НАЗАРИ ЗОҲИР АҲРОРӢ БА “ШОҲНОМА”-И ФИРДАВСӢ    

                                                                                                                                                                                                                                                                      Бахшида ба 90-солаги

                                                                                                                                      устоди равоншод, адабиётшиноси шинохта  ва

                                                                                                                                     муҳаққиқу мунаққиди  варзидаи  тоҷик,

                                                                                                                                    Зоҳир Аҳрорӣ

Назари Зоҳир Аҳрорӣ ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ

(Сухане чанд аз суханони устод Зоҳир Аҳрорӣ ба Фирдавсиву “Шоҳнома”)

3.81.jpg - 149.19 KB

          Яке аз донишмандони сермаҳсул, олими мумтоз, адабиётшиноси варзида, шоиру мунаққиди шинохтаи тоҷик, ки тамоми умри бобаракати худро пайи хизмат ба илму адаб, шахсиятҳои таърихӣ ва осори гаронбаҳои адабиёти оламшумули тоҷику  порс ва ҷаҳон бахшидааст-Зоҳир Аҳрорӣ  ба ҳисоб меравад. Аз пажӯҳишу навишта ва собиқаи кории устоди равоншод З.Аҳрорӣ бармеояд, ки ӯ ба адабиёт, шахсиятҳои адабӣ ва муаррифиву нашри осори илмиву интиқодӣ, бадеиву фарҳангии гузаштагонамон сидқан машғул шуда, аз овони ҷавонӣ то вопасин лаҳзаҳои умрашон дар ин роҳ собитқадам мондаанд. Ҳамин аст, ки вақте мо ба таҳқиқи осори адибону шоирони варзидаи тоҷику порс ва ҷаҳон ба мисли Абӯлқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Фатҳъалихони Сабо, Оноре Де Балзак ва ғ., инчунин як қатор  корҳои мондагоре дар шарқшиносии тоҷик ворид мешавем, хуб дарк менамоем, ки З.Аҳрорӣ чи қадар шахсияти фидоиву заҳматкаши адабиёти тоҷик ва ҷаҳон будааст.

     З.Аҳрорӣ чун яке аз дӯстдорони каломи манзум, инсони нуктасанҷ, мунаққиду муаррифгари осори гаронбаҳои ниёгон    муаллифи зиёда аз сад   мақолаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ, илмӣ-оммавӣ, публисистӣ ва рисолаву монографияҳои арзишманд мебошад. 

   Бузургиву худбохтагии З.Аҳрорӣ ба адабиёт ва осори адабӣ аз чанд ҷиҳат зоҳир мегардад.  Вай ба ғайр аз корҳои таҳқиқотӣ-пажӯҳишӣ ва эҷодӣ, инчунин ба таҳияву тадвин ва оммавӣ гардонии чанде аз осори адибони тоҷику порс машғул шудааст. Махсусан дар таҳияву тадвин, гулчин ва чопи интиқодӣ, таҳлилӣ ва бадеии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ  нақши густурдаеро соҳиб гаштааст.

    Мондагортарин кори З.Аҳрорӣ дар адабиёти тоҷик ҳамроҳи Камол Айнӣ таҳия ва чопи  матни интиқодии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар 9 ҷилд бо хатти кириллӣ мебошад,  ки бо таҳияи матн ва луғату тавзеҳоти онҳо   бори  охир соли 2007   рӯйи чоп омадааст.

     Пешгуфтори  “Шоҳнома”-ро З.Аҳрорӣ ва Камол Айнӣ  бо суханони пурҳикмати “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз шумори он осори гаронбаҳои фарҳангист, ки чун китоби халқ дар канори ишқу ихлос ва оғуши завқу андешаи мардумон аз осеби забонаҳои дуду оташи ҳаводиси рӯзгорон ва дандонаҳои арраи  бедоди замонҳо то имрӯз маҳфуз мондааст”  оғоз карда, дар натиҷа фикру мулоҳизаҳои бисёр  ҷолибу мантиқӣ ва илман асоснок  нисбат ба “Шоҳнома”-ву Фирдавсӣ оварда шудааст, ки хонандаи закиро ба мағзи мазмуну муҳтавои шоҳасари калонҳаҷм ба таври умум  шинос менамояд. Масалан муҳаққиқон менависанд:- Ин китоби шореҳи сарнавишти пурмоҷарои инсони боҳушу фарҳанг, мубориз ва диловар, ватанпараст, худованди латифтарин афкору эҳсос, номаи розу ниёз, набарду пирӯзӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии халқҳо дар набард бо деви бедоду ситам, зулмат ва зиштиву дадманишӣ, башардӯстӣ, дастури касби хулқу атвори ҳасана, ҳамосаи азамат, хирад ва заковат, нерӯи бузурги халлоқи инсон, достони ишқи безавол, таърихи суннат ва анъаноти писандидаи мардум  мебошад”. 

     Дар мавриди истиқболи мардум аз “Шоҳнома” ва ҷойгоҳи он дар ҷомеа қайд кардаанд: “Шоҳнома”-и безавол асрҳост, ки миёни мардумон шуҳрат ва маҳбубияти хосе дошта, ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи на танҳо бошандагони Ховарзамин, балки халқҳои тарақихоҳи дигар мамолики ҷаҳон аст. “Шоҳнома” дар ҳама кишварҳо дӯстон ва ошиқони зиёде дошта, достонҳои ҷудогонаи он тавассути донишмандон бо забони халқҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума ва дастраси хонандагони ҳар диёр гардидааст”.

