ДАВЛАТОВ ИЛҲОМИДДИН САХОБИДДИНОВИЧ

Давлатов Илҳомиддин Саҳобиддинович 29.06.1985 дар деҳаи Пахтаободи ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 2002 мактаби ғоибонаи калонсолон ва наврасони ноҳияи Ҳисорро хатм намудааст. Дар солҳои 2007-2012 Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам–Абӯҳанифаро бо дараҷаи бакалавр, аз рӯи ихтисоси омӯзгори забони арабӣ ва адабиёти Араб ва улуми ислом бо дипломи аъло хатм намуда, ҳамзамон солҳои 2012-2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дараҷаи магистр аз рӯи ихтисоси шарқшиносӣ, забони арабӣ (филологияи Араб) ба итмом расонидааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2012 шурӯъ карда, муддати ду сол ба ҳайси муаллими забони арабӣ дар Гимназияи хусусӣ ба номи «Абӯрайҳони Берунӣ» кор намудааст. Солҳои 2014-2017 лаборанти калони Шуъбаи ганҷинаи мероси хаттӣ ба номи А. Мирзоеви Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳои 2017-2018 бошад, ҳамчун лаборанти калони Шуъбаи ҷамъоварӣ ва нигоҳдории нусхаҳои хаттии Хазинаи мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2018 дар вазифаи ходими илмии Шуъбаи ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва тавсифи электронии нусхаҳои хаттии Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Соли 2019 рисолаи докториро (Ph.D) хатм намуда, дар арафаи дифоъи он қарор дорад.

Давлатов И.С. дар ҳаммуаллифӣ китоби «Абӯҳанифа: зиндагӣ, рӯзгор, андеша ва фиқҳи ӯ» (Душанбе, 2009), «Аҳволу осор ва ашъори Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ» (Душанбе, 2015) ва китоби «Бадоеъу-с-саноеъ» ва «Туҳфаи дӯстон»-и Шамсиддини Шоҳинро (Душанбе, 2018) тарҷума ва таҳия намуда, ба нашр расонидааст.

Аз соли 2018 ба таҳияи матни илмӣ-интиқодӣ, феҳристи луғот ва тавзеҳоти «Захираи хоразмшоҳӣ»-и Сайид Исмоили Ҷурҷониро (дар 10 ҷилд) машғул мебошад.

Давлатов И.С. оид ба мавзӯъҳои гуногун зиёда аз бист мақолаи илмиву оммавӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба нашр расонидааст, ки аз ҷумла:

  1. Абӯҳанифа ва илми ҳадис. (Ҳафтаномаи Ҷавонони Тоҷикистон, №37 (9100), 17-уми сентябри 2009. – С.18-19).
  2. Ислом ва забономӯзӣ. (Ҳафтаномаи Озодагон, 28 (137), 27-уми сентябри 2010. – С.10).
  3. Шеър ва шоирӣ аз дидгоҳи Қуръон // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳури Тоҷикистон. Силсилаи филология ва шарқшиносӣ. – Душанбе,  2011. – №2. – С. 87-97.
  4. Поэзия и поэтическое искусство с точки зрения мусульманских богословов //  Журнал Иран-наме. Казахстан, 2012. 2 (22). С. 176-186.
  5. «Муқоисаи «Фан аш-шеър»-и Арасту бо «Фан аш-шеър»-и Ибни Сино»,  Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Душанбе: Сино. 4∕3 (167), 2015. – С.134-140);
  6. Шеър ва шоирӣ аз дидгоҳи Иқбол. Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе: Дониш.№ 4 (240), 2015. –С.155-160.
  7. Одоби оиладорӣ ва тарбияи фарзанд дар «Захират-ул-мулук»-и Мир. Ҳамаданӣ (Минбари халқ, №37 (1016), 8 сентябри 2015. – С 14).
  8. Осори арабии Мир Алии Ҳамадонӣ // Маҷаллаи Суханшиносӣ, Душанбе: Дониш. 2015, №2. –С. 122-132.
  9. Саҳеҳи Бухорӣ дар ашъори шоирон // Маҷаллаи Дин ва ҷомеа. 2016, 4(25). – С. 38-39.
  10. Поэзия и поэтическое искусство с точки зрения Корана. Журнал Иран-наме. Казахстан, 2016. №3-4 (39-40). С. 288-303.
  11. Шеър аз нигоҳи Ибни Сино // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Душанбе: Сино, 2016 №4/3 (203). – С. 174-179.
  12. Маъруфтарин шарҳҳо бар девони Мутанабӣ //Маҷмӯаи мақолаҳо, 2016. С.84-91.
  13. Поэзия и поэтическое искусство с точки зрения Корана. Журнал Иран-наме. Казахстан,№3-4(39-40). 2016. –С. 288-303.
  14. Критика мифа о сожжении библиотек арабами. Вестник Таджикский национальный университет. Душанбе: Сино, №4/5, 2017. –С. 213-218.
  15. Поэзия и поэт с точки зрения сунны. Журнал Иран-наме. Казахстан, 2018. №1 (45). С. 191-201.

 

Бо маърӯза дар конфронсҳои зерин баромад кардааст:

  1. Конференсияи ҷумҳуриявии илмиву амалӣ «Оилаи солим - ҷомеаи солим» бахшида ба таҷлил Соли оила, ки дар ДИТ баргузор гардид, дар мавзӯи («Одоби оиладорӣ ва тарбияти фарзанд дар «Захирату-л-мулук»-и Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ» 3.12.15) суханронӣ намуд.
  2. Конференсияи ҷумҷуриявии илмию амалӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба  «25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар мавзӯи («Шеър аз нигоҳи Ибни Сино» 23.04.16) суханронӣ намуд.
  3. Конференсияи ҷумҷуриявии илмию амалӣ  «Мутанаббӣ ва таъсири ӯ ба адабиёти классикии форсии тоҷикӣ» бахшида ба муносибати «1100 солагии Абутаййиб ал-Мутанаббӣ», ки дар ДДЗТ баргузор гардид, дар мавзӯи («Маъруфтарин шарҳҳо бар Девони ал-Мутанаббӣ» 30.04.16) суханронӣ намуд.
  4. Конференсия бахшида ба соли ҷавонон дар ДМТ дар мавзуи (Шеър ва шоирӣ аз дидгоҳи Иқбол. 24.04.2017) суханронӣ намуд.
  5. Конференсия ҷумҳуривӣ зери унвони «Масоили мубрами арабшиносӣ», ки дар ДМТ баргузор гардид, дар мавзӯи (Нигоҳе ба осори арабии Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ 24.11.2017) суханронӣ намуд.