Ашъори  Туғрали   Аҳрорӣ  дар баёзҳо

Ашъори  Туғрали   Аҳрорӣ  дар баёзҳо
Сайидхоҷа Ализода
    Адабиёти форсу тоҷик ниҳоят ғанӣ буда, анвои осори бисёр аз Хуросону Эрон, Синду Ҳинд, Озарбойҷону Бағдоду Димишқ умр ба ёди адабиву бадеиро дар бар мегирад. Дар тайи қарнҳо ҳазорон шоирону муаррихон ва хаттотону мусаввирон дар Мовароуннаҳру ар бурда, аз худ мероси гаронбаҳое бо забони форсӣ ба ёдгор гузоштаанд. Бо гузашти айём бар асари  ҷангу ҷидолҳои шадид ва тахтутозҳои аҷнабиён, ки дар таърихи тӯлонии қадимиву доманадори худ мардуми форсу тоҷик аз сар гузарониданд, қисмати зиёде аз осори хаттии гаронбаҳои мардуми эронитабор аз байн рафтааст. Аммо қатъи назар аз ҷой доштани чунин вазъ боз намунаҳои ашъори бисёр шоирон тавассути  тазкираҳою маҷмӯаҳои мухталиф  маҳфуз мондаанд.
    То имрӯз дар китобхонаҳои гуногуни дунё шумораи зиёди онҳо нигоҳдорӣ мешаванд. Бояд гуфт, ки чунин маҷмӯаҳо то кунун ба таври пурраю ҳаматарфа мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор нагирифтаанд. Осори садҳо нафар шоирони ношинохтаи форсу тоҷик дар саҳоифи чунин асарҳо нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки ба омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи онҳо таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир сохта шавад, то ин ки осори ношинохтаи шоирони бузург аз осори илҳоқӣ ҷудо танзим гардад. Дар ин ҷо на танҳо қасоид, ғазалиёт, маснавиву қитъаоти асил аз ғайриасилро ҷудо бояд кард, балки ҳар байт санҷида ва муайан карда шавад, ки он оё ҷузви қасида ё ғазал ва қитъаву маснавии асил ҳаст ё не?
Дар захираи дастнависҳои  ИЗАШМХ  АИҶТ  маҷмӯаҳои  зиёди шеърӣ бо унвони радоиф-ул- ашъор, ҷунг, маҷмӯа ва баёзҳоие  маҳфуз мебошад, ки то
Шуарои дар  баёзҳо аз онҳо ном бурдашуда аз Ҳаким Фирдавсӣ то кунун  мавриди  ками таҳқиқ  аз ҷониби адабиётшиносон  қарор гирифтаанд.  Ин тарзи китобат ҳанӯз аз асрҳои пешин ба ҳукми  анъана даромада буд.
Яке аз чунин маҷмӯаҳои пурарзиши қадимӣ «Маҷмӯаи латоиф ва сафинаи зароиф» буда, назар ба таҳқиқи олимон фақат се нусхаи хаттии он то имрӯз маҳфуз мондаасту бас.
Аммо бояд тазаккур дод, ки бо дастрас гардидани як ғазал ва қитъае маҳорат, сухандонӣ ва сухансанҷии ин ё он шоирро арзёбӣ намудан бисёр мушкил аст. Ғайр аз ин дар даврони минбаъда гурӯҳи дигари мусаннифоне пайдо шудаанд, ки онҳо ба ҷамъу мураттаб сохтани осори татаббӯии шоирон пардохтаанд ва ё ин ки ашъори ҷавобияи шоиронро гирд оварда, маҷмӯаҳои ҷудогонаи мухталиф мураттаб сохтаанд.
Аммо рӯ овардан ба ҷамъу мураттаб  намудани ашъори  шоирони мухталиф бештар баъд аз асри XVI  ривоҷ  мегирад. Аввалин маҷмӯаи  мукаммал ва мураттаб, ки ашъори шоирони зиёдро дар бар мегирад  «Туҳфат-ул-Ҳабиб»-и  Фахрии Ҳиравӣ мебошад, ки дар асри 16 навишта шудааст.
