Забони пӯё - миллати тавоно

 Андешаҳо дар ҳошияи мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов “Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат”,  “Ҷумҳурият” №194-195 (24 050) аз 05.10.2020. 

         Мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов зери унвони “Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат”, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ( нашр шудааст, мисли дигар мақолаҳои имлӣ-оммавие, ки эшон менависанд, зеҳни хонандаро такон дода, ба андешидани амиқ перомуни  масъала водор месозад.

        Дар  мақола муаллиф ба чанд воқеа ва далели таърихӣ рӯ оварда,  дар зимн масъалаҳои муҳимми илмӣ, таърихӣ, сиёсӣ, давлатдории миллӣ ва миллатсозиро мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар маҷмуъ, дар мақола масъалаи муҳимми сарнавишт ва бақои миллати тоҷик, яъне пойдории забони миллат ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёсозӣ  ва умри дубора бахшидан ба забони тоҷикӣ ва ба ин васила поянда нигоҳ доштани давлати тоҷиконро матраҳ шудааст. Муаллиф дар ин маврид барҳақ қазоват мекунад: “Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илму маърифату маданият ва  фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин мардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ − таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон дод. Ба ибораи дигар, баробари наҷоти миллат нақши  наҷотбахши забони ӯро низ ба ҷо овард.”      

       Ин баҳои ҳақиқӣ ба кору пайкори Пешвои миллат ва,  дар навбати худ,  ҳақиқате таърихист. Бояд зикр намуд, ки  Исмоили Сомонӣ нахустин давлати тоҷиконро бунёд гузоштаву  “бораи Бухоро” бошад, Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихисет, ки сари  Исмоили Сомониро баланд кард. Дар он даврони мураккабу ҳассос касе дигар ҷуръат ба барафрохтани қомати Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи  давлатдории тоҷикон намекард. Қад афрохтани   Исмоили Сомонӣ дар Душанбе ҷони тоза бахшидан ба хотираи мушавваши таърихии миллати тоҷик ва гоми муҳимме дар таъйини роҳи ояндаи миллат ва, ҳамин тавр, таҳқими андеша ва ваҳдати миллӣ буд.  

Дар мақола масъалаҳои мазкур бо далели  аҳаммияти таърихӣ, иҷтимоӣ ва давлатии забони миллӣ матраҳ мешаванд. Дар ҳақиқат,  забон муҳимтарин рукни пойдории давлатҳо ва мавҷудияти миллатҳо дар  арсаи байналмилалӣ ва  ҷаҳони имрӯз аст. Падидаест, ки тафовути инсон аз дигар махлуқотро муайян мекунад. Чунон ки Мавлонои Балхӣ хитобан фармудааст,

Ай бародар, ту ҳамон андешаӣ,

Мобақӣ ту устухону решаӣ!

           Бешубҳа тӯли таърихи пуршебу фароз забон ҳомию сипари мо дар муқобили аҷнабиён будааст. Бар асари ҳамлаи арабҳо, юнониҳо, муғулҳо ва ғ. бисёр ақвоме буданд, ки забони худро аз даст доданд. Барои мисол, ақвоми сокин дар шимоли Африқо забони модарии хешро гум карданд, аммо забони қудратманди тоҷикӣ на танҳо аз байн нарафт, балки боқимондаи муғулони ғолибро шефтаи худ карду   онҳо,  аз Мовароуннаҳр то Ҳиндустон,  давлатҳои худро бар асоси фарҳангу  забони тоҷикӣ бунёд намуда, асрҳо дар минтақа ҳукумат ронданд.

