Амрияздон Алимардонов-муҳаққиқи Рӯдакӣ

                                                        Саидхоҷа Ализода

 Доираи фаъолияти илмии донишманди пухтакору меҳнатдӯст, адбиётшинос  шодравон устод А.Алимардонов  бисёр васеъ ва доманадор буда, аз таълифи мақолаҳою тасвири дастнависҳою таҳияи феҳристҳо то навиштани асарҳои мукаммали адабиётшиносӣ ва таҳияи матнҳои осори нодири адабиёти форс-тоҷикро фаро мегирад. ӯ дар арзи қариб панҷоҳсолаи фаъолияти бобаракати худ доир маъхазшиносӣ, таърихи адабиёти форсу тоҷику робитаҳои адабӣ ва дигар соҳаҳои ба таърихи тамаддуни халқи тоҷик алоқаманд бештар аз 400 асару мақолаҳо навишта, дар роҳи таҳқиқи таърихи маданияти халқи мо ва ривоҷу равнақи илми маъхазшиносии тоҷик хизмати бузургеро анҷом додааст.

  Донишманди ҳассосу нуктасанҷ ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта ба омӯзиши рӯзгор ва осори устод Рӯдакӣ даст задааст. Нахустин мақолоти ӯ доир ба ин мавзуъ дар рӯзномаҳои даврагӣ ба  табъ расидаанд.

А. Алимардонов 13 сентябрии соли 1975 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» мақолае бо унвони «Шуҳрати ҷаҳонии Рӯдакӣ», 25 ноябри соли 1976 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» мақолаи «Шуҳрати оламгир» дар бораи Рӯдакӣ аз нахустин чакидаҳои илмии А.Алимардонов дар риштаи рӯдакишиносӣ масҳуб мебошанд..

Мақолаи калони А.Алимардонов бо унвони «Устод Айнӣ – нахустин Рӯдакишиноси советии тоҷик, дар маҷаллаи «Ахбороти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон» 34(28), с.1979 ба табъ расидааст. А. Алимардонов устод С.Айниро аз ҷумлаи он арбобони муқтадиру соҳибиқболи тамаддуни башарӣ медонад, ки тамоми фаъолияти бошууронаи адабӣ, илмӣ ва ҷамъиятиашро ба манфиати халқи заҳматкаши худ, бедор намудани ҳиссиёти худшиносиву ифтихори миллӣ ва муҳофизату аз нав зинда кардани маданияту адабиёти бисёр ғаниву қадимаи он равона кардааст, меҳисобад[8:71]. Муҳаққиқ дар бораи «Намунаи адабиёти тоҷик» маълумот дода қайд намудаст, ки устод Айнӣ бо вуҷуди ҳангоми мураттаб сохтани «Намунаи адабиёти тоҷик» мавҷуд набудани китобхонаҳои доимӣ, дар ихтиёр надоштани матнҳои саҳеҳу сарчашмаҳои муътабар, маълум набудани як қатор маъхазҳои муҳимми адабӣ ва инчунин мухтасар, сатҳӣ ва ноқису мухталиф будани ахбороти манбаъҳои дар дастдошта дар асоси ҳаматарафа санҷидану муқоиса намудани сарчашмаҳои дастрасбуда доир ба зодгоҳ, куния насиба ва баъзе лаҳзаҳои ҳаёту эҷодиёти устод Рӯдакӣ маълумоти муҳим медиҳад ва аз мероси боқимондаи ӯ намунаҳо меорад. А.Алимардонов дар ҳамин замина хулосаи овардаи худи устод Айниро дар бораи устод Рӯдакӣ овардааст. Устод Айнӣ бо як ҳисси ифтихор Навиштааст: «Ба ҳар ҳол зуҳури устоде мисли Рӯдакӣ аз Мовароуннаҳр боиси ифтихори тоҷикон аст» [10:8].

         А.Алимардонов дар мақолаи зикргардида менависад, ки «устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро, ки намунаҳои адабиёти ҳазоролаи тоҷикро дар бар мегирад, бо устод Рӯдакӣ оғоз намуда, бо ин васила бори дигар сардафтар ва асосгузори адабиёти форсу тоҷик будани ӯро таъкид кардааст… сабаби бо номи ӯ шуруъ намудани «Намунаи адабиёти тоҷик»  чунин изҳори ақида менамояд: «Ҳарчанд пеш аз Рӯдакӣ мисли Баҳроми Гур, Ҳаким Абӯҳафси Суғдӣ ва Хоҷа Абулаббоси Марвазӣ шеъри форсӣ иншо карда бошанд ҳам, гуфтаи эшон ба дараҷаи девон нарасида. Бинобар ҳамин номи Рӯдакӣ ба сардафтари «Намунаи адабиёти тоҷик» гузошт» [10:16].

        С.Айнӣ ҳамчун муҳаққиқи нуктасанҷ,-менависад Алимардонов,-ахбороти доир ба Рудакӣ овардаи тазкиранависон ва баҳои ба эҷодиёти ӯ додаи онҳоро аз нуқтаи назари танқидӣ санҷида, то чӣ андоза ба ҳақиқат наздик ва беасос будани он маълумотҳоро нишон  медиҳад.  А.Алимардонов навиштааст, ки баъди таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» устод Айнӣ муттасил ба омӯхтани ҳаёт ва ва осори устод Рӯдакӣ мароқ зоҳир сохта, дар як қатор асару мақолаҳои дигари худ низ борҳо дар бораи Одам-уш-шуаро таваққуф менамояд ва ба ин восита дар роҳи муайян намудани зодгоҳ, лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳаёт ва ҷамъоварӣ кардани мероси адабии ӯ аз маъхазҳои гуногун саҳми муносиб мегузорад. Аз ин нуқтаи назар аз миёни корҳои доир ба устод Рудакӣ анҷомдодаи С.Айнӣ, махсусан ду маколаи мустақилу муҳими ӯ: «Устод Рӯдакӣ» ва «Қабри устод Рӯдакӣ дар деҳаи Рӯдак» дорои аҳамияти калон мебошанд.

