Донишманди суханвар

       Номи Зоҳир Аҳрорї ба аҳли илму адаби љумҳурї аз нимаи дуюми солҳои панљоҳуми асри гузашта то имрўз маълуму ошност. Ҳанўз аз мақола ва навиштаҳои аввалини ў зоҳир шуд, ки ба арсаи илм шахсе қадам мегузорад, ки кулвори донишманиву шоириашро бо асноди илмї ва дурру гавҳари лафзи ширини дарї муљаҳҳаз сохтааст. Ба қавли файласуфи олмонї Георг Вилгелм Фридрих Гелел барои донишманд доштани хотираи қавї фактори муҳими љамъбаст намудани натиљаҳои мушоҳида ва тадқиқоти илмї аст. Устод Аҳрорї дорои  хотираи нодир буда, ҳангоми  таълифи китобу мақолаҳо ин воситаи муҳими эљодро пурсамар истифода мекард.

         Ҳанўз пас аз хатми бомуваффақияти Донишгоҳи миллии Тољикистон (он вақт Университети давлатии Тољикистон) роҳбарияти Донишгоҳ ба ин хатмкунандаи болаёқат бо нигоҳи ояндабинї назар карда, ўро барои ба донишљўён дарс гуфтан тавсия мекунанд.

         Вай дар як муддати кўтоҳ дар байни устодон ва донишљўён ҳамчун донишманди  фозил ва хоксор шинохта  мешавад. Устод Зоҳир Аҳрорї ба донишљўён аз фанхои «Таърихи адабиёт», Назарияи адабиёт ва  адабиётшиносї дарс гуфта, миёни донишљўён маҳбубият пайдо мекунад.

         Пас аз чанд сол ин донишманди закї аз љониби академик А. Мирзоев ба Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тољикистон даъват шуда дар он љо то таъсиси Шуъбаи институти шарқшиносї ҳамчун корманди илмї фаъолият мекунад. Ҳанўз дар ҳамин рўзгор, ба муносибати љашни Одамушшуаро Устод Абўабдулло Рўдакї Шуъбаи шарқшиносї ва осори адабии АФ РСС Тољикистон тасмим мегирад, ки ба муносибати фарорасии ин љашн маљмўаи «Ашъори ҳамасарони Рўдакї»-ро таҳия намуда ба табъ расонад. Роҳбарияти институт дар қатори донишмандони номии кишвар Б.Сирус, К.Айнї, Р. Ҳодизода, М. Бақоев, М.Занд, С. Тољиддинов қобилияти донишманди љавон З. Аҳрориро низ ба назар гирифта, ўро низ ба ин ҳайат ҳамроњ мекунанд. Китоби мазкур дар радифи корҳои љашнї соли 1958 дар шаҳри Сталинобод ба табъ мерасад.

         Баъдтар, дар аснои кор дар Институти шарқшиносии АИЉТ (њоло АМИТ) ба омўзишу таҳқиқи рўзгор ва ҳаёти шоири машхури тољик Абдураҳмони Мушфиқї машғул мешавад.

         Устод пас аз омўзишу таҳқиқ натиљаи андешаҳои худро дар муқаддимаи китоби «Мушфиқї. Мунтахабот. Нашр. дав.Тољ. Сталинобод-1958» хеле дақиқназарона дар се бахш манзури хонандагон намудааст.

         Мутолиакунандаи аз илмҳои адабия огоҳи тољик аз аввалин қадамҳои устувори ин олими љавон эҳсос мекунад, ки ў бо як  диди тоза ва амиқ ба тадқиқи таърихи адабиёти камомўхташудаи асри XVI тољик ворид шуда истодааст. Ањрорї бо маводҳои аввалдараља, яъне, дастхатҳои нодир такя намуда ба баъзе факту далелҳое дучор меояд, ки барои равшан намудани баъзе љиҳатҳои камомўхтаи ин аср ва хусусан, ҳаёт ва фаъолияти Абдураҳмони Мушфиқї аҳамияти хеле муҳим доштанд.

         Муҳаққиқ дар ганљинаи дастнависҳои шарқии Институти забон ва адабиёти АИЉТ ду дастхати девони ашъори шоирро пайдо мекунад. Пас аз таҳқиқ баъзе ашъореро интихоб мекунад, ки ҳасбиҳолї буда, бевосита лаҳзаҳои ҳаёт ва фаъолияти ўро инъикос мекарданд. Аҳрорї илова ба ин, аз китобҳои «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Хоља Ҳасани Нисорї ва «Туҳфат-ус-сурур»-и Дарвеш Алии Чангї баъзе далелҳои нодиреро пайдо мекунад, ки ин мисолҳои шеърии муҳаққиқ пайдо кардаро тасдиқ мекунанд.    

         Дар натиљаи љустуљўҳои пай дар пай Аҳрорї ба як фазои холии мансуб ба ҳаёт ва фаъолияти Абдурраҳмони Мушфиқї маълумоту далелҳои тоза ворид менамояд.

         Бо саъю кўшиши Аҳрории љавон тавассути Нашриёти Давлатии Тољикистон  мунтахаботи ашъори Абдураҳмон Мушфиқї бо муқаддимаи  то ҳадди имкон муфассал ба табъ мерасад. Баъдан, соли 1978 ин маљмуаро бо номи “Мушфиқї (ҳаёт ва фаъолият)” муфассалу мукаммалтар намуда, онро бо ҳуруфи имрўзаи тољикї ва алифбои арабї ва бо муқаддимаву  тавзењот ва шарњи луѓот ба табъ мерасонад.

