Дар сӯги устод Гулназар

Асрори Сомонӣ

   Дар сӯги устод Гулназар

 

Боз як марди бузург аз мо бирафт,

Машъали нурафкани маъво бирафт.

Гарчи буд ӯ номдору шуҳраёр,

Бе шару шӯру сару савдо бирафт.

 

Баски бурд аз байни моён (ҳайф, дард!)

Ин сухангӯйи наҷибу шермард,

Ҳар ватандори баъору пурҷигар

Бо аҷал имрӯз бошад дар набард!

 

Аз миён рафту Сурудаш зинда монд,

Гуфтаҳое аз вуҷудаш зинда монд!

Дар ниҳоди тоҷики рӯйи ҷаҳон

Ҳам суруду ҳам дурудаш зинда монд!

 

Бо сухан кори ялонро кард ӯ,

Бо қалам кори синонро кард ӯ!

Офаринаш, дар сафи сулҳофарон

Посдорӣ тоҷиконро кард ӯ!

 

Рӯҳи Турсунзода хуррам ӯ намуд,

Халқро машҳури олам ӯ намуд!

Тоҷикистони парешонгаштаро

Ваҳдатистони муаззам ӯ намуд!

 

Аз ҷаҳон рафту диёри тоҷикон

Гирадаш андар канори тоҷикон!

Бо чунин фарзанди поки Гулназар

Гул кунад боғи мазори тоҷикон!

 

Ёд бодо Шоъири ширинзабон,

Шоъири нозукбаёни тоҷикон!

Рафт ӯву ёди ӯ поянда бод

Дар ниҳоди тоҷикон то ҷовидон!!

 

                                 Душанбе,

                                  13.08.2020.