Зуҳури шеъри нав дар адабиёти тоҷик дар даҳаи 60

Зуҳури шеъри нав дар адабиёти тоҷик дар даҳаи 60

Забеҳулло Б. С.[1]

      Истилоҳи “шеъри нав”, “шеъри сафед” ё “арӯзи озод” дар таърихи адабиёти форсу тоҷик дар ибтидои асри бистум пайдо шуд. Муҳаққиқони адабиёт дар ҳар се кишвари ҳамзабони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар ин бора иттифоқи назар доранд, ки ин сабки нав дар пайи таҳаввулоти азими санъатӣ, зуҳӯри андешащои нав ва маъорифу мактабҳои ҷадид дар Урупо ва баъдан андешаҳои инқилобии Русия вориди кишварҳои Машриқзамин шудааст. Ба далели наздикии ҷуғрофиёӣ аввалин кишвари мусалмоне, ки таҳти таъсири андешаҳои таҷаддудгароии ғарбӣ қарор мегирад Туркияи усмонӣ буд ва мавҷи дуюми ин ҷараён аз он ҷо ба Эрон ва дигар кишварҳои арабӣ нуфуз мекунад. Мардумони Осиёи Миёна бо каме таъхир  умдатан аз тариқи Русияи таззорӣ, Тотористон ва ҳамчунин Туркия таҳти таъсири ин ҳаракат қарор мегиранд. Ҷараёни навгароӣ ба сабаби наздики ва вуҷуди имконоти бештар ва бистари муносиб дар Эрон иқболи бештаре пайдо мекунад ва дар натиҷа  шеъри нав ба номи Нимо Юшиҷ- шоири номовар ва навпардози ин кишвар сабт мешавад.

   Бинобар ин муҳаққиқони эронӣ бо назардошти ҳамин вижагиҳо Ниморо ҳамчун бунёнгузори шеъри нави форсӣ эътироф кардаанд ва ашъори парокандаи дигар шоирони пешгоми навгароиро ба унвони муқаддимаи шеъри нав қабул доранд. Қобили зикр аст, ки шеъри нав дар Эрон ба роҳатӣ мавриди пазириш мардум қарор нагирифтааст, балки ин амр дар пайи шурӯи баҳсҳои шадиди назарӣ дар миёни маҳофили адабии ин кишвар, иродаи қотеъ ва истеъдоди халлоқи шоирони навпардози ин хитта оҳиста - оҳиста мавриди истиқболи оммаи мардум қарор гирифтааст. Нимо дар муқаддимаи “ Афсона” дар мавриди сохмони ин шеъри худ менависад: “Ин сохтмон, ки “ Афсона”- и ман дар он ҷо гирифтааст ва як тарзи муколамаи табии ва озодро нишон медиҳад, шояд барои дафъаи аввал писандидаи ту набошад ва шояд ту онро ба андозаи ман написандӣ. Агар баъзе сохтмонҳо, масалан маснавӣ ба воситаи вусъати худ дар шарҳи як саргузашт ва ё васфи як мавзӯъ ба ту каме озодӣ ва раҳоӣ медиҳад то битавонад қалби ту ва фикри ту бо ҳар зарбати худ ҳаракате кунад, ин сохтмон чандин баробари он воҷиди ин навъ мазият аст” [7, 101].

   Ҳарчанд, ки нишонаҳои заъифе дар мавриди талоши бархе шоирони тоҷик дар ибтидои асри бист барои сурудани шеъри нав ба назар мерасад, аммо ҳамчунин таҳаввуле шабеҳи он чи ки дар Эрон перомуни зуҳури шеъри нав иттифоқ афтод дар миёни шоирони тоҷик мушоҳида нашудааст. Гузашта аз ин, баҳси шеъри нав дар адабиёти тоҷик, ки баъд аз пирузии инқилоби Октябр матраҳ шуд ва ба далоили мухталиф идома наёфт, хориҷ аз баҳси тахассусиест, ки дар Туркия ва Эрон матраҳ буд. Ашъори инқилобие, ки шоирони тоҷик  баъд аз инқилоб дар пайравӣ аз Маяковский дар як марҳалаи муайяне ба таври пароканда эҷод карданд ва баъдан худ аз идомаи он даст кашиданд ба ҳеҷ ваҷҳ бо ҷараёни навгароие, ки дар он замон дар Эрон дар ҳоли рушду такомул буд, қобили муқоиса нест. “Дар мавриди фаъолияти ин “навпардозон” устод М. Турсунзода изҳори ақида карда аз ҷумла гуфтааст: “Дар ёд дорам, солҳое ҳам буданд, ки шоирони ҷавон аз рӯи соддалавҳӣ ҳама худро “пайрави Владимир Маяковский” эълон карданд. Дар шеърҳои онҳо на вазн боқӣ монду на қофияи оҳангдор. Онҳо дуруст намефаҳмиданд, ки бо шикастани вазнҳо ва ба зинаҳо бемавқеъ тақсим кардани мисраҳо шеъри нав, ё дурустарашро гӯем, Маяковскии дигаре ба амал намеояд” [ 1, 133].

