Навбаҳорова Бибисултон – и.в. мудири шуъбаи тавсиф ва таҳияи феҳристи дастхатҳои Маркази мероси хаттӣ

Навбаҳорова Бибисултон баъди хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2000 дар шуъбаи таҳияи феҳристҳо ва нигоҳдории нусхаҳои хаттӣ ба вазифаи лаборанти калон шуруъ карда, баъдтар дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ ва ходими калони илмӣ кор кардааст. Соли 2012 рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Хусусиятҳои бадеӣ-эстетикии ашъори Абдулвосеи Ҷабалӣ” ҳимоя кардааст.  Солҳои 2012-2013 дар вазифаи котиби илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИҶТ кор кардааст.

Аз моҳи январи соли 2021 дар вазифаи иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи тавсиф ва таҳияи феҳристи дастхатҳои Маркази мероси хаттӣ кор мекунад.

Навбаҳорова Б. К. яке аз таҳиягарони 4 ҷилди “Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” (ҷилдҳои VII-X) ва ҷилди якуми феҳристи китобҳои чопи сангӣ мебошад. Ӯ муаллифи даҳҳо мақолаҳои илмӣ буда, дар мақолаҳояш бештар мавзӯи дастнависҳои фонди Маркази мероси хаттӣ баррасӣ мешавад.

 

     Мукофоту ҷоизаҳо:

....................................

     Тамос:

+992 931-44-13-00

     Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироот:

———————————

     Монографияҳо:

———————————

     Китобҳо:

———————————

     Мақолаҳои илмӣ:

———————————