А.Алимардонов баъд аз баррасии мақолоти устод С.Айнӣ ба чуни хулоса омадааст, ки фаъолияти муҳаққиқии С.Айнӣ дар роҳи тадқиқи ҳаёт ва мероси боқимондаи устод Рӯдакӣ танҳо ба таълифи ҳамин ду мақола маҳдуд намегардад. ӯ ба ғайр аз ин ду мақолааш дар як қатор тадқиқоту мақолаҳои дигараш (солҳои 928-1948) ба ин ё он муносибат борҳо устод Рӯдакиро ёдоварӣ намуда, мақому мартабаи баланди ӯро дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ва саҳми бузурги вайро дар ривоҷу равнақи мусиқии халқи тоҷик таъкид менамояд[10:76].

      Новобаста ба он, ки дар фаъолияти илмии устод А.Алимардонов мавзуҳои дигари адабиётшиносӣ ба нақша гарифта шуда буд, ӯ муттасил ба паҳлуҳои гуногуни омӯзиши Рудакӣ ва осори ӯ пажуҳишҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст, ки ин пажуҳишҳо дар мактаби бузурги Рӯдакишиносии тоҷик саҳоифи нав ба нави илмиро кушудаанд. Мо зарур донистем, ки як чанд мақолаи пурарзиши А,Алимардонов маълумот диҳем, то ин ки ин маълумотнома барои омӯзандагони дигари аҳвол ва осори Рӯдакӣ дастуре шуда тавонад. А.Алимардонов дар бораи «Калила ва Димна» тадқиқоти пурарзишеро анҷом додаст ва мо т анҳо дар бораи як мақолааш дар ин мавзуъ маълумот медиҳем.

А.Алимардонов дар мақолаи «Дар бораи сарчашмаҳои аслии маснавии «Калила ва Димна»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муносибати устод ба он» чунин навиштаанд, ки «Калила ва Димна» аз ҷумлаи он ёдгориҳои барҷастаю пурарзиши адабии мардуми сарзамини Ҳиндустон мебошад, ки ба таърихи адабиёти форс-тоҷик тавассути тарҷума-таҳрир ворид гардида, дар тӯли қарнҳо аз тарафи устодони каломи бадеӣ вобаста ба талаботи замону муҳити зиндагӣ ва сабку салиқаи дилхоҳи давраҳо борҳо ба тариқи назму наср ба риштаи таҳрир кашида шуда, боиси ба вуҷуд омадани як силсила асарҳои манзуму мансури тоза гардидааст». А.Алимардонов дар зимни ин  таъкид намудааст, ки аз миёни таҳрирҳо ва ривоятҳои форсӣ-тоҷикии ин шоҳасари бузурги адабиёти ҷаҳонӣ, қадимтаринашон маснавии «Калила ва Димна» -и қофиласолори адабиёти форсизабон -устод Рӯдакӣ (858-941) мебошад, ки то имрӯз тавассути маъхазҳои мухталиф ҳамагӣ 129 ё 150 байти пароканда омада расидааст. А.Алимардонов қайд мекунад, ки дар сурати маҳфуз намондани матни нисбатан пурраи маснавии «Калила ва Димна»-и устод Рӯдакӣ (12 ҳазор байт) дар сохт ва услуби нигориши  асар то чӣ андоза ба матни ривояти насрии «Калила ва Димна»-и Ибни Муқаффаъ наздикӣ доштан ё надоштан ягон фикри қатъӣ баён кадан имконпазир аст. А. Алимардонов навиштааст, ки аксари муҳаққиқон каму беш дар бораи маснавии устод Рӯдакӣ маълумот дода ба сарчашмаҳои пешин такя намудаанд. А. Алимардонв дар асоси омӯхтани сарчашмаҳои нав дар бораи ин маснавӣ кӯшидааст то андозае манбаъҳои муътабари дигареро мариди омӯзиш қарор диҳад ва ба ин восита ихтилофоти дар ин бора дар илми адабиётштшиносӣ ҷойдоштаро то ҳади имкон бартараф созад. А. Алимардонов менависад, ки дар маъхазҳои гуногун оиди  «Калила ва Димна» -и устод Рӯдакӣ ду навъи маълумот вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар «Китоби ғуруру ахбори мулук-ил-фурси ва сияриҳим»-и Абулмаолии Насруллоҳ (асри XII), «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ (асриXV) ва муқаддимаи нисбатан ба тарҷумаи тоҷикии «Панчоеиёна»-и Ҳиндӣ таълифнамудаи Мустафо Холиқдод Аббосӣ (асри XVI) навиштаанд, ки «Калила ва Димна» бо сайъ ва кӯшиши Абдуллоҳ ибни Муқафффаъ (асри VIII) аз забони паҳлавӣ ба арабӣ баргардонида шудани он хотиррасон шуда, баъд ба фармони амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ аз ҷониби устод Рӯдакӣ ба порсии дарӣ ба назм дароварда шудааст. Муҳаққиқ сарчашмаҳои мухталифро номбар намуда, чунин менависад, ки дар ҳеҷ як аз сарчашмаҳо дар бораи аз ривояти қадимии паҳлавӣ сарчашма гирифтан ишорае ба назар намерасад. Назари муаррихи машҳур А.А. Семёновро меорад, ки гӯё дар замони сомоноён дар баробари забонҳои расмии давлатии он рӯзгор – порсӣ(тоҷикӣ) ва арабӣ  истифода будани забони паҳлавиро аз ҷониби Рӯдакӣ хотиррасон месозад ва бидуни маъхаз фикрашро тасдиқ мекунад.

