Конференсияи илмӣ ба ифтихори 80-солагии Амрияздон Алимардонов  

27 ноябри соли 2018 дар Маркази  мероси хаттии назди Раёсати Академияи илмҳои Љумхурии Тољикистон бахшида ба 80-умин солгарди зодрўзи ховаршиноси шинохтаи тољик, муҳаққиқи нуктасан Амрияздон Алимардонов Конференсияи илмӣ баргузор гардид.  Дар ин конференсия илмӣ хусусан, адабиётшиносон, устодони Донишгоҳи милллӣ, Донишгоҳи забонҳои ба номи С. Улуѓзода, Донишгоҳи омўзгории ба номи С. Айнӣ,  Донишгоҳи техгнологӣ, Энсиклопедияи миллии тољик, Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рўдаки АИ, Институти таърих ва этнографияи АИ, Институти фалсафаи АИ, Институти омўзиши масоили Осиё ва Аврупои АИ ва дигар шахсиятҳое, ки ба адабиёти классикии форсу тољик алоқаи зиёд доранд, гирд омада буданд.

       Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ дирекктори маркази мероси хаттӣ Љурабек Назриев ҳусни оѓоз бахшида дар бораи фаъолияти пурсамари 50-солаи Амрияздон Алимардонов дар шинохт ва тавсифу баррасии нусухи хаттии дар Ганљинаи дастнависҳои ба номи Акадимик Мирзоев маҳфузбуда маълкумот доданд. Љ. Назриев хизмати бузурги устод А. Алимардоновро дар шинохти пурраи дастнависҳои ва таҳияи феҳристи онҳо махсус таъкид намуда қайд карданд, ки А. Алимардов шахсияте буданд, ки ба ҳама як хел муносибат доштанд. Касе ёде надорад, ки боре ҳам ўро сухани баланде гуфта бошанд. Мекўшиданд, ки ба ҳама некӣ кунанд ва кўмаки беѓаразонаи худро ба касе дареѓ намедоштанд. Ёди ин марди некном ҳамеша дар хотири дўстони наздиконаш абадӣ хоҳад монд.

         Сипас мудири шўъбаи матншиносии Маркази мероси хаттӣ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар мавзўи «Саҳми Амрияздон Алимардонов дар рушди матншиноси тољик» баромад намуда нахуст дар бораи хидмати бузурги Амрияздон Алимардоновро дар таҳияи бахши насрии «Гулшани адаб» дар 4 љилд таъкид намуданд. А. Хуросонӣ қайд намуданд, ки ин аввалин иқдоми бузурге буд, ки мардуми тољик ба намунаҳои бештари насри классикӣ ошно шуданд. Хидмати бузурги А. Алимардоно  дар он буд, ки дар шоҳасарҳои насрии классикиро ба мардум ошно сохт. То табъу нашри «Гулшани адаб»  (намунаҳои насрӣ) дар байни  мардум тасаввуроте вуљуд дошт гузаштагони мо асарҳои насрии ангуштшумор доранду бас. Нашри намунаҳои насри классикӣ ин тасаввуроти нодурусти мардумро аз байн бурд. Ҳамчунон дар бораи дигар матнҳои таҳиянамудаи А. Алимардонов ба мисли «Иёри дониш»-и Абулфазли Алломӣ, «Доробнома»  «Қиссаи Борондўхт», «Ҳикояҳо дар бораи Абўалӣ ибни Сино» ва ѓайра  маълумоти муфасале  дода хизмати бузурги А. Алимардоновро дар таҳияи матнҳои насрӣ қайд намудаанд. Ҳамчунон қайд намуданд, ки дар таҳияи матнҳои назмӣ низ  саҳми назаррас намудаанд. Амрияздон Алимардонов дар таҳияи матнҳои осори Носири Хисрав, Низомии Ганљавӣ, Амирхусрави Деҳлавӣ саҳми зиёде гузоштаанд.

