Достони муҳаббату садоқат

 

Достони муҳаббату садоқат

                       Дар ҳақиқат, офаридгорони Банӣ – Башар

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,

Майли онро дар дилаш андохтанд.

        Ошнойӣ бо навиштаҷоти Бобоҷони Нурзод, ки солиёни дарозест дар майдони заҳматталаби адабиётамон дилгармона хомаронӣ мекунад, гувоҳ аз он медиҳад, ки табиати созанда бармаҳал меҳру майли Суханро дар вуҷудаш андохта, ҳидояташ ба ҷодайи суханрониву сухандонӣ фармудааст.

     Бобоҷон ин гавҳари худододиву ҳунари модарзодиро оҳиста –    оҳиставу дониста – дониста корандозӣ намудаву масири сухангустариро мушкилписандонаву ҳадафмандона паймуда, монанди кӯҳнаварде ба қуллаҳои тавфиқу муроди эҷодӣ на осону давон расидааст.

    Ба иборати дигар, ӯ, ҳаммонанди ҳар деҳқону кӯҳистонзодае, роҳу зинаҳойи пурпечутоби зиндагиву бандагиро тай намуда, душвориву маҳрумият ва ҷаҳду ҷадалҳойи зиёдеро пушти сар гузорида, пасон имкон ёфтааст аз сари минбари баланди сухан изҳори назару ниёзу фикру таманно кунад, ки рӯзгору осораш ин даъворо далолат медиҳанд.

      Бобоҷон асолату рисолати шеъру шоирӣ ва мақомашонро дар ҷомиъаи башарӣ хуб медонаду ривоят мекунад ва аз ибтидо ҳадафу мақомашро дар олами эҷоду зиндагӣ бардурусту санҷида муайяну муқаррар намудааст, ки ҷодайи камолашро мунаввар доштаанд:

Ман дар оғӯши ватан қад мекашам,

Ҳамчу гул дар сар – сари ин ёлаҳо!

Мисли сабза аз дили поки замин

Рустаам дар ин диёри дилкушо!

    Парвардайи ёлаҳову диёри дилкушо ба қавлу аҳди худ аз ибтидо то имрӯзҳо устувору побарҷой монда, васфи ҳамин диёри нотакрору табиати ҷаннатосораш мекунад ва сарбаландона хитоби ҳамагон месозад:

Тоҷикистон ваҳдатободи ман аст,

Як ҷаҳони шоду озоди ман аст!

Дар паноҳи ваҳдати сартосарӣ

Кишвари сабзи Худододи ман аст!

    Оре, Модару Ватан, Истиқлолу Ваҳдат, Миллату Забон, «Авасто»-ву «Шоҳнома», Рӯдакиву Сомониён, Қаҳрамону Паҳлавонон, Обу Барқ, Дӯстиву Бародарӣ, Наврӯзу Пешво, Сарқонуну Хонадон, Ишқу Ҷавонӣ, Илму Дониш ва дигар муқаддасоти кишвару ҳамдиёрони азизамон меҳвару ҷавҳари шеъри Бобоҷонанд, ки онро маҳбубу мақбули ҳамагон мегардонанд:

Дод бар мо бахт Истиқлолият,

Минбареву тахт Истиқлолият,

Решадору сахт Истиқлолият!

Офарин бар миллати бедордил,

Сулҳу ваҳдатофаринонро кафил!

                     ***

Тулӯъи зарфишони тоҷикон Ваҳдат,

Нумӯъи сабзаҳои мағзи ҷон Ваҳдат!

Барои миллати беиллати тоҷик

Зи даргоҳи Худоӣ армуғон Ваҳдат!

                     ***

Муборак Иди Истиқлоли тоҷик,

Шукӯҳу шуҳрату иқболи тоҷик!

Ба кайҳон мерасад бо сарфарозӣ

Сари аз шавқ моломоли тоҷик!

                     ***

Бо аҳду садоқатҳо оварда саодатҳо,

Ай дода кафолатҳо бар сулҳу салоҳатҳо!

Бо ақлу закои хеш, бо хилқати дурандеш,

Ай Шоҳи адолатҳо, дурӣ зи малолатҳо!

                     ***

Артиши мо ҳаст нерӯи Ватан,

Рӯшанибахшойи маҷмӯи Ватан!

То ватандор аст тоҷик дар ҷаҳон,

Гумраҳе н-ояд ба паҳлӯйи Ватан!

                     ***

Афсарони Тоҷикистонро салом,

Фотеҳони давру давронро салом!

Сарвати тоҷик бувад созандагӣ,

Родмардону далеронро салом!

                     ***

Таманно дорам аз гулҳои Наврӯз,

Аз ин дашту даман – паҳнои Наврӯз!

Сарамро бар сари дилбар ниҳода,

Бибӯсам аз гули лабҳои Наврӯз!

            Гулчини навбатии ашъори Бобоҷони Нурзод, ки «Девони саодат ва садоқат» (Хуҷанд, нашриёти «Нодир», 2018, 320 саҳ.) унвон (зерунвони «Силсилаҳамосаҳои Душанбе») дошта, бино бар таъкиди худи нигоранда, «Ба ифтихори 100-солагии пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе» мунташир гардидааст, дастае аз ашъори дар қолабҳои суннатии шеъри тоҷикӣ манзума, қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа, дубайтӣ, рехтаи шоирро фароҳам оварда, паҳнои муҳаббату садоқати гарми фарзанди дилсӯзу ғамхори шаҳру диёрро дар нисбати муқаддасоти Ватану Миллат, алалхусус, шаҳри умеду армони куллияи тоҷикони ҷаҳон – Душанбеи гулрезу сафохез андар мағрази назарҳо гузоштааст.

