Нақши боризи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли қазияи Афғонистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон соли 1992 равобитҳои дипломатии худро барқарор намуданд. Вале робитаи миёни ду миллат ба умқи таърих ва садсолаҳои пеш бар мегардад. Мардумони ду кишварро на танҳо марзи муштарак, балки таърихи ягона, арзишҳои умумии фарҳангӣ, расму ойин, дин ва забони воҳид ба ҳам пайванд медиҳад.