    +.Алиев, менависад, -А.Алимардонов, -доир ба манбаи аслии маснавии Рӯдакӣ маълумоти пур аз ихтилофи фикрӣ ва то андозае номафҳум медиҳад. ӯ аз ахбори «Шоҳнома» чунин хулосаи нодуруст мебарорад:  «Аз гуфтаи Фирдавсӣ возеҳ мегардад, ки Рӯдакӣ дар вақти навиштани достони «Калила ва Димна» на аз матни тарҷумаи арабии Ибни Муқаффо(?), балки бевосита аз тарҷумаи  паҳлавии он истифода бурдааст». Ин иштибоҳи +.Алиевро муҳаққиқ таъкид намуда нуқтаи назари ду Рӯдакишиноси машҳур: С.Нафисӣ ва акдемик А.Мирзоевро қайд намуда,  менависад, ки «…муҳаққиқони дақиқиқназару пухтакори замон, ҳаёт ва осори Рӯдакӣ С.Нафисӣ ва А.Мирзоев ки дар асарҳои мукаммалу пурарзиши ба таҳқиқи рӯзгору мероси адабии ӯ бахшидаашон тамоми пажуҳишҳои доир ба ин устоди барҷастаи назми оламшумули форсизабон дар +арбу Шарқ то замони таълифи китобҳояшон анҷом додашударо ҷамъбаст намуда, сарчашмаҳои зиёдеро мавриди истифода қарор додаанд[3]. А.Алимардонов дар ин замина навиштааст, ки дар вақти ба таҳқиқи «Анъанаи «Калила ва Димна»-нависӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик иштиғол варзидан ва барои анҷоми ин кор аз маъхазҳои гуногун фароҳам овардани ахбороти зарурӣ мо аз манбаҳои дигари аз назари муҳаққиқони мазкур дар канормонда як идда маълумоти дигарро дарёфт намудаем, ки онҳо на ин ки тахминҳои илмии ин донишмандонро дар хусуси маъхази «Калила ва Димна» -и устод Рӯдакӣ ва сарчашмаи порчаҳоии ҷудогонаи ашъори он тасдиқ менамояд, балки онҳоро такмил дода, саҳеҳтару пурратар мегардонад».         А. Алимардонов  муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абӯмансури Муаммариро (таърихи таълифаш 346 ҳ./957-958-и м.) беҳтарин ва қадимтарин намунаи насри тоҷикии то замони мо омадарасида меҳисобад ва онро нисбат ба маъхазҳое, ки даир ба ин мавзуъ мавриди истифодаи С.Нафисӣ ва А.Мирзоев қарор доштанд, қадимтар медонад. Абӯмансури Муаммарӣ дар оғози «Шоҳнома»-и насрӣ, ки бо супориши Абӯмансур Муҳаммад ибни Абдурразоқ ном ҳоким ва сипаҳбуди давраи Сомоноён мураттаб сохта шуда, дар давраҳои минбаъда бо унвони «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» маъруф гардидааст, доир ба беҳтарин ёдгорӣ дар ҷаҳон будани китоб, дар давраҳои гуногун азизу машҳур будани китоби «Калила ва Димна» ва дар бораи аз забони паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума карда шудани ин асар таваққуф намуда менависад: «Пас амири саъид Наср бинни Аҳмад ин сухан бишнид, хуш омадаш, дастури хешро-Хоҷа Балъамӣ бар он дошт, то аз забони тозӣ ба забони порсӣ гардонид, то ин нома ба дасти мардумон андарафтод ва ҳар касе даст бад-ӯ андарзаданд. Ва Рӯдакиро фармуд то ба назм овард ва «Калила ва Димна» андар забони хурду бузург афтод ва номи ӯ бад-ин зинда гашт ва ин нома аз ӯ ёдгорӣ бимонд[3]. А.Алимардонов аз ин ахбороти пурарзишу мухтасари муқаддимаи «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» сабтгардида чунин натиҷагирӣ намудааст:

1. Китоби «Калила ва Димна»-и  машҳур аввалин маротиба дар замони ҳукмронии амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ бо фармон худи амир аз забони арабӣ ба забони порсӣ(тоҷиккӣ) ба тариқи наср баргардонида мешавад. Дар роҳи амалӣ гардонидани ин амр вазири донишманду адабдӯсти Наср-Абулфазли Балъамӣ (қатлаш дар соли 329 ҳ. /941 м.) роли бузург бозидааст…

2. Шуҳрати зиёди китоби «Калила ва Димна», ки саропо аз панду андарзҳои ҳакимона, суханҳои ҳикматомези ҳаётию дастурҳои муфиди ахлоқӣ саршор будани он ва ба сухани манзум майли бештар доштани табъро ба эътибор гирифта, амир Насри Сомонӣ барои манзум сохтани ин асари панду ҳикмати ҳаётӣ бузургтарин устоди назми порсӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакиро маъмур месозад.

3. Нуқтаи ҷолиби дигар дар муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абӯмансури Муаммарӣ зикрёфта он аст, ки амир Наср мехостааст тавассути дар замони ҳукумронии худ манзум сохтани «Калила ва Димна» дар олам ёдгории шоистае боқӣ гузошта, ном ва хотираи некашро зинда гардонад.    А.Алимардонов дар ҳамин замина ақидаи шахсии худро чунин тавзеҳ медиҳад, ки агар гуфтаҳои дар боло зикргардида аз як тараф бошад, аз тарафи дигар «Ба фикри мо сабаби асосии дар ин давраи бедории фикрии халқи мо ба манзум сохтани «Калила ва Димна» маъмур намудани чунин устоди барҷастаи сухани порсии дарӣ-Рӯдакӣ дар он будааст, ки амири Сомонӣ мехост дар муқобили назми ниҳоят суфтаю пухташудаи арабӣ ва шоирони номдору маъруфи араб имкониятҳои назми дарӣ ва иқтидору маҳорати баланди суханварии шуарои порсигӯйро ҷилвагар созад.

4. Мувофиқи нишондоди Абӯмансури Муаммарӣ бад аз тарафи устод Рӯдақи ба таври хеле моҳирона ва дилчасп ба назм дароварда шудан шуҳрати китоби «Калила ва Димна» боз ҳам бештар афзуд ва вай андар забони хурду бузург афтод.

  А.Алимардонов дар ин мақола тамоми ҷанбаҳои пурраи ин мавзуро баррасӣ намуда дар хулосаи мақолааш менависад, ки агарчи маснавии «Калила ва Димна»-и Рӯдакӣ аз китоби «Калила ва Димна»  пештар сарчашма мегирад, вале устоди бузургон мазмунҳои тайёрро ба талаботи маънавии замон ва хулқу одоби халқи худ моҳирона мувофиқ кунонида, бо камоли маҳорат ва устодӣ ба риштаи назм кашидааст.