Дар гузориши дуюми конфронси илмӣ мавзўи «А. Алимардонов муҳақиқи Рўдакӣ», (гузориши Ализода С.) чунин қайд гардид,доираи фаъолияти илмии донишманди пухтакору меҳнатдўст, адбиётшинос  шодравон устод А.Алимардонов  бисёр васеъ ва доманадор буда, аз таълифи мақолаҳою тасвири дастнависҳою таҳияи феҳристҳо то навиштани асарҳои мукаммали адабиётшиносӣ ва таҳияи матнҳои осори нодири адабиёти форс-тољикро фаро мегирад. Ў дар арзи қариб панљоҳсолаи фаъолияти бобаракати худ доир маъхазшиносӣ, таърихиадабиёти форсу тољику робитаҳои адабӣ ва дигар соҳаҳои ба таърихи тамаддуни халқи тољик алоқаманд бештар аз 400 асару мақолаҳо навишта, дар роҳи таҳқиқи таърихи маданияти халқи мо ва ривољу равнақи илми маъхазшиносии тољик хизмати бузургеро анљом додааст.

 Донишманди ҳассосу нуктасанљ ҳанўз аз солҳои 70-уми асри гузашта ба омўзиши рўзгор ва осори устод Рўдакӣ даст задааст. Нахустин мақолоти ў доир ба ин мавзуъ дар рўзномаҳои даврагӣ ба  табъ расидаанд.

А. Алимардонов 13 сентябрии соли 1975 дар рўзномаи «Маориф ва маданият» мақолае бо унвони «Шуҳрати љаҳонии Рўдакӣ», 25 ноябри соли 1976 дар рўзномаи «Маориф ва маданият» мақолаи «Шуҳрати оламгир» дар бораи Рўдакӣ аз нахустин чакидаҳои илмии А. Алимардонов дар риштаи рўдакишиносӣ масҳуб мебошанд.

Мақолаи калони А.Алимардонов бо унвони «Устод Айнӣ –нахустин Рўдакишиноси советии тољик, дар маљаллаи «Ахбороти Академияи фанҳои РСС Тољикистон» 34(28), с.1979 ба табъ расидааст. А. Алимардонов устод С.Айниро аз љумлаи он арбобони муқтадиру соҳибиқболи тамаддуни башарӣ медонад, ки тамоми фаъолияти бошууронаи адабӣ, илмӣ ва љамъиятиашро ба манфиати халқи заҳматкаши худ, бедор намудани ҳиссиёти худшиносиву ифтихори миллӣ ва муҳофизату аз нав зинда кардани маданияту адабиёти бисёр ѓаниву қадимаи он равона кардааст, меҳисобад.

А.Алимардонов дар мақолаи зикргардида менависад, ки «устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тољик»-ро, ки намунаҳои адабиёти ҳазоролаи тољикро дар бар мегирад, бо устод Рўдакӣ оѓоз намуда, бо ин васила бори дигар сардафтар ва асосгузори адабиёти форсу тољик будани ўро таъкид кардааст… сабаби бо номи ў шуруъ намудани «Намунаи адабиёти тољик»  чунин изҳори ақида менамояд: «Ҳарчанд пеш аз Рўдакӣ мисли Баҳроми Гур, Ҳаким Абўҳафси Суѓдӣ ва Хоља Абулаббоси Марвазӣ шеъри форсӣ иншо карда бошанд ҳам, гуфтаи эшон ба дараљаи девон нарасида. Бинобар ҳамин номи Рўдакӣ ба сардафтари «Намунаи адабиёти тољик» гузошт»

А.Алимардонв дар асоси омўхтани сарчашмаҳои нав дар бораи маснавии «Калила ва Димна» кўшидааст то андозае манбаъҳои муътабари дигареро мариди омўзиш қарор диҳад ва ба ин восита ихтилофоти дар ин бора дар илми адабиётштшиносӣ љойдоштаро то ҳади имкон бартараф созад.

