Андешаҳо перомуни китоби «Сездаҳ мақола»

Алии Муҳаммадии Хуросонӣ

 

         Узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими хидматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  ӯзбекистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, зиндаёд Абдулғанӣ Муҳаммадович Мирзоев (22.11.1908 – 16.08.1976) аз чеҳраҳои тобони адабу фарҳанги кишвар буда, дар баробари фаъолияти зиёди ташкилотчигию сарварӣ ва ҷамоатчигию рӯзноманигорӣ, ҳамзамон аз саршиносони забоншиносию адабиётшиносии тоҷик ба шумор мерафт. Мавсуф дар рушди адабу фарҳангамон саҳми назаррас гузоштаасту заҳамоти бесобиқа ва мутааддиди вай имрӯз во доштаанд, ки мо – баъдинагони идомадиҳандаи кору пайкори ӯ аз 110-соалгии милоди ӯ ёдовар шавем, хотираҳои гӯё фаромӯшшудаи гузаштаи наздикамонро бедор намоем ва бад-ин васила батакрор аз сабақҳои хубу арзишманди таърих ва фарзандони барӯманди он баҳраҳои судманд бардорему тавониста бошем ин поя мардонро имрӯзу фардоҳо азиз дорем.

         Бояд гуфт, ки дар бораи фаъолиятҳои илмии ин абармарди бахши суханшиносии тоҷик ҳанӯз дар замони дар қайди ҳаёт буданаш мақолаҳои ҷолибе навишта шуда, баъди фавташ аввалин шуда адабиётшиноси мумтози тоҷик, профессор Аълохон Афсаҳзод рисолаи бисёрсаҳифаи фарогири рӯзгору осори ӯро бо номи «Академик Абдулғанӣ Мирзоев»[1]  навиштаву интишор дода буд, ки ҳанӯз ҳам дорои аҳаммияти вижа мебошад.

         Устод Аълохон Афсаҳзод ҳадифи навиштани рисолаашро дар муқаддимаи он ин тавр иброз доштааст: «Бо мақсади барқарор намудани роҳи зиндагӣ, фаъолияти меҳнатӣ, сайри фикрӣ ва ниҳоят, симои илмии устод А. Мирзоев на фақат тамоми осори чопию номатбӯъ ва архиви (бойгони) шахсии ӯро омӯхта, ҳуҷҷатҳои расмиро аз назар гузаронидем, балки ёддоштҳои чанде аз рафиқону ҳамкорони дерини ӯро низ ҷамъ овардем. Ҳуҷҷатҳои расмӣ ибтидоию  интиҳо ва ё натиҷаи ин ё он санаи зиндагии олимро нишон медиҳанд. Ёддошту ҳикояҳои ҳамкорону шогирдони Мирзоев бештар ба давраҳои охири ҳаёташ тааллуқ доштанд. Баъзе хотираҳои ба давраи таҳсили ӯ дар Ленинград низ дастрас шуд. Вале ҳамаи он нокифоя буд. Зарур донистем ба зодгоҳи олим – деҳаи Варганза ва Бухоро, ки бисёр хешу таборашон он ҷо зиндагӣ мекунанд, сафарҳо намоем».[2]

