Activities calendar

28 April 2019

Боздиди сафири Арабистони Саудӣ аз Маркази мероси хаттӣ

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар таърихи 04.04.2019 аз Маркази мероси хаттии АИ ҶТ боздид ба амал овард.

Ал-Бодӣ дар ибтидо бо ганҷинаи марказ, озмоишгоҳҳо, шароити нигаҳдории дастхатҳо ва теъдоде аз нусхаҳои нодири Маркази мероси хаттӣ шинос шуда, сипас бо маъмурият ва ходимони илмии Марказ мулоқоти судманд анҷом дод.

Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ

Ганҷинаи дастнависҳои шарқи Маркази мероси хаттии АИ ҶТ калонтарин махзани дастнависҳои шарқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осиёи Миёна ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Заминаи ин ганҷина баъд аз ташкил ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон (1924) гузошта шудааст. Ҷамъоварии дастнависҳо аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна, Самарканду Бухоро ва ғайра пас аз таъсиси Шуъбаи тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1932) ва Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (1933) шурӯъ гардид. Баъди дар заминаи Шуъбаи Тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шудани АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951) зарурати дар як муассиса ҷамъоварӣ намудани дастнависҳо ба миён омад. Соли 1953 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи дастнависҳои ҷамъоваришуда ба ихтиёри АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд.

Аз замони таъсисёбии Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1958 нахуст Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва баъдан Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ) ва ҳоло қалби асосии фаъолияти Маркази тозабунёдро шуъбаи ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва тавсифи электронии нусхаҳои хаттӣ, ки қаблан номи шуъбаи нигаҳдории дастхатҳо, коркарди нусхаҳои хаттӣ ва таҳияи феҳристҳо ва сипас номи шуъбаи ҷамоварӣ ва нигаҳдории нусхаҳои хаттиро дошт, ташкил медиҳад. Тағйири охирини номи шуъба соли 2019 сурат гирифт.

Вақте соли 1953 фармони махсуси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъоварии нусхахои хаттӣ баромад, хеле бамаврид буд, ки нусхаҳои хаттие, ки аз ибтидои солҳои 30-юми қарни гузашта ҷамъоварӣ шуда буданд ва дар китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, маданӣ-маърифатӣ маҳфуз буданд, ба ихтиёри Акадмеияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд. Ҳамчунин дар кишвар маъракаи ҷамъоварӣ ва харидории нусаҳои хаттӣ аз аҳолӣ шуруъ шуд. Ҳамаи ин корҳо таҳти роҳбарии бевоситаи академик Абдулғанӣ Мирзоев сурат гирифта, ба таври хеле самарабахш амалӣ мегардиданд.

Шуъбаи ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва тавсифи электронии нусхаҳои хаттӣ, аз оғоз то ҳол тўли 60 сол аст, ки барои илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни мардуми тоҷик хидмат менамояд ва осори гаронбаҳои ниёгони худро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ медорад. 

Таҳхонаи Ганҷинаи Марказ
 

Қобили қайд аст, ки зарурати ҷамъоварӣ ва нигаҳдории дастнависҳо ҳанўз солҳои 20-уми асри гузашта ба миён гузошта шуда буд. Дар саргаҳи ин кори хайр асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, олимони машҳури тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров, академик Абдулғанӣ Мирзоев ва олимони рус Бартолд В.В., Зарубин Н.И., Андреев М.С. Семенов А.А. ва дигарон қарор доштанд.

Бо кумак ва дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва харидории дастнависҳо аз аҳолӣ идома дошта, ҳоло ҳамасола тақрибан ба маблағи аз 20 то 100 ҳазор сомонӣ китобҳои нодири дастнавис ва китобҳои чопи сангӣ харидорӣ мешаванд. Ин омил метавонад дар ояндаҳои наздик фонди Марказро ниҳоят ғанӣ гардонида, хонандагону ҳаводорони соҳаро бештар ба худ ҷалб созад.

Бахши дигари шуъбаро тармими нусхаҳои хаттӣ ташкил медиҳад, ки кормандони шуъба пайваста ба тозакорӣ, безараргардонӣ ва тармими дастнависҳо, китобҳои чопи сангӣ ва чопи муосир машғуланд. Дар ин замина метавон ёдовар шуд, ки бо ташаббуси Маркази Ҷумъа ал-Моҷид дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб соли 2009 ба Маркази мероси хаттӣ чанд адад дастгоҳҳои замонавии тармими нусхаҳои хаттӣ ҳадя гардид, ки фаъолияти шуъбаро дар самти тармиму безараргардонӣ осону қулай гардонидааст.

