Девони Иззатшои Дарвозӣ

Девони Иззатшои Дарвозӣ
Саидхоҷа Ализода
   Иззат тахаллуси адабии  Мирзо Иззатшоҳ бинни Мазҳабшоҳи Дарвозӣ мебошад. Ў соли 1320ҳ./1864 м. дар Қалъаихум таваллуд шудааст. Падараш Мазҳабшоҳ барои тарбияи писараш талоши зиёд намудааст. Иззатшоҳ дар мадарасаи динии Қалъаихум таҳсил намуда, тамоми улуми замонашро дар Дарвоз аз уламо ва удабои он ҷо аз бар мекунад.Иззатшоҳ баъдан ба хотири идомаи таҳсил аз Дарвоз ба Бухоро сафар мекунад. Қабл аз ба Бухоро расидан дар Шаҳри Сабз маснавие менависад ва амир Абдулаҳад тақдим мекунад. Ҳамин мулоқот бо амир Абдулаҳад сабаб мегардад, ки Иззатшо дар Бухоро соҳиби мақому манзаллат мегардад.
Банда дарвозиаму мавлуди ман гардида Хум,
Кист аз Хум мисли ман ин гуна ашъор оварад.
  Иззатро тазкиранависони асри XIX  Афзали Пирмастӣ ва Неъматуллоҳи Мўҳтарам яке аз мирохўрон ва навкарони амири Бухоро гуфтаанд, ки дар Қалъаихум зисту зиндагӣ карда, ҳар сол ба назди амир мерафтааст. Ўро марди шеършинос, таърихшинос, хуштабъу хушзеҳн тавсиф мекунанд. Ашъораш хело рангин ва болосифат менамояд. Девони ашъорашро дучор нашудем, аммо дар баёзу ҷунгҳо шеърҳои шоир хело зиёд дида мешаванд. Муаллифони китоби «Таърихи адабиёти Афғонистон» чунин қайд мекунанд, ки «Иззат шоири соҳибдевон аст» ва як нусхаи девонаш дар китобхонаи марҳум Шоҳабдуллоҳи Бадахшӣ мавҷуд будааст.
  Соли вафоти шоир маълум нашуд. Вале мувофиқи маълумоти тазкираи Афзали Пирмастӣ то соли 1336/1917-1918, ки соли таълифи тазкира аст, Иззат дар қайди ҳаёт будааст. Аз рўи тахмин Иззат дар мусиқӣ ва ҳофизӣ низ даст доштааст. Зеро ҳофизи халқи точик Акашариф Ҷураев ўро устод ва мураббии худ медонад. +азалҳои Иззат мутаадади шоҳиди ҳоли хуштабъӣ ва ширинкаломии ў мебошад.
Аҳмад Наҷиби Байзоӣ дар китоби худ «Суханварони Дарвозӣ» менависад, ки «…тавре, ки маълум аст ва асноди мавҷуд хокӣ аз он аст, вай дорои девони ашъор мебошад, ки муштамил аст бар ғазалумухаммас, маснавӣ ва рубоӣ»[С.Д.93]. Бйзоӣ дар имтидоди назари худ дар бораи девони Иззатшо қайд кардааст, ки «Нависандаи ҷавон ва боистеъдод Абдулатиф Пидром дар мақолаи хеш дар мавриди девони Иззат чунин нигоштааст: «Девони Иззатшоҳ ибни Мазҳабшоҳи Дарвозӣ аз мазеъи Қалъаихум дар кағази самарқандӣ бо ду ҳазору шашсаду панҷоҳ мисраъ ба шакли моил(баёз) навишта шудааст, ки як нақли он ба хат ва китобати Иззат ҳанўз дар китобхонаи Ҳоҷӣ Баҳодури Дарвозӣ мавҷуд аст. Биноан бузургтарин девони Иззат девон дусаду ҳаштодуду саҳифаии ў мебошад, ки мероси маънавии арҷманде мебошад». [С.Д. с.93-94].
Дар бораи вафоти Иззатшоҳи Дарвозӣ Шоҳабдуллоҳи Бадахшӣ дар тазкираи «Армуғони Бадахшон» чунин навиштааст: «Назар ба нигориши фозили муосир Авлиёҳусейн Мағмуми Дарвозӣ Мирзо Иззатшоҳмавсуф ба умри панҷову ҳафтсолагӣ дар санаи 1337 ҳиҷрӣ қамарӣ (баробар ба соли 1918 мелодӣ ) дар ҳоле, ки падару модараш ҳаёт доштанд, вафот ёфта дар Дарвоз мадфун шудааст»[А.Бад.с. ].
Дар бораи он ки шоир дар ватанаш чи тарз зиндагӣ намудааст, аз осори бозмондааш дарк кардан мумкин аст. Мазмуни аксари шеърҳои шоир характери ҳасбу ҳолӣ дошта, аз рўзгори сипаринамудаи шоир ҳикоя мекунанд.
Чун Иззатшоҳи Дарвозӣ дар ватанаш ҳунари мирзоиро хело хуб омўхта буд, девони ғазалиёташро бо дасти худаш дар ду се нусха навиштааст. Нусхаи аввали он нусхаи китобхонаи шахсии Савлатшоҳи Мерган буда, онро соли 1963 Тоҳири Бадахшӣ дар яке аз мулоқотҳояш бо  С.Мерганов  ҳадя намудааст. Соли 2012 бо исрору таваллои зиёд устод С.Мергановро розӣ кунондам, ки барои муддати чанде нусхаро дар ихтиёри мо гузоранд. С.Мерганов баъд аз як ду ҳафтаи суҳбат девони Иззатшоҳро ба ихтиёри мо гузоштанд. Аслан дар аввал он қадар ризо набуданд, чунки то замони мо устодони варзидаи шарқшиноси зиндаёд А.Алимардонов, З. Аҳрорӣ ва Х. Шарпов рўҳашон шод бод, дар бораи ҳамин нусхаи девони Иззатшо аз шодравон С.Мерганов дархос карда буданд. С. Мерганов дархости эшонро напазируфт ва ба онҳо муясар нашуд, ки дневони Иззатро мутолиа кунанд. С.Мерганов бо ҳамроҳии К.Чиллаев мунтахаботи ашъори Иззатшоҳро таҳия намуда ва ба нашриёти «Адиб» супорида буданд. Бо сабабҳои номаълум он китоб дар байни анбўҳи китобҳои нашрношудаи нашриёти «Адиб» ба гўшаи фаромўшӣ афтида буд ва рўйи чопро надид. Дар яке аз суҳбатҳо ба устод С. Мерган нимшўхӣ ва нимҷиддӣ гуфтам, ки агар китобро дар дар ихтиёри мо нагузоред, ҳатман дар яке аз мақолаҳоям хоҳам навишт, ки устод Мерганов барои таҳқиқ ва баррасии ашъори Иззат, ки ба фоидаи илм аст, ҳакорӣ накарданд. Устод гуфтанд, ки наход чунин нависӣ? Гуфтам: Ака,  ман дар як мақолаам дар бораи тарҷумаҳои форсии «Маҷоли-ун-нафоис»-и Алишери Навоӣ навиштам, ки Камол Айнӣ муддати 20 сол ваъада доданд, ки як нусхаи тарҷуми чоруми «Маҷоли-ун-нафоис»-ро дорам ва барои муқоиса ба  шумо мерасонам, мутаасифона ба ваъадаашон вафо накарданд ва ман ҳам натавонистам, ки он нусхароро  аз наздик бубинам ва бидуни муқоиса бо нусхаи дасти Камол Айнӣ дар асоси се тарҷумаи дигари тазкираи Навоӣ корро ба анҷом расонидам. Ҳамин қиссаро ба ў ҳикоя кардам ва гуфтам, қи ҳамин хел дар бораи Шумо ҳам хоҳам навишт. С.Мерганов каме ба фикр фурў рафт ва пурсид:
Рост мегўйӣ? Гуфтам: -Чаро не! Ҳатман менависам! Каме табассуме танҳо хоси шодравон Савлатшо Мерганов буд, намуд ва рафту пас аз ду ҳафта нусхаро овард. Ҳамин тарз девони Иззатшоро дастрас намудам. Чун нусха қайдҳо ва иловаҳои зиёд бо рангҳои гуногун дошт муддати се моҳ дар ихтиёри ман буд. Ҳамчунон устодро гуфта будам, ки ин нусхаро ба криллӣ ва факсималӣ агар имкон бошад ба табъ хоҳоҳем расонод. Лутфи С.Мерганов буд, ки ба таҳия матни девон шуруъ намудем. Назар ба маълумоти Мерганов нусхаро ба ў дар Афғонистон яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсӣ ва фарҳангии Афғонистон Тоҳири Бадахшӣ тўҳфа намудаанд. Нусхаи дуюми девони Иззатшо дар Афғонистон маҳфуз аст ва нусхаи футукопии он ба мо расонида шуд. Ҳарду нусха ба қалами худи муаллиф марбут мебошад. Нусхаи китобхонаи С. Мерганов нусхаи аввал ва нусхаи Афғонистон нусхаи дуюм мебошад. Гарчанде, ки муаллиф дар варақи аввал девон навишта бошад ҳам, аз  рўйи тартиб додани девон ба девон пурра ҷавобгў нест. Шоир ашъори худро ба тартиби вақту замони навиштааш дар китобаш ворид сохтааст. Аз ин рў дар девон тартиби пайи ҳам овардани ғазал, мухаммас, маснавӣ ва наътҳо риоя нашудааст. Бештар шакли китоб муфрадотро мемонад. Нусхаи дуюм низ ба ҳамин шакл навишта шудааст.
Нусхаи мазкур аз варақи аввал шуруъ мешавад. Дастнавис аз 142(284) саҳифа ва андозаи 13 Х 20 иборат буда , дар васати дастнавис варақҳои 61 то 66 андозаи 13 Х 17 мебошанд. Шеърҳо дар ҳар як саҳифа дар ду сутун ба шакли моил ба каҷӣ, ҳар саҳифае 20 сатрӣ навишта шудаанд. Матни варақҳои 61-64 8 сатрӣ дар ду сутун навишта шудааст.
  Дастнавис аз варақи 1 то 67 ва аз варақи 72 то 118 дар қоғази сохти самарқандии нафиси абрешимӣ, ки моил ба зардӣ дорад навишта шудааст. Варақҳои 68, 69, 70, 71 дар қоғази нафиси сохти самарқандии рангаш зарди тиратар навишта шудаанд. Варақҳои 140-142 дар қоғази фабрикии дорои хатҳои васеъ навишта шудааст. Аз ин тарз, сохт ва ҳаҷми варақҳои дастнавис маълум мегардад, ки Иззатшоҳ девонашро дар давоми солҳои мутамодӣ оҳиста-оҳиста ҷамъ намудааст. Қисми аввали девонашро дар Шаҳри Сабзу Бухоро таълиф намудааст. Девон дар врақҳо ҳамеша ҳамроҳи шоир будааст.
Барои мураттабӣ ва пайдарҳамии ғазалу мухамммасҳо ва саҳифабандииӣ дар зери ҳар як саҳифа калимаи аввали матни саҳифаи баъдӣ навишта шудааст.Масалан агар дар варақи 39б дар зери матн калимаи «соқӣ навишта шуда бошад, дар аввали варақи 40а ғазале навишта шудааст,ки матлааш бо калимаи «соқӣ» шуруъ мешавад:
Соқӣ ту бодаро пур кун, ки дил ёбад сафо,
Зудтар расонад хешро кундар сабили муддао.
  Ба ҳамин тартиб тамоми матни девон навишта шудааст. Чун Иззатшоҳи Дарвозӣ ҳунари хаттотиро дар Дарвоз омўхта буд, девонашро бо хате зебои хонои настаълиқ навиштааст. Дар вақтҳои ба шоир муносиб, муаллиф худаш таҳрир намуда дар ҳавошӣ ва дохили матн иловаҳо ворид кардааст. Баъд аз хондани дубора бо ранги дигар дар калима ё ибора ва ҳатто мисраъро низ иваз намудааст. Калимаи пешин хат зада шудааст ва ин ба хати муаллиф монандӣ надорад. Масалан дар варақи 8а дар ҳошия ин байт навишта шудааст:
    Ин сухан поён надорад, эй ҷавон,
    Шеъри Иззат бенамак шуд назди ом.
   Муаллифи ин байт маълум нест. Як байти дигар низ навишта шудааст, аммо аз сабаби он ки дастнавис қисман нам кашидааст, хонда нашуд. Дар  варақи 12б иловаи дигаре дар матни девон ба назар мерасад, ки он бо қалами оддӣ бо хати настааълиқи хело дағал ва пурхато навишта шудааст. Ин навиштаҷот ба шоир ва ашъори ў рабте надорад. 
Дар баъзе авроқи дастнавис иловаҳои шахси дуюм низ ба назар мерасад, ки ба хати настаълиқ дар байни матни  девон навиштааст. Дар варақи 20а ва варақи 40б дар ҳошия ва дар байни сутунҳои шеърӣ байтҳои зерин навишта шудаанд:
        Дили бемори маро ҳар ки гирифтори ту кард,
        Тоқати зории дил нест дигар баҳри Худо.
                                   *****
       То кай ба дарат ояму дидор набинам,
       Сад бор туро ҷўяму як бор набинам.
                                    *****
       Иззат ба шодӣ кун зиндагонӣ,
       Хок аст охир анҷоми одам.
