Ганҷинаи бебаҳои миллат

Ганҷинаи бебаҳои миллат

Илҳомиддин Давлатзода- ходими илмии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ

    Китоб аз оғози ҳаёти башар нахустсухани чопӣ унвон гирифта, дар самтҳои гуногуни таърихиву фарҳангии ҷомеа нақши барҷастаро касб кардааст. Рушду камоли маънавии таъриху тамаддун, фарҳангу забон, илму маориф ва урфу одати миллатҳои куҳани дунё маҳз тавассути китоб муяссар гардида, тарбияву тараққии ақлонии инсон комилан ба китоб иртибот мегирад. Чуноне ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Дар воқеъ, китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад».

    Мавриди тазаккур аст, ки бунёди китобхонаву марказ ва ганҷинаҳои осори хаттӣдар самти ҳифзу нигаҳдории ин боигарии маънавӣ омили муҳим ба ҳисоб мераванд. Президенти мамлакат дар суханрониҳои худ китобхонаҳоро «ганҷинаи бебаҳои миллат», «маркази маърифат» «хазинаи сарвати бебаҳои маънавии миллат» ва ғайра унвон намудаанд, ки аҳаммияти чунин марказҳоро бештар аз пештар бозгӯ мекунанд.

    Маркази мероси хаттии АИ ҶТ ягона пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳифзу нагаҳдории махсусгардонидаи осори хаттии фарҳангии маъруфи кишвар буда, дар он нодиртарин нусахи қаламӣ, сангӣ, муосир ва фотокопияҳову микрофилмҳои мероси ниёконамон, ҳамчунин, миқдоре аз кутуби лозими имрӯза маҳфуз мебошанд.

    Қобили қайд аст, ки он, ҳамзамон, калонтарин махзани дастнависҳои шарқӣ дар қаламрави Осиёи Миёна ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб рафта, заминаи он баъди ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924) гузошта шудааст.

    Дар Маркази мероси хаттии АИ ҶТ чанд фонду китобхонаи инфиродӣ вуҷуд доранд, ки дорои арзиши баланди илмию маънавӣ мебошанд. Хазинаҳои ёдгории А.А. Стариков, А.М. Шабистарӣ, А. Шеърдӯст, китобхонаҳои ёдгории Х. Халилӣ, З. Аҳрорӣ ва Ҳ. Назаров  аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Фонду китобхонаҳои мазкур дар алоҳидагӣ хусусияту вижагии худро соҳиб мебошанд. Аз ҷумла, фонди А.А.Стариков дар миёни дигар фондҳо аҳаммияти қобили таваҷҷуҳро соҳиб буда, махсусияти алоҳидаи он дар маҳфуз нигоҳ доштани китобҳое мебошад, ки дар дигар фондҳо ва, умуман, китобхонаҳо мавҷуд нестанд. Фонди А.А. Стариков дар замони шӯравӣ ба ихтиёри собиқ Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ (ҳозир. Маркази мероси хатии АИ ҶТ)вогузор шудааст, ки далели саховати донишманди рус ва арҷгузорӣ ба мардуми илмпарвару фарҳангдӯсти тоҷик буда, ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

    Стариков Алексей Аркадьевич (1892-1962) шарқшинос ва эроншиноси маъруфи шӯравӣ буда,  дар шаҳри Маскав таваллуд ёфтаву дар ҳамон ҷой ба воя расидааст. Аз ҷумла, Институти забонҳои Шарқи Лазарев ва факултети ҳуқуқшиносии Унверситети давлатии Маскавро хатм карда, чанде ба ҳайси муаллим дар Институти шарқшиносии Маскав (1938-1956), факултети филологияи Унвериситети давлатии Маскав (1943-1956), Институти Осиёву Африқои Унвериситети давлатии Маскав (1956-1962) ва ходими илмии Институти адабиёти ҷаҳони АФ СССР (1957-1962) кору фаъолият намудааст.

    Мавсуф, асосан, саргарми таҳқиқу баррасии ҷанбаву масъалаҳои гуногуни таърихи шарқшиносии рус, равобити адабӣ, таҳлили маснавиҳои Амир Хусрави Деҳлавӣ ва омӯзишу тафсири «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ будааст. Ҷилдҳои 1 ва 2-и тарҷумаи русии «Шоҳнома» (М., 1957, 1960)– бо тавзеҳоти ӯ рӯйи чоп омадаанд. Инчунин, пораечанд аз«Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Румиро ба русӣ гардондааст.

    Фонди А.А. Стариковдар маҷмӯъ 1554 китоби арзишманд дошта, аз ин теъдод21 дастхат, 14 чопи сангӣ ва боқӣ китобҳои чопи муосирро ташкил медиҳад.Китобҳои фонд ба мавзӯъҳои фалсафа, адабиёт, таърих, шарқшиносӣ, забоншиносӣ, ҷуғрофиё, риёзиёт, тиб, фиқҳи исломӣ, тазкираҳо ва дигар бахшҳои илму фарҳанг нигошта шуда, ёдгори беназири фарҳанги башарият ва сарчашмаи бебадили рушду вусъати маърифати инсоният ҳисоб меёбанд.

     Аз ҷумлаи осори нодири фонд нусхаи қаламии «Шаҳриёрнома»-и Усмон ибни Муҳаммад Мухтори Ғазнавӣ (1149-1159)-ст, ки ҳамъасри шоирони маъруфи даврони хеш ба монанди Масъуд ибни Саъди Салмон ва Саноии Ғазнавӣ мебошад.

    Мувофиқи навиштаи Забеҳуллоҳи Сафо, Мухторӣ достони худро бо дархости яке аз салотини Ғазнавӣ Масъуд ибни Иброҳим (1099-1115) аз рӯйи як достони ҳамноми мансур, ки машҳурбудааст, ба риштаи назм овардааст. Чӣ тавре ки Мухторӣ қайд кардааст, аз он достон ҳеч боқӣ нагузоштаву ҳамаро ба назм даровардааст. Ва, гӯё, ин достон аз охирин достонҳои вассофи паҳлавонии Рустам будааст. Китоби мазкур бо хатти настаълиқи манзум нигошта шуда, маснавии ҳамосӣ дар бораи футӯҳоти Шаҳриёри писари Барзӯ, писари Суҳроб, писари Зобулӣ ва наваи Рустам дар Ҳиндустон мебошад.

    Нусха бисёр пурқимату пураҳаммият буда, нисбат ба нусхаи дувуми он, ки ҳоло дар Музейи Британия мавҷуд аст, мукаммалтар мебошад. Дар ҷойҳои гуногуни китоб қайдҳои ховаршиноси рус К.И. Чайкин (1889-1938) ва муарриху адабиётшиноси эронӣ М. Минувӣ (1903-1977) ба назар мерасанд, ки қимати китоби мазкурро бештар гардонидаанд.

     Бояд афзуд, ки дар самти ғанитаргардонидан ва мустаҳкамтар сохтани бунёди кохи маънавии миллат донишмандону муҳаққиқони ватанӣ низ саҳми назаррас гузоштаанду гузошта истодаанд, ки дар ин миён метавон номи муҳаққиқони маъруфи тоҷик Ҳақназар Назаров, Зоҳир Аҳрорӣ, Муҳаммадҷон Умаров ва Наима Қаҳҳороваро сипосгузорона ба забон овард, ки расму суннати сабақомӯзу ибратбахши аҷдодиро зиндаву ройиҷ медоранд.