ИНЪИКОСИ ЗИНДАГӢ ДАР ОЙИНАИ ШЕЪР
Аз раф-рафи китобхонаам китобҳои шарикдарси донишгоҳиям ва дӯсти эҷодкорам Султонмуроди Одинаро, бо умеди навиштани сатре чанд дар борааш, ки дар баробари умре бо шуғли ҳирфаияш омӯзгорӣ машғул будану анҷом додани вазифаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии зодгоҳаш ноҳияи Ҳисор пайваста ба кори эҷодӣ гирифтор аст, ба таъбири халқӣ сару калобаамро гум кардам.