Давлатов Аҳмадҷон Абдулмуминович
 
Описание: C:\Users\User\AppData\Local\Microsoft\Windows\Temporary Internet Files\Content.Word\IMG_20180924_162622958.jpg
Давлатов Аҳмадҷон Абдулмуминович 30 майи соли 1992 дар шаҳраки Файзобод таваллуд шудааст. Соли 2010 мактаби миёнаи № 12- и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо хатм намудааст. Солҳои 2011-2015 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро бо дараҷаи бакалавр, аз рӯи ихтисоси тарҷумони забони арабӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2017 ба ҳайси лаборанти калони Шуъбаи ҷамъоварӣ ва нигоҳдории нусхаҳои хаттии Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ карда, муддати ду сол мешавад, ки дар ин вазифа кору фаъолият дорад ва солҳои 2018-2019 дараҷаи магистриро дар Маркази мероси хаттии АИ ҶТ аз рӯи ихтисоси Китобҳои нодири дастнавис ба итмом расонидааст.