Файласуфи олмонӣ Мартин Ҳайдеггер гуфтааст: “Забон вуҷуд асту ин бад-ин маъност, ки забон танҳо додашуда ба мост, ки қаввоми ояндаи мо ба он бастагӣ дорад. Ҳамчунин забон танҳо доштаи мост, зеро тамоми имконоти аз пеш додашуда ба мо дар забон ошкор шудааст”. Ҳайдеггер дар мавзӯи забон таҳқиқоти амиқу густардае бурда, дар ниҳоят ба натиҷае мерасад, ки “забон хонаи ҳастист”. Дар ин ибора ба таври равшану возеҳ моҳияту аҳаммият забон барои инсонҳо ба таври ҷудогона ва барои миллатҳо ба таври хос баён шудааст.

Моҳияти инсонро андешаву ҷаҳонбинии ӯ ташкил медиҳад ва забон сурати зоҳирии андеша аст. Ба маънии дигар, забон абзоре дар хидмати ақл асту  ақл метавонад ба воситаи ин абзор идроку эҳсосоти худро ба дигарон бирасонад. Яъне,  сухан гуфтан бунёди мантиқӣ дорад, ки боиси эҷоди илму маърифат мегардад. Агар забон омили эҷоди илму маърифат бошад, пас маншаи пайдоиши қудрат низ ҳаст. Тавоноии ҳар миллат ба тавоноии забони вай вобаста мебошад. Руҷӯи муаллиф ба Ҳаким Фирдавсӣ ва мадад гирифтанаш аз “Шоҳнома”-и безавол ҳадафмандона буда, маҳз дар ҳамин росто қобили арзёбӣ мебошад: “Мантиқи бузурги таълимоти Пешвои миллат аз воқеияти «тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» сарчашма мегирад. Сарвари давлат дар амри равшангарӣ ва маърифатнокгардонии  миллат ба масъулияти таърихии аҳли донишу маърифат – зиёиён такя мекунад”.

      Ин навиштаи С. Ятимов дар асл асоси як таҳқиқоти комил ва як рисолаи муҳим роҷеъ ба сарнавишти миллат, ҷойгоҳи забон дар таъйини сарнавишти халқҳо ва нақши таърихии шахсият, яъне Пешвои миллат дар амри наҷоту  эҳёи миллат буда метавонад.

      Муаллиф  асосноку ҳамаҷониба масоили нақши забон дар ташаккули миллатҳо ва таҳкими давлатдории халқҳоро  таҳлил намуда, саҳми Пешвои муаззами тоҷиконро дар ин робита мӯшикофона собит  кардааст. Дар ҳақиқат мо ба суханрониҳои Ҷаноби Олӣ аз ибтидои ба саҳнаи сиёсату  Роҳбарии давлати тоҷикон омаданаш таваҷҷуҳ намоем, ду истилоҳ “истиқлол”-у  “забон” ҳамеша ҳамрадиф буданду ҳамчун сарчашмаи таҳкими қудрати миллӣ дар паҳлӯи якдигар ба кор рафтаанд. Яъне, Пешвои миллат аз  ибтидо ба ин рукни муҳимми давлатдорӣ таваҷҷуҳ намуда, барои таҳкими забони тоҷикӣ талоши хастагинопазир анҷом додааст. Гузашта аз ин, фасоҳату  салосату балоғати  суханрониҳои расмии Сардори давлатамон  меъёри забони муосири тоҷикӣ ва мактаби бузурги забономӯзӣ мебошад, ки  барои ҳамаи соҳибони забони (форсии дарии тоҷикӣ) дар саросари олам мақбулу  қабул аст. 

      Агар Ҳайдеггер забонро “хонаи ҳастӣ” хонда бошад,  Пешвои муаззами миллати мо  равшану фаҳмо ва фарогиру ҳадафрас овардаанд, ки “Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои  наслҳои оянда арзёбӣ мегардад. 

 

       Ворид кардани таълимоти Пешвои миллат дар забоншиносии тоҷик ва таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои таъриху фалсафа мулоҳизаи ба ҷо ва саривақтӣ буда, бузургтарин хизмат барои ояндаи давлату миллат ва тарбияи насли пурғурур ва сарафрози тоҷик хоҳад буд.

Корманди Маркази

мероси хаттӣ,

 Р. Давлатов