Аввалин маҷмӯаи ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ ва интишори он дар Тоҷикистон

                      Аввалин маҷмӯаи ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

               ва интишори он дар Тоҷикистон

        Дар баробари ашъори бозмондаи Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ашъори шоирони ҳамасри ӯ низ ба таври пароканда то ба имрӯз омада расидаанду ҷамъу таҳияву тадвини онҳо аз заҳамоти мушкили аҳли таҳқиқ дониста мешавад. Баъди ба ҳукми анъана даромадани адабиётшиносӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани маркази шарқшиносӣ дар Аврупо мароқи шарқшиносон ба фарҳанги ғанӣ ва адабиёти имрӯз оламшумули эронитаборон, бахусус тоҷикон, доманаи густурда паҳн карда ва вобаста ба дастрас гардидани маъхазҳои мавҷуда ба адабиёти мову паҳлуҳои алоҳидаи он, аз ҷумла осори бозмондаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ таваҷҷуҳи вижа зоҳир гардид. Ба ин тадқиқотҳои басомонрасонидаи шарқшиносони Аврупо, монанди Ҳ. Эте, Э Броун, Жуль Муль, Жилбер Лазар, В. Бартолд, А. Кримский, Е. Э. Бертелс ва баъдтар А. Тоҳирҷонов, И.С. Брагинский, Риганд Фрай, З.Н. Ворожейкина, Ян Рипка, Л. Брагинская, М.Н. Осмонов шаҳодат медиҳанд, ки анъанаи он алоқамандона дар адабиётшиносии Шарқ, аз ҷумла дар адабиётшиносии тоҷик дида мешавад. Ин ҷо метавон аз суханшиносоне чун Шиблии Нуъмонӣ, Саид Нафисӣ, Садриддини Айнӣ, Забеҳуллоҳи Сафо, Абдулғанӣ Мирзоев, Бобоҷон Ғафуров, Н. Имодӣ, Баҳром Сирус, Бадеъуззамони Фурӯзонфар, Алии Деҳбошӣ, М. Кадкатӣ, Аълохон Афсаҳзод, Михаил Занд, Худоӣ Шарифов, Расул Ҳодизода, Зоҳир Аҳрорӣ ва шогирдони эшон, ки дар ҷамъоварӣ ва нашри осори то ба мо расидаи суханварони асрҳои IX-X заҳмати зиёдеро анҷом додаанд [1,82-132; 2; 4; 7; 8], ёдрас шуд. Яке аз корҳои ҷамъбасте, ки осори гузаштагон ва ҳамасрони устод Рӯдакиро дар худ ҷой додаасту он дар Тоҷикистони мо ба нашр расидааст, китоби «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» [3] мебошад, ки соли 1958 дар силсилаи китобҳои «Ҷашнномаи Рӯдакӣ» ба муносибани 1100-солагии қофиласарои адабиёти форсии тоҷикӣ устод Рӯдакӣ, дар ҳаҷми 408 саҳифа ва ба теъдоди 15000 нусха, ба чоп расонида шудааст. Дар пешгуфтори он омадааст: «Ин маҷмӯаи ашъор, ки бо унвони ҷилди дувуми «Ҷашнномаи Рӯдакӣ» ба дасти хонандагони азиз мерасад, мероси адабии 66 нафар гузаштагон ва ҳамасрони шоири бузурги ҷаҳонист, ки 6582 мисраъ шеърро дар бар мегирад» [3,3]. Дар поёнтари ҳамон саҳифа омадааст: «Ду сол пеш аз ин яке аз вазифаҳои муҳимме, ки ба муносибати наздик расидани ҷашни 1100-солагии рӯзи таваллуди Абӯ Абдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакӣ ба коллективи коркунони илмии сектори адабиёти классикии Институти забон ва адабиёт, ки ҳоло ба Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори адабии АФ Тоҷикистон табдил ёфтааст, супорида шуд, масъалаи ба чоп ҳозир кардани осори адабии гузаштагон ва ҳамасрони Рӯдакӣ буд» [3,3].