А.Алимардонов қайд мекунад, ки амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ба назм даровардани китоби «Калила ва Димна»-ро ба устод Рӯдакӣ фармуда, мехостааст, ки ба воситаи аз тарафи ӯ дар замони ҳукмронии худ манзум сохта шудани ин асар дар ҷаҳон номи неке боқӣ гузорад. Ин мақола бисёр ҷанбаҳои нозукеро равшанӣ андохтааст, ки дар тадқиқотҳои муҳаққиқини дигари осори Рӯдакӣ ба назар намерасад.

Мақолаи дигари А. Алимардонв «Оё устод Рӯдакиро Ҳаким» хонд равост?» мебошад. Ин мақоларо устод А.Алимардонов бо байти Шаҳиди Балхӣ оғоз намудааст, ки чунин аст:

Ба сухан монад шеъри шуаро,

Рӯдакиро суханаш тилви Нубист.

А.Алимардонов  дар мақолааш навиштааст, ки «Дар зимни маълумоти тарҷумаиҳолӣ дар манобеи адабву таърихӣ як силсила лақабҳою унвонҳои фахрӣ барои таъкиди бузургии мақому мартабаи суханварии устод Рӯдакӣ аз қабили одам-уш-шуаро, султони шоирон, султон-уш-шуаро, шоири саҳбондастгоҳ, сарҳалқаи асотиди муттақадамин, корвонсолори шуаро, соҳибқирони шоирӣ, наводири фалакӣ ва монанди инҳо истифода ва корбаст гардидаанд, ки бештари онҳо хусусияти тавсифӣ, адои эҳтирому эътирофи истеъдоди баланди гуногунҷанбаи ӯро дошта, аз шуҳрати зиёди ашъори нобу пурмуҳтавои ӯ ва саҳми ниҳоят калони вай дар эҷоди такомулу ривоҷу равнақи анвои назми дарӣ шаҳодат медиҳанд. А.Алимардонов дар мақолаи худ дар сабаби рӯ овардан ба ин мавзуъро дар он шарҳ медиҳад, ки баъзе донишмандон доир ба унвони «ҳаким» доштани устод Рӯдакӣ изҳори шубҳа кардаанд. А.Алимардонов навиштаанд, ки ҳатто муҳаққиқи маъруфу никтасанҷ ва бузургтарин Рӯдакишиноси қарни XX Эрон Саъид Нафисӣ нисбат ба устод Рӯдакӣ раво будани корбасти ин унвонро комилан рад мекунад. А.Алимардонов дар мақолааш қайд кардаст, ки дар асоси омӯхтани таърихи илму адаби асрҳои IX-X С.Нафисӣ ҳеҷ як матлаби ба ҳаёту фаъолияти устод Рӯдакӣ марбутбударо аз мадди назари худ дур нагузоштааст. Бо вҷуди ҷой доштани чунин ҳолат таҳқиқи ҳамаҷонибаю бодиққати маълумоти маъхазҳои дарёфтгардида ва осори боқимондаи адибони он айёму худи устод Рӯдакӣ ба он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин хулосаи Нафисӣ заминаи воқеӣ надорад ва ба ҳақиқат рост намеояд.

           А.Алимардонов таъкид намудаанд, ки аввалан бояд тазаккур дод ва эътироф ҳам кард, ки бо лақаби «ҳаким» хондани устод Рӯдаки дар тазкираву манбаъҳои дигари дар давраҳои минбаъда таълифёфта низ дучор меояд. А.Алимардонов манбаҳои зиёд монанди «Калимот-уш-шуаро»-и Муҳаммад Афзали Сархуш(таълифаш соли 1682м.), «Риёзу-ш-шуаро»-и Волаи Доғистонӣ(таълифаш соли 1161ҳ.-1748м.), «Мироъоти офтобнамо»-и Наввоб Абдурраҳмонхони Деҳлавӣ, «Наштари ишқ»-и Ҳусайнқулихони Азимободӣ (таълифаш соли 1845-1846м.) устод Рӯдакироо бо лақаби «ҳаким» ёд мекунанд. Муаллифи «Наштари ишқ» ҳатто устод Рӯдакиро аз бузургтарин ҳакимон дар ҳикмат Арасту номидааст. Дигар дар девони ашъори шоири маъруфи нимаи аввали қарни XX-и форс-тоҷик Манучеҳри Домғонӣ (ваф. с. 432ҳ.-1040 м.), ки дар замони наздик ба зиндагии устод Рӯдаки зистааст, почаи шеъре ҷой дорад, ки дар он устод Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ ва баъзе шоирони дигари қарни X ба унвони «ҳаким» зикр ёфтаанд.  Манучеҳрӣ дар ин қасидааш аз шумию бесуботии айёми худ,  беқадрии аҳли илму адаб дар он рӯзгор ва касодии бозори шеъру шоирӣ шикоят намуда, замони мусоиду хуб ва суханпарварии Оли Сомонро баҳасрату надомат ёдоварӣ мекунад:

              Аз ҳакимони Хуросон ку Шаҳиду Рӯдакӣ,

              Бӯшукури Балхиву Бӯлфатҳи Бӯстӣ ҳаказо?!

              Гӯ биёеду бубинед ин «шариф айёмро»,

              То кунад ҳар к-аз шуморо шоирӣ кардан киро.