   Агар ҷараёни навгароӣ дар шеъри тоҷик замина ва собиқаи табии медошт, бидуни шак баъд аз пирузии инқилоб ин гаройишҳо ба самар менишаст ва мо бо сабки ҷадиде аз шеър ба маънои як системаи комили зебоишиносӣ даст меёфтем, зеро дар он марҳала давлати тозатаъсиси Шӯравӣ худ хоҳони офаридани осор ба сабку шеваи ҷадид буд ва бешак аз ин гуна ҷараён пуштибонӣ мекард. Бинобар набудани ҳамин пешзамина 40 сол тул кашид то шоирони тоҷик дар соли 1960 ба шеъри нав ба унвони сабки ҷадиди шеъри дар адабиёт рӯй оваранд.

   Дар миёни шоирони Шӯравии тоҷик Муъмин Қаноат аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор аст, зеро падидаи навгароӣ ва ҷунбиши бедории фикрӣ дар адабиёти нимаи дуюми қарни 20 бо фаъолият ва осори ӯ марбут мебошад. Муъмин Қаноат бо сабк ва салиқаи хос ё худ мутафовит аз суннати роиҷ дар замони худ вориди адабиёт мешавад. Аксари муҳақиқон бар пештоз будани Муъмин Қаноат дар эҷоди таҳаввули тоза дар адабиёти нимаи дуюми қарни 20-и Тоҷикистон иттифоқи назар доранд. Профессор Р. М. Қубодиёнӣ дар ин замина менависад: “Дар даҳаи 1950 адабиёти Шӯравии тоҷик ҳеҷ чизи ҷолибе надорад: ҳамон вазну қофияи ҳазорсола, ҳамон ситоишҳои забонзадаи ҳизбӣ, бартарии кишвари Шӯравӣ ва бузургии халқи рус ва... Миёни зумраи шоирони ҷавон ( Ҳамчун Ғаффор Мирзо, Файзулло Ансорӣ, Мастон Шералӣ, Муҳиддин Фарҳат, Қутбӣ Киром, Аминҷон Шукӯҳӣ, Гулҷеҳра Сулаймонова, Мавҷуда Ҳакимова, Басир Расо, Ашӯр Сафар, Убайд Раҷаб...) Муъмин Қаноат бо табъе кӯшо ва қалбе ҷӯё мумтоз гашт” [5, 35]

Шеърро  Қаноат бо дид ва сабки тоза шурӯъ кард. Ӯ бо ҳифзи ҳувият ва суннати шеъри форсӣ бо каму зиёд кардани рукнҳо дар ашъори худ рӯҳи тоза дамид. Нуктаи ҷолиб ва боаҳамият ин аст, ки шеърҳое, ки шоирони даҳаҳои гузашта дар пайравӣ аз шакл ва муҳтавои ашъори Маяковский суруданд дар шеъри даврони Шӯравии тоҷик мутадовил нашуд аммо сабки Қаноат мавриди истиқболи бештар қарор гирифт. Ба эҳтимоли зиёд иллати ин амр таҳмилӣ ё худ воридоти будани сабки Маяковский ва бараъкс иртибот доштан қолабшиканӣ ва навпардозии Қаноат бо суннатҳо ва арзишҳои шеъри ҳазорсолаи форсу тоҷик бошад. Шеъри Қаноат як навъ синтези шеъри муосири рус ва шеъри нав дар Эрон аст. Сохтмони бархе ашъор ва достонҳои Қаноат ба шеваи нигориши П Сулаймонӣ ва шеъри зинадори ӯ, ки дар пайравӣ аз Маяковский менавишт шабоҳат дорад. Адабиётшиносони тоҷик шеъри “Марав қӯи сафед”- и Қаноатро оғози таҳаввулоти тоза дар адабиёти нимаи дуюми қарни 20-и тоҷик медонанд.

 Бозор Собир аз шоирони навпардози ин давра муътақид аст, ки маҳз аз солҳои 1960 ба баъд шоирони тоҷик ба шеъри нав рӯ овардаанд.

