“Паймон” ё ҳиллае, ки фош шуд

                                                     “Паймон” ё ҳиллае, ки фош шуд

           Собиқаи амалҳои анҷомдодаи ташкилоти террористии ҳизби ба ном наҳзати исломӣ нишон медиҳад, ки дастандаркорони ин ташкилоти эстремистӣ барои гумроҳ сохтани ҷомеа ва аз ин тариқ расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳар гуна усулҳо ва воситаҳо, роҳу усул, имконият ва фурсат сӯйистифода мекарданд. Сиёсати бозсозӣ дар солҳои 1980 дар собиқ  Шӯравӣ яке аз имкониятҳое буд, ки бистари муносибро барои фаъолияти гурӯҳҳои фурсатталаби иртиҷоӣ, муллоҳои мутаассиб фароҳам намуд. Ба сӯйистифода аз таблиғоти андешаҳои динӣ гуруҳҳои иртиҷоӣ тавонистанд дар миёни ақшори мухталифи ҷомеаи аз усулҳои динии ноогоҳ, ҷойи пой ва нуфуз пайдо намоянд.

           Бозсозӣ дар он солҳо гуруҳҳои ифротӣ ва хусусан наҳзатиҳоро, ки ба истилоҳ фаъолияти зеризаминӣ ё пинҳонӣ пеш мебурданд, рӯи саҳнаи овард ва ин афрод ва гурӯҳҳо дар тарғиби идеяҳои ифротии худ ба ҳадде пеш рафтанд, ки мавҷудияти миллат ва давлати миллиро инкор мекарданд.  Билохира заиф шуданд ва ниҳоятан фурӯпошии давлати абарқудрати Шӯравӣ боис гашт, ки муборизаи фурсатталабона, мансабталошона ва моҷароҷӯёнаи гуруҳҳои ифротӣ боиси эҷоди моҷаро ва низои мусаллаҳона гардад ва  Тоҷикистони азиз ба гирдоби хушунат кашида шавад. Пуштибонии маънавӣ ва молии хоҷагони берунии ин гурӯҳҳо ба фаъолтар шудан ва густариши доираи нуфузи онҳо мусоидат намуд.

        Дар натиҷаи амалҳои тахрибкоронаи онҳо инфрасохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат зиён дида, низоми давлатии Тоҷикистон, ки бо ҷонбозиҳои фарзандони содиқи он сохта шуда буд, осепазир шуд ва ниҳоят ҷанги шаҳрвандӣ ба роҳ афтод, ки панҷ сол идома намуд.

       Хушбахтона, бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи матини Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик дубора тавонист сарҷамъ шавад ва роҳи созандагиро пеш бигирад. Баъди имзои Созишномаи сулҳ ва фаро расидани рӯзи Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон дубора таҳти роҳнамоии Пешвои миллат ва хидмати содиқонаи фарзандони сарсупурдаи худ хисороти молӣ ва зарарҳои расонидаи ин гуруҳҳоро ҷуброн намуда, ба як кишвари обод ва табдил гашта, вориди марҳилаи рушди устувор гардидааст.             

           Аммо барқарории низоми давлатӣ, пешрафту шукуфоии Ватан, барқарории суботу осоиш, ки боиси фароҳам гаштани шароити муносиби рушди миллӣ шудааст, душманони қасамхӯрдаи миллат ва давлати Тоҷикистонро дубора безобита намуда, дар пайи тавтиа ва нақшаҳои шуми худ барои дубора барҳам задани пешрафт ва осоиши камар бастаанд.

         Гуруҳҳои ифротгаро ва зидди миллии наҳзатӣ дубора мехоҳанд аз ҳамон роҳу сусл ва шеваҳое истифода намоянд, ки дар солҳои 1990 ба кор бурда буданд. Яке аз ин шеваҳо сар додани шиори миллӣ ва ҳимояти козиб аз разишҳои миллӣ мебошад. Роҳбарони наҳзтӣ дар он солҳо низ бо ин шиорҳо ва бо пуштибонии молие, ки аз хоҷагони худ дарёфт мекарданд, тавонистанд, аввал неруҳои миллӣ ва истиқлолталабро ба худ моил кунанд, вале дар ниҳояти амал аксари ин неруҳо ба доми фиреу найранги назҳатиён афтиданд ва ё аз саҳна хориҷ сохта шуданд ва роҳбарони наҳзат худро яккатози майдон сохтанд. Масалан ИНОТ (Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик), ки гӯё аз ҳизби террористӣ ва эстремистии наҳзат, Ҳизби демократ, созмони Лаъли Бадахшон ва Шурои ҳамоҳангсозии неруҳои демократӣ иборат буд, дар асл бозичаи дасти роҳбарони наҳзат буд ва роҳбарони ин созмонҳо дар дохили ИНОТ неру ва овози ҳалкунанда надоштанд.