Чунон ки байтҳои 3 ва 5 қасидаи мазкури Манучеҳрӣ далолат менамоянд ва гувоҳӣ медиҳанд, дар қарни X нисбат ба шоирону донишмандони номӣ истифодаи унвони ифтихории «ҳаким» маъмул будааст ва дар ҳамон рӯзгор устоди барҷастаи назм Рудакиро ба ҳамин лақаб сазовор мехондаанд. Устод А.Алимардонов барои исботи пурраи фикраш ба маъруфтарин ва боэътимодтарину ҷомеътарини фарҳангҳои забони форсӣ «Луғатнома»-и Деҳхудо муроҷиат намуда меависад, ки дар радифи доно, фарзона, хирадманд, файласуф, пизишк, донои илму ҳикмат, росткору дурустгуфтор ва устувор  ба маънии шоир истифода шудани мафҳуми «ҳаким» ҳам зикр гардидааст. А.Алимардонов баъд аз овардани мисолу далелҳои зиёд аз ашъори ҳамзамонони устод Рӯдакиву  баъди он қайд намудааст, ки мутолиаи мероси адабии боқимондаи устод Рудакӣ нишон медиҳад, ки ӯ ба ҷаҳон, моҳияти ҳастӣ, ҳаёти инсон, аҳамияти таҷрибаву дониш дар зиндагӣ оқилонаву ҳакимона менигарад. Ва онҳоро ҳакимона маънидод менамояд. Мероси адабии шоири тавоно ва соҳибистеъдод, менависад А.Алимардонов, саршор аз панду андарз ва ташвиқу тарғиби ахлоқи ҳамида мебошад. Ҳамчунон муаллифи мақола навиштааст, ки «дар ниҳоят, бар асоси далелҳои дар боло зикрёфта метавон ба чунин хулосаи равшану ҳақиқӣ  омад, ки нисбат додани унвони «ҳаким» ба устод Рӯдакӣ ин «ихтирои» муаллифони тазкираҳои баъд аз қарни X набуда, балки ҳақиқати маҳз аст ва бо чунин унвон хондани ӯ ҳанӯз аз замони зинда будани вай шуруъ гардидааст. Дурустии ин фикрро дар баробари далелҳои дар фавқ ёдшуда байти зерини марсияе, ки яке аз шоирони асри Х ба муносибати фавти устоди назми форсӣ… гуфтааст, бори дигар тайиду тасдиқ менамояд:

             Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,

             Май бирезад марезад аз вай бӯй.

  Ба ақидаи А.Алимардонов ба унвони «ҳаким» хондан ё нисбат ба устод Рӯдакӣ дар баробари як идда унвонҳои ифтихории дигар истифода бурдани унвони мазкур аз ибтикору ихтирои муаллифони маъхазҳои қарнҳои охир(баъди асри Х) набуда, аз чумлаи унвонҳои ҳақиқию воқеии устоди барҷастаи каломи мавзуни форсии дарӣ будааст, ки корбасту истифодаи он нисбат ба ӯ ҳанӯз аз замони зиндагиаш маъмул гардидааст ва ривоҷ доштааст.

   Мақолаи дигари А. Алимардонов «Рудакӣ аз назари донишмандони Ҳинд» мебошад, ки ин мақола соли 1972 дар маҷаллаи «Рӯдакӣ» ба табъ расидаат. Мақола бо байти Кисоии Марвазӣ, аввали асри ХI шуруъ мешавад:

Зебо бувад ар Марв бинозад ба Кисоӣ,

Чун он ки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.

Дар ин мақола А. Алимардонов менависад, ки шуҳрати устод Рӯдакӣ ва назми ашъори ӯ на танҳо дар ватани вай-Мовароуннаҳру Хуросон, балки дар дигар мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна, аз ҷумла дар сарзамини Ҳиндустон ҳам ба таври васеъ паҳн гардида буд. Муҳаққиқ таъкид кардааст, ки ашъори Рӯдакӣ дар Ҳиндустон, аз асри ХI сар карда мавриди омӯзиш, пайравию татабуъ, ситоиш ва тавсифи аҳли адаб  қарор мегирад. Дар нимҷазирми Ҳинд паҳн гардидани осори Рӯдакӣ ва шуҳрат ёфтани ӯ, -менависад А. Алимардонов, -ба воқеоти сиёсии дар асри ХI ва давраҳои минбаъда руй дода, яъне ба воқеоти аз тарафи сулолаҳои исломӣ забт кардашудани сарзамини Ҳинд ва ҳуҷуми хонумонсӯзи урдуҳои муғул ба Осмёи Миёна ва Хуросон сахт алоқаманд аст. Зеро дар натиҷаи ин воқеаҳо дар баробари ҳазорҳо сокинони Мовароуннаҳру Хуросон бисёр намояндагони илму адаби ин диёр ба қисматҳои шимолии Ҳиндустон ҳиҷрат намуда, дар он ҷо доираҳои адабиро ташкил медиҳанд.

Ҳануз дар эҷодиёти чунин намояндагони барҷастаи адабиёти асри ХI-и форс-тоҷик, -навиштааст муҳаққиқ,-Унсурии Балхӣ, Фаррухии Сиистонӣ ва Манучеҳрии Домғонӣ, ки дар замони ҳукмронии Султон Маҳмуд(998-1030) ва Султон Маъсуди +азнавӣ (1030-1040)  ба қисматҳои шимолии Ҳиндустон рафта, дар мавзӯи Ҳинд ва табиату мардумони он ашъори пуробуранге офаридаанд, порчаҳои шеърие ба назар мерасанд, ки дар онҳо табъи баланду дар намудҳои гуногуни шеърӣ устоди беҳамто будани Рудакӣ ва мартабаи бузурги шоирии ӯ сутуда шудааст. А. Алимардонов дар бараи аввалин тазкираи ба забон форсӣ эҷодгардида «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ маълумот дода, таъкид кардааст, ки чун ин тазкира аз ҳама қадимтар ва муътабартар аст ва дар бораи Рӯдакӣ ва осори ӯ маълумоти муҳиме додаст ва минбаъд тамоми сарчашманигорон аз ин сарчашма пурра истифода кардаанд. Муҳаққиқ дар мақолааш таъкид мекунад, ки азбаски Муҳаммад Авфӣ ва дигар шоироне, ки дар боло зикри номи эшон рафтааст, парваришёфтаи муҳити адабии Ҳинд набуда, танҳо ба ин ё он сабаб ба он ҷо рафтаанд, бинобарон дар хусуси суханони дар ҳаққи устод Рудакӣ баёнкардаи онҳо наистода, танҳо дар бораи намояндагони аҳли адаб ва донишмане, ки онҳо тарбияёфтаи муҳити адабии Ҳиндустон  мебошанд, таваққуф намуда, ба ин восита дар нимҷазираи Ҳинд то чӣ андоза шуҳрат ёфтани Рудакӣ ва осори ӯро муайян намудааст.

А. Алимардонов менависад, ки яке аз шоирони намоёни тоҷикзабони Ҳинд, Масъуди Саъди Салмон(1040-1122) мебошад. ӯ дар яке аз қитъаои худ ҳангоми изҳори фазл ва баёни ифтихория ба мартабаи баланди Рӯдакӣ дар шеъру шоирӣ ишора менамояд[1:800].

Шоири нимаи асри XVI малик-уш-шуарои давраи ҳукмронии Ҷалолуддин Акбар-Абулфайз Файзӣ(1547-1595) дар яке аз қасидаҳои фахрияаш мақому табъи баланди шоирии худро тавсиф намуда, дар зимни он то он айём машҳур будан ва нуфуз доштани ашъори Рӯдакиро қайд мекунад.[2:57]

А. Алимардонов яке аз муҳақикини варзидаи илми маъхазшиносӣ буд ва ӯ мактаби бузурги А. Мирзоевро маҳз дар шинохти сарчашмаҳо гузаштааст. Ин аст, ки дар ҳамин мақолаи муфассалаш дар бораи қариб тамоми сарчашмаҳое, ки дар сарзамини Ҳинд таълиф шудаанд ба таври муфассал маълумоти қиммати илмӣ додааст ва мо дар ин маврид ба таври хронологӣ он сарчашмаҳори   меорем ва барои пурра ошно шудан ба муҳтавои тамоми навиштаҳои устод А. Алимардонов руҷуъ шавад ба маҷмӯаи мақолаҳои ӯ, ки то чӣ андоза устод Рӯдакӣ дар Ҳинд шуҳрат ёфтааст.[3:76]

Муҳаққиқ менависад, ки донишманди намоёни асри XVI Ҳинд Абулфазл бинни Муборак(1551-1603) дар оғози «Иёри дониш»(соли таълифаш 1587), ки таҳрири тозаи «Анвори Суҳайли»-и Хусейн Воизи Кошифӣ мебошад, аз тарафи устод Рӯдакӣ ба назм дароварда шудани «Калила ва Димна»-ро зикр мекунад.

Муҳаққиқ менависад, ки «Ҳафт иқлим»(асри  асари XVI) –и Амин Аҳмади Розӣ тазкираи дувумин аст, ки дар Ҳиндустон навишта шудааст ва маълумоти «Лубоб-ул-албоб»-ро такроран оварда чунин илова намудааст: «…ҳар гоҳ қулфи забонро дари қироат кушудӣ, қудсиёнро қулуб рабурдӣ ва агар ба калиди тиловат даҳонро ба инфитоҳ пайвастӣ, аъло ва адно ва пиру барно шефтаи вай гардидандӣ. Дар охир ба мутрибӣ афтоду ва барбат биомӯхт ва кораш дар навозандагӣ ба ҷойе расид, ки оби дасташ дар мақоми навохт ҳам хоки малол ба бод додӣ ва ҳам оташ дар ҷигари кудурат задӣ»[5:416]. Муҳаққиқ дар зимни нақли тамоми маълумотҳои Амин Аҳмади Розӣ нуқтаи ҷолиби дигари ин тазкираро дар мақолааш оварда, навиштаи муаллифи «Ҳафт иқлим»-ро дар бораи ашъори зиёди Рӯдакӣ ва то замони муаллифи тазкира аз байн рафтани онро айнан аз забон Амин Аҳмади Розӣ меорад: «Бо ин ки шеъри вай, -менависад, Амин Аҳмади Розӣ,-аз ҳад мутаҷовиз буда, аммо дар вақт бинобар ҳукми қиллат аз ёқути афсар ва кибрити аҳмар азизтар аст. Он чи дар сафинаҳо ва тазкираҳо омада ин абёт аст, ки қатрае аз он саҳоб ва ҷузве аз он китоб аст» [5:417].Аз ин ҷо маълум мегардад, -менависад А.Алимардонов,- маҷмӯаҳои ашъори Рӯдакӣ то асри XVI алакай маҳв гардида буданд[3:48].

Сарчашмаи дигаре, ки дар Ҳинд таълиф шудааст А,Алимардонов тазкираи «Калимот-уш-шуаро»-и Сархуш(соли таълифаш 1682), ном бурдааст, ки шарҳи ҳолу намунаи ашъори шоирони аҳди Ҷахонгир то Оламгири Ҳиндустонро дар бар мегирад. Муҳаққиқ аз муқаддимаи Сархуш порчаеро дар мақолааш овардааст, ки дар Ҳинд низ Рӯдакӣ бо лақаби «ҳаким» машҳур будааст. «Пӯшида намонад, - менависад ӯ, -азизоне, ки ба таълиф ва тартиби тазкираи шуаро пардохтаанд, ибтидо аз аҳвол ва ашъори ҳаким Рӯдакӣ сар карда то ба суханварони аҳди хеш расидаанд» [5:12].

Тазкиранависи дигари асри XVII, -менависад А.Алимардонов,-Шерхон Лудӣ доир ба баъзе лаҳзаҳои ҳаёти Рӯдакӣ маълумот  медиҳад. Масалан дар бораи дар аҳди Наср бинни Аҳмади Сомонӣ ба манзум сохтани «Калила ва Димна» пардохтан, аз синни 8-солагӣ ба шеъргӯйӣ пардохтан ва дар шеър «маонӣ ва алфози дақиқ» кор фармудани Рӯдакиро таъкид карда, ӯро нахустин шоири соҳибдевон мешумарад[13:16].

