими калони илмӣ дар ҳузури аъзои Шӯрои илмии Марказ гузориш дод, ки раванди тавсиф ва ба низом даровардани феҳристи дастхатҳои арабии Марказ ба анҷом расидааст. Бино ба иттилоъ Шаҳобуддинов дар ҳоли ҳозир ганҷинаи Маркази мероси хаттӣ 4553 дастхат ба забони арабӣ мавҷуд аст, ки қадимтарин нусха дар асри Х1 ва ҷадидтарини он дар асри ХХ китобат шудааст. Тамоми нусхаҳо бар асоси мавзӯъ тавсифу дастабандӣ шудаанд.

  1. Илмҳои исломӣ(тафсир, ҳадис, фиқҳ, фароиз)
  2. Илмҳои филологӣ (Сарф, наҳв, луғат, балоғат ва арӯзу қофия)
  3. Илмҳои фалсафӣ (Мантиқ, тиб, кимиё, риёзиёт, ҳандаса ва нуҷум)

Ба ҳамин тартиб дар Маркази мероси хаттии АИ ҶТ 293 нусха дар бораи улуми Қуръонӣ, 73 тафсир, 124 нусха дар бораи илми ҳадис,805 нусха дар боари илми калом, 101 нусха дар бораи тасаввуф ва ахлоқ, 787 нусха дар бораи илми фиқҳ, 97 нусха дар усули фиқҳ, 102 нусха дар бораи фароиз, 253 нусха дар бораи илми сарф, 484 нусха дар бораи илми наҳв, 160 нусха луғот, 122 нусха дар бораи илми балоғату баён, 11 нусха дар бораи арӯзу қофия ва 122 нусха дар бораи адабиёти араб, 633 нусха дар бораи илми мантиқ, 165 нусха дар бораи фалсафа,, 34 нусха дар бораи тиб, 5 нусха дар мавзӯи кимиё ва 61 нусха дар мавзӯи риёзиёт, ҳандаса ва нуҷум ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.

Бар асоси иттилои Нуриддин Шаҳобуддинов аксари муаллифони дастхатҳои арабии Маркази мероси хаттӣ тоҷиктабор буда, зодагони Мовароуннаҳр мебошанд. Ба гуфтаи вай аз 1350 нусхаи асли арабии Марказ 880 муаллифи онҳо маълум ва муаллифи 480 дастхати дигар номаълум аст. Аз миёни 880 муаллифи маълум 736 нафар ё худ 84 фоизашон тоҷику эронитабор ҳастанд.

Дар мавзӯъи вазъи тафсири нусхаҳои туркии Марказ номзади илмҳои филологӣ Ализода С, мудири шуъбаи феҳристнигорӣ ва тавсифи дастхатҳо гузориш дода, эълом кард, ки  дар ганҷинаи дастхатҳои Марказ ҳудуди 900 нусха ба забони туркӣ нигаҳдорӣ мешавад, ки кори тавсиф ва таҳияи феҳристи нусхаҳои туркӣ оғоз шудааст.

Дар идомаи маҷлис Давлатов Р. дар бораи фаъолиятҳои илмӣ ва илмию ташкилии шуъбаи робитаҳои илмӣ, тарҷума ва иттилоот гузориш дода, зикр намуд, ки шуъбаи мазкур конференсияи байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Миробид Саййидои Насафиро дар сатҳи баланд баргузор кардааст. Вай ҳамчунин афзуд, ки фаъолият барои роҳандозии сомонаи Маркази мероси хаттӣ дар ҷараён аст ва ба зудӣ, ин сомона ифтитоҳ хоҳад шуд.