А.Алимардонов аз ин ахбороти пурарзишу мухтасари муқаддимаи «Шоҳномаи Абўмансурӣ» сабтгардида чунин натиљагирӣ намудааст:

1. Китоби «Калила ва Димна»-и  машҳур аввалин маротиба дар замони ҳукмронии амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ бо фармон худи амир аз забони арабӣ ба забони порсӣ(тољиккӣ) ба тариқи наср баргардонида мешавад. Дар роҳи амалӣ гардонидани ин амр вазири донишманду адабдўсти Наср-Абулфазли Балъамӣ (қатлаш дар соли 329 ҳ. /941 м.) роли бузург бозидааст…

2. Шуҳрати зиёди китоби «Калила ва Димна», ки саропо аз панду андарзҳои ҳакимона, суханҳои ҳикматомези ҳаётию дастурҳои муфиди ахлоқӣ саршор будани он ва ба сухани манзум майли бештар доштани табъро ба эътибор гирифта, амир Насри Сомонӣ барои манзум сохтани ин асари панду ҳикмати ҳаётӣ бузургтарин устоди назми порсӣ Абуабдуллоҳи Рўдакиро маъмур месозад.

3. Нуқтаи љолиби дигар дар муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абўмансури Муаммарӣ зикрёфта он аст, ки амир Наср мехостааст тавассути дар замони ҳукумронии худ манзум сохтани «Калила ва Димна» дар олам ёдгории шоистае боқӣ гузошта, ном ва хотираи некашро зинда гардонад.    А.Алимардонов дар ҳамин замина ақидаи шахсии худро чунин тавзеҳ медиҳад, ки агар гуфтаҳои дар боло зикргардида аз як тараф бошад, аз тарафи дигар «Ба фикри мо сабаби асосии дар ин давраи бедории фикрии халқи мо ба манзум сохтани «Калила ва Димна» маъмур намудани чунин устоди барљастаи сухани порсии дарӣ-Рўдакӣ дар он будааст, ки амири Сомонӣ мехост дар муқобили назми ниҳоят суфтаю пухташудаи арабӣ ва шоирони номдору маъруфи араб имкониятҳои назми дарӣ ва иқтидору маҳорати баланди суханварии шуарои порсигўйро љилвагар созад.

4. Мувофиқи нишондоди Абўмансури Муаммарӣ бад аз тарафи устод Рўдақи ба таври хеле моҳирона ва дилчасп ба назм дароварда шудан шуҳрати китоби «Калила ва Димна» боз ҳам бештар афзуд ва вай андар забони хурду бузург афтод.

  А.Алимардонов дар ин мақола тамоми љанбаҳои пурраи ин мавзуро баррасӣ намуда дар хулосаи мақолааш менависад, ки агарчи маснавии «Калила ва Димна»-и Рўдакӣ аз китоби «Калила ва Димна»  пештар сарчашма мегирад, вале устоди бузургон мазмунҳои тайёрро ба талаботи маънавии замон ва хулқу одоби халқи худ моҳирона мувофиқ кунонида, бо камоли маҳорат ва устодӣ ба риштаи назм кашидааст.

А.Алимардонов қайд мекунад, ки амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ба назм даровардани китоби «Калила ва Димна»-ро ба устод Рўдакӣ фармуда, мехостааст, ки ба воситаи аз тарафи ў дар замони ҳукмронии худ манзум сохта шудани ин асар дар љаҳон номи неке боқӣ гузорад. Ин мақола бисёр љанбаҳои нозукеро равшанӣ андохтааст, ки дар тадқиқотҳои муҳақиқини дигари осори Рўдакӣ ба назар намерасад.

Мақолаи дигари А. Алимардонв «Оё устод Рўдакиро Ҳаким» хонд равост?» мебошад. Ин мақоларо устод А.Алимардонов бо байти Шаҳиди Балхӣ оѓоз намудааст, ки чунин аст:

Ба сухан монад шеъри шуаро,

Рўдакиро суханаш тилви Нубист.

