Диққат!

21 феврали соли 2023, соати 15:00 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад, ки дар он узви хориҷии АМИТ , профессор Франссис Ришар роҷеъ ба осори таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик таҳти унвони “Мероси хаттии Хуросон дар Аврупо” маърузаи илмӣ ироа мекунад. Аз алоқамандони таърих ва фарҳанг интизор меравад, ки дар ин маҳфили илмӣ ҳузур ба ҳам бирасонанд.