         Аҳрорї натиљаҳои татқиқоти худро оид ба њаёт ва эљодиёти Мушфиқ љамъбаст намуда, соли 1966 таҳти роҳбарии шарқшиноси маъруф А.А. Болдирев рисолаи номзадї ҳимоя мекунад ва сазовори дараљаи илмии номзади илмҳои филологї мегардад.

         Институти Шарқшиносии АИЉТ солҳои охири панљоҳум ва аввали солҳои шастуми асри ХХ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи маънавии аҳолии кишвар ба таҳия намудани матнҳои осори гузаштагон ба алифбои кунунии тољикї машғул мегардад.

         Матни безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсї, ки таҳияи он дар он айём ба вуқўъ пайваст, аз нуҳ љилд иборат буд ва дорои аҳамияти бузурги маънавї мањсуб меёфт, яке аз таҳиякунандагони ин шоҳасар устод З. Аҳрорї буд. Баъдан, устод бо ҳамроҳии Ҳафиз Рауфзода “Фарҳанги мухтасари «Шоҳнома»-ро, ки муњаќќиќ Иброҳим Ализода таҳия намуда буд, бо таљдиди назар ба табъ расониданд. Пас аз ин, бо ҳамкорї бо устод К.С. Айнї «Андарзнома»-и Фирдавсї рўи нашр омад, ки барои омўхтан ва аз бар намудани дурдонаҳои гаронқадри ин асари  безавол аз аҳамият холї набуд. Баъдтар, Устоди зиндаёд дар таҳияи достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомї иштирок намуда, ин достонро бо муқаддима ва шарху тавзеҳот соли 1983 ба табъ расонид. Ин «достони ишқу зебої дар панљљилдаи осори Низомии Ганљавї, ки дар шакли «Куллиёт» муррттаб шуда буд, дар љилди аввал љо гирифт.

         Устод Аҳрорї ҳануз соли 1962 «Рисолаҳои хурди шоир ва мутафаккири бузург А. Љомиро ба табъ расонида буд. Баъдан, вай дар таҳияи осори мунтахаби ғазалиёт ва маснавиҳо дар панљљилдаи осори Абдураҳмони Љомї, аз љумла 2 љилди ғазалиёт, маснавиҳои «Юсуф ва Зулайхо», «Сабҳат-ул-аброр», «Саломон ва Абсол», «Панду андарзҳо» саҳмгузор шуд. Ин кори шоиста ба муносибати 550 - солагии рўзи таваллуди шоир ва љашни 575 - солагии ин адиби забардаст ба вуқўъ омад. Устод Аҳрорї, қисми муайяни ин осорро бо ҳамроҳии зављааш-корманди илмии Институти шарқшиносии АИЧТ Мањинбону Мамедова ба анљом расонидааст. Устод баъд аз ин «Муш ва гурба»-и Шайх Баҳої, «Осори мунтахаби Соиб (бо ҳамроҳии зиндаёд Лоиқ Шералї) ва ин чунин романи нависандаи машҳури Эрон Љаввод Фозилро бо муқаддимаву шарҳу тавзеҳоти зарурї таҳия намуда ба доираи васеи хонандагон пешкаш намудааст.

         Саҳифаҳои таърихи тадќиќоти ўро варақ зада кас ба як идда пажўҳишҳои илмии ў дучор мегардад, ки хеле назаррасанд. Ин љустуљўву таҳқиқот ба таърихи адабиёти форсу тољик, таърихи адабиёти асрҳои XVIII, ХХ Эрону Афғонистон ва намояндагони  барљастаи онҳо ва ҳамчунин робитаҳои маданию адабии байни  намояндагони илму адаби кишварҳои форсизабон бахшида шудааст. Рисолаи илмии «Қорї Абдулло» ва се љилди  «Адабиёти Эрон дар қарни XVIII» (2006-2007) аз ҳамин силсилаи тадқиқотҳои устоди серкору, пухтакор З.Аҳрорї мебошад.

         Устод З.Аҳрорї ҳељ гоҳ ёрии илмии худро аз касе дареғ намедошт. Аз ин рў, ҳар нафаре ки ба ў мурољиат мекард, аз ёрї бенасиб намемонд. Ў марди фурўтан, ҳақиқатљўву ҳақгў буд, ҳаргиз аз паи молу сарват нагашта доим паи таҳқиқ ва љустуљў буд. Ба қавли шодравон Амрияздон Алимардонов “ў таҳқиқи ин ё он ҳодисаи адабї ва ё аз зери гарди фаромушї баровардану муаррифї намудани рўзгору осори ин  ё он адиби гузаштаро аз ҳама гуна унвон афзалтар медонист ва инро аз љумлаи қарзи виљдонии худ ҳисоб мекард”. Бояд иқрор шуд, ки чунин муносибат ба кор ҳанўз аз овони љавонї ба ў ёр буд, инро чуноне ки ёдовар шудем. Ҳанўз аз љустуљў ва тадқиқот дар бораи  ҳаёт ва осори Абдураҳмон Мушфиқї бараъло њис намудан мумкин буд.

Инро низ бояд хотиррасон кунем, ки устод Аҳрорї табъи баланди шоирї дошт ва нисбат ба ашъори худ низ аз ҳамин дидгоҳ назар мекард. Ин аст, ки ашъораш тарзи сухани гузаштагонро ба хотир меорад, каломаш мисли пешгузаштагон сермаъно, хеле равону содаву дилнишин эљод шудааст.

Маҳмадёри Шариф

Ходими пешбари илмии

Маркази мероси хаттии

АМИТ, номзади илмњои филология