           Роҳбарони наҳзат акнун низ бо ҳамон шева амал намуда, иттиҳоди наверо иборат аз неруҳои дигар бо номи «паймони миллӣ» дар Аврупо тасъис доданд, ки айни ҳамон сенарияи ИНОТ аст. Ин паймон ҳам аслан аз худи наҳзатиҳо бо номҳои бо ному чеҳраи дигар иборат буда, барои фиреби назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Аврупо ба он сифати “миллӣ” илқо намудаанд. Аммо ҳадафу мақсад ва барномаи он ҳамон барномаи наҳзатиён аст.

           Фарқи ”паймон” аз ИНОТ аз он иборат аст, ки ИНОТ аз тӯдаҳои мардуми овораи тоҷик дар Афғонистон сӯйистифода мекард, “паймон” бошад ба паҳн кардани ахбори дурӯғу иғвоангезона ва тӯҳмату бӯҳтон алайҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон машғул аст. Албатта аз дасти ин гуруҳаки фирорӣ кори дигаре сохта мест.

         М. Кабирӣ ба мисли пирони маънавии худ хост таъхрихи соли 1992-ро такрор кунад. Ӯ назарфиребона нахуст се созмонро бо номҳои гуногун (Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо) бунёд гузошта, сипас онҳоро муттаҳид карда, соли 2018 «паймони миллӣ» сохт. Дар асл ҳар сеи ин созмонҳо ифодакунандаи манфиатҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзат буда, мисли ИНОТ сад дар сад аз пойбанди роҳбарияти назҳат ва худи Кабирӣ аз ҳар нигоҳ мебошанд. Пеш аз ҳам аз нигоҳи молӣ.

        Вале ин “паймон” ҳар фурсату имкониятро барои ҳамчун нерӯи демократӣ намоиш додани худ дар назди хориҷиён истифода карда, ба хотири раҳгум сохтани мардум шиори демократия, ҳуқуки инсон, озодӣ, ва манфиати миллиро сар медиҳанд. Аммо дар асл ташнаи қудрат ва дар орзуи ғасби қудрати сиёсӣ мебошанд.

          Бояд таъкид намуд, ки ин иқдоми ноком буд ва гузашти вақт собит намуд, ки Кабирӣ дар таъсиси ин “паймон” ноком мондааст. Зеро бо гузашти ду сол аз ташкили ин эътилофи нави террористӣ-экстремистӣ ба ҷуз аз чанд манфиатҷӯ ва фирорӣ аз қонун касе дар атрофи он ҷамъ наомадааст.

         Як чиз мусалам аст, ки тоҷикони муқими Аврупо ба «паймон»-и ташкилоти террористии «наҳзати исломӣ» напайвастанд. Созмонҳои байналмилаӣ ва кишварҳои аврупоӣ ҳам ба он таваҷҷуҳ надоранд. Зеро дигар ҳама медонанд, ки созмони террористӣ-экстремистии ба ном «паймон», аслан паймони наҳзатиҳост.

          Инро ҳам бояд таъкид намуд, ки “паймон” аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ албатта дастгирӣ меёбад. Зеро бидуни пуштибонии молиявии хоҷагони хориҷии худ наҳзатиҳо дар Аврупо фаъолият намуда наметавонанд.

        Созмони дурӯғини «паймон» ҳиллаи навбатии М.Кабирӣ буд, ки ошкор шуд ва маснуӣ будану пайгоҳи иҷтимоӣ надоштани он фош гардид.

                                                    ХАЙРУЛЛО РАҶАБАЛИЕВ

                Корманди ММХ- и назди Раёсати     

             АМИТ