Зан набояд ифротгаро бошад!

Зан набояд ифротгаро бошад!

    Сулҳ, ки ба ҳақ олитарин неъмати ҷомеаи башарӣ ва шарти аввалин тақаддумотии зист ва пешрафти ҷомеаи башарӣ аст, ки имрӯз  беш аз ҳар замони дигар ниёз ба дастони муҳаббатомез ва мӯъҷиза расоии занон ва модарон дорад, ки шабро  барои  тарбия ва таълими фарзанди худ саҳар карда, хобро ба дидан ҳаром дониста, то бошад фарзандаш ба камоли баруманд ва фарзанди боадаби ҷомеаи ояндаи худ шавад, то корвони мутамаддини ҷомеаи башариро ба сари манзили мақсуд бирасонад. Бе ниёз аз исбот аст, ки дар миқёси ҷаҳонӣ занон яке аз маҳманҳои асосии ноил ба пирӯзии инсони заҳматкаш ва тамаддуни деринаи халқҳои заҳматкаш пиндошта мешаванд. Бинобар талоши азими асосӣ барои таъмини сулҳ ва тараққии иҷтимоӣ ниёз ба такягоҳи азим ва тасхирнопазирӣ дорад, то  битвонад имкони ба орзуи деринаи худ бирасад, ки ин нерӯ ва такягоҳи азим ҳамон дасти пуртавон ва забони ширини зан-модар аст, ки битвонад тамоми нерӯю тавони худро ба хотири таъмини сулҳ ва амнияти саросарии ҷаҳон равона созад. Вале ҷои таассуф аст, ки баъзе аз занҳои тоҷик ба ҷои шукргузорӣ кардан аз Ваҳдату Истиқлолияти кишвар ва пешрафти ҷомеа ба мушкилиҳои зиёд роҳ дода истодаанд. Як зумра занон ақидаҳои хурофотпарастиро дар мадди аввал гузошта, ба ҷои рӯ овардан ва арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, рӯ ба фарҳанги бегона оварда, фарҳанги бегонаро дар гишварамон зинда гардонида истодаанд, ки ин хело ҳам боиси таасссуф аст. Мехоҳам ин зумра занони ношукурро бо як чанд далел аз зиндагии пурмашаққати занони кишвари ба мо дӯсту ҳамзабон Афғонистонро  дар замони ҳукумронии толибон ошно бисозам, ки то ҳол онҳо дар зери мушту лагади хурофотпарастон зиндагӣ доранд. Бисёр ҷои тааҷҷуб аст, ки бо вуҷуди он ки занони кишварҳои чомеа рӯ ба инкишоф ниҳода аз ҷумла занони кишварҳои бародар ва ҳамсояи мо Афғонистон тамоми вақтҳо дар паҳлӯи мардҳо кор ва фаъолият менамоянд, лекин мутаассифона дар бисёр мавридҳо аз камтарин ҳаққи худ  истифода карда натавониста, аз тарафи хурофотпарастон ҳамеша ба диди камарзиш ба ӯ нигариста мешавад.Тадқиқот ва таҳлил нишон медиҳад, ки зани афғон имрӯз дар баъзе маврид бо мардон, чӣ дар арсаи иқтисодӣ ва чӣ дар арсаи фарҳнгӣ ва иҷтимоӣ кор карда истодааст, аммо ҳеҷ ҳаққе дар мавориди мухталифи зиндагӣ ба ӯ дода намешавад. Ҳатто баъзан иттифоқ афтода, ки зан мисли матоъ истифода шуда, хариду фурӯш мегардад. Ҳар гоҳ аз манотиқи шаҳрӣ нафаре ба сӯи деҳот ва манотиқи дурдаст назар андохта шавад, занон дар чорчуби хона маҳбусанд. Ва ҳеч гуна ҳаққе ба хотири рушди  фарҳангӣ ва илмӣ барояшон дода намешавад. Чунончи: таҳсил, ки як фарзи илоҳӣ аст, бинобар дарки номуносиби ҷомеа бисёре аз занон ва духтарони афғон аз он маҳрум буда, иҷозати таълим ва таҳсилро надоранд. Чунончи: дар даврони сиёҳи толибон тамоми макотиби духтарон баста шуда буд ва ҳеҷ духтар ва зан иҷозаи таълим ва таҳсилро надошт. Бисёре аз макотиби кишвари Афгонистон макотиби духтарон вуҷуд надошт ва иҷозаи кори берунӣ ва дафтарӣ бинобар таассубот барояшон дода намешавад.

     Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад. Дар замони Иистиқлолияти кишвар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қонун дар бораи “Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” мақоми зану мардро баробар эълон намуда, дар сари ҳар қадам давлат ва ҳукумат аз ҳуқуқҳои занон ва модарон дифоъ мекунад. Зани тоҷик имрӯз дар замони Истиқлолияти кишвараш худро аз пайкараи ҷомеаи башарӣ меҳисобад. Ӯ хуб медонад, ки  дар ҷомеаи башарӣ ҳақ ва ҳуқуқе дорад Ҳар гоҳ ба масоили фарҳанги вазъияти занон дар Афгонистон назар андохта шавад, занон дар асоси   расму русуми нописанди хонаводагӣ иҷозати таъини шавҳар  ва ҳамсари зиндагии худро надошта , марди хонавода духтари худро ба ҳар кас, ки хоста бошад ба шавҳар дода ва ё ҳатто ба шавҳарон мефурӯшанад. Чунончи: таҷрибаҳо нишон дода истодаанд, ки зиёда аз 95%-и хонводаҳо духтарашонро ба қиммати баланди пулӣ пешкаш ва ё ҳамчун тӯҳфа ба ақди никоҳи афроди пулдор дароварда, ки баъзан бисёр иттифоқ меафтад, ки тавассути синни марду зан дар давраи  арӯсӣ  ҳеҷ дар назар гирифта намешавад ва синни мард ҳатто 6 баробари   синни зан мебошад. Хушбахтона, сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз байн бурдани ин ҳама мушкилот ҳамарӯза чораҳои ҷиддӣ андешида истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои баланд бардоштани фаъолияти занон ва ба илму дониш боз ҳам бештар чалб намудани занону духтарон тадбирҳои зиёде андешидаанд. Бояд қайд кард, ки Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар тамоми баромадҳояш ба фаъолияти занону модарон эҳтироми хосса зоҳир намуда, фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила диққати ҷиддӣ дода, занонро ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши анъанаҳои беҳтарини миллӣ меноманд.

     Имрӯз мо занон ва модарони тоҷик шукр мегӯем, ки баробари ба сари қудрат омадани  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қалби зан-модари тоҷик аз нав ба зиндагӣ гарм шуда, тамоми гӯшаҳои сарду торики зиндагии зан-модар мунаввар гардид ва ба мо занон шеваи хуб зиндагӣ карданро омӯхт, зеро ин марди хирадманд тавонист мавқеи занро аз будаш ҳам зиёд ба боло барорад ва дар ҳар лаҳзаи ҳаёт ҳамраҳ, ҳамдард ва ҳамрози мо занону модарон мебошад. Дар тамоми вохӯриҳояш Ҷаноби Олӣ оид ба мақоми зан дар ҷомеаи сиёсӣ баҳои баланд дода, қайд мекунад, ки «Ҷомеае, ки ғамхори зан–модар бошад, ӯ ба ояндаи худ кафолат дода метавонад. Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик, аз ҷумла дар назди ҳар як фарди ҷомеа вазифаҳои муҳимеро гузошт, ки он ҳама пайки оғози раванди созандагию бунёдкориҳо, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, амнияти давлату ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва пешравии илму маориф ва маданият мебошад. Бояд қайд кард, ки дар давоми Истиқлолияти Тоҷикистон новобаста ба мушкилоти зиёди сиёсию иқтисодӣ корҳои зиёди бунёдкорию созандагиро ба анҷом расонд, ки яке  аз ин гуна корҳо масъалаи мавқеи зан дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқҳои зан, баробарҳуқуқии занону мардон буд.

    Хулоса, мо занон ва модарони тоҷик шукронаи Ваҳдату Истиқлолияти кишвар карда, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузорем. Фарҳанги оилавиамонро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дошта, фарзандони боадабу хушахлоқ ва соҳибақлу босаводро тарбия кунем, то ин ки миллат бо ин фарзандони фарзонаи модари тоҷик бинозад ва онҳо номбардори миллат, фарҳанг ва тамоми муқаддасоти миллӣ дар тамоми ҷой бошанд. Мо занон ақлу заковати азалии хешро истифода бурда, фарзандонамонро аз роҳи шомил шудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгарову хурофотпарастона эмин дорем ва онҳоро дар рӯҳияи зиракию далерӣ, меҳанпарастию аждодхоҳӣ, худшиносию хештаншиносӣ ва рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ тарбия кунем, то ки онҳо сиёҳро аз сафед, бадро аз нек, фарҳанги миллии хешро аз фарҳанги бегона фарқ карда тавонанд. Чунки имрӯз гурӯҳҳои зархариди амалҳои экстремистиву террористидошта, аз ҷумла чанде аз ҳамватанони мо низ дар хориҷ аз кишвар дар пайи кин ҷӯстану, иғво андохтан ва мағзшӯии фарзандону наберагони мо ҳастанд. Онҳо медонанд, ки инсонро танҳо бо роҳи ифротгароӣ идора кардан осон аст.  Аз ин лиҳоз,  зан набояд ифротгарову зудбовар бошад то фарзандони солиму ободгар ва меҳнатдӯсту ҷомеасоз ба воя расонда тавонад.

Хуҷова Мавҷуда,

ходими калони илмии

Маркази мероси хаттӣ,