            Аз нигоҳи хушбини Бобоҷон, Душанбе «олами сабзи шукуфоӣ», «минбари меҳру баҳамоӣ», «шаҳри сарфарози сарбагардунсуда», «ҷилобахшандаи Шарқи куҳанфармудаи тоҷик», «чашми зебо, дидаи бикшудаи тоҷик», «тахти бахти тоҷикону Тоҷикистон», «ниҳоли сабзи миллат дар фарози кӯҳсорон», «минбари розу ниёзи тоҷикони даҳр»-у «беҳин меросбари Бухоро аз ниёкон», «шаҳри санъат, шаҳри фарҳангу ҳунар», «сафири сулҳу ваҳдат», «пораи хоки Хуросон», «чашми дурбину чашмаи нуру зиё», «макону маснади алломаҳои рӯзгорон», «марзу буми ҷовидони бузургон», «хонаи Хуршеду уммеди тоҷдорон»,«хонаи аттору махзани асрори кӯҳистон», «ситоди сулҳу ваҳдати тоҷикон», «минбари афкору ҷиҳози миллати бедори тоҷик», «шаҳри ихлосу сипоси тоҷикон» аст. Бешак,

Душанбе – шаҳри сулҳу дӯстӣ, гаҳвораи ваҳдат,

Ҳама бурҷу манори он бувад девораи ваҳдат!

                                  ***

Домани сабзи Душанбе домани иқболи мост,

Ҳар кафи хоки заминаш ҷавҳари меҳру вафост!

                                  ***

Аҷаб Наврӯзгаҳ дорад Душанбе,

Ба наврӯзгоҳ раҳ дорад Душанбе!

Ба болои сари ҳар сокини худ

Аҷаб Хуршеду Маҳ дорад Душанбе!

                                  ***

Душанберо ба чашми дил бубинед,

Ба сар чун шуълаи қандил бубинед!

Ягона пойтахти тоҷикон аст,

Чу шамъаш дар ҳама маҳфил бубинед!

 

            Албатта, зоҳири нозанини «шаҳри таронаву фариштаҳо ва  ишқу армону ҷавониҳо» ботини пурмуҳтавоеро ҳам ниҳон дорад, ки бунёдашро дар имтидоди ҳазораҳо ниёкони шаҳру мулкороямон тарроҳиву                бино кардаанду гаҳ – гоҳ истилогарони аҷнабӣ зилзила ба ҷонаш андохтаанд. Аммо халқи ҷоннисору бунёдкорамон анқосифат аз миёни хокистартӯдаҳо сар барафрохтаву шаҳрашонро дигарбора муҷаллову мубарро сохтаанд. Ва дар ин амри хайру азми воҷибашон устову сармеъморони донову тавоное ҳам доштаанд, ки Душанбеи навин ҳам аз ин қоъида мустасно намебошад.

            Бобоҷони Нурзод ба ҳамин маънӣ ишоракунон дар мавриде ба Пешвойи муаззами миллатамон, ки посдори беҳин анъанаву суннатҳои созандаи ниёконамонанд, изҳор доштааст:

Ту он мардӣ, ки аз ту Тоҷикистон сад нишон дорад,

Ба сулҳу ваҳдати сартосарӣ тоҷик забон дорад!

 

Ҳама ҳастии худро бахши ин мулку ватан кардӣ,

Ҷасорат аз ниё бигрифтаӣ, то дил равон дорад!

 

Душанбе шуд Бухоро, ай ватандорон, ғазал хонед

Ба васфи Тоҷикисон, тоҷикам сарводахон дорад!

            Ва ё дар эҳдономае ба Раиси доруссалтанаи азизамон ихлосмандона фармудааст:

Ташвишу андешаҳои шаҳриёр

Шаҳри моро карда маҳбуби диёр!

Боҷасорат, зираку донову род,

Мулку миллатро бувад ӯ ҷоннисор!

            Бале, муҳаббати саршори Бобоҷони Нурзод нисбат ба халқу диёру фарзандони номбардори он сидқиву самимисту табиатан пероҳани бадеъу мурассаъе ба тан овардааст. Вассофи диёри бостонӣ дар ин ҷода собитқадам асту ҳақ дорад ифтихормандонаву ошиқона ба таъкид оварад, ки

Савганд мехурам ман: собиқ ба ин диёрам,

Фармуди қисматамро шукрона мегузорам!

 

Водию кӯҳу пушта бошад макони тоҷик,

Гулгул шукуфтанашро ҳар дам умедворам!

 

Ёри ватан, ки бошӣ, онро бикун ҳимоя,

Домони Модарамро аз к-аф намегузорам!

 

                                                    ***

Ай Худо, бар тоҷикони ман дили шодоб деҳ,

Бар ҳама кунҷу канори кишварам Варзоб деҳ!

Худ гувоҳӣ: рӯзгори тоҷикон буд тирагун,

Дар шаби ялдо барои тоҷикон маҳтоб деҳ!

Тоҷикамро, ки худогоҳу Худоогоҳ шуд,

Ояти дасти дуъо, шукрона бар меҳроб деҳ!

 

            Бошад, ки дуъойи гӯянда мустаҷоб гардаду дар ин соли пурфайзи     700-умин солгарди андалеби шайдойи чаманистони Хуҷанд девони ашъори ватандӯстонаи Бобоҷони Нурзод сазовори Ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ гардонида шавад, то рӯҳи суханвари «танҳоғариб» биболаду биёсояд.

 

Асрори Раҳмонфар,

ходими калони илмии

Маркази мероси хаттии

назди Раёсати АМИТ