Баъдан чунин тарзи тартиб додани маҷмӯаҳо ба ҳукми   анъана  даромада, дар  асрҳои баъдӣ  як силсила маҷмӯаҳо  ба унвонҳои  радоиф-ул- ашъор, маҳак, ҷунг, маҷмӯаҳодар адабиёти форс-тоҷик навишта шуданд. Ин ганҷинаи бузург, ки ҳазорҳо нусхаҳои хаттиро ташкил медиҳанд, мутаасифона то кунун мавриди омӯзиши ҷудогона қарор нагирифтааст.
Дар ин мақолаи мо  танҳо дар  бораи як чанд  баёз  маълумот  медиҳем. Маҳз  тавассути  ин чунин асрҳо  ашъори  шоирони  зиёди гумном, ки танҳо як ғазал  ё як  мухаммаси  онҳо  боқӣ мондааст, то замони мо омада расидааст.
        Баёзеҳо як ҷузъи Ганҷинаи  бебаҳои дастнависҳои  ИЗАШМТ   АИ-ро  ташкил  медиҳанд.
         Миқдори хеле зиёди  баёзҳои  дар солҳои  баъдӣ гирдовардашуда  ҳанӯз мавриди омӯзиш қарор нагирифтаандва феҳристи пурраи онҳо низ таҳия нашудааст.
        Баёзҳое, ки  аз онҳо мо  ашъори шоири ширинкаломи  тоҷик-  Туғрали  Аҳрориро  ҷустуҷӯ  намудем бештар аз 20  нусха  мебошанд. Нусхаҳои зиёде мавҷуд аст, ки фурсати омӯзиши онҳо нарасид.
Ин тарзикитобат намудан  ҳанӯз аз асрҳои пешин ба ҳукми  анъана даромада буд. То имрӯз мутаасифона ин ганҷинаи бебаҳо аз ҷониби мутахастисони ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ кам мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
                
Нусхаи аз ҳама  ҷолиб,баёзи  таҳти рақами  1005-и ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ  мебошад, ки дар он се  ғазали  Туғрали  Самарқандӣ оварда  шудааст.  Дар матни  ғазалҳои  овардашуда  тафавут  ба назар  мерасад. Ин тафавут дар ғазали матлааш:
        Пардаи  субҳи  нигаҳро  бар рухи дилдор  дар,
Тутиё  бар чашми  худ аз хоки  ин дарбор  бар.
Байти  чоруми ғазал дар  баёз  чунин аст:
Хоки  пояшро  бикаш  бар  чашм, эй доно табиб,
        Сурма кай бошад ба чашми  интизорам  коргар.
Дар китоби  Туғрали  Аҳрорӣ бо унвони «Навойи Кибирё», ки аз ҷониби Асрори  Раҳмонфар ва Мирзо  Шукурзода  ба нашр  расидааст, (минбаъд  Навойи Кибирё  ном бурда  мешавад-С.А)  ин байт чунин  омадааст:                             
Аз ғубори  хоки пояш  кардаам  куҳли басар,
Сурма кай  бошад  ба чашми  интизорам коргар.  
Дар байти панҷум ҳамин ғазал  дар байни матни  баёзи рақами 1005 ва «Навойи  Кибриё»  фарқият мавҷуд  мебошад.
Ин баёз дар соли 1313 ҳиҷри баробар  ба 1817 мелоди  бо хати  зебои  настаълиқ дар қоғази  сохти самарқандӣ  мойл ба  зардӣ навишта  шудааст.  Хаттоташ маълум  нест. Дар баёз чунин навишта шудааст:
Соқиё дар  базми  мо паймонаро саршор кун,
Маҷлиси Туғрал  бувад  бесағари  саршор шар.
        Дар «Навойи Кибирё» ибораи  «паймонаро лабрез кун»  омадааст, ки  дурусттар мебошад.
