19 июни соли равондар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ силсиласеминарҳои  “Боло бурдани сатҳи огоҳии ҷавонон ва занон роҷеъ ба аҳамияти  мероси ҳуҷҷатӣ ва саҳми ЮНЕСКО дар ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ ва фарҳангӣ” оғоз гардиданд. Семинари аввали омӯзишӣ, ки барои тренерон ва коргузорони лоиҳа баргузор гардид бо сухани муқаддимавии директори Маркази мероси хаттиии назди Раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатов ифтитоҳ шуд. Ҳамзамон сарвари Марказ зикр кард, ки дар фарҷоми семинар, ки дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанди вилояти Суғд, Бохтар, Ёвони вилояти Хатлон, Даврвоз, Рушон ва Хоруғи ВМКБ доир мешванд, таҳия ва нашр намудани брошюра роҷеъ ба мавзуъ бо забони тоҷикӣ ва паҳн намудани он дар байни ҷомеаҳои маҳаллӣ, таҳияи видеофилми дорои хусусияти таълимӣ оид ба мавзуъ  дар назар аст.  Дар рафти омӯзиш мавзуъҳои аҳамияти мероси ҳуҷҷатӣ, нақши ЮНЕСКО дар ҳифзи ҳуқуқӣ ва техникии мероси ҳуҷҷатӣ, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ, вазъияти нигоҳдорӣ, омӯзиш ва ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ дар Тоҷикистон, роҳҳои техникии ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ дар Ҷумуҳрии Тоҷикистон бо намоиш видеофилмҳо, маводҳои айёнӣ, намунаи мероси ҳуҷҷатӣ хеле ҷолиб баррасӣ гардиданд.