         Инҷониб моҳи январи соли 1987 дар шаҳри Санкт-Петербург дар суҳбати ду тан аз шарқшиноси маъруфи ленинградӣ; М.Н. Боголюбов ва А.Н. Болдирев сифати нотакрори он навиштаи шодравон Аълохон Афсаҳзодро чун шогирд шунида сарам ба осмон расида буд. Аз ҷумла, профессор А.Н. Болдирев ба ман ишора намуда гуфта буданд, ки баъди даргузашти дӯстам Абдулғани Мирзоев ба худ андешидам, ки дар бораи ин шарқшиноси устод кӣ китобе менавишта бошад? Ва филфавр Аълохон ба ёдам омаду хашбахтона баъдтар китобаш ба дастам расид. Хеле хуб навиштааст. Ин ишора ба он маъност, ки минбаъд ҳам ҳамкасбону шогирдон, наздикону пайвандон ва иродатмандон мавсуф дар бораи рӯзгори сипаришуда ва заҳмати гуногунпаҳлуи илмии ӯ зиёд нигоштаву интишор додаанду умедворем ин раванди матлуб идома хоҳад ёфт, зеро ҳанӯз баъзе паҳлуҳои рӯзгору осори ин шахси умри кӯтоҳ, вале бобаракатдида  торик мондааст. Аз ҷумла, ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 машғулиятҳои илмӣ ва омӯзгории А. Мирзоевро муваққатан боз медорад. Вай 10 декабри соли 1942 бо роҳи дипломатӣ ба сифати  референти сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ ба Теҳрон фиристода мешавад ва то моҳи августи соли 1944  дар он ҷо мемонад. Дар бораи дар сафоратхонаи фавқуззикр фаъолият намудани А. Мирзоев ва норавшан мондани ҳолномаи ӯ дар ин муддат дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» барҳақ чунин омадааст: «Аз тарҷумаи ҳоли донишманд бармеояд, ки ӯ солҳои 1942-1944 корманди масъули Сафоратхонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Эрон будааст. Шояд имрӯз на ҳама дар хотир дошта бошанд, ки соли 1943 диққати тамоми ҷаҳониён ба Теҳрон нигаронида шуда буд, чунки маҳз дар ҳамин шаҳр бузургтарин воқеаи он даврон – вохӯрии роҳбарони сегонаи бузург – Сталин, Рузвелт ва Черчил сурат гирифт. Ин вохӯрӣ ба рафти ҷанг гардиши куллӣ ворид сохт. Эҳтимоли қавист, ки А. Мирзоев дар қатори дигар кормандони Сафоратхона дар таҳияи ҳуҷҷатҳои вохӯрии тақдирсоз саҳм дошта бошад. Мутаассифона, ин паҳлуи фаъолияти А. Мирзоев ҳанӯз комилан мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаву норавшан боқӣ мондааст».[3]  Ҳатто дар китоби А. Афсаҳзод дар ин бора ишорае ҳам нест.

         Минбаъд А. Мирзоев то охири умр ҳастӣ ва дониши фарохи суханшиносии худро ба илм ва омӯзишу пажӯҳиш бахшида, осори мутааддиди илмӣ навиштааст, ки дар баробари монографияҳои илмии ӯ «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» (1947), «Мулҳами Бухороӣ» (1948), «Биноӣ» (1957), «Абӯ Абдулло Рӯдакӣ» (1958), рисолаи «Ҳикояҳо оид ба Ибни Сино ва шахсияти ӯ» (1953) ва ғайра метавон китоби маҷмӯаи мақолаҳояшро бо номи «Сездаҳ мақола»[4] ёдовар шуд. Бояд гуфт, ки ин китоб мутобиқ ба номаш аз 13 мақолаи дар солҳои гуногуни ҳаёт навиштаи зиндаёд ибрат буда, ин мақолаҳо ба умдатарин масъалаҳои адабиёт асрҳои X-XV форсии тоҷикӣ бахшида шудаанд. Ба андешаи худи муаллиф дар пешгуфтори китоб «Ин маҷмӯа, ки шартан «Сездаҳ мақола» номида шудааст, ду рисола ва 11 мақолаи нависандаи ин сатрҳоро дар бар мегирад.»[5]

         Ду рисолае, ки А. Мирзоев дар ин китоб дар назар дорад, аз «Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои X-XV» ва «Ҳикояҳо дар бораи Ибни Сино ва шахсияти ӯ» мебошанд. Дар рисолаи аввали китоби «Сездаҳ мақола» муаллиф доир ба ташаккул ва таҳаввули ғазал дар адабиёти навини форсии тоҷикӣ, ки ибтидо аз асрҳои lX-X мегирад, то асри XV-и адабиёт мулоҳизаронӣ намуда, дар заминаи маъхазҳои боэътимод бовар бар он дорад, ки ҳанӯз дар ашъори Одамушшуаро Рӯдакӣ таҳдоби жанри ғазал гузошта шуда буд. Ин муҳаққиқи дақиқназар барои таъйиди андешаҳои худ аз Рӯдакишиносони Шарқу Ғарб, монанди Ҳерман Эте, Шарлз Шефер, Чарлз Пиккеринг, Эдуард Браун, А. Кримский, О.В. Вильямс,  Реубен Леви, Шиблии Нуъмонӣ, Саъид Нафисӣ, Парвизи Хонларӣ, Забеҳуллоҳи Сафо, Ризозода Шафақ, Е.Э. Бертельс, Садриддин Айнӣ, И.С. Брагинский ёд намуда, эшонро ба ду гурӯҳ тақсим менамояд ва менависад: «Аз соли 1873 сар карда то соли 1923 муаллифоне, ки дар бораи назми асри Х сухан рондаанд, ғазалро дар қатори дигар шаклҳои назми давраи класикӣ, асосан, ҳамчун як шакли мустақили назм тасаввур кардаанд. Аз соли 1924 сар карда равияи тоза-роҳи ба асли мавзӯъ ба тарзи дигар наздик шудан пайдо мешавад, яъне ақидае ба миён меояд, ки пайравони он мурод аз кор фармуда шудани  калимаи ғазал дар асри X як шакли хоси назмро надониста, фақат насиби тағаззуломези қасидаро мешумориданд.»[6] 

         Пас аз ин А. Мирзоев саволҳо пеш мегузорад, ки «Ҳақиқати масъала чист? Ҳоло мо кадом яке аз ин ду фикри муқобилро қабул карда метавонем?»[7]   Муаллифи рисола барои он ки ба ин саволҳои худ ҷавоб ёбад ва моро бовар кунонад, ки шакли ғазал ба адабиёти мо дар асри Х ворид гардидааст, ҷустуҷӯро ба таври амиқ ва бо шавоҳиди дақиқ идома дода, шакли ғазалро на рӯйида аз шохаи тағаззули қасида медонад, балки дар мисоли ашъори устод Рӯдакӣ таъйид дорад, ки жанри ғазал дар аҳди Сомониён шакл гирифтааст. Мисоли басандаи ӯ ҳамоно санъати мусиқиро хуб донистани Рӯдакӣ ва ҳиссиёти ишқӣ дар ҷомаи аз ғазал аст, ки бо мусиқӣ тавмаъ омада буд.

         А. Мирзоев дар рисола баъди ин андешаҳои бодалел кӯшиш намудааст, ки таҳаввули шакли ғазалро то асри XV ба таври мушаххас ба риштаи таҳқиқ кашад, фарозу фуруди онро то асри XV нишон диҳад ва бо боварии комил ин хулосаро пеш гузорад, ки дар асри XV «…. назар ба намояндагони дигар  шаклҳои назм хеле зиёд будани миқдори шоирони ғазалсаро ва аз тамоми устодони машҳури гузаштаи ин шакли назм бештар ғазал сароидани Абдурраҳмони Ҷомӣ далели дигари дар асри XV ба тамоми шиддат давом кардани шавқу рағбати ғазалсароӣ мебошад.»[8]

         Ҳамин тариқа зимни офаридаҳои Рӯдакӣ хулосаи муаллифи рисолаи «Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои  X-XV» он аст, ки зиёда аз он ки бо аввалин ғазалҳоро сурудан Одамушшуаро ба ғазалсароёни минбаъдаи адабиёти форси тоҷикӣ таъсири амиқ гузошта буд, ҳамзамон мавзӯи эҷодиёти ӯ ба ғазалҳои офаридаи ғазалсароёни баъдина бетаъсир набудааст. Ин рисолаи А. Мирзоев сармашқи корҳои зиёди илмӣ-тадқиқоти оид ба жанри ғазал ва ташаккулу таҳаввули он дар адабиёти форситаборон гардидааст, ки намунаи аршадаш  китоби шарқшиноси рус Л. Рейснер «Эволюция классической газели на фарси X-XV вв.» мебошад.

         Рисолаи «Ҳикояҳо оид ба Ибни Сино ва шахсияти ӯ» аз фаслҳои «Хизмат ва шуҳарти Ибни Сино», «Ибни Сино дар осори дигарон», «Ибни Сино дар «Бадоеъ-ул – вақоеъ»-и Восифӣ», «Тарҷумаи ҳоли аслии Абӯалӣ ибни Сино» ва «Мулоҳиза ва хулосаҳо» иборат буда, тақрибан сад саҳифаи маҷмӯаро фаро гирифтааст.

         Дар рисола аввалан мухтасару мушаххас дар бораи осори зиқимати бамеросмондаи Ибни Сино ва шуҳрати вай дар Шарқ сухан рафтааст. Ва аз ин ҷост, ки минбаъд доир ба Ибни Сино дар байни мардуми Шарқ, бахусус Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Шимолии Ҳиндустон, халқияту қабилаҳои туркзабон афсонаву ҳикоятҳои зиёде ба вуҷуд омадаву паҳн гардидаанд. Ба андешаи муаллифи рисола дар баробари душвор будани ҷамъоварии ҳамаи онҳо он ҳикояту ривоятҳо ва афсонаҳо якранг набуда, сиҳҳати онҳоро аз сабқаташон низ ҷудо кардан заҳмати гаронро мехоҳад.

         А. Мирзоев на танҳо таваҷҷуҳ ба афсонаву ҳикоятҳои ба дастовардааш менамояд ва дарёфтҳояшро ба риштаи таҳлил мекашад, балки бо осори илмию бадеии ба Ибни Сино бахшида, ки бештар аз ҳақиқати ҳолу  аҳвол ва осори ӯ дуранд, таваҷҷуҳи амиқ равона намудааст.  Масалан,  муаллифи рисола асари нависандаи турк Зиёуддин ибни Сайидяҳё «Ганҷи ҳикмат»-ро, ки соли 1873 дар Истамбул ба нашр расида буд, бодиққат мутоила намуда, аввалан онро «романи авантюристӣ» (саҳ.64) мехонад ва сониян аз пайи ҷустуҷӯи мазмуни  асли он мешавад. Натиҷаи муаллифи рисола он, ки маъхази «Ганҷи ҳикмат» аз байни мардуми Осиёи Миёна, бахусус мардуми водии Зарафшон, ба мардуми туркинажод гузошта, мояи ин асар гардидааст.

         Асари дигаре, ки дар он бештар А. Мирзоев дар боби рӯзгору осори Ибни Сино диққат равона намудааст,  ин китоби ёддошти Зайниддин Маҳмуди Восифӣ «Бадоеъу-л- вақоеъ»  мебошад. Мусаннифи рисола ҳикояву афсонаҳои дар «Бадоеъу-л-вақоеъ» ба Ибни Сино бахшидаро ба се гурӯҳ: 1. Ҳикояҳои афсонавӣ доир ба хонавода ва давраи кӯдакии Ибни Сино; 2. Ҳикояҳои афсонавӣ оид ба гуфтугӯйи Ибни Сино бо амир Сомонӣ ва; 3. Ҳикояҳои афсонавӣ доир ба илму дониш, фазлу камол ва корнамоиҳои илмии Ибни Сино тақсим намуда, кӯшида, ки маъхазҳои халқии истифодакардаҳои Восифиро муайян ва хулосаҳои худро ба аҳли илм пешкаш намояд.

         А. Мирзоев дар фасли чаҳоруми рисола  дар заминаи ишораҳои шаҳриҳолии худи Ибни Сино ва навиштаҳои шогирдаш Абдулвоҳиди Ҷузҷонӣ тарҷумаи ҳоли аслии Абӯалӣ ибни Синоро барқарор намояд,  ки он минбаъд барои Синошиносони ватанӣ ва хориҷӣ бетаъсир намондааст.

         Ин муҳаққиқи дақиқназар дар мақолаҳои минбаъдаи китоб ба масъалаҳои матраҳмекардаи худ аз далелҳои шоеъ кор гирифта, хулосаҳои солим дорад. Масалан, вай дар мақолаи «Боз як нусхаи қалбакии ашъори Рӯдакӣ» (саҳ. 141-153) дар бораи нусхаи қаламии рақами 322 бо унвони «Маҷмӯаи шуаро», ки дар ганҷинаи дастхатҳои шарқии китобхонаи Давлатии оммавии ба номи М. Е. Салтыков Щедрини шаҳри Санкт-Петербург маҳфуз аст, бо баҳсҳои илмӣ оростан бо шарқшиносон Денисон Розз, Ризоқулихони Ҳидоят, Саъид Нафисӣ таъйид менамояд, ки ашъори дар ин маҷмӯаи шеърҳо ҷойдошта маҳсули эҷоди устод Рӯдакӣ набуда, баръакс осори Қатрони Табрезӣ мебошанду ба номи Одамушшуаро баста шудаанд. Ҳамин «Маҷмӯаи шуаро» дар ниҳоят  боиси дар шибҳкораи Ҳинд сохта шудани нусхаи қалбакии ашъори Рӯдакӣ гардид, ки баъди пайдо шудани он чанд муддат Рӯдакишиносонро саргардон намудааст. Зеро он чи дар маҷмӯаи баҳси А. Мирзоев ба номи Рӯдакӣ забту сабт шудааст, байте дар заҳмати Сайид Нафисӣ ва китоби шеърҳои ба муносибати 1100-солагии устод дар Тоҷикистон чопшуда ҷой надорад ва ҳамагӣ аз Қатрони Табрезиянд. Агар дар зери ин мақолаи А. Мирзоев соли навиштани он нишон дода мешуд, андешаҳои ӯ имрӯз равшантар ба як давраи муайяни Рӯдакишиносӣ маълумот медод.

