Таҳоҷуми фарҳанги бегона ва бақои фарҳанги миллӣ

         Ҳар давру замон вижагиҳои фарҳанги худро дорад, ки он ба номи ҳамон давр ёд мешавад. Аз ҷумла, фарҳанги даврони Эҳё ё фарҳанги маорифпарварӣ. Фарҳанги нимаи дуюми асри ХХ-и Аврупои Ғарбӣ ва ИМА ҳамчун фарҳанги давраи постмодернизм (фаромодернизм) шинохта шудааст. Зеро аз нимаи дуюми асри ХХ дар ниҳоди фарҳанги кишварҳои пешрафтаи Ғарб ба шумули Иёлоти муттаҳидаи Амрико як таҳаввулоти чашмгире ба миён омад, ки он, дар қадами аввал, дар рафтору кирдор ва андешаву тафаккури ҳомилони насли ҷавони ин фарҳанг ба мушоҳида мерасад.

            Меъёру арзишҳои иҷтимоӣ-ахлоқӣ тағйир меёбад. Арҷгузорӣ ба ҳама чизе, ки аз қайду шарт озод аст, инкори ҳамагуна одоту русуми риоҷи ҷомеаи мутамаддин, сутудани фаъолияти бебандубории фарди ҷомеа, беэътиноӣ ба ҳайсияту обрӯ ва муқаррароти ахлоқӣ, гузашта аз ин, эътимод надоштан ба нерӯи халлоқонаи ақлу хирад ва амсоли он милоки асосии фарҳанги ҷадид ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар ин давра дар ҷомеаи  аз лиҳози сановтиву фановари пешрафтаи Ғарб як навъ бебанду борӣ ва ирратсионализм (рафтори ғайримантиқӣ) авҷ мегирад.  Қонунмандӣ ва нақши дурнамои зиндагӣ таназзул ёфта, таваҷҷӯҳи асосии насли ҷавони ҷомеа ба зиндагии лаҳзаӣ “як рӯз бошу хурӯс бош” ва навгонаҳои оммиёнаи рӯзмарраӣ равона карда мешавад. Зимнан, бояд ёдовар шуд, ки бори нахуст вожаи “постмодернизм” ҳамчун истилоҳ дар ибтидои асри ХХ аз тарафи файласуфу нависандаи олмонӣ Рудолф Панвитс (1883-1969) барои ташхиси падидаи буҳрони фарҳанги Аврупо истифода шуда буд. Сипас, онро дар охири солҳои 40-уми асри гузашта муаррих ва фарҳангшиноси маъруфи англис Арнолд Тойиби (1889-1975) барои мушаххас сохтани фарҳанги давраи нави Аврупо номгузорӣ кардааст.

            Фарҳангшиносон фаромодернизмро ба таври хулоса чунин таъбир кардаанд: як навъ “бехудоикуни”-и ҷаҳон, яъне инкори вобастагии ҳаёти инсон аз “Рӯҳи мутлақ”-у “ҳадафҳои олӣ”, озод будан аз ҳама қайду банди иҷтимоӣ, динӣ ва ахлоқӣ, ҳамчунин аз тасаллути забон ба ҳайси воситаи маърифати ҷаҳон ва ҳақиқати воқеӣ. Аз ин ҷост, ки дар ҷомеа усули воҳиди фарҳангӣ аз байн рафта, пюрализми фарҳангӣ ҷойгузин мешавад.