   Устод Зоҳир Аҳрорӣ ҳамроҳи Камол Айнӣ китоби дигаре бо истифода аз махзани беинтиҳои “Шоҳнома” бо номи “Андарзномаи Фирдавсӣ” таҳияву тадвин намудаанд. Дар китоби фавқ муҳаққиқон ба тадвини шоҳбайтҳо аз шоҳасар машғул шуда, дар ин ҷода хеле заҳматҳо кашидаанд. Ин ҷо бояд махсус қайд намуд, ки танҳо барои хондани “Шоҳнома”, ки агар ҳар рӯз пайваста мутолиа намоем, ду моҳи пурра  лозим меояд. Аз ин рӯ, мо мегӯем, ки шоҳномапажӯҳон  воқеан фидоиёни забону адабиёти моанд.

    Дар пешгуфтори “Андарзномаи Фирдавсӣ” назари таҳиягарон (З.Аҳрорӣ ва К.Айнӣ)  ба Фирдавству “Шоҳнома” бисёр омӯзандаву таъсирбахш мебошад, ки навиштаанд: “Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ.-худованди “Шоҳнома”-и безавол, меъмори кохи баланди назми ноби дарӣ яке аз он шумор аст, яке аз он абармардони фарҳанги мост, ки номаш дар радифи бузургтарин суханварони ҷаҳон  дар китоби тамаддуни башарӣ бо хатти зар сабт мебошад”... “Шоҳнома китоби халқ аст. Мардум ин ёдгори азиз ва гаронбаҳо, ин “Қуръони аҷам”-и худро дар канори завқ, ихлос ва эътиқоду эҳтироми хеш аз насл ба насл мерос гузоштаанд... Ин китоби ҳама аст, китоби дӯстдоштаи ҳама халқҳо ва миллатҳо”.

     Умуман дар таҳқиқотҳои  сермаҳсули адабиву фарҳангӣ ва илмии  Зоҳир Аҳрорӣ, ки ҷанбаҳои зиёдро фаро гирифтаанд, Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ мақоми махсус доранд.  Ҳамин аст, ки дар баробари корҳои зикршуда, ҳамчунин ӯ  ҳамроҳи Рауфзода ва Камол Айнӣ “Фарҳанги мухтасари “Шоҳнома”-ро таҳия ва чоп намудаанд.

      Ӯ дар мақолаи ба Фирдавсӣ бахшидааш бо номи “Симои Фирдавсӣ” шуҳрату шаҳомат, эҷоду эъҷоз ва таъсиру таълими Фирдавсиву “Шоҳнома”-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, бо истифода аз фикру ақидаҳои дигар шоирону муҳаққиқон ва назари инфиродии худ  тадқиқоти густурдаву манфиатбахшеро ба мерос гузоштааст.

   Воқеан Ӯ дуруст менависад, ки “Фирдавсӣ бо сароиши “Шоҳнома” хидмати басазое анҷом дод, ки ҳазорон солиёни дигар аз эронинажодону эронзамин таърих сухангӯ бошад, аввал сухан аз Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ хоҳад буд, нахуст ҳикоят аз диловарӣ, шуҷоат ватанпарастӣ ва башардӯстии эронинажодон,  дӯстӣ ва рафоқат хоҳад буд. Мактаби бузурги “Шоҳнома” ҳазорон насли дигарро тарбият хоҳад кард ва ба ҷодаи хайру накӯӣ раҳсипор хоҳад намуд”.

       Ҳамин  тавр, номи устоди шодравон  Зоҳир Аҳрорӣ бо таҳия, таҳқиқ ва таҳлили “Шоҳнома” дар қатори бузургтарин шоҳномашиносони тоҷику порс ва ҷаҳон то абад сабт хоҳад буд.  Аммо  бояд хотирнишон сохт, ки бисёр навиштаҳои Зоҳир Аҳрорӣ   то ҳол рӯйи чопро надидаанд ё ба шакли пароканда дар ҳар ҷо чоп шудаанд. Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоям:

  1. Осори  нашрнашудаи  инсони заҳматдӯст, Зоҳир Аҳрориро ҷамъоварӣ ва оммавӣ  намоем, чунки бовар ҳаст, ки бисёр аз навиштаҳои устод дар шакли дастнавису чопӣ то ҳол  рӯйи чопро надидаанд.  
  2. Маҷмӯи мақолаҳои илмӣ ва илмиву оммавии ӯ дар шакли алоҳида таҳия ва  нашр гарданд то ҷавонон тавонанд аз онҳо дар корҳои илмиву оммавиашон истифода баранд. Бо ин роҳ андешаву назарҳои илмии нотакрори устоди равоншод Зоҳир Аҳрорӣ оммавиву манфиатбахш мегарданд.

    Мо бо иҷрои ин корҳо  на танҳо рӯҳи устодро шод, балки кори бузурге барои муҳаққиқону пажӯҳандагони забону адабиёти тоҷик  менамоем.

                

                                                   Ходими калони илмии

Маркази мероси хаттии

 назди Раёсати АМИТ,

 Ёраҳматзода Ш.Р.