А.Алимардонов  дар мақолааш навиштааст, ки «Дар зимни маълумоти тарљумаиҳолӣ дар манобеи адабву таърихӣ як силсила лақабҳою унвонҳои фахрӣ барои таъкиди бузургии мақому мартабаи суханварии устодРўдакӣ аз қабили одам-уш-шуаро, султони шоирон, султон-уш-шуаро, шоири саҳбондастгоҳ, сарҳалқаи асотиди муттақадамин, корвонсолори шуаро, соҳибқирони шоирӣ, наводири фалакӣ ва монанди инҳо истифода ва корбаст гардидаанд, ки бештари онҳо хусусияти тавсифӣ, адои эҳтирому эътирофи истеъдоди баланди гуногунљанбаи ўро дошта, аз шуҳрати зиёди ашъори нобу пурмуҳтавои ў ва саҳми ниҳоят калони вай дар эљоди такомулу ривољу равнақи анвои назми дарӣ шаҳодат медиҳанд. А.Алимардонов дар мақолаи худ дар сабаби рў овардан ба ин мавзуъро дар он шарҳ медиҳад, ки баъзе донишмандон доир ба унвони «ҳаким» доштани устод Рўдакӣ изҳори шубҳа кардаанд. А.Алимардонов навиштаанд, ки ҳатто муҳақиқи маъруфу никтасанљ ва бузургтарин Рўдакишиноси қарни XX Эрон Саъид Нафисӣ нисбат ба устод Рўдакӣ раво будани корбасти ин унвонро комилан рад мекунад. А.Алимардонов дар мақолааш қайд кардаст, ки дар асоси омўхтани таърихи илму адаби асрҳои IX-X С.Нафисӣ ҳељ як матлаби ба ҳаёту фаъолияти устод Рўдакӣ марбутбударо аз мадди назари худ дур нагузоштааст. Бо вљуди љой доштани чунин ҳолат таҳқиқи ҳамаљонибаю бодиққати маълумоти маъхазҳои дарёфтгардида ва осори боқимондаи адибони он айёму худи устод Рўдакӣ ба он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин хулосаи Нафисӣ заминаи воқеӣ надорад ва ба ҳақиқат рост намеояд.

А.Алимардонов манбаҳои зиёд монанди «Калимот-уш-шуаро»-и Муҳаммад Афзали Сархуш(таълифаш соли 1682м.), «Риёзу-ш-шуаро»-и Волаи Доѓистонӣ(таълифаш соли 1161ҳ.-1748м.), «Мироъоти офтобнамо»-и Наввоб Абдурраҳмонхони Деҳлавӣ, «Наштари ишқ»-и Ҳусайнқулихони Азимободӣ (таълифаш соли 1845-1846м.) устод Рўдакироо бо лақаби «ҳаким» ёд мекунанд. Муаллифи «Наштари ишқ» ҳатто устод Рўдакиро аз

   Мақолаи дигари А. Алимардонов «Рудакӣ аз назари донишмандони Ҳинд» мебошад, ки ин мақола соли 1992 дар маљаллаи «Рўдакӣ» ба табъ расидаат.