        Дар варақи 219 б-и баёз  ғазали дигари  машҳури  Туғрал   бо матлаи  зерин:
Эй  ғунчадандон  лаби ту шаккар,
Дандони ту ҳамчу  дурри гавҳар.
Дар баёз байти чоруми  ғазал ба ин  тарз:                                                   
Чашмат бе карашма  хуни ман рехт,
Мижгони ту  баркашида  ханҷар.                                                                                                                                                                                                 дар«Навойи Кибирё»  бошад,  чунин  омадааст:
        Чашмат ба карашма  рехт хунам,
        Мижгонат барам кашида  ханҷар.
Дар байти панҷуми  ҳамин ғазал  ин фарқият дар мисраҳо боз ба назар мерасад:
Дар баёз чунин омадааст:   
Хубон ба ҷаҳон  фузун валекин,
        Ҳаргиз чу ту кас надида дилбар.
Дар «Навойи Кибирё» бошад  чунин навишта шудааст:
Хубони ҷаҳон фузун валекин,
        Монанди ту кас надида дилбар.
Байти 8-уми ғазал  дар баёз  наомадааст.
Баёзи  рақами 2550  аз ду қисм иборат аст. Ин баёз  нопурра буда  аз лиҳози  андоза аз  якдигар фарқ мекунанд. Ҳар дубаёз аввалу охир надорнад  ва соли  китобаташ ҳам маълум нест.  Қимсми аввал аз  57варақ ва қисми дуюм  аз 35 варақ иборат аст. Дар  баёз 2 ғазал, 1мухаммас  ва1 мусаддаси  Туғрали  Аҳрорӣ  оварда шудааст. Дар варақҳои 55б-56а  ғазали  Туғрал  бо  матлаи:
        Бо барги рухсори  гулат, ай гулбадан, хорам  макун,
         Нози ғаматро лоиқам сӯзон дар норам  макун.
навишта шудааст.Дар в.78  мухаммаси машҳури Туғрал, ки бо мисраи  «Надорад  боби сарлавҳаи  китоби  ишқ ҷадвалро» сар мешавад, пурра    оварда шудааст.Дар в. 80а, ки порае аз баёзи дигар  аст, ғазали дар в. 55 а овардашуда бо матлаи:
Бо барги рухсори гулат, эй гулбадан, хорам макун,
Нози ғаматро лоиқам сӯзон дар норам макун.
такроран  омадааст, ки ин бори дигар исбот месозад, ки дар як ҷилд ду нусхаи номукаммал дӯхта шудааст. Фарқият, илова надорад. Танҳо дар  мусаддаси  баъд аз ин  ғазал овардашуда,  як калима фарқ мекунад. Ин дар мисраъҳои:
Бинад ба чаман қадди накӯят,
Булбул наравад зи  боғ сӯйят.
Дар китоби  «Навойи  Кибирё»  ба ҷойи  «булбул»,  «сулсул»  омадааст:
…. Сулсул  наравад зи  боғ сӯйят.
нагардидааст.
        Дар баёзи рақами 1232 дар  ҳомияи в-37а  мусаддаси  машҳури  Туғрал  «Маҳро чи муносибат  ба рӯйат: дар ҳошияи   ғазали  Сайидо  навишта шудааст.
        Дар в. 139 а-и баёзи зикргардида   дар ҳошияи  ғазали Камол ғазали Туғрал  бо матлаи:
Моҳи ман имрӯз  дар Мисри малоҳат моҳ шуд,
Юсуф аз  шарми ҷамоли ӯ ба зери чоҳ шуд.
Дар байти сеюми ғазал дар мисраи аввал фарқият дар байни «Навойи кибирё» ва баёзи  зикргардида  ба назр мерасад.
 Дар « Навойи кибриё»:
        Тори гесӯйи  камандаш  гашт  доми мурғи дил,
        Донаи холи сиёҳаш  то маро дилхоҳ шуд.
Дар баёз бадин  тартиб омадааст:
        Тори гесӯяш  саросар  ҳалқаи мурғи  дил аст,
        Донаи холи сиёҳаш то маро дилхоҳ шуд.
Дар байти панҷуми ғазал низ  фарқ мавҷуд аст.  Дар «Навойи кибирё»:
        Аз ҳилоли абрӯйяш  шарманда гардад  моҳи нав,
        В-аз сафои оразаш  хуршед ранги  коҳ шуд.
Дар баёз ин байт  чунин навишта  шуда:
        Аз ҳилоли  абрӯйяш  шарманда сад  бадри мунир,
        Аз сафои оразиш  хуршед  ранги коҳ шуд.
Дар байти шашум  дар «Навойи Кибирё»:
Боҷи хубиро зи хубони  ҷаҳон гирад, равост,
Баски номи ӯба хӯбӣ дар ҳама афвоҳ шуд.
Дар баёз чунин омадааст:                                
Боҷи хубон наситонат ӯ ба хӯбӣ бок нест,
Лашкари ҳуснаш ба тасхири ҷаҳон дар роҳ шуд.
Дар байти хаштум  тафовут ба назар  мерасад;
«Навойи Кибриё»:
Дар азал  килки қазо  тасвири рӯйш  мекашид,
Булбули рӯҳи  ман аз бӯйи  гулаш  шуд.
Дар баёз:
        Дар азал килки сабо  тасвир  ба рӯйяш мекашид,
        Булбули руҳи  ман аз бӯйи  гулаш огоҳ шуд.
Ҳар ду ғазали  дар ин баёз  овардашудаи Туғрал бо ранги  дигар ва ба  дасти дигар кас навишта  шудааст. Маълум мегардад, ки  ин баёз дар  дасти яке аз  мухлисони ашъори  Туғрал  буда ва  ба хотири   дилбастагӣ  ба ашъори  шоир дар ин  баёз илова карда  шудааст. Соли китобати баёз  маълум нест, аммо аз рӯйи ҷилди китоб, ороиш, саҳифабандӣ, қоғаз шоирони овардашуда  ва ҷадвалкашии  атрофии  ғазалҳокитобати баёз тақрибан  охири дар асри  XVIII ва аввали асриXIX сурат гирифтааст.
Баёзи рақами 189.Дар ин баёз   дар в. 18б  ғазали  Туғрал, ки матлааш ин аст:
        Эй ғунчаи хандони ман, аз бӯстони  кистӣ?
        Эйушмани эмони  ман, аз дӯстони  кистӣ?
Байти сеюми  ғазале дар  як калима дар матни баёз ва «Навойи Кибирё»  тафовут ба назар мерасад. Дар  «Навойи Кибриё» 
Сарви қадат  андар чаман бишкасти  қадри  норванд,
Эй арари  тубишкан, сарви  равони кистӣ?
Дар баёз:
Сарви қадат андар  чаман бишкаст нархи норванд,
Эй арари тӯбишкан  сарви равони  кистӣ?
Дар баёз байти 6-ум афтодааст.
        Баёзи зикргардида соли 1335-1916 навишта шудааст.  Исми котиб  навишта нашудааст.
Дар в. 23а баёзи рақами 189 як ғазали Туғрал  оварда шудааст, ки  дар асл  Қассоби Хоҷа  Кошонист:
Асири зулфи ту гардам, ки  сар ба сар  чин аст,
Фидои лаъли  лабат  мешавам, ки  Мочин наст.
Гиреҳ ба ҷабҳа  заду  бо ман  бӯса доду гуфт,
Ки ин тасануъи  Чин аст  тарҳи Мочинаст.
Ман аз даҳони ту дашном орзу дорам,
Шунидам , ки каломи ту сахт ширин аст.
Рақиб гирди ту гардид  ман нагардидам,
Биё, ки ба гирди  ту гардам, ки қиссаи ман ин аст…
Сари буридаба дастам бидоду гуфт: бирав,
Зи ишқат  тавба накардӣ сазои ту ин аст.
Сари буридаи худро гирифтаму гуфтам:
Касе, ки дил ба касе дод, оқибат ин аст.
