Санаи 17.01.2023 аз ҷониби доктори илми педагогика, профессор, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  Маҷидова Бибиҳафиза дастхати қадимаи  “Ал-Ҳидоя”-и Бурҳониддини Марғинонӣ (асри XII), ки соли китобаташ 1254 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1838 мелодӣ мебошад, ҳадя карда шуд.

         Дастнависи мазкур мероси хонаводагии муаллимаи арҷманд буда, дар ҳолати хуб нигаҳдорӣ шуда, ҷилди зебои мунаққаш ва дар сартуранҷи ҷилд навиштае “амали Мулло Мирзо Алии Саҳҳоф 1246?” сабт аст.

        Хатти дастнавис хатти маъмулии бухороӣ ва дар қоғази навъи қуқандӣ навишта шудааст.

     Маъмурияти Маркази мероси хатти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба фарзанди донишманду илмдӯсти кишвар доктори илми педагогика, профессор, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  Маҷидова Бибиҳафиза барои аз нестӣ наҷот додани дастнавис ва ҳадяи он ба ММХ изҳори сипос менамояд.

       Бояд зикр намуд, ки Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, яке аз марказҳои муҳим ва бонуфузи Тоҷикистон мебошад, ки ба ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, тармим ва таҳқиқи осори хаттии гузаштагон сару кор дорад. Дар Ганҷинаи Марказ ҳоло бештар аз 14 ҳазор китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ҳифз мешаванд, ки қадимтаринаш ба асри XI  мансуб аст.