Вақти ҳақиқат, ки намонад гурез

       Изҳороти ахири Аҳмадзиё Сироҷ раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон дар ҳошияи “Конференсияи мубориза бо терроризм ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ барои рафъи таҳдидҳои террористӣ дар Кобул роҷеъ ба ҳузур доштани гурӯҳҳои ҷанҷгҷӯи ТТЭ наҳзати исломӣ пардаро аз рӯйи дигари манфури ин ташкилоти террористӣ ва роҳбарони худфурӯхтаи он барафканд. А.Сироҷ бо масъулият изҳор доштааст, ки афроди вобаста ба ТТЭ наҳзат дар қаламрави Афғонистон, хусусан дар минтақаҳои шимолии он ҳузур дошта, ба тамрини ҷангӣ ва аз худкунии усулҳои даҳшатафканӣ машғул мебошанд.

      Албатта то кунун низ расонаҳои хабарӣ аз қавли манбаҳои маҳаллии худ дар Афғонистон хабар медоданд, ки гурӯҳҳои вобаста ба ТТЭ наҳзати исломӣ дар минтақаҳои Бадахшон ва Тахору Қундуз, дар минтақаҳои зери назорати толибон ҳузур ва фаъолият доранд. Вале акнун ин масъала аз ҷониби бо салоҳияттарин мақоми амниятии Афғонистон эълон мешавад. Баён шудани ин нукта аз ҷониби мақоми амниятии давлати Афғонистон пеш аз ҳама далел ва баёнгари нигарон будани ниҳодҳои давлатии он кишвар аз вазъияти пешомада вобаста ба ҳузури террористони ТТЭ наҳзати исломӣ дар қаламрави он кишвар мебошад.

      Ба назари мо, ҳодисаи хунин ва амали хуношоми террористие, ки бо иштироки аъзои ТТЭ наҳзати исломӣ дар вулусволии Моймайи Дарвози Афғонистон руй дод, боиси нигаронии ҷиддии мақомоти амниятии Ҷумуҳурии Исломии Афғонистон шуда, онҳо маҷбур шуданд, ки  ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи бештар намоянд. Дар натиҷаи амалиёти ваҳшиёнаи гуруҳи ТТЭ наҳзати исломӣ ва толибон дар вусволии Моймайи Афғонистон 26 нафари бегуноҳ бераҳмона ба қатл расонида шуданд. Бино ба нақли мардуми маҳалаи Моймай ва наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст, бераҳмии асосӣ ва гушношунидро дар ин амалиёти террористӣ маҳз аъзои ТТЭ наҳзати исломӣ анҷом дода, ҳадафи нопоку палидонаи худро барои анҷоми ин гуна амалҳо дар Тоҷикистон ҳам пинҳон надоштаанд.

Ҳамин амалиёти ваҳшиёна бо иштироки аъзои ТТЭ наҳзати исломӣ боис гардид, ки мақомоти Афғонистон аз ҳузур ва фаъолияти тахрибкоронаи аъзои ТТЭ наҳзат дар шимоли ин кишвар изҳори нигаронӣ намоянд ва дар пайи андешидани чораҳои амалӣ дар муқобили ин гуруҳи террористӣ шаванд. Акнун мақомоти амниятӣ ва интизомии Афғонистон бояд дар боздошт ва истирдоди аъзои гуруҳи ТТЭ наҳзати исломӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ ва муосидат намоянд. Зеро ин гуруҳ собит намуд, ки барои ҳарду кишвар таҳдид ва хатари билқувва ба шумор меравад.

      Аммо роҳбари ТТЭ наҳзати исломӣ М.Кабирӣ бешарафона мехоҳад фаъолиятҳои харобкоронаи аъзои худро пинҳон созад ва мегӯяд, ТТЭ наҳзат дар ҳеҷ кунҷе аз олам гуруҳи мусаллаҳ надорад. Аммо ҳамаи мо медонем, ки гуруҳи террористии “Ансоруллоҳ” тифли парвардаи домони собиқ ҲНИТ мебошад. Ва як вазифаи М.Кабирӣ ва дигар роҳбарони фирории наҳзат, дар кишварҳои орому фаровони аврупоӣ истода, ҷалби ҷавонон ва сафарбари онҳо ба сафи “Аносруллоҳ” дар Афғонистон аст. Инро ҳама медодад, аммо М.Кабирӣ дар рӯбарӯи сирри фошшудаи худ чӣ метавонад бигӯяд? Ба қавли С.Шерозӣ

Вақти ҳақиқат, ки намонад гурез,

Даст бигирад сари шамшери тез.

                                                                  Шерияздони Алимардон,

унвонҷӯйи Маркази

мероси хаттӣ