Гуле зи гулшани  васлаш начида  Туғрали зор,
Ҳамон,ки  панҷа қассоб дошт, хунин аст.
Дар варақи 94 а ғазали дигари Туғрал бо матлаи:
Ранги рухсори ту аз рухсори гул нанг оварад,
Гул агар рӯйи ту бинад ранг аз ранг оварад.
Дар баёзи рақами 1474 дар варақи 127 б мухаммаси Холис бар ғазали машҳури Туғрал, ки матлааш ин аст:
Бо барги рухсори гулат, эй гулбадан хорам макун,
        Нози ғаматро лоиқам, сӯзону дар норам макун.
Оварда шудааст. Дар варақи 127 б мусаддаси Туғрал, кибо мисраи «Аз рухат ойина то лаззати дидор гирифт…» ҷой дода шудааст. Дар матни дастнавис ва китоби чопшуда фарқияте дида намешвад.
 Баёзи рақами 786.Баёз соли 1323 навита шудааст.Дар варақи 61 а мухаммаси Туғрал бар ғазали Нозими Ҳиротӣ навишта шудааст.
Аз музейи адабии ба номи Муҳаммадҷон Раҳимӣ ду баёз бо рақамҳои 2513(103) ва 2521(109)  бо номи «Баёзи шоирони Дарвоз» дастрас гардид. Муаллифи ҳар ду баёз Абдулмуминшоҳи Дарвозӣ аст, баёз бо хати зебои хонои настаълиқ дар соли 1327 навишта шуда, аз ҷониби Лутфуллоҳхоҷаи Дарвозии саҳҳоф саҳҳофӣ гардадааст. Баёзи зикршуда дар худи ҳамон сол дар матбааи Когон ба табъ расидааст. Ин баёз пурра буда дар он ашъори шоирони зиёд, хусусан Шоҳин, Муллоёри Дарвозӣ, Ноҷӣ, Муҳаррир-Фитрати Дарвозӣ гирд оварда шудааст. Муаллифи баёз бо бештари ин шоирон иртиботи дӯстӣ дошта ва аз наздик ошно будааст. Аз маълумотҳои тарҷумаиҳолии ин шоирон маълум гардид, ки аксари онҳо дар Бухоро зиндагӣ карда аз якдигар бохабар буданд.Дар саҳифи 29 баёзи номбурда ғазали Туғрали Аҳрорӣ оварда шудааст, ки ин ғазал дар маҷмӯаҳои ба табърасидаи ашъори Туғрал ба назар нарасид. +азали мазкур ин аст:
  Маҳ ба пеши рухи ту гашта музаффар,
Эй зуҳраҷабини моҳпайкар.
Лаъли лаби ту накӯ зи ёқут,
Ширинсуханат зи шаҳду шаккар.
Ором гирифтӣ, эй дилором,
Бо як нигаҳе зи халқ яксар.
Резад нигаҳи ту хуни мардум,
Мижгони ту тиртар зи наштар.
Ҳайрониҷамоли ту зану мард,
Ошиқ ба рухат ҳазор духтар.
            Юсуфсифате ба нозанинӣ,
            Ҷонбахш чу Исии паямбар.
Ман шефтаам ба чашми мастат,
Рӯйят ба назар чу меҳри ховар.
Шаҳди лаби ту ҳаёти ҷонбахш,
            Себи зақанат ба ҷон баробар.
            Абрӯйи камонат, эй парирӯ,
Дар куштани аҳли ишқханҷар.
Ҳаррӯз манам ба ҷӯстуҷӯйят,
Ҳар шом зи ғам ду дидаам тар.
Аз ноз ба дидаам қадам неҳ,
То дидаи ман шавад мунаввар.
Ҷодунигаҳҳо! Тараҳуме кун,
Гаштамзи тағофулат мукаррар.
Нахли қадат аз дуои Туғрал,
Бодо ба амон ҳифзи довар.
