АСРОРИ РАҲМОНФАР МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА ИЛМ

    Асрори Раҳмонфар 01 ноябри соли 1952 дар деҳаи Артучи шӯрои деҳо­ти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент дар хонадони омӯзгор таваллуд ёфтааст.

Соли 1969 мактаби миёнаи рақами 6 ба номи Абдусалом Деҳотии деҳкадаи Колхозчиёнро фарҷом бахшида, шомили факултаи филологияи тоҷики До­ниш­гоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардидааст. Донишгоҳи олиро соли 1974 ба поён расонда, дар Институти шарқшиносии АИ РСС Тоҷикистон ба кор пардохтааст. Солҳои 1980-1982 афсари Қувваҳои Му­саллаҳи Ит­тиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, 1982-1993 ходими калони илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, 1993 сармуҳарири Студияи телевизиони Душанбе «Сомониён», 1993-1997 ходими калони илмии Институти шарқшинось ва мероси хаттӣ, 1996-1998 муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Тоҷикистон», 1998-1999 ёвари ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, 1999-2002 ёвари раиси ҶСШК «Нафтрасон», 2002-2012 ёвари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон, 2012-2017 мудири шуъбаи Муассисаи нашриявии «Адиб» будааст. Аз апрели соли 2017 муовини директори Маркази мероси хаттии АИ ҶТ мебошад.

Нахустин маҳорату малакаи пешбурди пажӯҳишо­ти илмиро дар солҳои донишҷӯӣ, таҳти сарварии профессор Шарифҷон Ҳусейнзода (1907-1988) соҳиб гардида, дар мавзӯи осору афкори Носири Хусрави Қубоди­ёнӣ рисолаи ихтитомии донишгоҳӣ навиштааст.

Фаъолияти ҷиддӣ ва муназзами илмиро дар Институти шарқшиносӣ, дар мактаби машҳури матншиносии профессор Аълохон Афсаҳзод (1935-1999) оғоз бах­шида, дар ҷамъоварӣ ва таҳияву танзими мероси хаттии бархе гузаштагони бузургамон ширкат варзида, ҳамдастону мустақилона куллиёту мунтахаботи осори Устод Рӯдакӣ, Умари Хайём, Ҷалолиддини Румӣ, Ҳо­физи Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Фаттоҳии Нишо­пу­рӣ, Саййидои Насафӣ, Ки­роми Бухороӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Шамсиддини Шоҳин, Лоиқ Шера­лӣ, Беранги Кӯҳдоманиро бо шарҳу тавзеҳу дебоча мун­­та­шир сохтааст.

Дар хусуси вижагиҳои матну вожаҳои таҳдори аш­ъор ва ҷанбаҳои гуногуни рӯзгору осору афкори Абӯ­­абдуллоҳи Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Хоҷа Ҳофиз, Мавлавии Румӣ, Шайх Аттор, Имомии Ҳаравӣ, Бадри Шервонӣ, Абӯисҳоқи Атъима, Оҳии Машҳадӣ, Оҳии Туршезӣ, Маҳвии Бастомӣ, Масеҳии Балхӣ, Толиби Ҳаравӣ, Саййидои Насафӣ, Ғиёсии Бадахшӣ, Сиддиқии Ҳусайнӣ, Носеҳи Исфаҳонӣ, Махфии Бадахшӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Шамсиддини Шоҳин, ҳаёту эҷодиёти Виктор Гюго, Жан Пол Сартр, Сергей Есенин, Расул Ҳамзатов, Александр Фадеев, Мирзо Турсунзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Олҷас Сулаймонов, Шарифҷон Ҳусейнзода, Холмурод Шарифов, Лоиқ Шералӣ, Аъзам Сидқӣ, Аълохон Аф­саҳзод, Раҳмат Назрӣ, Беранги Кӯҳдоманӣ, Муҳаммад Ғоиб, Замира Ғаффорӣ, Абдуғаф­фор Баёнӣ, Ҷалолиддин Сиддиқӣ ва дигарон, паҳлӯву падидаҳои шохиси адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, мӯҳтавои навиштаву офаридаҳои суханвару ҳунарваро­ни ҳамзамону ҳамзабон асару мақолаҳои сершуморе ба қалам овардааст.

Муаллифи рисолаҳои илмӣ-оммавӣ ва публисис­тии «Носири Хусрав – шоири мутафаккир» (1978), «Род­марди хуҷистакор» (2001), «Ёқути сурх» (2005), «Марди роҳ» (2006), «Рӯдакиро суханаш тилви нубост…»  (2009), «Ҷомишиноси забардасти ҷаҳон» (2015) мебошад.

Роману қиссаву ҳикоя ва шеъру манзумаву мақо­ла­ҳои ҷудогонаи А. Е. Крымский, С. Есенин, Р. Ҳамзатов, В. Ванчура, И. А. Халфин, Қ. Қулиев, Роберт Бёрнс, Н. Доризо, С. Островой, В. Воскобойников, Розмари Киффер, Аднон Салим, Раҳим Фарҳодӣ, Ӯлмас Ҷамол, афсонаҳои ҳаба­шӣ ва ғайраро ба тоҷикӣ баргардону чоп кардааст.

Асрори Раҳмонфар дар баробари фаъолияти илмӣ ва пешбурди корҳои ҷамъиятӣ шеър ҳам мегӯяд. Силсилаи ашъораш дар нашрияҳои гуногуни ватаниву хориҷӣ ба табъ расида, ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.

Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», Иттиҳодияи журналистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Бо чандин мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравию Ҷумҳурии Демократии Афғонистон сарфароз гардидааст.