26 май дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Буҳрони ғизоии Афғонистон ва таъсири  он ба тоҷикони Афғонистон» ҳамоиши навбатии илмӣ-оммавӣ баргузор гардид.  

   Дар ҳамоиш олимон ва ҷомеашиносон, намояндагони аҳли зиёи Афғонистони муқими Тоҷикистон иштирок карда, мавзуи мавриди назарро муҳокима ва андешаҳои хешро баҳри раҳоӣ аз ин вазъият пешниҳод намуданд.

    Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ аз саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлати фарогири ҳамаи қишрҳо ва халқияту миллатҳои Афғонистон ва дастрасии мардуми ситамкаши ин мамлакат ба кумакҳои ғизоӣ сухан гуфт.

   Доктори илмҳои таърих Қосимшо Искандаров оид ба моҳияти баргузории силсиламашваратҳо ва ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки намояндагони Афғонистон ибрози назар намуд.

    Дар маърузаҳои худ докторанти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фаёзиддин Ғиёсӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Аброр Мирсаидов аз фалокатҳои буҳрони ғизоии Афғонистон ва заъфи хукумати толибон бо далелҳои муътамад суҳбат карда, омилҳо ва роҳҳои ҳалли ин масъаларо шарҳ  доданд.

    Сипас, Раиси бунёди «Аҳмадшоҳи Масъуд» Валӣ Аҳмад Масъуд, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод оид ба беҳбуди таъмини мардуми Афғонистон бо маводи ғизоӣ, пешгирии фалокатҳои башарӣ ва мубориза бо  қочоқи ғизоӣ таклифу пешниҳодҳо ироа намуданд.

    Зимни ҳамоиш дар шакли маҷозӣ коршиносони шинохта,  олимони Афғонистони муқими Аврупо ва Амрико иштирок карда, атрофи мавзуъ изҳори назар намуданд.