Бо чунин ном, имрӯз (24.06.2022) дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуда, ҳамчунин рӯнамоии китоби “Суханро қудрати ҷонофарин бахшид” (Душанбе: Дониш, 2022.-254с.) ба ифтихори 90- умин солгарди Шоири халқии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, лауреати Мукофоти давлатии СССР, барандаи ҷоизаи давлатиии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Муъмин Қаноат баргузор гардид.

           Дар ҳамоиш олимону донишмандон аз муассиаҳои гуногуни илмиву таълимӣ, дӯстону ҳамкорон, ихлосмандон ва наздиконашон иштирок ва суханронӣ намуданд.

          Конфронсро саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қ. Искандаров оғоз бахшида, Муъмин Қаноатро ҳамчун  шоири беҳамто ва шахсияти беназир васф намуда, ба кори конференсия барору комёбӣ орзу намуд.

         Сипас, директори ММХ НР АМИТ, н.и.т. Давлатов Р. суханронӣ намуда, кулли меҳмонону ҳозиринро ба даргоҳи муқаддас, яке аз Ганҷинаҳои беназири дастхатҳои Тоҷикистон - Маркази мероси хаттӣ хушомадед гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки шеъру сухани Муъмин Қаноат дар бедорӣ таҳкими ҳувияти миллии тоҷикон бениҳоят бузург аст ва инро мо муҳаққиқон бояд ошкор ва ба ояндагон муаррифӣ намоем.

         Дар кори конфронс маърузаҳои илмии доктори илми филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон А. Кӯчаров “Таҳқиқи қиёсии  матнҳои чопшудаи достони “Сурӯши Сталинград”-и Муъмин Қаноат”; устоди ДМТ Ҳафиз  Раҳмон “Муъмин Қаноат – сарояндаи ҳамосаи Ватан”; директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, н.и.ф. Шарифзода Боймурод “Суннат ва навоварӣ дар достонҳои Муъмин Қаноат”, муовини директори ММХ оид ба илм ва таълим А. Раҳмонов “Муъмин Қаноат – устоди забардасти шеъри нав шунида шуд.

       Дар ҳамоиш шоирону нависандагони халқии Тоҷикистон А. Самад, К. Насрулло, Р. Назрӣ суханронӣ ва хотироти худро аз ҳамкорӣ бо Муъмин Қаноат ёдовар шуда, ашъори худро қироат намуданд.

       Дар қисмати дигари ҳамоиш рӯнамоии китоби маҷмуаи мақолаҳои ҳамкорон, дӯстон ва муҳаққиқон дар бораи ҳаёт, фаъолият, эҷодиёт ва дигар паҳлуҳои Муъмин Қаноат доир шуда, ба ҳар як иштирокчӣ китоб тақдим шуд.