БА МАЪНӢ ЗАНАД НЕШУ ХОРӢ КУНАД

                                               БА МАЪНӢ ЗАНАД НЕШУ ХОРӢ КУНАД

(Мулоҳизаҳо баъд аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид)

          Пахши филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ҳар инсони бедордилеро озурда мекунад. Боиси таассуф аст, ки баъди дидану аз сар гузаронидани ваҳшати ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар (солҳои 1992-1995) то кунун неруҳои ғаразноке дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, ки аз раванди таърих сабақи лозим нагирифтаанд. Ҳанӯз афроду гурӯҳҳое дар миёни мо фаъолият доранд, ки мехоҳанд оташи фитна ва кинаро дар ҷомеа шуълавар намоянд. Тоҷикистони азизи мо пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, инак 23-сол аст, ки дар фазои сулҳу оромиш ба сар мебарад. Кишвар бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат ба рушду шукуфоӣ даст ёфт. Дар муддати кӯтоҳ мамлакат аз бунбасти иртиботӣ раҳо шуда, проблемаи таъмини амнияти хӯрокворӣ ва энергетикӣ роҳи ҳалли худро пайдо кард. Инак, стратегияи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии мамлакат оғоз шудааст, ки иҷрои он метавонад ба масъалаи бекорӣ дар кишвар хотима диҳад.

         Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос неруҳои харобкор, бахусус аъзои ҳизби терористии наҳзати исломӣ, бо шеваҳои гуногун тухми кинаву нифоқро дар миёни мардум афганда, ҷомеаро ба сӯи хушунату бадбинӣ тарғиб мекунанд. Ин вобастагони хориҷӣ аз шиддати бухлу ҳасад ба Тоҷикистони озоду обод рашк мебаранд. Имрӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ якдаст алайҳи вабои ҳамагири Корона ба мубориза бархостаанд, аъзои ҳизби бадкирдори наҳзати исломӣ бар хилофи таълимоти башардӯстонаи дини ислом, мардуми осоиштаро алайҳи ҳукумат мешӯронанд. Онҳо ба ҷои кумаку ҳамдилӣ бо мардуми худ, тухми нифоқу фитнаро мехоҳанд шуълавар гардонанд. Аммо ин ғофилон фаромӯш кардаанд, ки халқи тоҷик дар курраи ҷанги шаҳрвандӣ обутоб ёфта, ҳаргиз фирефтаи суханони авомфиребонаи онҳо намешаванд. Аз ғаразҳои нопоки онҳо ба хубӣ огоҳ шудаанд. Ба қавли шоир:

Мадеҳ роҳ аҳли ғараз пеши хеш,

Ки омехт бо якдигар шаҳду неш.

Ба сурат диҳад нӯшу ёрӣ кунад,

Ба маънӣ занад нешу хорӣ кунад.

          Ин мардум як бор шоҳиди суханони авомфиребонаи шумо шуда ва натиҷаи онро ҳам ба чашми равшан дидааст. Ҳамон суханони аъзои фиребхӯрдаи ҳизби терористии наҳзат, ки ба дасти қонун афтидаанд, сабақи кофӣ барои мардуми тоҷик аст. Шумо ҳатто ба аъзову пайравони худ раҳму мурувват зоҳир намекунед, чӣ расад ба мардуми оддӣ. Аз дасти шумо садҳо ҷавони фиребхӯрдаи тоҷик дар дохилу хориҷ ҷони худро аз даст дода, садҳо тани дигар маҷбуранд умри ҷавони худро пушти панҷараи зиндон сипарӣ намоянд.

        Имрӯз, ки наҳзатиҳои терорист дар Аврупо паноҳ бурдаанд, ногаҳон аз худ ҳомии демократия метарошанд, то аз ин тариқ пашизе барои рӯзгузаронӣ ва сарпаноҳе барои хуфтан пайдо намоянд, вагарна демократия бо ифротиёни исломӣ чӣ робитае дорад? Ҳеч. Шумо худфурӯхтагон танҳо василае барои иҷрои сиёсати геополитикаи Ғарб дар минтақа ҳастед ва онҳо ба воситаи шумо мехоҳанд ба ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодии хеш дар минтақа даст пайдо кунанд. Аз ин рӯ, кишварҳои Ғарбӣ агарчи дар зоҳир бо исломи сиёсӣ мухолифат мекунанд, аммо дар амал ба хотири расидан ба ниятҳои пинҳони худ, аз гурӯҳҳои ифтротгарои исломӣ ҳимоят менамоянд.

      Ҷангу кашмакаши 40-солаи Афғонистон, зуҳури ДОИШ дар Сурия ва Ироқ, сарнагун шудани давлати Қаззофӣ дар Либия ва бераҳмии гурӯҳи терористии “Аш-шабоб” дар шимоли Африка ва ба хоку хун кашидани мардуми бечораи Яман ба хотири иҷрои ҳамин ҳадафҳо сурат мегирад. Наҳзат исломӣ дар ибтидо дастпарвари кишварҳои ҳамсояи Шарқӣ буд, акнун ба бозичаи дасти абарқудратҳои Ғарбӣ табдил шудааст.

      Азбаски мардуми огоҳи тоҷик аз шиорҳои авомфиребонаи наҳзатиён пайравӣ намекунанд, онҳо аз шиддати ғазаб ба мардуми хеш таънаи “ғофилу”, “тарсӯ” мезананд. Гӯиё ҳақиқат танҳо дар назди онҳо будаасту дигарон ва торикию ғафлат зиндагӣ ба сар мебурдаанд.

     Аммо ин нуктаро бояд бидонед, ки мардуми сарбаланди тоҷик ҳаргиз ғофилу торикандеш набуду намешавад, балки ин халқи бостони аз дилу нияти нопоки шумо огоҳ аст ва аз ин хотир аз шумо пайравӣ намекунад. Мардуми тоҷик зотан некандешу хайрхоҳ буд ва то абад дар паҳлӯи мардони содиқу хидматгузори худ қарор хоҳад дошт. Таърих сабақҳои рашване барои мардуми тоҷик додааст ва онҳо ба хубӣ некиро аз бадӣ, торикиро аз равшанӣ, маърифатро аз ҷаҳл фарқ мекунанд.

На шабам, на шабпарастам, ки ҳадиси хоб гӯям,

Чу ғуломи офтобам, ҳама з-офтоб гӯям!

        Мо боварӣ дорем, ки ҳамчунон ки мардуми сарбаланди тоҷик дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар паҳлӯи давлату кишвари хеш муттаҳид гашта, дар як муддати кутоҳ аз ин вартаи ҳалокатовар худро наҷот доданд, дар оянда низ бо ҳамдилию ваҳдату ягонагӣ бар бемории ҳамагири аср пирӯз хоҳанд шуд! Шумо барои дарки ин ҳақиқат бояд фикри бемори худро дармон карда, аз роҳу равиши хатои хеш даст кашида, дар паҳлӯи миллат ва дар хидмати онҳо қарор бигиред.

                                                        

Б.Забеҳулло, мудири шуъбаи

тавсиф ва таҳияи феҳристи

дастхатҳои Маркази мероси

хаттии АМИТ