         Мақолаи «Дар атрофии як қасидаи Рӯдакӣ» (саҳ. 154-160) бошад нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён»-и шоир дар замони ба Ҳироту Бодғис сафари чаҳорсолаи тафреҳӣ кардани амири вақт Наср ибни Аҳмад суруда шуда будааст. ӯ дар ин маврид андешаҳои Бадеъуззамони Фурӯзонфар, ки аз ахбори барғалати муаллифи «Табақоти Носирӣ» сар задаанд, қатъан ва дуруст инкор менамоянд.

         Масъалаи тарғиби илму дониш яке аз масъалаҳои муҳимми адабиёти олам, бахусус адабиёти навини форсии тоҷикӣ маҳсуб меёбад, зеро тамоми дастоварду мувафақиятҳои ҷомеаи ҳар давру замон дар пояи илму дониши он замон устувор будааст. Дар мақолаи «Тарғиби илму дониш дар назми асри Х» (саҳ.161-170) муаллиф таъкид менамояд, ки дар умум мо бояд ҳикмати ниёгони суханварамонро дар боби азбар намудани илму дониш сармашқи кори худ намоем ва арзишмандтаринашонро, ки барои замони мо корояманду роҳнамо, таҳияву тадвин ва пешкаши ҷомеа гардонем. Дар ин маврид А. Мирзоев ҳамзамон масъалаи матни классикӣ ва талаботи замонро ба миён гузоштааст.

         Мақолаҳои А. Мирзоев «Сайри таърихии «Калила ва Димна» (саҳ171-190), «Камол ва як шарти муҳимми омӯхтани ӯ» (саҳ. 191-198), ки он соли 1947 аввалин дафъа дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» (№2, - С. 24-27) нашр шудааст, «Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҷараёни зиндагии ӯ» (саҳ. 199-210)  (маърӯза дар маҷлиси тантанавии ҷашни 550-солагии рӯзи таваллуди Абдураҳмони Ҷомӣ), «Фонӣ ва Ҳофиз» (саҳ. 211-222, ки бори аввал соли 1966 чоп шудааст), «Аз равобити Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ (саҳ. 223-238, ки соли 1968 ба чоп расидааст), «Абдураҳмони Ҷомӣ ва мавзӯи тарбияи фарзанд»  (саҳ. 239-265 ва ин мақола ба муносибати ҷашни 550-солагии таваллуди шоир аввалин дафъа соли 1964 дар маҷаллаи «Садои Шарқ», №12. – С.9 – 28 ба табъ расида буд), «Образи Алишер Навоӣ дар «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ» (саҳ.266-273) ва «Сайфии Бухороӣ ва мавқеи ӯ дар таърихи адабиёти доираҳои ҳунармандӣ (саҳ. 274-289),  ки дар китоби «Сездаҳ мақола» ҷой шудаанд, ба умдатарин масъалаҳои адабиётшиносии тоҷик, ки то замони муаллифи он омӯхтанашуда ва ё камомӯхтаанд, бахшида шудаанд. А. Мирзоев ҳар як аз ин мақолаҳои номбаршударо бо далелҳои муътаманд ҳадафмандона навишта, дар баъзеашон аз баъдинагони соҳа умеди ҳамаҷониба омӯхтани онҳоро, ки ҳар кадоме дар адабиётшиносии тоҷик мавқеи вижа доранд, кардааст.

