Додхудоева Лола Назаршоевна баъди хатми факултаи  шарқшиносии (шуъбаи омӯзиши кишварҳои араб) Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург),  фаъолияти кориашро аз соли 1977 ҳамчун ходими илмии шуъбаи асрҳои миёна ва таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ РСС Тоҷикистон оғоз кардааст. Соли 1983  рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ёдгориҳои эпиграфии шаҳри Самарқанд дар асрҳои XI-XIV–ҳамчун сарчашмаи таърихӣ» дифоъ кардааст. Солҳои 1978-1985 дар шуъбаи тарҷумонии забони русӣ-англисӣ-фаронсавӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ҳамчун тарҷумон кор кардааст. Дар солҳои 1987-1988 таҷрибаомӯзи Институти шарқшиносии АИ СССР дар шаҳри Москва мебошад. Соли 1989 таҷрибаомӯзи Китобхонаи Миллии Фаронса мебошад. Солҳои 1991-1993 ба вазифаи мудири шуъбаи асрҳои миёна ва таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ кор кардааст. Солхои 1993-1994  ҳамчун ходими пешбари шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати маорифи ҶТ адои вазифа намудааст. Соли 1995 ҳамчун ходими пешбари Шуъбаи таҳияи феҳристҳо ва нигаҳдории нусхаҳои хаттии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ фаъолият кардааст. Солхои 1996-1997 ҳамчун ҷонишини директори хазинаи Сорос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Солҳои 2000-2003 ба вазифаи Котиби Генералии комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО, ВКХ ҶТ кор кардааст. Соли 2008 мушовири Комиссияи Миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО кор кардааст. Аз соли 2003 то имрӯз дар вазифаҳои ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ, мудири шуъбаи таҳияи фехристхо ва нигаҳдории нусхаҳои хаттии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ фаъолият дорад.

Додхудоева Л. Н. яке аз таҳиягарони 4 ҷилди “Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” (ҷилдҳои VII-X) ва ҷилди якуми феҳристи китобҳои чопи сангӣ мебошад. Дар давоми фаъолияти илмиаш зиёда аз 300 номгӯй монография ва мақолаҳои илмӣ навиштааст:

 

 

Мукофоту ҷоизаҳо:

———————————

Тамос:

+992 931-44-13-00

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироот:

———————————

Монографияҳо:

———————————

Китобҳо:

———————————

Мақолаҳои илмӣ:

———————————