Кормандони шуъба ҳангоми тармими дастхатҳо

Бахши муҳимми фаъолияти шуъбаро тавсифи электронии нусхаҳои хаттӣ, китобҳои чопи сангӣ ва дигар фонди китобхонаҳои Марказ ташкил медиҳад. Дар муддати ду соли охир китобҳои фонди чопи сангӣ (6630 адад китоб), муосир (8100 адад), китобхонаи ёдгории Зоҳир Аҳрорӣ (2600 адад), китобҳои ҳадяи Стариков (1554 адад), ҳадяи сафирони ҶИЭ дар Тоҷикистон устод Шабистарӣ (1202 адад) ва устод Шеърдўст (868), фонди китобхонаи ба номи Халилуллоҳ Халилӣ (1280 адад), китобхонаи ёдгории Ҳакназар Назаров (1030 адад) ба шакли электронӣ гардонида шуданд. Ба ин васила барои муроҷиаткунандагон ва хонандагон ҷустуҷўи китобҳо ниҳоят осон шуда, метавон дар муддати хеле кўтоҳ китоби дархостшударо дарёфт кард.

Дар қатори ҳамаи ин, як бахши фаъолияти кормандони шуъба хидмат расонидан ба донишмандону муҳақиқон, аспирантону магистрон ва донишҷўёни  дохилию хориҷӣ, ки ба Марказ муроҷиат менамоянд, мебошад. Дар давоми таъсиси Марказ аз соли 2017 ба Марказ аз кишварҳои Олмон, Амрико, Фаронса, Русия, Миср, Арабистони Суъудӣ, Имороти Мутаҳидаи Араб, Туркия, Ҳинд, Чин, Ўзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Эрону Афғонистон дидан намуда, аз ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ истифода карданд.

Ходимони илмии шуъба дар канори фаъолиятҳои мазкур инчунин барои таҳияи нусхаҳои нодир саҳмгузор буда, дар муддати фаъолияти дусола китобҳои «Наводиру-л-вақоеъ»-и Аҳмад Махдуми Дониш, «Бадоеъу-с-саноеъ»,  «Туҳфаи дўстон»  ва «Лайливу Маҷнун»-и Шамсиддини Шоҳинро таҳқиқ ва таҳия намуданд.

Қобили қайд аст, ки муҳаққиқини шуъба бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон асари Ҳаким Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ «Захираи хоразмшоҳӣ»-ро, ки дар таърихи илми тибби тоҷик яке аз барҷастатарин осори тиббӣ ба шумор меравад, таҳия карда истодаанд.

 Назорати Раёсати Марказ аз рафти таҳияи «Захираи хоразмшоҳӣ»-и Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ

 Назорати Раёсати Марказ аз рафти таҳияи «Захираи хоразмшоҳӣ»-и   

                                            Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ

Таҳиягарон корро аз моҳи марти соли 2018 шурӯъ намуда, то охири сол 7 китоби «Захираи хоразмшоҳӣ»-ро дар асоси 7 нусхаи муътамади қаламӣ, аз ҷумла 5 дастхатти маҳфуз дар Маркази мероси хаттии АИ ҶТ ва 2 нусхаи аксӣ (факсимилӣ)-и нодири маҳфуз дар Ҷумҳурии исломии Эрон ба чоп омода намуданд. Таҳиягарон тасмим гирифтаанд, ки то охири соли 2019 ҳамаи 10 китоби ин шоҳасарро ба пуррагӣ барои чоп омода созанд.

Ҷараёни таҳияи китоби «Захираи хоразмшоҳӣ»
Таҷҳизоти тоза намудани китобҳо аз чангу ғубор
Ҷаласаи шубаи ҷамъоварӣ, нигаҳдори ва тавсифӣ электории нусхаҳои хаттии
Кормандони шуъба дар даромадгоҳи Маркази мероси хаттии АИ ҶТ
                                                  КИТОБҲОИ ТАҲИЯНАМУДАИ КОРМАНДОНИ ШУЪБА:
   
footer: