Андешаҳо дар бораи Ҳаҷ

                     Саидхоҷа Ализода                     

Ҳамасола миллионҳо нафар мусулмонони дунё  барои адои Ҳаҷи фарзии ҳуд ба Арабистони Саудӣ мераванд. Барои ба ин ҳадаф расидан, онҳо ҳаматарафа ба ин сафари бисёр муҳим чандин сол омодаги дида ва пас ба сафар мебароянд. Банда низ солҳо орзуи онро доштам,  ки ба зиёрати Хонаи Ҳудо мушарраф гардам. Ин орзуи ман дар ҳамин мавсими гузаштаи Ҳаҷ ҷомаи амал пӯшид.Ман бо ҳамроҳии як гурӯҳи калони ҳоҷиён ба Арабистони Сауди парвоз намудам. Дар майдони ҳавоии шаҳри Ҷидда моро намояндагони Вазорати фарҳанг хуб истиқбол намуданд. Дар шаҳри Мадина мушкилоти манзил дар ҳамон рӯзҳо хело зиёд буд. Ҳукумати шаҳри Мадина барои мусулмонони кишварҳои мухталиф ҷой пайдо карда наметавонист. Ҳамаи меҳмонхонаҳо ба ҷуз меҳмонхонаҳои гаронқиммат банд буданд.Як гурӯҳи ҳоҷиёни парвози мо пофишорӣ намуданд, ки ҳатман бояд аввал ба Мадина раванд. Кор то ҷое расид, ки Вазири мӯҳтарами фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ аз Тоҷикистон кумак намуда,  гурӯҳи моро илоҷе карда ба Мадина равон карданд. Дар роҳ ҳадамоти махсуси хидматрасонии ҳуҷоҷ, барои мусофирон ғизоҳои хушк ва оби нӯшокӣ тавзеъ намуданд. Субҳ ба Мадина расидем ва моро муваққатан дар як меҳмонхонаи барҳавои зебо ҷой доданд. Меҳмонхонаи мо дар паҳлӯи Масҷиди Набавӣ воқеъ буд. Новобаста ба он, ки мо дар Мадинаи Мунаввара вақти ниҳоят каме дошта бошем ҳам, ба ҳар сурат барои мо имконияти хубе буд, ки дар ин масҷиди бузурги мусулмонони дунё чанд рӯзе дар тоату ибодат бошем. Ҳамзамон барои мо имконият даст дод, ки аз мавзеъҳои муҳими таърихӣ, монанди қабристони Бақиъ, шаҳидони Уҳуд, масҷиди Қубо ва дигар манотиқи муқаддаси шаҳри Мадина тавассути автобусҳо дидан намоем. Қариб дар бештари ин манотиқ ҳамроҳи мардум устод- Ҳоҷи Исмоил ҳамсафар буданд ва оид ба таърихи ин мавзеҳои муҳим барои мусулмонон  бо мардум сӯҳбатҳои муфид намуданд.

Ҳамлу нақл аз як ҷо ба ҷои дигар аз рӯи ҳисоби парвозҳо ва теъдоди мардуми дар як парвоз сафаркарда, сурат мегирифт.(Ҳар парвоз аз 360 нафар мусофир иборат буд).

Дар Арабистони Саудӣ тартибот ва қонун ҳеле ҷидди ба роҳ монда шудааст. Қаблан, пеш аз ҳар як ҳаракат аз як манзил ба манзили дигар мутобиқ ба ҷои нишаст дар автобусҳо, шиносномаҳо аз қайди навбати гузаронида мешаванд. Бояд тибқи муқаррароти Мактабаи кукало, ки муассисаи зертобеи Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ ба шумор меравад, ҳар гурӯҳ дар автобуси ба он ҷудокардашуда нишинанд.

Бесарусомонии тоҷикӣ ва бетаҳаммулии онҳо аз ҳамин лаҳзаҳо сар шуд. Аксари мардум касеро гӯш кардан ҳам намехостанд. Ба кадом автобусе, ки рост ояд савор мешуданд. Автобусҳо  дар он сурат ҳаракат мекунанд, ки мусофирон тибқи рӯйхати дар дасти ронандаҳо буда савор шуда бошанд. Ин бесарусомониҳое, ки мардум барои худашон барпо мекарданд, боиси он мегардид, ки вақти зиёд сарф мешуд ва аъмоли норавои онҳо боиси хастагии худашон мегардид.

Дар шаҳри Маккаи Мукарамма гурӯҳи моро дар меҳмонхонаи «Аброҷи Сироҷ», воқеъ дар ҳиёбони  Зам-Зам Кудай, ки аксари ҳуҷҷоҷи тоҷик дар он ҷой гирифта буданд, ҷой доданд. Ин меҳмонхона низ мисли меҳмонхонаи Мадина дар наздикии Ҳарам воқеъ буд. Ҳуҷраҳои он 4, 5 ва 10 нафарӣ буда, бо оби гарм ва хунук таъмин буда, дар ҳар як даҳлез оби ҳамешҷӯшидаистода мавҷуд буд.

Бештари мутасаддиёни меҳмонхона, аз ошпаз то хизматчиён забони дари- тоҷикиро хуб медонистанд ва барои мардуми тоҷик мушкилоти забонӣ умуман вуҷуд надошт. Гоҳ-гоҳе соҳибони меҳмонхона гила мекарданд, ки забони баъзе аз ҳуҷҷоҷро намефаҳманд. Бештари мардуми мо бо забони олудаи русӣ ва истилоҳоти туркию лаҳҷави ҳарф мезаданд, ки воқеан ба забони тоҷикӣ шабеҳ ҳам нест.

  Ғизо ҳар рӯз ду маротиба  ба меҳмонхона расонида мешуд ва тавассути роҳбаладҳо ба мардум тақсим мегардид. Агар нисфирӯзи хӯроки биринҷӣ мебуд, ҳатман бегоҳ шӯрбо, мастоба ё дигар намуди ғизои сабук дода мешуд. Дар баробари ғизои гарм мева, оби нӯшоки, шарбат, нон, панир, ҷурғот ва ғайра низ тақсим карда мешуд. Ҳамаи ин натиҷаи ғамҳори ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг буд. Барои ҳизмати ҳоҷиён дар ошёнаи аввали меҳмонхона утоқи пизишкон ҳамеша фаъолият дошт. Табибон ду се нафари рӯзона ва навбатдор шабона фаъолият мекарданд. Барои табобати муваққат дар назди утоқи табибон бистарҳои алоҳида низ мавҷуд буд. Бемороне, ки табобаташон дар меҳмонхона имконот надошт ба бемористонҳои шаҳри Макка аз ҷониби гурӯҳи кори интиқол дода мешуданд.

Ҳамчунон дар манзили аввали меҳмонхона «Шӯъбаи фатво» бо ҷалби шаҳсиятҳои маъруфи динии чумҳури доимо амал мекард ва ҳамеша барои мардум дастуру маслиҳатҳо аз ҷониби онҳо дода мешуд.

Дар назди ҳар як меҳмонхона автобусҳои маҳсус барои интиқоли ҳоҷиён аз меҳмонхонаҳо то Масҷиди Ҳарам ҳамеша дар ҳаракат буданд ва ронандаҳои онҳо низ дар меҳмонхонаҳо истиқомат доштанд ва ҳамеша дар ҳидмати ҳуҷҷоҷ буданд.

Мо дар Ҳарам бо ҳоҷиёни дигари тоҷик, ки аз тариқи ширкатҳои ҳусуси рафта буданд, ҳамсӯҳбат низ шуда будем. Ин мардум воқеан бо як бесарусомоҳои зиёд то Макка расида буданд. Онҳо қисса карданд, ки аксари ҳамроҳонашонро аз майдони ҳавоии Ҷидда пас гардониданд. Роҳбаладашон онҳоро фиреб додаву ҳамроҳашон  наомадааст ва маблағи ҳангуфт низ сарф карда буданд.

Қаблан аз тамоми ҳочиёни мӯҳтарами дар ҳамин мавсим ҳамроҳи мо буда, маъзарат меҳоҳам ва маҷбурам, ки барои бенҳбуди баъди ва баланд бардоштани обурӯи миллат оиди баъзе навоқисот ва мушкилоти зиёди ин сафар ибрози назар кунам.

Зиндагии ҳоҷиён дар меҳмонхонаҳо доимо бо ҳангома ва шӯру валвалаи зиёд мегузашт. Рӯздармиён лифтҳои меҳмонхона аз кор мебаромаданд ё худ мешикастанд ва ин доимо боиси нороҳатии аксарияти ҳоҷиён  мегардид.

Дар болои дарвозаи ҳар як лифт овезаҳои махсус бо хатти кириллӣ бо навиштаҷоти «Лифт барои истифодаи танҳо 4-5 нафар аст» часпонда шуда буд. Мутаасифона касе ин тартиботро риоя намекард ё умуман онро намехонданд. Дар ҳар лифт то 7-9 нафари зӯран дохил мешуданд. Ҳолатҳое буданд, ки лифтҳо дар байни ошёнаҳо аз кор мебаромаданд. Ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти лифт, ҳавокашҳои он низ аз фаъолият мемонданд. Як рӯз ман бо ҳамроҳи корманди гурӯҳи идорӣ дар ошёнаи якум шоҳиди он гардидем, ки бо баробари кушодашавии лифт ду се нафар мард ба замин афтиданд… Ин аҳвол то охири мавсими Ҳаҷ давом кард. Як идда ҳоҷиён тартиботро умуман риоя намекарданд. Мардумони ботамкину пурсабр, ки баъзе онҳо ҳело кӯҳансол ҳам буданд, мунтазир нашуда оҳиста- оҳиста дар зинаҳо боло ё поён мешуданд.

Ҳангомаи дигар ин рафту омади ҳоҷиён ба Масҷиди Ҳарам  буд. Аз ҷониби меҳмонхона фиристонидани мардум то андозае ба низом дароварда шуда буд. Навбатдорон ва кормандони Биъса (Идора мувақатии ҳадамоти ҳуҷҷоҷ, ки аз тарафи кормандони Вазорати фарҳанг фаъолият доштанд) як тарафи ҳаракатро ба танзим дароварда буданд. Автобусҳо зуд-зуд мардумро ба масҷид мерасониданд. Хусусан фосилаи байни Масҷиди Ҳарам ва меҳмонхона тақрибан якуним километрро ташкил медод. Пиёда рафтан 15 дақиқа вақтро мегирифт.

Аз ҷониби Масҷиди Ҳарам бештари мардум навбатдоронро итоат накарда, ба автобусҳо зӯран зада медаромаданд. Хусусан баъди намозҳои бомдод, пешин ва хуфтан аз баромадгоҳи Масҷиди Ҳарам, ки тавссути нақб ба самти меҳмонхона роҳ буд, «қиёмате» барпо мешуд. Дар дохили нақб гӯё фақат мардуми тоҷик буда бошанд.

Бояд тазаккур дод, ки назар ба маълумоти Оғои Нодир-раиси меҳмонхона, ҳамасола ин нақб танҳо ба 35 ҳазор ҳоҷиёнро ҳизмат мекрд. Дар ин сол бошад аз сабаби сохтмонҳои зиёд дар атрофии Масҷиди Ҳарам чанд нақби дигар баста шуда буданд. Нақби номбурдаро дар ин мавсим 350 ҳазор ҳоҷиён убур мекунанд.

Ҳангоми ворид ва ҳориҷ шудани онҳо аз нақб касе эҳсос намекард, ки чанд нафар дохил ва хориҷ гардид. Ҳама ба як тартитби махсус аз нуқтаҳои муқараргардида ба автобусҳои барои ҳоҷиёни ҳар як кишвар танзимшуда, менишастанд, ё аз онҳо поён мешуданд.

Иддаи бештари ҳоҷиёни мо бошанд, сабру тоқат надоштанд. Дар кадом мавзеи нақб, ки рост меомад, пеши роҳи автобусҳоро гирифта зуран дарҳои онҳоро кушода медаромаданд. Ба таъкиди ҳамарӯза нигоҳ накарда аз дарвозаи пеш, ки барои занҳо муқарар карда шуда буд, зада медаромаданд. Ронандаҳои мисрӣ (аксаран мисриён буданд) маҷбур ба хотири он, ки касе зери чарх намонад, автобусҳоро нигоҳ медоштанд. Барои мардумони мушоҳидакунанда, чунин вонамуд мешуд, ки мумкин танҳо ду се автобус бошаду ҳалос. Ҳангоме, ки автобусҳо бо парчами Тоҷикистон мегузаштанд, оина ва дарҳои он шикаста буда, доимо нимпӯшида мегузаштанд. Ҳатман дасту по ё борхалта ё каллаи касе аз дарвозаи автобус берун  овезон буд. Ин як манзараи ҳузноваре буд, ки аз назари ҳазорон мардуми ғайр пинҳон шуда наметавонист…

Дар шаҳри муқаддаси мусулмонони дунё сухани баланд, дашном ё лату кӯб қатъан манъ аст. Ин шаҳрро худованд макони амну амони хондааст ва интихоб намудааст. Дар чандин сураҳои Қуръони Маҷид ба ин мазмун ишора ва таъкид карда шудааст. Аз ин лиҳоз кормандони пулис, хадамоти махсус ва ғайра танҳо бо як ишора, ки нуги  ангуштонашонро ба ҳам ҷавс намуда, ишора мекунанд ва мафҳуми сабрро дорад, ё баъзан нимовоз «сабр» мегӯянд. Аммо сабру таҳаммули мо дар куҷо? Аксар мекӯшиданд, ки ҳатман дар ду се автобуси аввал расида, бо кадом роҳе, ки набошад савор шаванд. Саворшавии онҳоро дида, беихтиёр солҳои даврони шӯрави ва автобуси рақами 66, ки бо самти Душанбе-Орҷоникидзеобод ҳаракат мекард, пеши назар меомад. Мардуми бумӣ ва дигар ҳоҷиён ҳайрон-ҳайрон ба ин манзараи ҳузновар нигоҳ мекарданд. Аз ҳамон маҳал садҳо ҳазор мусулмонони турку ҳиндуву покистониву афғонистониҳо ва молейзиягиҳо ва ғайраҳо бидуни доду вовайло ва дар хати сайри автобусҳо задани хеш, оромона ва бо як тартиботи хоса нишаста мерафтанд. Баъд аз 15-20 дақиқа нақб аз ҳочиёни мо холӣ мешуду автобуҳо паи ҳам қатор омада, бо ду-се нафар ҳоҷиёни дермонда ба меҳмонхона бармегаштанд.

На ҳамаи ҳоҷиён ба Масҷиди Ҳарам барои тоату ибодат мерафтанд. Тақрибан 30 фисади онҳо дар таҳҳонаи меҳмонхона намозҳои худро адо мекарданд. Ҳар баҳонаро пеш меоварданд. 

Як нуктаи бисёр ҳассос ва муҳими дигарро мехостам таъкид намоям. Шояд ба нафароне, ки солиёни баъдӣ азми сафари Ҳаҷ доранд маълум гардад, ки бояд обро дар он кишвар сарфакорона истифода баранд. Тамоми оби дар ин шаҳр истифода мешуда тавассути мошинҳои калон аз хориҷи шаҳр кашонида мешавад. Агар аз роҳе, ки ин мошинҳо убур мекунанд гузарӣ, ба чашм сар хоҳи дид, дар 4-5 км, қатораи мошинҳои обкаш ба ҷониби шаҳри Мака ҳаракат доранд ва он вақт шояд ба қадри обу обкашҳои он расида тавонем. Аксари мардуми азизи мо дар меҳмонхонаҳои худ гӯё, ки дар Тоҷикистон бошанд як ду соат оббозӣ намуда, баъд аз фориғ гаштан ҳам ҷумакҳои обравро маҳкам намекарданд. Ду-се дафъа ба мушкилоти нарасидани об рӯ ба рӯ  шуда бошем ҳам, ин аз беэътиноии худи мардуми мо  буд.

Рӯзи 8-уми зулҳиҷҷа, ҳангоми ҳаракат ба сӯи Мино бесарусомониҳои зиёде шуд. Новобаста ба он, ки гурӯҳи 20 нафараи роҳбаладон  ду рӯз дар Мино хаймаҳоро тибқи гурӯҳҳо ва парвозҳои тақсим намуда бошанд ҳам, касе низомро риоя намекард ва ба Мино расидан баробар гурӯҳҳое, ки роҳбаладҳои собиқадори маъруф доштанд, худсарона хаймаҳоро тасарруф намуданд. Бенизомии нахуст дар Мино аз ҳамин сар зад. Ҳангоми тақсими хӯроки хушк бенизоми дида шуд. Навбатро касе риоя намекард. Дар байни хаймаҳои ҳоҷиёни дигар мамолик касеро намедиди, аммо дар роҳравҳои хаймаҳои тоҷикистониён гӯё дар байни растаҳои танги бозори «Корвон» бошӣ. Мардумони дигар дар тоату ибодат ва зикр машғул буданд… Рӯзи нӯҳуми зулҳиҷҷа ба ҷониби дашти Арафот ҳаракат намудем. Рафтан ба Арафот низ мисли омадан ба Мино буд. Арафот фазилате дорад, ки ҳар як мусалмон ҳар лаҳзаи вақтро ғанимат шумурда, онро дар тоату ибодат гузаронад. Аммо мутаасифона на ҳамаи ҳоҷиёни мо аз ин лаҳзаи мубораку қиммат истифода бурда тавонистанд. Дар аксари хаймаҳо ҳоҷиёни тоҷик танҳо хоб рафтанд ё худ  ғизо хӯрданд. Ғизо беҳад зиёд буд. Пеш аз намози шом ҳаракат ба сӯи Муздалифа оғоз гардид. Арафот ҳам мисли Мино ба минтақаҳои махсус тақсимбанди шудааст. Минтақаи мо рақами 32 буд. Интиқоли ҳоҷиён аз  соати 5-и бегоҳ  сар шуд. Тибқи нақшаи пешакӣ мебоист мардум гурӯҳ –гурӯҳ баромада ба сӯи Муздалифа ҳаракат кунанд. Аммо ҳайҳот, ки касе ба ҳамаи таъкиду огоҳии пешаки эътиборе надода, зану мард худро ба сари роҳи мошингарди калон заданд. Дар ин водӣ бештар аз  шаш миллион ҳоҷиён буданд. Минтақаи 32 се дарвозаи баромад дошт. Бо як мушкилот қисме аз ҳоҷиёнро дохили минтақа намудем, масъулини ҳадамоти кишвари Саъудӣ дарвозаҳоро бастанд. Онҳо бо исрор тақозо доштанд, ки мардум ба сари роҳи мошингард набарояд. Дар ин рӯз ҳазорон адад автобусҳо ҳаракат мекарданд. Хадамоти амниятии ин кишвар дар ҳамаи манотиқ фаъолият дошта, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳаводиси нохӯш бисёр талош доштанд. Чанд маротиб омада таъкид намуданд, барои мо бефоида буд. Ҳатто онҳо ин бесарусомониҳоро сабти видиёи низ намуданд.

Аксари ҳоҷиёни мо барои як рӯз борхалтаву анҷоми зиёде ҳамроҳ гирифта буданд. Ҳаракати ба сӯи Муздалифаи мардумро дида, кас гумон мебурд, ки онҳо ба ягон зиёфати бузурге шитоб дошта бошанд. Гумон мекунам, ки бештари мардуми дар Арафот ба пардохти ҷарима муртакиб гаштанд. Инро ҳавола ба виҷдони ҳуди онҳо мекунем.Танҳо як ҳодисаро мехостам таъкид намоям, ки тибқи муқарарот ва маносики Ҳаҷ дар Арафот бояд ягон шохчаи дарахте нашиканад. Мутаассифона мо дарвозаи оҳанинро дар он ҷой бо пояҳояш  шикастем…

Бояд таззакур дод, ки воқеан барои кормандони масъул бисёр мушкил буд. Дар назди дарвоза бо як мушкилот пеши роҳи издиҳомро баста, кӯшидем, то ҳоҷиёнро бо навбат фиристем. Баъзе гурӯҳҳо 4-5 соат дар пеши дарвоза ва сари роҳ нишаста зӯр мезаданд, ки тезтар ба роҳ бароянд. Ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт дар ин рӯз ҳеле мушкил буд. Гурӯҳҳое буданд, ки дар хаймаҳои худ, дар тоату ибодат машғул шуда ва қисме истироҳат доштанд.

Дар рӯ ба рӯи мо минтақаи туркҳо буд. Аз 160 ҳазор нафар ҳоҷиёни турк, назди дарвоза ба ҷуз 5-6 нафар касе ба назар намерасид…

Чунин рафтори номатлубу ҳузновари тоҷикӣ дар ҳамаи мавридҳо давом дошт. Мо сабру тоқати мардумро, ба ҷуз қисми ақаллияте мушоҳида карда натавонистем.

Вақти баргаштан ба Тоҷикистон дар майдони ҳавои бенизомию бесарусомонӣ дучанд буд. Хайрият, ки  ҳар парвоз дар рӯзҳои алоҳида сурат мегирифт вагарна чӣ қиёмате дар майдони ҳавоии Ҷидда мешуд. Аз чи сабабе намояндаи Тоҷикистон дар вақти кашидани бор саҳме дар майдони ҳавоӣ надоштанд ва ба ивази бори зиёдатӣ аз ҳар кг қимати ҳангуфт аз ҳоҷиён ситониданд, ки ба муқарароти байналмилалӣ ба ҳеҷ ваҷҳ рост намеомад. Дигар ҳочиёни муҳтарами мо низомро умуман риоя накарданд ва ҳама якбора худро ба сари тарозу кашиданд, гӯё тайёра мепарида бошаду  онҳо расида наметавонанд…

 Ин мавсими Ҳаҷ ҳаматарафа мусоид ва аз ҳар лиҳоз хуб буд. Боду ҳаво ҳам на чандон тафсон буд.  Як қисми ҳоҷиёни муҳтарам ба бемориҳои роҳи нафас мубтало гаштанд, ки ин ҳам натаҷаи беэҳтиёти худи онҳо буд. Шаб то рӯз коденсионерҳо ва бодбезакҳо кор мекарданд. Ин албатта ба сиҳатии онҳо музир буд.

Ин аввалин сафари ман буд ва мушоҳидаҳои зиёде намудам. Аз ибрози бисёр лаҳзаҳои номатлуби дигар худдори намудам. Ҳангоми сӯҳбат бо ҳоҷиёне, ки қабл аз мо рафта буданд маълум шуд, ки ин амалҳои аҷибу ғариби  ҳуҷҷоҷи тоҷик солиёни пешин низ ба ҳамин минвол будааст. Дар ҳар як мавсими Ҳаҷ намояндагони воситаҳои иттилоот сафар мекунанд, чаро то имрӯз коре, ки ба манфиати умум ва обурӯи миллат аст накарданд. Ҳатман бурду бохти ҳар як сафар мавриди таҳлил ва барраси бояд қарор мегирифт ва дар роҳи ислоҳи баъдии он чораҷӯи карда мешуд. Ин кори тамоми ҷомеаи имрӯз аст.

 Саволе ба миён меояд, ки чаро мо ба ин сатҳи пасти маънави рафта расидаем? Айб дар чист? Роҳи ислоҳи он чи тавр аст? Ва дигар саволҳо…

Ба назари ман пеш аз ҳама ҷомеаи беморро бояд дар аввал табобат намуд. Мардумро ҳатман аз адои маносики Ҳаҷ таълим дода, пеш аз сафар аз онҳо санҷиш гирифта шавад. Ин тартиб дар аксари кишварҳо ҷорист. Барои ин як барномаи мушаххас таҳия карда шавад. Дар ин барнома на танҳо дар бораи адои маросими Ҳаҷ ва маносику воҷиботи он, балки оддитарин рафтору кирдорро дар мамолики хориҷ омӯзонида шавад. Ҳар як фард намояндаи миллат ва кишвари худ мебошад. Бояд ба он ҷавобгӯ бошад. Як ду соате, ки дар муфтиёт ба таври умумӣ ба иддаи кассире аз ҳоҷиён сӯҳбат гузаронида мешавад, кофӣ нест. Аз он сӯҳбатҳо ҳам чизеро намефаҳманд.

 Беҳтар мебуд, ки ҳамаи ин чорабиниҳо аз тариқи кормандони масъули Вазорати фарҳанг ва раёсати дини он амалӣ гардад. Курсҳои махсус доир карда шавад. Пас аз супоридани санҷиш ба сафар иҷозат дода шавад. Ин тартибот дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҷорӣ карда шудааст ва пас аз гирифтани сертификат рухсат дода мешавад. Пеш аз ҳама одобу рафтори ҳешро бояд дигар созем. Вагарна рафтори ногувори мо ҳамеша боиси ҳиҷолати миллат мегардад. Эҳтироми байни ҳамдигарро азиз дорем. Дар мулки ғайр мафҳуми «Ман» ё «Мо» набояд бошад. Чандин бор баъзе ҳоҷиёни камандеши мо ба ин мазмунҳо доимо таъкид мекарданд. Ҳамаи мо як миллатем ва мусалмон. Дигар мафҳум бояд абадан аз лавҳи хотири ҳар як фарди тоҷик фаромуш гардад, вагарна мо ба ҳадаф расид наметавонем.

Дигар андешаи ман оиди роҳбаладҳост. На ҳамои онҳо сидқан вазифаи ҳудро  аз рӯйи виҷдон иҷро мекунанд. Мардуми ба онҳо вобастабуда, доимо сарсону саргардонанд.

Ман аминам, ки бештари ҳоҷиёне, ки ҳамсафари мо буданд аз ин андешаҳои ман нахоҳанд ранҷид ва шояд дар баъзе маврид ман нодуруст андеша ронда бошам. Ин танҳо назари шахсии як нафар аст ва он ҳам ба он хотир аст, ки тоҷику ҷомеаи тоҷикиро намехоҳам ба ин минвол бубинам,  ё аз касе дар борааш шунавам, мехоҳам, ки дар оянда дар ҳама ҷо тоҷику тоҷикистонӣ аз дигарон бо ахлоқи ҳамидаю рафтори нек ҳамеша фарқ кунанд. Аввал ҳамдигарро эҳтиром кунанд ва миллатро дар чашми дигарон паст нишон надиҳанд.

 Дар сурате, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ва хусусан Призиденти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон тамоми имконотро барои мову шумо фароҳам овардаанд. Дар ҳама гӯшаву канори кишвар масҷиду мадорис обод аст. Ҳама имкони таълим гирифтанро доранд. Беҳтарин сарчашмаҳои илмии дини мубини ислом ба хати кирилӣ ба табъ расида истодаанд. Китоби муқаддаси мусулмонон Қуръони Маҷид  бо теъдоди зиёд ба нашр расид ва ғайра. Мо бояд ҳамавақт ба ҳамаи ин ғамхориҳоро посухи нек дода тавонем. Чандин сӯҳбатҳо бо мусулмонони кишварҳои мухталиф доштем, аксари эшон роҳбари кишвари моро барои тамоми таваҷчӯҳу ғамхориҳояш дар ҳаққи дини мубини Ислом ва мазҳаби Ҳанафия сипосгузорӣ намуда, дуои нек намуданд. Онҳо ғоибан як муҳаббати бепоён нисбат ба кишвару раҳбари мо доранд.

Имрӯз ҳар як мо бояд бар он кӯшем, ки минбаъд дар ободу солим гардонидани ҷомеаи худ бикӯшем.

Боварӣ дорам, ки минбаъд ҳар як фарде, ки дар пеш сафари Ҳаҷро доранд аз ин андешаҳо хулосаи заруриро барои худаш ҳоҳанд баровард. Ё фарзандоне, ки волидайни худро фиристонидан мехоҳанд, оё мутмаин ҳастанд, ки онҳо пурра ба ин сафар омода ҳастанд, ё танҳо барои ном рафтан меҳоҳанд? Оё ин рукни муҳими исломро пурра иҷро мекунанд ё не? Оё онҳо метавонанд, ки намозҳои ҳудро дар масоҷиди муқаддас гузоранд? На ин ки дар таҳхонаҳои меҳмонхонаҳо. Дар сурати омода набудан ба ин сафар беҳтар аст, ки аз сафари Ҳаҷ худдори намоянд. Ба ном Ҳоҷӣ будан ва дар асл ба он пурра мушарраф нагаштан ва чандин қарзи дигар дар гардан баргаштан чи маъно дорад?

Бародарони азизу мусулмон! Худованд аз байни миллионҳо нафар мусулмонон шуморо барои зиёрати хонаи муборакаш интихоб мекунад. Ва табиист, ки ин сафар бидуни ранҷ ва масрафи мол ва дури аз аҳли байту наздикон сурат мегирад ва он ҳамаи ин  ба хотири адои фарзии Ҳаҷ аст, ки рафта аз гуноҳҳо пок шавӣ. Рафтору амали ту низ бояд ба ин ҷавобгӯ бошад.

Ҳар як мусалмон бояд ба якдигар лутфу марҳамати хос дошта бошад. Чи тавре, ки Набии Акрам Муҳаммад(с) дар ҳадисаш мефармояд: «муминон дар дӯсти ва мурувват ва тарраҳум ба ҳамдигар монанди як пайкаранд, ки узве аз он ба дард ояд дигар узвҳоро ба дард ҳоҳад овард»(Саҳеҳи Буҳори5/72, саҳеҳи Муслим 2585).

Худованд ҳар як бандаи боимони худро тавфиқ ва барори кору зиндагӣ ато фармояд, то эшон низ ба зиёрати хонааш мушарраф гарданд ва ба касоне, ки ин насибашон мегардад, бикӯшанд то он холигиҳои маънавиву аҳлоқие, ки ҳуҷҷоҷи пешини тоҷик доштанд дар  ислоҳи он бикушанд.

Бояд тазаккур дод, ки теъдоди зиёди мардуми мо меҳоҳанд, ки рафта ҳаҷи фарзии ҳудро адо намоянд, аммо кишвари Саудӣ барои тоҷикистониён маҳз ба хотири он, ки дар мавсимҳои ҳамасолаи Ҳаҷ тоҷикон аз ҳама бештар ба бенизомиҳо роҳ медиҳанд ва мушкилоти зиёде барои онҳо меоранд.

 Дар охирсухан бори дигар ба  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг барои ғамхорӣ ва имконоти хуби фароҳам овардаашон дар ин мавсим арзи сипос намуда, умед бар он дорам, ки минбаъд ҳамаи мардум дар иртибот ба ин норасоиҳои маънавии ҷомеаи имрӯзаи мо бо мақомоти давлати ҳамкорӣ намуда, шахсиятҳоеро интихоб намуда фиристонанд, ки номбардори миллат ва давлат буда, бо аҳлоқи ҳамидаву намунавии худ дар он диёр, дар байни милионҳо ҳуҷҷоҷи дигар фарқ дошта бошанд. Ба номи мубораки Ҳоҷӣ ҳаматарафа мушарраф гарданд.  Ин назари шахсии танҳо худам мебошад, ки кишвару миллату худро хеле дӯст медорам ва намехоҳам, ки минбаъд, мардуми тоҷикро  дар чунин минвол бинам. Мумкин аксарияти ҳамроҳони ман ба андешаҳои ман назари мухолиф дошта бошанд. Ихтиёр доранд. Шояд дар баъзе маврид ман нодуруст андеша ронда бошам. Ман он чиро, ки мушоҳида намудам ба истисно ибрози назар кардам. Умедворам, ки мардумони баъдӣ барои худ хулосаи дурусте ҳоҳанд баровард.

            

  14 июни соли 2009