Activities calendar

02 June 2020

ПОСДОРИ МЕРОСИ ХАТТӢ

                                      ПОСДОРИ МЕРОСИ ХАТТӢ

24 майи соли 2020  қалби ходими намоёни илму адаб ва ҳунар, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Ҷӯрабек Назриев                                                                                                                                   аз таппиш бозмонд.

3.28.jpg - 47.12 KB

ПОСДОРИ МЕРОСИ ХАТТӢ

ПОСДОРИ МЕРОСИ ХАТТӢ

24 майи соли 2020  қалби ходими намоёни илму адаб ва ҳунар, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Ҷӯрабек Назриев                                                                                                                                   аз таппиш бозмонд.

3.28.jpg - 47.12 KB

      Ҷӯрабек Назриев солҳои тӯлонӣ муассисаҳои илмии вобаста ба Академияи миллиии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Иттиҳодияи осорхонаҳои адабӣ, Институти мероси хаттӣ, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва ахиран Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ-ро роҳбарӣ намуда, дар рушди илм, оммавигардонии осори хаттии ниёгон ва тарбияи насли нави олимон саҳми босазо гузошта аст. Ӯ 23-июни соли 1946 дар рустои Навруҳои ноҳияи Ховалинги собиқ вилояти Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1950 ҳамроҳ бо волидайнаш ба шаҳри Душанбе кӯчида, мактаби миёнаро дар пойтахт хатм мекунад.

   Ҷӯрабек Назриев соли 1968, баъди хатми факултаи таърих ва филология, бо роҳхати раёсати донишгоҳ ва пешниҳоди устодаш Аълохон Афсаҳзод ба аспирантураи  назди Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон шомил гардид ва аз он замон то лаҳзаи охирини ҳаёташ дар ин ниҳоди вобаста ба Академияи илмҳо кору фаъолият намуд.

    Ӯ соли 1974  рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Мактабӣ Шерозӣ ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ» ва соли 1996 рисолаи докторияшро таҳти унвони «Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форс-тоҷик» дифоъ намудааст.

     Доираи фаъолияти илмии Ҷӯрабек Назриев басо васеъ буда, соҳаҳои гуногуни шарқшиносӣ, матншиносиву адабиётшиносӣ, аз қабили таърихи адабиёти форсу тоҷик, таърихи санъати мусиқии тоҷик, робитаҳои адабӣ-фарҳангии халқи тоҷик бо халқҳои ҳамҷавор, маъхазшиносӣ, нусхашиносӣ ва назарияи адабиётро дар бар мегирад. Ӯ муаллифи зиёда аз 150 китобу рисола ва мақолаҳои илмӣ, адабӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, ки ҳам дар Тоҷикистону ҳам дар хориҷ аз он ба нашр расида, мавриди таваҷҷӯҳи донишмандони дохиливу берунӣ қарор гирифтаанд. Махсусан, рисолаи «Мактабии Шерозӣ. Ҳаёт ва эҷодиёт», китобҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабии Шерозӣ, «Сулаймоннома»-и Зулолии Хонсорӣ ва рисолаи фундаменталии «Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Қиссаи Сулаймону маликаи Сабо дар назми форсу тоҷик»-ро метавон ном бурд, ки аз тарафи таҳқиқотчиёну адабиётшиносони варзида мавриди қабул қарор гирифта, роҷеъ ба ҳар кадоми онҳо дар матбуоти даврӣ чандин тақриз ба чоп расидааст.

   Хизмати Ҷӯрабек Назриев дар мураттаб сохтану чоп намудани 9 ҷилди «Феҳрасти  нусхаҳои  хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле калон аст.

Зери назар ва бо иштироки бевоситаи Ҷӯрабек Назриев дар Институти шарқшиносӣ ва  мероси хаттӣ 15 асари калонҳаҷм ба чоп расиданд, ки мавсуф ба онҳо муқаддимаҳои густардаи илмӣ навиштааст.

    Ҷӯрабек Назриев ҳамчун адабиётшинос, ҳунаршинос ва шарқшинос дар ҷомеаи мо мақому мартабаи хосеро соҳиб гашта буд. Дар чандин конференсияҳо ва симпозиумҳои байналхалқӣ ширкат варзида, роҷеъ ба мақому инкишофи илми адабиётшиносӣ ва шарқшиносӣ дар Тоҷикистон мақолаҳои зиёде мунташир кардааст.

    Ҷӯрабек Назриев дар корҳои илмию ҷамъиятӣ ҳам фаъолона иштирок менамуд. Ӯ узви Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дифои рисолаҳои илмӣ ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ҷӯрабек Назриев дар тарбияи кадрҳои илмии баландихтисос низ саҳми арзанда дорад.

     Хизмати Ҷӯрабек Назриев дар тарѓиби комёбиҳои илму фарҳанги тоҷик, ташвиқи сиёсати илмӣ ва фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион низ калон буд.

     Ҷӯрабек Назриев дар баробари донишманди нуктадон будан, ҳунарманди маънисаро низ буд. Ӯ ба дунёи ҳунари мутрибиву хунёгарӣ эҷодкорона, бо тарзу тариқи нав, бо услуби ба худ хос омад, ки имрӯзҳо чунин роҳу тариқи суруд хонданро мактаби ҳунарии Ҷӯрабек Назриев мегӯянд. Аз муҳити маҳдуди маҳаллу водиҳо берун қадам ниҳод. Сурудаҳояш марзҳои маҳаллу минтақаро шикастанд. Садои ӯ дар ҳама атрофу акнофи Тоҷикистон ва берун аз он мақбули аҳли завқу ҳунар буд. Ошиқона суруд мехонд, сурудҳои хубу дилкашу дилбар барои ҳама.

    Ҷӯрабек Назриев аз рӯзи хатми донишгоҳ то охири ҳаёташ дар Академияи илмҳо кор мекард. Аз аспирантию ходими хурди илмӣ то мақоми Раиси Иттиҳодияҳои музейҳои адабӣ, директори Институти мероси хаттӣ ва директори Институти овозадори шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст ва аз соли 1991 то июни соли 2007 ин даргаҳи муқаддасро раҳбарӣ мекард.

   Аз марти соли 2017 вазифаи Директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

    Хизматҳои шоистаи илмӣ ва фаъолияти босамари ташкилотчигии ӯ сазовори чандин унвону мукофот ва ифтихорномаҳои гуногун, аз ҷумла, «Грамотаи фахрӣ»-и Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, унвони «Арбоби хизматнишондодаи санъат» (1990), «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999) ва нишони фахрии АИҶТ (2016) қадршиносӣ шудааст.

Ному хотираи Ҷӯрабек Назриев дар ёду дили ҳамкорон, шогирдон ва мухлисонаш абадӣ боқӣ хоҳад монд. 

 

Раёсати Академияи миллии

илмҳои Тоҷикистон

 

footer: