Давлатов Раҳматкарим  - директори Маркази мероси хаттӣ

Давлатов Раҳматкарим Мирзокаримович аз 01.05.2020 бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ таъин шудааст.

Давлатов Р.М. аз соли 2015 дар муассисаҳои илмии вобаста ба Академияи миллии илмҳо фаъолият менамояд. Солҳои 2015-2017 ба ҳайси ходими илмии шуъбаи Эрон ва Афғонистони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, аз соли 2017 то соли 2018 ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, солҳои 2018-2019 ходими каломни илми шуъбии таҳияи феҳристи дастахатҳои Маркази мероси хаттӣ, аз 1.01.2020 мудири шуъбаи иттилоот, робитаҳои илмӣ ва омӯзиши тамаддуни Шарқи Марказ кор карда, аз 01.05.2020 ба ҳайси и.в. директори Маркази мероси хаттӣ таъйин шудааст.

Давлатов Р.М. номзади илмҳои таърих, муаллифи чандин рисолаи илмӣ, аз ҷумла монографияҳои “Барномаи ҳастаии Эрон: мушкилот ва дурнамо”, “Афғонистони имрӯз: омилҳои дохилӣ ва хориҷи ҷангу сулҳ”, “Афғонистон дар сиёсати хориҷии Эрон” ва садҳо мақолаи илмӣ ва илмӣ оммавӣ мебошад.