Дар саҳифаи 32 баёзи зикргардида ғазали машҳури  Туғрал, ки дар аксар баёзҳо бо мисраи зерин сар мешавад «Партави ойинаам ҳайратбаёнӣ мекунад…»ба назар расид. Матни ин ғазал ва матни дар китоб чопшуда тафовуте надоранд.
Баёзи рақами 2511(99) . ки ин баёз ҳам дар осорхонаи М.Раҳимӣ маҳфуз аст ва бо номи «Баёзи Розӣ» машҳур буда соли 1325 дар Бухоро навишта шуда дар матбааи Когон чопи литографӣ шудааст. Баёз мукаммал буда барои омӯзиши адабиёти асрҳои ахир аз манфиат холӣ нест. Дар ин баёз дар қисми дуюми он, ки аз  мухаммасҳо иборат аст,  як мухаммаси машҳури   Туғрали Аҳрорӣ, ки дар бештари баёзҳо ба назар мерасад, оварда шудааст. Чунончи:
                   Сарнавишти ҷабҳа медонем нақши потро,
                   Қисмати тақдир мехонем мо ғамҳотро,
Боиси шӯри қиёмат орази раънотро,
                   Равнақи бозори  шаккар нуктаи лабҳотро,
                Ноиби Исии Марям лаъли рӯҳафзотро!
Дар китоби «Навойи Кибриё», «қомати раънотро» дар мисраи сеюм дар мисраи чорум «хандаи лабҳотро» омадаст.Дар банди дувуми мухаммас низ фарқият мавҷуд аст.Дар баёз чуни наст:
                    Қомататро норван сармашқи озодӣ кунад,
                       Абрӯйятро моҳи нав иқрори устодӣ кунад,
                       Наргисатро мардумак таълими бедодӣ кунад,
                       Ишваат бо сад фусун оҳанги сайёдӣ кунад,
                       Алғараз холӣ надидам аз ҳунар аъзотро!
Дар «Навойи Кибриё» бошад «…аз ҳунар як ҷотро» навишта шудааст.
Дар банди чоруми мухаммас низ тафовут мавҷуд аст.
Бади чруми мухаммас дар баёз чунин аст:
Дар бисоти оразат нарди тамошо бохтам,
Аспи нокомӣ ба роҳат ман зи фарзин сохтам,
Ҳалқаи доғи ғуломиро ба гӯш андохтам,
Байдақосо дар рикоби давлатат метохтам,
Аз карам як раҳ нагардӣ шоҳ рафъи мотро!
Дар «Навойи Кибриё»  «чун пиёда»,«шоҳи ман, рух мотро»омадаст, ки намунаи дар баёз мувофиқтар мебошад.
Дар китобхонаҳо ва осорхонаҳои гуногун ва дар дасти шахсони алоҳида дастхатҳои зиёди ноомӯхташуда маҳфуз мебошад, ки онҳо кам мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифтаанд. Дар онҳо ганҷҳои зиёд нуҳуфтааст. Шояд дар саҳифаҳои онҳо он ашъори ба дастнарасидаи Туғрали Аҳрорӣ в соири шоирони замонҳои  гузашта дастрас гарданд. Барои муҳақикини оянда истифодаи ин ганҷинаи бебаҳо аз манфиат холӣ нест. Ин кӯшиши мо аз баҳр қатраест ва вақти кам имконияти онро надод, ки тамоми баёзҳои дар китобхонаҳои Душанбе маҳфузбуда мавриди таҳқиқ қарор гиранд.
 
Адабиёт:
  1. Баёзҳои № 819, 1005, 1232, 786/1, 1474, 189, 2550. Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ИЗАШМХ АИ ҶТ. Феҳристи нусхаҳои хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷилди 5. Душанбе  саҳ.       
  2. Баёзи шоирони Дарвоз. Чопи литографӣ. Бухоро-Когон,1328.(Осорхонаи адабии М. Раҳимӣ, рақами 2521(109)).
  3. Баёзи Розӣ. Чопи литографӣ. Бухоро-Когон, 1325.(Осорхонаи адабии М. Раҳимӣ(рақами 2513(101)).