Ҳадияи дастнависҳо ба Ганҷинаи Маркази мероси хаттӣ
Рӯзи 14.03.2022 яке аз дилбохтагони илму дониши ниёгон, собиқадори мақомоти интизомӣ ва низомии кишвар муҳтарам Субадоров Нилобек чанде аз дастнависҳои қадимаи ниёгонро, ки дар китобхонаи шахсиаш нигоҳдорӣ мешуданд, ба Ганҷинаи Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳадия намуд.