         Аз муҳтавои умумии китоб ба назар мерасад, ки ин заҳмат кори пурқимате буд, ки солҳои 1956-1958 аз ҷониби адабиётшиносону матншиносони тоҷик бо сарварии академик Абдулғанӣ Мирзоев анҷом дода шуд. Анҷом додани ин масъулият дар як муддати кӯтоҳ кори осон набуд.

         Баъди ба нақша гирифтани китоби «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» дар соли 1956 дар сектори адабиёти классикӣ, баъди ҳамаҷониба санҷида баромадани имкониятҳо, як ҳайати ҳафтнафара аз кормандон, аз ҷумла Б.Сирус, К. Айнӣ, Р. Ҳодизода, М. Бақоев, М. Занд, З. Аҳроров ва С. Тоҷиддинов ба фаъолият шурӯъ менамоянд. Эшон асосан ба таҳлили матн машғул гардида, кори мураттаб намудани луғатнома бар дӯши ходими илмӣ А. Маҷӣ вогузор мегардад. Банақшагирӣ ва таҳияи ин китоб дар замини холӣ ба вуҷуд наомадааст. Ба ин маънӣ, боз дар муқаддима омадааст: «Пеш аз ҳама инро бояд қайд намуд, ки олими пешқадами муосири Эрон Саид Нафисӣ бо асари машҳури худ «Аҳвол ва ашъори Абӯ Абдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакии Самарқандӣ» дар ин қисмат ба кори коллектив низ кумак расонид. Ӯ дар ҷилди сеюми асари худ дар барои шоирони асри X форс-тоҷик як шеъри машҳури шоири асри XI Манучеҳриро шарҳ дода, ба ин муносибат агар, аз як тараф, дар бораи аксарияти шоирони аср маълумоти мухтасар дода бошад, аз тарафи дигар, баъзе намунаҳои ашъори онҳоро оварда, чанде аз маъхазҳои заруриро қайд карда буд» [3,3-4]. Яъне, ин нақшаи тайёр ва таҳияву чоп намудани ашъори ҳамасрони Рудакӣ заминаи боэътимод дошт, ки китоби мавриди омӯзиш дар андак муддат таҳияву тадвин ва ба чоп расид.

        Маҷмӯаи «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» намунаҳои боқимондаи ашъори 66 нафар шоирони асрҳои IX ва X-ро дар ҳаҷми 3291 байт (6582 мисраъ) фаро гирифтааст. Аммо дар мақолаи М. Муллоаҳмад «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ», ки ба «Донишномаи Рӯдакӣ» навиштаву интишор додааст, омада, ки «Бахши дуюми «Осори боқимондаи ҳамасрони Рӯдакӣ» шарҳи ҳол ва намунаи осори 56 шоири ҳамзамони Рӯдакиро дар бар мегирад» [6, 160]. Шумораи нишондодаи М. Муллоаҳмад, ки 56 нафар аст, аз нигоҳи имрӯз, ки боз ҷустуҷӯҳои тозае атрофи шоирони ҳамасри Рӯдакӣ анҷом ёфтаанд, иштибоҳ буда, дар оянда метавонад ноогаҳонро ба роҳи ғалат андозад.

        Аз шоироне, ки дар даврони ҳукмронии Саффориён (873-903 мелодӣ) ва замони ҳокимияти Тоҳириён (821-936 мелодӣ) эҷод кардаанд, ба ғайр аз шеъри халқии Балхиён дар шикасти сарлашкари халифаи араб Ибни Абдуллоҳ ва Абулянбағӣ, ки байни солҳои 786-920 мелодӣ зинда будааст, 2 байт аз Маҳмуди Варроқ, 4 байт аз Ҳанзалии Бадғисӣ, 19 байт аз Васиф, 5 байт аз Бассоми Курд, 3 байт аз  Муҳаммад ибни  Мухаллад, 4 байт аз Фирӯзи Машриқ, 10 байт аз Абӯсалики Гургонӣ, 5 байт аз Масъуди Марвазӣ ва 2 байт аз Абӯҳафси Суғдӣ дарёфта ва оварда шудааст. Ва ин ҳама дар китоби «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» бо овардани мухтасари рӯзгору ашъори боқимондаашон, ки хеле ками андар кам аст, дар қисми аввали маҷмӯа бо исми «Осори боқимондаи гузаштагони Рӯдакӣ» дар саҳифаҳои 11-25 ҷой дода шудаанд, ки шумораашон даҳто мебошад.

         Қисми дувуми маҷмӯа осори боқимондаи ҳамасрони устод Рӯдакиро фаро гирифтааст. Дар ин ҷо аз Муродӣ 2 байт, аз Фароловӣ 27 байту як мисраъ, аз Шаҳиди Балхӣ 84 байт, аз Абӯшакури Балхӣ 383 байт, аз Рабанҷонӣ 6 байт, аз Абӯ Шуайб 14 байт, аз Балъамии вазир, писари Абулфазл Балъамӣ, ки дар замони салтанати Абдулмалик ибни Нӯҳ  (954-961) ва Мансур ибни Абдулмалик ибни Нӯҳ (961-976) чанде вазири давлати Сомониён буд, 2 байт, аз Имораи Марвазӣ 80 байт, аз Тахорӣ 2 байт, аз Абулаббос 66 байт, аз Робиаи Қаздорӣ 33 байт, аз Сонеи Балхӣ 2 байт, аз Ҷунайдӣ 4 байт, аз Башшори Марғазӣ 31 байт, аз Абулмасал 20 байт, аз Абулҳасани Оғоҷӣ 39 байт, аз  Ҳаббозии Нишопурӣ 2 байт, аз Абӯ Исҳоқи Ҷӯйборӣ 7 байт, аз Сеҳрии Бухороӣ 2 байт, аз Истиғноии Нишопурӣ 2 байт, аз Турки Кешӣ 4 байт, аз Лукарии Чангзан 19 байт, аз Абӯ Зироа 11 байт, аз Абулфатҳи  Пиндор  20 байт, аз Мантақии Розӣ 75 байт, аз Абузар 2 байт, аз Валвоҷӣ 4 байт, аз Абӯ Тайиб 3 байт, аз Воизи Сарахсӣ 2 байт, аз Хуҷастаи Сарахсӣ 8 байт, аз Абулаббоси Марвазӣ 4 байт, аз Оби Бухороӣ 4 байт, аз Равнақии Бухороӣ 4 байт, аз Шокири Бухороӣ 35 байт, аз Маънавӣ 4 байт, аз Марвазӣ 1 байт, аз Тайёни Марвазӣ 51 байт, аз Кисоӣ 254 байт, аз Абӯ Насри Марғазӣ 1 байт, аз Саффории Марғазӣ 3 байт, аз Абулмуайяди Балхӣ 20 байту як мисраъ, аз Дақиқӣ 1200 байт, аз Маъруфи Бахлӣ 46 байт, аз Бадеъи Балхӣ 24 байт, аз Ҳаббозии Қоинӣ 1 байт, аз Рафеуддини Нишопурӣ 2 байт, аз Хусравонӣ 71 байт, аз Абулаъло 9 байту як мисраъ, аз Тоҳири Ҷурҷонӣ 37 байт, аз Хусравӣ 104 байт, аз Мунҷик 258 байту як мисраъ, аз Ушнонӣ 3 байт, аз Абулфатҳи Бустӣ 5 байт, аз Мунтасир 15 байт, аз Қамарии Ҷурҷонӣ 30 байт, аз Абулқосими Фирдавсӣ 81 байт ҷой дода шудааст, ки дар шаклҳои чуногуни шеърӣ мебошанд.

         Тавре дида мешавад, теъдоди абёти ашъори боқимонрдаи шоирони ҳамасри Рӯдакӣ аз нигоҳи шумораи абёт гуногунанд. Ин маънои онро дорад, ки аҳли таҳқиқу ҷӯяндагони осори боқимондаи суханварони ҳамзамони устод Рӯдакӣ он маводеро, ки аз маъхазу сарчашмаҳо ва таърихномаҳо дарёфтаанд, дар маҷмӯа овардаанд. Масалан, аз Ҳаббози Қоинӣ 1 байт, аз Сеҳрии Бухороӣ 2 байт, аз Абӯ Тайиб 3 байт, аз Абулмуайяди Балхӣ 20 байту як мисраъ ва монанди инҳо.

         Ҳамчунон маълумотномаи ба ин шоирон додаи аҳли таҳқиқ низ гуногунанд ва баъзан бо  мафҳумҳои «мумкин аст» [3, 12], «…соли таваллудаш маълум нест» [3, 13], «… ӯро муосири фалонӣ медонанд» [3, 14], «… ӯро яке аз қадимтарин шоирони форс-тоҷик мешуморанд» [3,25], «доир ба ҳаётти ӯ дар сарчашмаҳои адабӣ чизе қайд нагардидааст» [3, 30], «… соли таваллуд ва вафоти ӯ дуруст маълум нест» [3,85], « аз шоирони нимаи асри X мебошад» [3,114] ва монанди инҳо нуқта гузошта шудаанд, ки бештар замони номуайянро ифода кардаанд. Масалан, дар бораи шоир Марвазӣ ин маълумот овардаву ҷой дода шудааст: «Дар бораи ин шоир дар тазкираҳо ҳеҷ гуна маълумоте мавҷуд нест. Аз ин рӯ ном ва лақаби ӯро ҳам дар шоирӣ намедонем. Танҳо як байт шеъри Марвазӣ, ки дар ҳаққи мақоми Кисоии Марвазӣ аз устод Рӯдакӣ сурудааст, дар «Лубобу-л-албоб» оварда мешавад. Аз муҳтавои ин байт маълум мешавад, ки Марвазӣ низ аз шоирони асри X ва ҳамзамони Рӯдакӣ буда, ба эҳтимоли қавӣ дар вақти Кисоӣ умр ба сар мебурдааст» [3, 162]. Ва он байти Марвазӣ ин аст:

              

                             Зебо бувад ар Марв бинозад ба Кисоӣ,

                             Чунонки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.

                                                                                    [3,162]

         Бо ин ҳама ин осорро дарёфтан ва ба хонандаи тоҷик пешниҳод намудан аз заҳамоти сангини тартибдиҳандагони китоб башорат медиҳанд. Метавон гуфт, ки онҳо бо ин тавонистаанд барои мо намудаҳои адабиёти як давраи муддати мадид барои мардумамон торикмондаро равшанӣ андозанд ва мужда расонанд, ки дар асрҳои IX-X устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чун маликушшуарои дарбори Оли Сомон дар атрофи худ суханварони донову тавоноро гирд оварда будааст.

          Матни ашъори шоирони он рӯзгор дар баробари нодиру камёфт будан ҳамзамон дар бисёр маврид душворфаҳманд. Ин ба он маъност, ки калимаю таркибу ибороти бештари шеъри ин шоиронро бо истифода аз фарҳангҳои мукаммал метавон шарҳу тавзеҳ доду маънӣ баровард ва гоҳе дар фарҳангҳо баъзе вожаҳоро наметавон пайдо кард, ки ин душворӣ ҳам бар дӯши муҳаққиқину мураттибони «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» ва ҳам бар дӯши хонанда, бори вазнин аст. Ба ин маҷмӯа таҳиягарони матн заҳмати дандоншиканеро ба анҷом расонида дар фароворди маҷмӯа фасле бо номи «Луғат, тавзеҳоти маҳалҳои ҷуғрофӣ ва номҳои шахсӣ» [3,384-405]-ро тартиб додаанд, ки дарки калимаҳо ва кушодани маъониро осонтар сохтааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз дар матни «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ», ки соли 1958 интишор шуда буд, бо калимаҳое дучор меоем, ки шарҳашон на дар луғатномаи тартибдодаи мураттибон омадаанду на дар фарҳангҳои мавҷуда дарёф мешаванд, монанди «сагбанд» (Эй амире, ки амирони ҷаҳон хосаву ом, - Бандаву чакару мавлою сагбанду ғулом. –С.15), «тиҳак» (Эй аз ҳама мардумӣ тиҳию тиҳак, - Мардум наздики ту чаро бояд. - С. 77), «нахроз» (Роии адл-мулкпарвари ӯ,- Гургро дод, мансаби нахроз. - С. 79), «мола» (Рише, чӣ гуна рише чун молаи батолуд, - Гӯӣ, ки дӯш то рӯз он риш …олуд! - С. 91), «казит» (Чун ақиб бибахшидӣ казит бибахш, - Ту бидеҳ шеъри наватро фағёз. - 105), «ҳузоко» (Кӣ ёрад дошт бо ӯ хештан рост, - Набояд буд мардумро ҳузоко. - С. 294), «ғомук» (Камон гурӯҳаи заррин шуда муҳоқи моҳ, - Ситора яксара ғомукҳои симандуд. - С. 315) ва ғ.  Барои маънӣ баровардан аз ин байтҳои иқтибосшуда, ки намунаи каме аз абёти дигари дар ашъори шоирони ҳамасри устод Рӯдакӣ ҳастанд, мо бояд бо забони замони эшон мусаллаҳ бошем, зеро дар ин ашъор калимаҳои зиёде ҳастанд, ки бояд баъд аз қарни X шояд аз истеъмол баромада бошанду ба гурӯҳи калимаҳои мурдаи он маҳсуб ёбанд.

        Дар матни маҷмӯаи «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» бо абёти зиёде дучор меоем, ки дар онҳо ё ба сабаби ғалатхонӣ, ё ба хотири вайронии вазн¸ ё камбудии нусахи қаламӣ ва ғ. иштибоҳот ҷой доранд, ки мо инро дар саҳифаҳои 31, 37, 79, 110, 119, 186… мушоҳида намудем. Масалан:

                              Ҷуде чунон рафеъаркон,

                              Уммон чунон шигарфмоя…

                                                                              [3, 31]

         Дар мисраи дувуми баёт сактаи вазнӣ дида мешавад. Агар байт ба таври зайл хонда шавад, вазни он дуруст мегардад:

                              Ҷуде, ки чунон рафеъгардон,

                               Уммони чунон шигарфмоя.

        Мисоли дигар:

                                Роии адл-мулкпарвар ӯ,

                                Гургро дод мансаби нахроз.

                                                                        [3, 79]  

       Ба андешаи мо байти фавқ ба таври зайл хонда шавад, маънояш равшантар мешавад.

                                Роии адли мулкпарвари ӯ…   

          Боз як мисол аз ашъори Абулмасал:

                                 Нуқли мо хӯшаи ангур буду соғар сафҷ,

                                 Булбулу сулсул ромишгар бар даст асир.

                                                                                            [3, 119]

        Дар китоби «Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ», ки дар Эрон дар таҳияи Аҳмади Идорачии Гелонӣ ба табъ расидааст, мисраи дувуми байт ин тавр омадааст:

 

                         … Булбулу сулсули ромишгару бар даст асир.

                                                                                      [3, 71]

        Чунин абёти дорои камбудиву норасоӣ дар матни китоби «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» хеле зиёд ба назар мерасанд, ки онҳо ҳатто ба вазни шеър ғалат ворид сохтаанд. Айни ҳол ин навоқисро наметавон бар гардани таҳиягарони он баст. Аз ин нигоҳ ба матни аввалин маҷмӯаи ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ ҳамон вақт метавон баҳои арзандаи илмӣ дод, ки маъхазҳои аввалия мавриди истифодаи мо қарор дошта бошанд. Дар вақти омӯзиш ҳамчунон маълум шуд, ки аз ҷониби мураттибон дар вақти ба ҳуруфи кириллӣ баргардонидани матни асл дугунанависиҳо ба чашм расид, монанди «Гавишт» (с.19) дар луғат «Гавашт», «ғушт» (с. 47) дар луғат «Ғушт», «чалепо» (с. 96) дар луғат «чалипо», «чархишт» (с. 97) дар луғат «чархушт», «якуна» (с. 193) дар луғат «ягина» ва ғ, ки тарзи  дурусти навишти баъзеашон ҳатто дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» [9;10] ёфт нашуд. «Чалипо» бошад дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар шакли «Чалипо» [10, 520] омадааст.

         Ғайр аз ин ишораҳо дар баъзе маълумотномаҳо низ маънӣ коста шудаасту хонадагонро ба ғалат меандозад. Ба ин ҷумла аз саҳифаҳои 144 таваҷҷуҳ кунед: «Абӯ Абдулло Ҷунайдӣ аз шоирони нимаи асри X мебошад» [3, 144]. Бояд гуфт, ки ҷумла пурра нест ва аз он хулоса гирифта наметавонем, ки нимаи аввали асри X ва ё нимаи дувуми асри X дар назар аст.

         Муаллифи пешгуфтор академик Абдулғанӣ Мирзоев менависад, ки «Осори шеърии ҷамъоварӣ кардашуда дар сарчашмаҳои адабӣ бо фарқиятҳои зиёд омадааст, азбаски ин нашри ашъор характери оммавӣ дорад, бинобар ҳоло аз овардани фарқҳои зикршуда то ҳадди имкон худдорӣ карда шуд» [3, 6].

         Дар вақти омӯзиши ин маҷмӯаи эҳсос карда шуд, ки дар фароварди он нишон додани маъхазу сарчашмаҳои истифодагардида  ҳатмиву зарурӣ буд ва овардани он қадру сифати корро меафзуду қимати корро бештар мекард. Дуруст аст, ки дар бораи маълумоти мухтасар додани ба баъзе шоирон сарчашмаҳо нишон дода шудаанд. Масалан, доир ба шоир Тахорӣ дар маҷмӯа омадааст: «Муаллифи «Чаҳор мақола» ҳамчун муаллифи «Луғати фурс» тахаллуси шоирро «Тахорӣ» навиштааст. Муаллифи «Маҷмаъу-л-фусаҳо» «Тахорӣ» гуфтааст. Дар «Фарҳанги Сурурӣ» низ Тахорӣ омадааст. Саид Нафисӣ унвони дуюмро дуруст мешуморад ва шоирро аз мардуми Тахористон (водии имрӯзаи Сурхандарё ва Ҳисорот) медонад» [3, 99].

        Ба ҳамин маънӣ, мисоли дигар дар барои шоираи ҳамасри устод Рӯдакӣ Робеаи Қаздорӣ, ки дар маҷмӯа зикр ёфтааст: «Мувофиқи ахбори муаллифи «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» ӯро Зайнулараб низ меномидаанд… Шарҳи ҳоли Робеаи Қаздорӣ дар тазкираи Давлатшоҳ хато зикр ёфтааст ва ҳамин хато, мутаассифона, аз тарафи Шиблии Нуъмонӣ дар «Шеър – ул- Аҷам» такрор меёбад»… [3,109].

        Дар хулоса метавон гуфт, ки маҷмӯаи «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, ки соли 1958 ба муносибати 1100-солагии зодрӯзи Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар як мудати кӯтоҳ интишор ёфта буд, аз нахустин маҷмӯаи нашргардидаи ашъори шоирони ҳамасри Рӯдакӣ дар Тоҷикистон буда, тавонистааст, ки то ҷое хонандаи тоҷикро бо ашъори дар ҳамон вақт дастраси шоирони аҳди Сомонӣ шинос намояд ва раҳнамои корҳои дигари минбаъдаи илми матншиносӣ гардад. Аз ин рӯ, маҷмӯа дар замони худ бо дастраси аҳли илми соҳа гардидан вазифаи шарафманди худро иҷро карда тавонисту сармашқи корҳои минбаъда дар ин самт аст.

 

Адабиёт

Афсаҳзод А. Одамушшуаро  Рӯдакӣ  /Аълохон Афсаҳзод. –Душанбе: Адиб, 2003. – 304с.

  1. Аҳрорӣ З. Арзишҳои ахлоқӣ дар андешаҳои шуарои аҳди Рӯдакӣ

     /Зоҳир Аҳрорӣ// Рӯдакӣ: дирӯз ва имрӯз. – Душанбе 2007. – С. 506 –544.

  1. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Дар таҳти таҳрири Абдулғанӣ Мирзоев. – Сталинобод: Нашриёти Давлатии Тоҷикистон. 1958. –408с.
  2. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Таҳияи матн ва луғоту тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. – Душанбе: Адиб 2007. – 480с.
  3. Донишномаи Рӯдакӣ. Иборот аз 4 ҷилд, ҷилди 1. Сардабир Мирзо Муллоаҳмад. – Душанбе: ҶММ «КСЕРОКСЛАНД», 2008. – 592с.
  4. Муллоаҳмад М. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ /Мирзо Муллоаҳмад// Донишномаи Рӯдакӣ. – Душанбе: ҶММ «КСЕРОКСЛАНД», 2008. – С. 160.
  5. Нафисӣ, Саид. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ /Саид Нафисӣ Баргардон ва ҳуруфчинии Б.Мирзоев ва И.Мирзоев. – Душанбе: Нодир. 2008 – С. 549-590.
  6. Сафо, Забеҳуллоҳ. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷилди аввал. Забеҳуллоҳи Сафо. – Теҳрон: Фирдавс, 1366. – 714 с.
  7. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилди 1.–Москва: Советская энсиклопедия, 1969. – 950с.
  8.  Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилди 2.–Москва: Советская энсиклопедия, 1969. – 952с.
  9. Шоирони ҳамасрони Рӯдакӣ. Таълифи Аҳмади Идорачии Гелонӣ. Чопи аввал. – Теҳром: Баҳман, 1370. – 566с.

 

Аввалин маҷмӯаи ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

ва интишори он дар  Тоҷикистон 

Расулов С.А.

        Соли 1958 ба истиқболи 1100-умин солгарди сардафтари адабиёти форсии тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар қатори китобҳои ҷашнӣ маҷмӯаи «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» ҷамъоварию таҳияву тадвин ва интишор гардид, ки аз воқeаҳои хурсандиовари кишвар маҳсуб меёфт.

         Дар ин китоб, ки аз 408 саҳифа иборат мебошад, мероси адабии 66 нафар шоири гузашта ва шоирони ҳамасри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷой дода шудааст, ки теъдоди умумии абёташон 3291 байт ё 6582 мисраъ аст.

         Аз муҳтавои умумии «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» пайдост, ки ин заҳмат кори пурҳимате буда, солҳои 1956-1958 аз ҷониби адабиётшиносону матншиносони тоҷик Б. Сирус, К. Айнӣ, Р. Ҳодизода, М. Бақоев, М. Занд, З. Аҳроров ва С. Тоҷиддинов таҳти назари академик Абдулғанӣ Мирзоев анҷом дода шудааст.

         Ҷои таъкид аст, ки қисми аввали китоб шоиронеро ки дар давраи ҳукумронии Саффориён (873-903 м.) ва Тоҳириён (821-963 м.) ба забони форсии тоҷикӣ шеър гуфтаанд, фаро гирифта, дар қисми дувум осори боқимондаи шоирони ҳамасри Рӯдакӣ омадааст.

         Дар мақолаи макзур доир ба сохту муҳтавои ин маҷмӯа, шоирон ва теъдоди абёти онҳо, ки иқтибос шудаанд, албатта аз маъхазҳои дастрас ва бурду бохти матншиносии он сухан меравад. Муаллифи мақола дуруст таъкид менамояд, ки бо табъи ин маҷмӯа ба теъдоди 15000 нусха хонандаи имрӯзи тоҷик тавонист бори аввал бо шоирони ҳамасри Рӯдакӣ ошноӣ пайдо намояд ва аз он самаранок истифода кунад. Дар мақола баробари дастовардҳои зиёди тартибдиҳандагон аз камбудию норасоиҳои ҷузъии китоб низ сухан рафтааст, монанди ҳанӯз дар баъзе матнҳо ҷой доштани норасоиҳои вазнӣ, нофаҳмо будани баъзе калимаҳо, ки дар ифодаи  маънои матн халал ворид кардааст. ва ғайра.   

            Калидвожаҳо: Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамасрони Рӯдакӣ, маҷмӯа, шеър, шоир, адабиёти классикӣ, адабиёти форсии тоҷикӣ, маънӣ, вазн, сарчашмаҳо.

 

Первый сборник стихотворений современников Рудаки и

его публикация в Таджикистане

Расулов С.А.

     В 1958 году в честь 1100-летия со дня рождения основоположника персидско-таджикской классической литературы Абуабдулло Рудаки наряду с другими книгами был собран, составлен и опубликован сборник «Стихотворений современников Рудаки», что стало одним из самых знаменательных событий в стране.

          Данной книга состояит из 408 листов, 3291 стихов или 6582 стихотворных строк. В ней включены литературное наследия 66 поэтов предшествовних и современников Абуабдулло Рудаки.

          Общее содержание книги «Стихотворение современников Рудаки» работа таджикских литературоведов и текстологов (1956 – 1958г.г) Б. Сирус, К. Айни, Р. Ходизаде, М. Бакоев, М. Занд, З.Ахроров и С. Таджиддинов под руководством академик Абдулгани Мирзоевым доказывает   высокое нравственной величие труда этих ученных.  

          Следует отметить, первая часть книги посвящена трудам поэтов времен царствования династии Саффаридов (873 – 903 годы нашей эры) и Тахаридов  (821 – 963 годы нашей эры), вторая часть посвящена трудам поэтам современников А.Рудаки. 

         В настоящей статье рассматриваются структура и содержание этого сборника, поэты и их цитируемые стихотворения, а также преимущества и недостатки его текстологии. Автор статьи справедливо отмечает, что после публикации данного сборника в 15000 экземплярах впервые современный таджикский читатель получил возможность познакомиться и эффективно использовать стихотворения поэтов эпохи Рудаки. В статье наряду со значительными достижениями составителей сборника внимание уделяется также и отдельным его недостаткам и погрешностям, в частности наличию недостатков в рифмах стихотворений, неясности некоторых слов, а непонятности смысла некоторых текстов и т.д.

          Ключевые слова: Абуабдулло Рудаки, современники Рудаки, сборник, поэзия, поэт, классическая литература, таджикско-персидская литература, духовность, рифма, источники.

 

THE FIRST COLLECTION OF POEMS OF RUDAKI’S CONTEMPORARIES AND THEIR PUBLICATIONS IN TAJIKISTAN

Rasulov S.A.

         In 1958, in connection with the 1100th anniversary of Persian and Tajik literature, Abuabdullo Rudaki unlikely to have holiday books published a collection of "Poems of Contemporaries of Rudaki", which became one of the most exciting events in the country.

         This book consist of 408 sheets, 3291 poems or 658 lines. It included literary heritage 66 post predecessors and contemporaries of Abuabdullo Rudaki.

         The General content of the book "Poems of Contemporaries of Rudaki", the work of Tajik literature and textual (1956-1958 years)  B. Sirus, K. Aini, R.Hadizada, M. Bakaev, M. Zand, Z. Ahrorov and S. Tajiddinov under the leadership academic Abdulgani Mirzoev proves high moral grandeur of the work of these exercises.

         It should be noted, the first part of the book is devoted to the works of poets reign of the dynasty Saffariyon (873-903 ad) and  Tokhiriyon (821-963 ad), the second part is devoted to the works of poems of contemporaries of Rudaki.

 

        This article discusses quotation the structure and content of this collection, poets and the number of their works and of course this refers to available sources and its textological gains and losses.  The author of the article rightly points out that before the publication of this collection of 15,000 copies for the first time, a modern Tajik reader was able to get to know and effectively use the poets of the Rudaki epoch.  This article, along with many of the achievements of its compilers, refers to its details and shortcomings, since there are still some gaps in the texts, some words are unclear, and some have the meaning of the text. 

        Keywords: Abuabdullo Rudaki, contemporaries of Rudaki, collection, poetry, poet, classical literature, Tajik Persian literature, spirituality, rhyme, sources.  

Аспиранти Маркази мероси хаттии

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

                                                         Расулов С.А.