         Масалан, мақолаи ба Камоли Хуҷандӣ бахшидаи муҳақкиқ дар ҳамон вақт ҳушдор ба Камолшиносону Ҳофизшиносон буд, ки бояд пеш аз ҳама шеъри Камоли Хуҷандӣ ва Ҳофизи Шерозиро (ҳар ду дар як аср зиндагиву эҷод кардаанду аксар ғазал гуфтаанд ва ҳатто ба ҳамдигар ҷавобҳо доранд) аз рӯйи ақлу дониш ҷудо кард ва нозукиҳои сабкии онҳоро дарёфта, пас ба офаридаҳои бадеияшон қазоват намуд. Ё мақолаи ба  Мавлоно Ҷомӣ ва ҷараёни зиндагии ӯ бахшида ҳамон вақт маънои онро дошт, ки минбаъд рӯзгору осори ин абармарди илму адаб бояд аз рӯйи мақому мартабаи баланди ӯ дар таърихи адабиётамон омӯхтаву   шинохта шавад. Мақолаҳои ба таъсирпазирии Алишери Навоӣ – Фонӣ (1541-1501) аз эҷодиёти Хоҷа Ҳофиз ва Абдураҳмони Ҷомӣ бахшидаи А. Мирзоев низ ҷолиб ва омӯзанда буда, дар навбати аввал дар ниҳоди худ бузургии адабиётамонро тарғибу ташвиқ намоянд, дар навбати сонӣ баёнгари онанд, ки ин адабиёти шукуҳманд тавонистааст ба таври мусбат ва манфиатбахш ба адабиёти миллату халқиятҳои дигари Шарқ, ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам  маънову муҳтаво, таъсири амиқ расонад. Дар ин мақолаҳо ва мақолаҳои баъдӣ ба муносибатҳои дӯстиву эҷодии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ-Фонӣ дахл намудани  муҳақиқи адабиётшинос ба маънои онанд, ки муносибатҳои дӯстиву бародархонданиҳои тоҷикону ӯзбекон решаҳои амиқи таърихӣ дошта, новобаста ба ҳаводиси давру замонҳо минбаъд ҳам устувору побарҷо боқӣ мондаанд ва ғ. Ин матлабро имрӯз дар муносибатҳои ҳасанаи тоҷикону ӯзбекон беш аз пеш метавон маънидод намуд.

         Мақолаи охирини маҷмӯа дар назари аввал ба ашъори ба ҳунармандон офаридаи Сайфии Бухороӣ бахшида шуда бошад ҳам, дар он сайри ташаккулу таҳаввули шеъри ҳунармандии адабиёти форсии тоҷикиро дармеёбем. Яъне, ашъори ба ҳунармандон бахшидаи намояндагони шинохтаи адабиётамон пеш аз Сайфӣ буданду баъд аз ӯ ин навъ ашъорро Миробид Сайидои Насафӣ ба авҷи баланди он расонидааст.  Дар мақола ҳамчунон дар бораи мероси Сайфии Бухороӣ, навгониҳои ӯ дар мундариҷаи ғазали ҳунармандӣ, маҳорати суханварии шоир, бадеияти ғазалҳои ӯ ва ғай ра баҳс рафтааст. Хулосаи мусаннифи мақола он аст,  ки «… шеърҳои ҳунармандии бадастомадаи Сайфии Бухороӣ 48 ғазали пурра, як қитъа ва 2 байти парокандаро ташкил мекунанд. Ин шеърҳо ба 53 намояндаи аҳли санъат ва табақаи миёнҳоли шаҳр бахшида шуда будаанд…»[9]

         Ҳамин тавр, дар китоби «Сездаҳ мақола»-и адабиётшиноси мумтози тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев, ки барҳақ ҳар кадоме ҳукми як рисолаи илмиро доранд, арзишҳои баланди миллӣ тараннум гардида, масъалагузорӣ, пешниҳодот ва ҳаллу фасли минбаъдаи илмии онҳо ба миён гузошта шудааст. Дар ин мақолаҳо аввалан А. Мирзоев то ҷое ба саволҳои худ ҷавобҳои мувофиқ ҷуставу дарёфта бошад, сониян ба масоили мавриди назараш аксар ояндабинона нигоҳ намуда, таваҷҷуҳи минбаъдаи адабиётшиносону шарқшиносони соҳаро ба масъалаҳои омӯхтанашудаи адабиёти классикамон равона сохтааст. Ҷойи масаррат аст, ки имрӯз ба бисёре аз он саволҳо аҳли таҳқиқ ҷавобҳои мувофиқ гуфта, холигоҳҳои адабиётшиносиамонро  ҳар чи пурратар намудаву намуда истодаанд.

   http://merosikhatti.tj/tg/node/add/basic-page                                       

[1] Афсањзод А. Академик Абдулѓани Мирзоев / Аълохон Афсањзод. – Душанбе: Ирфон, 1985.-80с.

[2] Афсањзод А. Академик Абдулѓанї Мирзоев. – С. 3-4.

[3] Рўзномаи «Адабиёт ва санъат». 5-майи соли 2016. №18.-С.7.

[4] Мирзоев А. Сездањ маќола / Абдулѓанї Мирзоев. – Душанбе: Ирфон, 1977.-288с.

[5] Мирзоев А. Сездањ маќола. -  С.3.

[6] Њамон љо. – С.16.

[7] Њамон љо. – С. 16.

[8] Њамон љо. – С. 46.

[9]  Мирзоев А. Сездањ маќола. – С. 283.