Иқдоми наҷибона

   Давлатшозода Бобошо Давлатшо, раиси Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (18.05.2021) ҳамроҳи ҳамкоронаш, Аламов Эмомалӣ ва Каримов Бозор,  ба  Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварда,  як нусха дастнависи қадима ва нафиси “Маснавии Маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхиро, ки аз бобояш ба мерос монда буд, ба Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ММХ НР АМИТ, тақдим намуданд.

   Бобошо Давлатшозода набераи ходими маъруфи давлативу ҷамъиятӣ, Лақай Қармишев буда, китоби мазкур аз ӯ ба мерос мондааст. Китоби  ҳадяшуда таърихи қадима дошта,  ба нигаҳдории хос эҳтиёҷ дорад. Аз ин лиҳоз,  тасмими Давлатшозода Бобошо дурусту саривақтӣ буда, аз ҷониби маъмурияти ММХ  иқдоми наҷибона дониста мешавад.