    Дар варақи 141б бо дастхати худи муаллиф дар бораи хосияти шифобахшии мурч дастури таҳияи адвия аз ин растанӣ наишта шудааст.
Дар зери ҳамин матни тиббӣ дастхати нафари сеюм ба назар мерасад, ки чунин навиштааст: «Ин дастхати Мирзо Иззатшо муддати баъид аст, ки аз мероси бобогӣ дар даст дорам. Таърих 1337, 19 қавс.»
  Дар варақи 74б байти:
Ҳар гўш, ки ин шеър чу масҷуъ намояд,
Ин рамзи ман аз шуъла надонад зи надим аст.
  Дар варақи 75 байти «Дар маҳфил агар минову соғар шуд зи май мамлу» ба ивази байти «Дар ин маҳфил бувад минову соғар чун зи май мамлу» навишта шудааст.
     Иловаҳои вориднамудаи муаллиф ба дастхати худаш дастнависро коста намегардонад, балки қиммати орегиналии онро бало мебарад ва нусхаи асл будани онро тасдиқ мекунад. Иззатшоҳи Дарвозӣ ҳангоми мутолиаи дувумбораи ашъораш тамоми хатогиҳои худро бо ранги обӣ равшану хоно ислоҳ намудааст. Масалан дар варақи 2а ба ивази ибораи «Эй аҳаде рузӣ» -«эй аҳади рўзӣ» ислоҳ кардааст. Дар варақи 3а ба ивази мисраи «Баъд зи Форуқ зи Нурин тоҷ» -«Баъд зи Форуқу зи Нурайн тоҷ» -ро иваз кардааст, ки ин ба вазн ва қофияи шеър мувофиқ мебошад. Дар варақҳои 15б «чун» ба «ҳам» , 16а –«чун» ба «худ» боранги осмонӣ иваз карда шудаанд.
          Дар варақи 22б –мисраи дуюми банди сеюми мухаммас, ки дар асл чунин навишта шудааст:
    «Маҷмаи халқи ҷаҳон доранд сар савдои ту» чунин ислоҳ карда шудааст:  «Маҷмаи халқи ҷаҳон сардода дар савдои ту», дар варақи 26а мисраи аввали мухаммас: «Эй дилам, бодо фидоят андалеби ҷони ман», ба ин тарз: «Дилбарам бодо фидоят андалеби ҷони ман» иваз карда шудааст.
    Дар варақҳои 27- «чун» ба «ман»; в. 42а–«чун» ба «гар»; 42б-«чун» ба «он»; в. 43а –«чун» ба «он»; 43б –«чун» ба «дур»; в. 64а –«дорам асо дорам…» ба «худро асо дорам…»; в. 70а-«чун» ба «гар».
    Дар в. 75а мисраи «Дар ин маҳфил агар минову соғар шуд зи май мамлу…» ба ивази мисраи «Дар ин маҳфил бувад минову соғар чун зи май мамлу…» бо ранги обии хоно навишта шудааст. Дар в. 47б як байти пурра ба ғазал илова карда шудааст. Байт ин аст:
      «Ҳар гўш, ки ашъори маро самъ намояд,
      Гар рамзи ман аз сифла надонад, ки надим аст.»
 
   Дар в.77а- мисраи «Гуфтам занам машшота бар зулфипуршиканаш» ба ивази мисраи «Гуфтам, қадди сарви машшота чу қудрат»(?); дар варақи 35а- мисраи «Даст каш аз қайди ушшоқон ту, эй симзақан…» ба ивази мисраи «Даст каш аз қайди ушшоқон дод чун забун»(?); дар в. 95б- мисраи «В-аз килк, чу қудрат биканад нақши бадоеъ» ба ивази мисраи «В-аз килк яде қудрати ў тафсири бадоеъ»(?); в. 121б- мисраи «Тавсани фикрат кунун маҳмез дар майдон кун», ба ивази мисраи «Тавсанан чун фикрро маҳмез дар майдон кун»(?) ; в.129б – мисраи «Сар фурў дар ҷайб фикрат пой дар домон кун» ба ивази мисраи «Сар ба ҷайб чун тафаккур пой бар домон кун»; в. 137а мисраи «Муддате шуд з-он табиби ҳозиқи исинафас» ба ивази мисраи «Хизр мақдам з-он табиби ҳозиқи исинафас».