Сарчашмаи дигаре, ки дар бораи он А. Алимардонов маълумот додааст, ин тазкираи «Тазкираи Ҳусайнӣ»(соли хатми таълифаш 1749-50) Мир Ҳусейндӯсти Сабҳалӣ мебошад ва доир ба Рӯдакӣ маълумоти кӯтоҳе дарҷ намуда, ӯро «шоири саҳбондастгоҳ» ва «сарҳалқаи асотиди мутақаддамин» меномад ва миқдори ашъорашро «лак байти мубайн» зикр мекунад.

Ғуломалихони Озод бошад, -навиштааст А.Алимардонов,- Рӯдакиро ба нисбати Самарқандӣ ва бо унвони «Корвонсолори шуаро» ва «Муқаддамат-ул-ҷайши фусаҳо» ёдоварӣ намудадааст. [7:230]

Муҳаққиқ дар бораи тазкираи «Миръоти офтобнома»-и Наввоб Абдурраҳмонхони Деҳлавӣ маълумот дода баҳои муаллифи тазкираро ба устод Рӯдакӣ айнан овардааст, ки соҳиби табъи баланд, завқи саршор, зеҳни тоза ва қувваи ҳофизаи фавқулоддаи устод Рӯдакиро тавсиф карда, менависад, ки дар бистсолагӣ «Қуръон»-ро ҳифз дошт, ҳаким буд шоири  «шӯх буд ва дар фанни овозхонӣ чун Дрвуд оҳангҳои зебо медонист».

А. Алимардонов қайд мекунад, ки муаллифи «Наштари ишқ»(соли таълифаш 1817) Ҳусайқулихони Азимободӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти Рӯдакӣ маълумоти нисбатан муфассале дода, исми шоирро Абдуллоҳ ва кунияашро Абӯҷаъфар ва Абулҳасан зикр карда, ӯро «аз ҳозими ҳукамо ва афозили булағо, Хизри ҷодаи суханврон ва ҳодии маслаки маънипарварон, муваҷҷиди тарзи балоғат, мухтарси равиши фасоҳат ва ғавоси маъниёбӣ мешуморад [14:270 аб]. Муҳаққиқ чунин тазаккур додааст, ки ба ин навъ унвонҳои ниҳоят баланд ёдоварӣ карда шудани Рӯдакӣ, ки мо онҳоро дар дигар маъхазҳо дучор карда натавонистем, аз қоили мақоми бузурги шоирии Рӯдакӣ ва шуҳрати бемисли ашъори ӯ гувоҳӣ медиҳад.

Ҳусайналихон, -менависад А.Алимардонов,-дар асоси ахбороти баъзе маъхазҳои пештар таълифгардида миқдори ашъори Рӯдакиро сад дафтар ва ё ҳазор ҳазору сесаду бисту ҳашт байт қайд карда мегӯяд: «Ба сабаби тасорифи айёми каломи балоғатнизоми он нозими иқлими суханпарварӣ(яъне Рудакӣ) барбод рафта ва талаф шуда ва он чи боқист ба сабаби дақоиқи маъонӣ  ва борикии мазомину мустаҳлиҳот арбоби замонаи ҳол камтар ба навиштану хондани он майл мекунад ва ҳаз бар медорад».

Сарчашмаи дигари мавриди истифодаи А.Алимардонов қарордошта, «Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъ-ул-фунун»(соли таълифаш 1845-46)-и Воҷудалии Муҷмалӣ мебошад, ки доир ба Рӯдакӣ дар ин маъхаз чунин навишта шудааст: «Ҳаким Муҳаммад Абулҳасан Рӯдакии Самарқандӣ муқтадои шоирон буда ва фанни шоириро ба камол расонида, тарҳи қасида ва ғазал аз ӯст. Пойгоҳи зеҳни расои ӯ ба ҳадде буд, ки …ба умри бистсолагӣ ҳофизу ҳоким ва шоиру базлгӯ шуд ва бо ин ҳама фазлу балоғат илҳони довудӣ дошт ва дар илми мусиқӣ ливои устодӣ меафрошт…ва ба васотати фазлу камол ба мартабаи баланду мадориҷи арҷманд ва давлату ҳашмат нашуда»[6:93].

А.Алимардонв менависад, ки ба ғайр аз адибону донишмандони  дар боло зикр гардида боз як қатор муаллифони сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ аз қабили Муллосӯфӣ ва Мирзобеки Хокӣ дар «Бутхона»(соли таълифаш 1601-1602), Абдуллатиф Аббоси Гуҷротӣ  дар «Хулосат –уш-(соли таълифаш 1612-13), Муҳаммад Бахтовархон дар «Миръот-ул-олам»(асри XVII), Хушгӯ дар «Сафинаи Хушгӯ»(соли таълифаш 1724-1735), Муртазо Ҳусайни Билгромӣ дар «Ҳадиқат-ул-ақолим»(соли таълифаш 1756-57), Қозӣ Муҳаммад Содиқхони Ахтар дар «Офтоби оламтоб»(соли таълифаш 1852-53) маълумот додаанд.

         Бар зимни ин навъ мабаъҳои адабӣ дар нимҷазираи Ҳинду Покистон, -навиштааст А.Алимардонов,- дар тайи қарнҳои мутаадид як силсила фарҳангҳои тафсирии забони форси таълиф ёфтаанд, ки дар онҳо барои шарҳу тавзеҳи як миқдор калимаҳо аз ашъори устод Рӯдакӣ намунаҳо оварда мешаванд. Ба монанди «Мадору-л-афозил»-и Мавлоно Аллоҳдод Файзӣ (таълифаш соли 1593), «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»-и Ҷамолиддин Ҳусайни Инҷу(хатми таълифаш соли 1608-1609), «Фарҳанги Рошидӣ»-и Абдуррашиди Татавӣ(таълифаш соли 1653), «Фарҳанги Онандроҷ»-и Муҳаммад Подшоҳ»(таълифаш 1888)ва амсоли онҳо аз ҷумлаи ин навъ луғатҳо мебошанд, ки аҳамияти баъзе онҳо, махсусан «Мадору-л-афозил» дар масъалаи то замони мо нигоҳ доштани абёти ҷудогонаи осори Рӯдакӣ бисёр бузург аст.

Дар қисми хотимавии мақолааш А.Алимардонов ба чуни хулоса омада навиштааст, ки осори Рӯдакӣ ҳанӯз аз қарни XI, аз вақти ба Ҳиндустон ворид гаштани забон тоҷикӣ ва инкишоф ёфтани адабиёт ба ин забон сар карда, дар ин сарзамин интишор меёбад ва мавриди таваҷҷуҳи омӯзиши аҳли илму адаб ва донишмандони он диёр қарор мегирад. Сарфи назар аз мақому мартабаи тамоми адибону донишмандони давраҳои гуногуни Ҳиндустон, ки ба ин ё он муносибат дар осори худ аз Рӯдакӣ ном бурдаанд, устоди барҷастаи назм будану ба он низоми махсус бахшидан, дар суханпардозию риояти дақоиқи маънӣ нобиғаи аср будан ва дар соҳаи мусиқӣ маҳорати тамом доштани ӯро қайд намудаанд.

Мақолаи дигари  А.Алимардонов «Тарҳи ғазал дар замони Оли Сомон», ки дар китоби «Сомониён ва эҳёи тамаддуни форсии тоҷикӣ»  соли 1998 ба табъ расидааст муҳаққиқ дар бораи пайдоиши калимаи ғазал», аввалин маротиба дар абёти кадом шоирон истифода бурда шудани ин вожа маълумот дода, қайд намудааст, ки ин ишораҳо дар миёни осори Шаҳиди Балхӣ ва Рудакӣ ашъори нави ғазал, яъне тавсифи ҳусну ҷамоли маҳбуб, эҳсосоти гуворои ишқӣ, сӯзу гудози ошиқ ба забони ширину дилнишин сароидашуда ҷойи ба назар намоёнро ишғол мекарданд ва онҳо дар доираҳои адабии замони Сомониёну +азнавиён интишор ёфта, мавриди таваҷҷуҳи аҳли завқу адаби он замон қарор гирифта буданд. Шиблии Нуъмонӣ ,- менависад А.Алимардонов,- баъди омӯхтани осори адабии қарни X ва мероси боқимондаи Рӯдакӣ чунин изҳори ақида менамояд, ки ғазал дар он замон ҳанӯз шаклу ҳайсияти хос нагирифта буд ва ташбибу насиби қасидаро ифода менамуд.

  Дар ин гузориши мухтасар мо то ҷое, ки имконият дар даст доштем кӯшиш намудем, ки дар бораи тадқиқотҳое, ки устод А.Алимардонов оиди рӯзгор ва осори бузургтарин суханвари шарқ-Султони шоирони ҷаҳон -Абӯабдулло Рӯдакӣ навитаанд, муште аз хирвор ба хонандагону шунавандагони иззатманд ва дӯстдорони Рӯдакиву шеъри оламшумули ӯ пешкаш кунем. Воқеан ҳангоми мутолиаи осори илмии А.Алимардонов кас аз он муттаҳайир мегардад, ки устод дилбастагии аз ҳама бештар ба маъхазҳову сарчашмаҳои адабӣ доштаанд ва доираи ҷустуҷӯии вай дар ҳамин соҳа хеле васеъ буда мутолеаи зиёд доштаанд. Дар ин фиширда на ҳамаи он сарчашмаҳое, ки Алимардонов аз онҳо истифода намудаву онҳоро дар мақолоташ истифода бурдааст номбар шудаанд. Месазад, ки маҷмӯаи мақолоти пурраи А.Алимардонов то ҷашни 80-солагии зодрӯзаш аз тарфи Ааадемия илмҳо ба табъ расад. Осори илмии А.Алимардонов, хусусан мақолаҳои илмии ӯ,  як ганҷинаи бебаҳо ва дастурамали илмӣ барои наслҳои ояндаи олимони тоҷик хизмат карда метавонанд. Руҳаш шод бод!

                                                             Адабиёт:

  1. А. Алимардонов. Устод Айнӣ – нахустин Рӯдакишиноси советии тоҷик//Ахбороти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон. Шуъбаи фанҳои ҷамъиятӣ. Соли 1979. №4.-С.71; 76.
  2. А.Алимардонов. Маводи тоза доир ба маъхази «Калила ва Димна»-и Рӯдакӣ//Маҷаллаи «Садои Шарқ», №2, 1982.
  3. А.Алимардонов. Рӯдакӣ аз назари донишмандони Ҳинд//Ёдбуди Рӯдакӣ(Маҷмӯаи мақолаҳо). Душанбе, 1978. –С.73-82.
  4. Абулфазл бинни Муборак. Иёри Дониш. Нусхаи захираи дастнависҳои шарқии АИ Ҷ.Т. рақа и 1325, в.5.
  5. Амин Аҳмади Розӣ. «Ҳафт иқлим». Нусхаи Ганҷинаи дастнависҳои шарқии  АИ ҶТ. Рақами 661, в.416, 417.
  6. Воҷидалии Муҷмалӣ.Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъ-ул-фунун//Лакҳнав, 1920. –С.94.
  7. +уломалихони Озод. Хазонаи Омира.Конипур,1900. –С.230.
  8. Муҳаммад Афзали Сархуш. Калимот-уш-шуаро», тасҳеҳи Содиқоварии Диловарӣ, Лоҳур , 1942. –С.12.
  9. Муҳаммад Афзали Сархуш. Калимот-уш-шуаро», тасҳеҳи Содиқоварии Диловарӣ, Лоҳур , 1942. –С.12.
  10. С. Айнӣ. Намунаи адабиёти  тоҷик. Москва, 1926. –С. 8; 16.
  11. С.Нафисӣ Аҳвол ва ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҷ.3.-С.800/
  12. Файзии Даканӣ. Куллиёт. Нусхаи захираи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон, рақами 801, в. 57.
  13. Шерхони Лудӣ.Миръот-ул-хаёл. Нусхаи Ганҷинаи дастнависҳои шарқии АИ ҶТ. ,рақами 1996, варақи 16.
  14. Ҳусайналихони Азимободӣ. Наштари ишқ. Нусхаи китобхонаи А,А,Семёнов , рақами 259, варақи 270 аб.