            Дар зоти худ ин фарҳанги ҷадид ҷанбаи фаромиллӣ дошта, ҳадафаш аз байн бурдани фарҳанги миллӣ ва беқадр сохтану дигаргун кардани арзишҳои ахлоқист. Аз ин ҷост, ки он аз ҳама анвои фарҳанг, бештар ба фарҳанги омма (массавая культура) такя мекунад. Чунки фарҳанги омма зодаи ҷомеаи саноатишуда буда, тамоми аносури фарҳанги истеъмолӣ – машуиро дар худ таҷассум сохтааст. Инсони муосир бо тамоми фаъолияти ҳаётии хеш аз рафтору кирдор то ғизову либосу манзал, васоили беҳдошту маишӣ ва маорифу кору фаъолияташ зери нуфузи фарҳанги омма қарор дорад. Зеро фарҳанги омма, дар ҷомеаи кунунӣ воситаи ангезандаи маҳсулоти масрафӣ ё ба қавле, истеъмолӣ мебошад. Ҳар маҳсулоте, ки дар маърази таблиғу тарвиҷи фарҳанги омма қарор мегирад, арзишманд ва серистеъмол мегардад. Чун ки аз тариқ Васоили ахбори омма (ВАО), ки дар тасарруфи фарҳанги омма аст, маблағҳои ҳангуфте дар таблиғу рекламаи он сарф мешавад.

            Ба таъбири дигар, фарҳанги омма, ки фаромодернизм зери ниқоби он амал мекунад, низоми нави идоракунӣ ва танзими афкори омма ва эҳтиёҷоту талаботи онҳоро дар даст дорад.

            Перомуни нақши фарҳанги омма дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷаҳони муосир донишмандони зиёде изҳори андеша кардаанд. Аз ҷумла, О. Шпенглер дар асараш “Ғуруби Аврупо”, А. Швейтсер дар “Фарҳанг ва ахлоқ”, Х. Ортеги-и Ҳассет дар “Қиёми тӯдаҳо” ва амсоли эшон тарафҳои гуногуни фарҳанги оммаро ба таври ҷиддӣ таҷзияву таҳлил намудаанд. Дар пажӯҳиши онҳо фарҳанги омма фарҳанги оддӣ ва рӯзмарраи бештари афроди ҷомеа буда, бо роҳҳои мухталиф ба шумули ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ нуфуз мекунад. Ба тайиди муҳаққиқон, ин фарҳанг дар навбати хеш ҳаддиаксари намунаи боризи маънавияти вобаста буда, василаи бегонагиву инзивоҷӯӣ (канорагирӣ) ва афсурдахотирии шахс, махсусан, насли наврас гардида, таҷассумгари муносибатҳои худсаронаву бепарвоёна ба арзишҳои муқаддаси башарӣ мебошад.

            Мисоли равшани он, имрӯзҳо дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва ИМА ба ҳукми анъана даромадани беэътиноӣ ба дину оин ва суннатҳои муқаддаси башарӣ, талқини иҷбории интихоби ҷинсият дар овони навбовагӣ, издивоҷ бо ҳамҷинс, ки ҳатто Калисои католикӣ онро иҷозат додааст ва амсоли он маҳсуб мешавад.

            Бад-ин робита фаромодернизм, ки имрӯз бо номи “фарҳанги ҷаҳонӣ” арзи андом кардааст, меросбари бевоситаи фарҳанги классикӣ ва мутараққии Аврупо набуда, балки як навъ зиддифарҳанг аст, ки дар асл ҳадафаш мутобиқсозии соири фарҳангҳо ба манфиати фарҳанги фаромодернизм, мебошад. Зеро иқтисоди фаромиллӣ як шакли наздикшавӣ ба меъерҳои ягонаи (стандартии) фарҳанги оммаро барои ҳамаи кишварҳои таҳти султаи ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) қарор дошта, татбиқ мекунад. Аз ин ҷост, ки аксаран ҷаҳонишавӣ зери шиори “воридшудан ба фарҳанги ҷаҳонӣ ва баҳраёбӣ аз арзишҳои умумибашарӣ” амал мекунад, аммо дар асл он як ниқоби фаромодернизм буда, моҳиятан ҳадафаш тавре ки гуфта шуд, аз байн бурдани фарҳанги миллӣ ва дигаргуну беқадр кардани арзишҳои миллист. Як мисоли оддӣ. Маҳсулоти “Мак Доналдс (Mc Donalds)”  ва “Ки-эф-си  (KFC)”-и америкоӣ ҷои ғизои суннатии бисёр халқҳоро танг кардааст ва ё забони англисӣ ба таври фаъол ба ҳаёти рӯзмарраи зубдагони бофарҳанги халқҳои ҷаҳон ворид шуда, ба воситаи онҳо истилоҳоту вожагон ва ҳатто, навҳи забони англисӣ бар забонашон нуфуз пайдо кардааст.

            Васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯзҳо ин фарҳангро барои миллионҳо нафар дастрас мекунанд. Маҳз ҳамин вижагиҳои ин фарҳанг ҷанбаи хатарноки он аст. Дар даврони ҷаҳонишавӣ муҳим он аст, ки ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ихтиёри кадом мафкура ва идеология қарор мегирад. Зеро аз гардонандагони онҳо мазмуну ҳадафи омма ва таъсири он бо афкору андешаи тудаҳои мардум вобастагии калон дорад. Барои бурҳони ин гуфтаҳо, татбиқи марҳала ба марҳала ва тадриҷии доктринаи зидди шӯравие, ки аз забони сиёсатмадори вақти америкоӣ Ален Даллес (охири солҳои 40-уми қарни ХХ) чунин баён гардида буд, далели беҳтарин аст:

            “Лаҳза ба лаҳза фоҷиаи марги ин мардуми саркаш рӯи замин бо хомӯш сохтани худогоҳии ӯ ба роҳ монда мешавад. Адабиёт, театр ва кино ҳама дастаҷамъона пастарину зиштарин эҳсосоти шаҳвониву ваҳшонии инсонро тасвиру таблиғ мекунанд. Мо ҳамаҷониба он ҳунармандону адибонеро дастгирӣ мекунем, ки ба воситаи ҳунару сосори хеш дар шуури одамон парастиши шаҳвату зӯрӣ, садизму хиёнат, хулоса тамоми воситаҳои бадахлоқиро талқин мекунад. Мо дар идороти давлатӣ бесарусомонӣ ва ҳарҷу марҷро ба вуҷуд меорем. Поквиҷдониву шарофатмандӣ мавриди тамасхур қарор гирифта, ба мероси гузашта табдил меёбад. Бешармию густохӣ, дурӯғу фиреб, бадмастиву нашъамандӣ, тарси ҳайвонӣ аз якдигар, беҳаёӣ ва миллатгароии инфиротиву душмании байни халқҳо чун гулҳои пурбарг дар он ҷомеа мешукуфанд” (иқтибос аз китоби Б. И. Олейник. Князь тьмы (Шоҳи зулмот) // Роман газета. М.: 1993).

            Тавре, ки таърих нишон дод, дар фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз омилҳои асосии он ҳамон барномаи фавқ буд, ки ба тадриҷ аз ҷониби ИМА ба воситаи интишору таблиғи фарҳанги омма амалӣ гардид.

            Дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ аслиҳаи тавоно маҳсуб мешавад, ки дар самтгирии афкори ҷомеа нақши калидиро мебозанд.

            Аз ин рӯ, дар таблиғу тарвиҷи дастовардҳо ва фаровардаҳои маънавии ҷаҳони Ғарб, ки сели ҷаҳонишавӣ ҳар соату дақиқа тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО ба армуғон меоранд, бояд хело эҳтиёткорона ва бо милокҳои ахлоқиву фарҳанги миллӣ санҷида муносибат намоем, то ҳувияти миллӣ ва фарҳанги бостонии хешро дар вартаи ҳалокат нагузорем. Муҳимтар аз ҳама, ба ҳар гуна пешниҳоду барномаҳои “беғаразона”-и ҷомеаи мо ба хотири “воридшудан ба фарҳанги ҷаҳонӣ ва баҳраёбӣ аз арзишҳои умумибашарӣ” “талош” меварзанд, бо таамул ва таҳлилу арзёбии ҳамаҷониба муносибат намоем, то “косаи гармтар аз он” набошем.

Олимҷон Хоҷамуродов,

 сарходими Маркази мероси хаттӣ,

профессор