Сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат-кафили таъмини амният

                         Сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат-кафили таъмини амният

 Тоҷикистони азиз дар замони соҳибистиқлолӣ даврони пуршебу фарозеро аз сар гузаронид. Хишти аввали истиқлолият бо имзои созишномаи истиқрори сулҳ  поягузорӣ шуд ва баъдан солҳои зиёде барои ба даст овардани сулҳи воқеӣ ва эътимоди ҳамагонӣ  сарф шуд. Агар ба таври воқеъбинона назар кунем, танҳо баъд аз соли 2010 Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои давлати воҳиду якпорча, вориди марҳилаи созандагӣ гардид.  Дар ин замони кӯтоҳ давлати Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои калонеро ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ анҷом дод, ки боиси афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон шуд ва заминаи пойдорӣ ва бақои давлати навбунёди тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ ба исбот расонид.

         Таҳти роҳбарии Пешвои муаззам давлати навбунёд се стратегияи муҳиму сарнавиштсози миллиро ҳаллу фасл карда, дурнамои рушди мамлакат барои солҳои минбаъдаро муайян намуд. Дар муддати кӯтоҳ мамлакат аз бунбасти иртиботӣ раҳо шуда, проблемаи таъмини амнияти хӯрокворӣ ва энергетикӣ роҳи ҳалли худро пайдо кард.  Инак, стратегияи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат оғоз шудааст, ки иҷрои он метавонад ба масъалаи бекорӣ дар кишвар хотима диҳад.

        Гузашта аз ин, вабои саросарӣ дар ҷаҳон, кишварҳоро ба мушкилоти иқтисодӣ гирифтор намуда, хавфи сар задани ноамнӣ дар гӯшаву канори дунёро бештар кардааст. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия дар ин бора зимни нишасти хабарияш гуфтааст, ки ин иқдом новобаста аз мушкилиҳое, ки пандемия ба иқтисоди кишвар овард,  амалӣ хоҳад шуд. Бинобар ин, сарфи назар аз таъсири манфии сирояти Коронавирус ба иқтисоди  мамлакат, тасмими давлат барои иҷрои дастурот ва фармонҳои Пешвои кишвар ҷиҳати беҳбуди вазъияти иҷтимоии аҳолӣ, бахусус пизишкон, боварӣ ва умедро дар дили онҳо бедор кардааст. Ҳамчунин, афзоиши 15% маоши кормандони бахши илму маориф ва фарҳангии кишвар, рӯҳияи онҳоро барои хизматгузорӣ дар ин соҳа афзоиш дода,  аҳли ҷомеаро аз афсурдагӣ наҷот хоҳад дод. Пӯшида нест, ки омӯзгорон танҳо гурӯҳи иҷтимоие ҳастанд, ки аз мактаби миёна то Донишгоҳ бо насли ҷавон робитаи зич дошта,  дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тамоюли онҳо ба фаъолиятҳои фоиданок нақши асосӣ бозӣ мекунанд. Бинобар ин, баланд бардоштани маоши ин қишр, таъсиргузории онҳо дар миёни ҷомеарро бештар хоҳад кард. Зеро беҳтар шудани вазъияти иҷтимоии муаллимон, дар кулл, бар рӯҳияи насли ҷавон таъсири мусбат хоҳад гузошт. Агар муаллим ба оянда дилгарм бошад, табиатан ҳамин ҳисро ба шогирдони худ ҳам мегузаронад ва дар ташаккули маънавию фарҳангии онҳо нақши бештаре хоҳад гузошт. Аз ин рӯ, хабари эълони афзоиши 15% маоши  кормандони илму маориф  ва фарҳанги мамлакат боиси тақвияти ҷанбаҳои маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа шуда, барои таҳкими назму субот ҳам мусоидат мекунад.

                                                                   Корманди Маркази мероси

                                                                   хаттии назди Раёсати АМИТ,

                                                                         Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