Чунин иловаҳо ва ислоҳот дар матни девон зиёд ба назар мерасад. Ҳангоми мутолеаи девон дар матн баъзе нуқсонҳои на чандон ҷиддӣ низ ҷой дорад, Масалан дар в. 104ва мисраи «Ҷуғд донад хоки чун вайронаро мушки Хутан». Вожаи «чун» ба вазни шеър мувофиқат намекунад, ҳангоми таҳрир шояд аз чашми шоир дур монда бошад, агар вожаи «чун» ба «ҳар» иваз карда шавад матн саҳеҳтар аст: «Чуғз донад хоки ҳар вайронаро мушки Хутан» ва ғ.
  Муқоваи дастнавис аз қоғази ғафси фабрикӣ сохта шудааст. Мўҳр ва унвон надорад. Номи саҳҳоф ё мўҳри саҳҳоф гузошта нашудааст. Аз рўйи тарзи ҷилдбандӣ маълум мегардад, ки ин амалро шахси ғайри маслакӣ на саҳҳоф  анҷом додааст. Гарчаде, ки ҷузъбандӣ шуда бошад ҳам, ба сабаби он ки аз ресмонҳои махсус барои ҷузъбандӣ истифода нашудааст бо мурури замон ресмонҳо фарсуда шуда варақҳои дастнавис ҷудо шудаанд.
   Дар солҳои ахир аз ҷониби шахси номаълуме, шояд молики аслӣ ё баъдии дастнавис бошад, дастхат тармим карда шудааст. Барои тармими китоб аз қоғази нафиси арғавонӣ истифода шудааст, ки дар бисёр саҳифаҳо хати зери он хонда намешавад. Ин амал низ ғайри тахасусӣ анҷом дода шудааст. Бояд тазаккур дод, ки авроқи дастхат пурра ҳифз гардидааст.
   Роҷеъ ба ислоҳоте, ки шахси сеюм дар баъзе ҳавошии дастхат ворид намудааст. Соҳиби феълии дастнавис маҳрум С. Мерганов тайид намуда буд, ки хати сеюм бо қалами оддӣ марбути ўст. Ислоҳоти охирини воридгардида дар дастхат низ мисли саҳҳофии он ғайри маслакӣ буда кадом арзише надоранд. Мусаҳеҳ кўшидааст, ки дар вазни шеър илова ворид созад, аммо баръакс вазн  халалдор шудааст ва аз илми вазну қофия бархурдор набудани мусаҳеҳ хабар медиҳад.
   Иззатшои Дарвозӣ чандин маротиб ба Бухоро сафар намудааст. Аз рўи ашъори дар дастнавис овардашуда, маълум мегардад, ки шоир ҳамеша нусхаи аввали дастнависаш ҳамроҳаш будааст ва шояд дар сафарҳои худ дар ҳар манзил навишта ва баъдан дар Дарвоз онро ҷамъ ва таҳрир кардааст. Назар ба маълумоти Латифи шоир касе пайдо нашуд. Новобаста ба он ки Иззатшоҳи Дарвозӣ аз тарафи амири Бухоро ба вазифаи мирохўрӣ тайин гардида буд, худро аз мардумаш канор гирифта наметавонист ва кўшидааст, ки дар ашъораш вазъи иҷтимоии мардуми диёрашро мунъакис созад.
Пидром нусхаи дар Афғонистон маҳфузбуда нақли таҳриршудаи ҳамин нусхаи аслӣ мебошад. Тарз, хат ва сохти китоб ба нусхаи асл монанд аст. Чун нусхаи Кобул дар шакли оригиналӣ дастраси мо қарор нагирифтааст, мо наметавонем дар бораи он дастхат маълумоти пурраи тавсифӣ диҳем.
   Як иловаи дигари нотамом ва машкук дар в.70б бо қалами сиёҳ чунин навишта шудааст: «Субҳонқулҷон,  бандагии хос барои оҷизаам яксаду ҳафтод афғонӣ…». Мутаасифона дигар чизе навишта нашудааст. Аз он лиҳозе, ки баъд аз барқароршавии Ҳокимияти Шўравӣ дар Дарвоз касе аз ақориби Иззатшо дар Дарвоз намонд. Ба он хотир буд, ки Иззатшоҳ мансаби амирӣ дошт ва шояд ақориби ў таъқиб карда мешуданд, ин буд ки  аксари эшон Дарвозро тарк карда ба Афғонистон ҳиҷрат намудаанд. Навиштаи нотамоми дохили муқоваи дастнавис ҳаминро далолат мекунад ва ақориби шоир онро ба ивази яксаду ҳафтод афғонӣ фурўхта бошад. Ду дастхати шоир низ ҳамроҳи ақорибаш ба Афғонистон бурда шудаанд.