Дар ин мақола А. Алимардонов менависад, ки шуҳрати устод Рўдакӣ ва назми ашъори ў на танҳо дар ватани вай-Мовароуннаҳру Хуросон, балки дар дигар мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна, аз љумла дар сарзамини Ҳиндустон ҳам ба таври васеъ паҳн гардида буд. Муҳақиқ таъкид кардааст, ки ашъори Рўдакӣ дар Ҳиндустон, аз асри ХI сар карда мавриди омўзиш, пайравию татабуъ, ситоиш ва тавсифи аҳли адаб  қарор мегирад. Дар нимљазирми Ҳинд паҳн гардидани осори Рўдакӣ ва шуҳрат ёфтани ў, -менависад А. Алимардонов, -ба воқеоти сиёсии дар асри ХI ва давраҳои минбаъда руй дода, яъне ба воқеоти аз тарафи сулолаҳои исломӣ забт кардашудани сарзамини Ҳинд ва ҳуљуми хонумонсўзи урдуҳои муѓул ба Осмёи Миёна ва Хуросон сахт алоқаманд аст. Зеро дар натиљаи ин воқеаҳо дар баробари ҳазорҳо сокинони Мовароуннаҳру Хуросон бисёр намояндагони илму адаби ин диёр ба қисматҳои шимолии Ҳиндустон ҳиљрат намуда, дар он љо доираҳои адабиро ташкил медиҳанд.

А. Алимардонов менависад, ки яке аз шоирони намоёни тољикзабони Ҳинд, Масъуди Саъди Салмон(1040-1122) мебошад. Ў дар яке аз қитъаои худ ҳангоми изҳори фазл ва баёни ифтихория ба мартабаи баланди Рўдакӣ дар шеъру шоирӣ ишора менамояд.

Шоири нимаи асри XVI малик-уш-шуарои давраи ҳукмронии Љалолуддин Акбар-Абулфайз Файзӣ(1547-1595) дар яке аз қасидаҳои фахрияаш мақому табъи баланди шоирии худро тавсиф намуда, дар зимни он то он айём машҳур будан ва нуфуз доштани ашъори Рўдакиро қайд мекунад.

А. Алимардонов яке аз муҳақикини варзидаи илми маъхазшиносӣ буд ва ў мактаби бузурги А. Мирзоевро маҳз дар шинохти сарчашмаҳо гузаштааст. Ин аст, ки дар ҳамин мақолаи муфассалаш дар бораи қариб тамоми сарчашмаҳое, ки дар сарзамини Ҳинд таълиф шудаанд ба таври муфассал маълумоти қиммати илмӣ додааст ва мо дар ин маврид ба таври хронологӣ он сарчашмаҳори   меорем ва барои пурра ошно шудан ба муҳтавои тамоми навиштаҳои устод А. Алимардонов руљуъ шавад ба маљмўаи мақолаҳои ў, ки то чӣ андоза устод Рўдакӣ дар Ҳинд шуҳрат ёфтааст.

 Шамсиддин Муҳаммадиев, номзади илмҳои филологӣ дар бораи “Нақши Амрияздон Алимардонов дар шинохти адабиёти форсизабони Ҳинд” гузориши муфассале дода қайд намуданд, ки ҳанўз аз солҳоми аввали қадам ба даргоҳи илм гузоштанаш таваљљуҳи А. Алимардоновро адабиёти форсизабони Ҳинд ба худ љалб намуда буд. Ин аст, ки дар тўли фаъолияти илмии 50-солаи худ, устод Алимардонов тақиқотҳои зиёдие дар ин мавзу ба анљом расонодаанд. Ў нахст ба таҳқиқ ва таҳлили “Тўтинома”-и Зиёуддин Нашхабӣ пардохта рисолаи номзадии худро дар ҳамин мавзўъ ба анљом расонидааст.

 

 Бахши дуюми кори конфронс рўйнамои маљмўаи мақолоти А. Алимардонов бо унвони “Хазинату-т-таҳқиқ” (љилди аввал)дар таҳия ва пешгуфтори Сайидхоља Ализода сурат гирифт. Дар ин маљмўа мақолаҳои илмии А. Алимардонов гирд оварда шудаанд.

    Бахши сеюми конфронс намоиши филми ҳуљљатӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эљодии  А. Алимардонов бахшида шуд. (Видёи филм гузошта мешавад).

 

 

Описание: F:\75). 27.11.18. 80-солагии  Амрияздон Алимардонов\IMG_1606.JPG