Вай зимни  гуфтугӯ бо Милан Токар (М. Tokar)  гуфт: “Аз солҳои даҳаи шаст ба шеъри истилоҳан нав даст ёфтем, ки аз шеъри қоида ёфтаи пешин ҷудо мешавад ва монанди он пойбанди арӯз ба масобаи танҳо шакли ифодаи шеър нест. Дар гузашта шоир тобеи шакл мешуд, имрӯза шакл аз шоир табаият мекунад” [ 3, 217-218 ].

    Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ бо истинод ба “Тазкори ашъор”- и Садри Зиё мӯътақид аст, ки истилоҳи шеъри нав дар адабиёти тоҷик дар ибтидои асри бист мутадовил шудааст, аммо ба унвони як сабки шеърии ҷадид танҳо аз солҳои 1960 ба баъд дар миёни шоирон тоҷик марсум гардид: “Солҳои шасту ҳафтод ва баъд шеъри нав, арӯзи озод, шеъри сапед, шеъри бевазн ва беқофия дар адабиёти тоҷикӣ роҳи худро ёфт, анвои шеър ва имконоти фикри ҷӯяндаи шоирон афзӯд ва диди вижаи шоирона тақвият ёфт” [ 8, 112 ].

Бо ин васф, суоле матраҳ мешавад, ки пас шеъри нав чи гуна ё аз куҷо дар ин марҳала вориди адабиёти тоҷик шудааст?

Ба назари аксари адабиётшиносон падидае, ки дар раванди тағъиру таҳаввулоти тоза дар адабиёти нимаи дуюми қарн 20 асаргузор буд, эъзоми гурӯҳе аз аҳли адаб ва ҳунарӣ тоҷик ба Афғонистон ба ҳайси мутарҷим ҳамроҳи мутахассисони соҳаҳои мухталифи Шӯравӣ мебошад. Тайи ин сафарҳо бисёре аз мутарҷимони тоҷик, ки худ шоиру нависанда ва рӯзноманигор низ буданд барои аввалин бор аз наздик ба манобеи адабӣ ва ҳунарии ҳамзабонони худ дастрасӣ пайдо карданд.

   Ин фурсати муғтанам дубора алоиқ, эҳсосот ва гароиши ононро ба гузаштаи хеш бедор кард ва табъан дидгоҳи онҳо низ дар мавриди бисёре аз масоили сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи худ дигаргун шуд. “Аз даҳаи шашуми мелодӣ, гурӯҳе аз аҳли қалами тоҷик ба унвони мутарҷими русӣ ба Афғонистон рафтанд ва дар зимн бо муҳити адабии Афғонистон, ҳамчунин ғайримустақим бо муҳити адабии Эрон низ ошно шуданд ва дар бозгашт осори адабии ин кишварҳоро бо худ ба Тоҷикистон оварданд” [5, 19-20 ].

    Ин ҳодиса бетаъсир намонд ва оҳиста оҳиста шоирон ва нависандагони тоҷик низ  бархе навовариҳо дар сабк ва муҳтавои осори худ ворид карданд. Ба навиштаи М. Шакурӣ “Аз даҳаи шаст робитаи адабии Тоҷикистон бо Эрону Афғонистон андаке ҷон гирифт; шеъри нав аз Эрон омад. Истилоҳи “Шеъри нав” шояд ба сабаби ин ки “Тазкори ашъор”-и Садри Зиё чоп нашуда буд; дар Тоҷикистон то он вақт ба кор намерафт ва робитаҳои рузафзӯни адабӣ дар солҳои шаст онро дубора зинда кард”[8, 110].

    Падидаҳои дигаре, ки дар заминаи таваҷҷуҳи шоирони ин давра ба шеъри нав таъсиргузор будааст, метавон аз баргузории ҷашни 1100 солагии устод Рудакӣ дар Тоҷикистон дар соли 1958, тарҷумаи баъзе осори манзуми шоирони ҳамзабон ва ба дунболи он барқарории иртиботи мустақим ва ғайри мустақим миёни адибони форсизабон ном бурд.

     Бо таваҷҷуҳ ба нукоти боло метавон ба ин натиҷа расид, ки шеъри нави Тоҷикистон умдатан аз шеъри Эрон таъсир пазируфтааст на Русия, зеро агар шеъри тоҷик таҳти таъсири шеъри русҳо қарор мегирифт, дар тӯли 40 соли гузашта шоирони тоҷик ҳоло ба як сабки баёни собит ва ҷоафтода даст меёфтанд. Дар ин бора профессор Худойназар Асозода менигорад: “Агар (шеъри нав) дар муҳити фарҳангии Эрону Афғонистон дар даҳ соли аввали қарни 20 мавҷудият дошта бошад, дар адабиёти форсии тоҷикӣ, дертар, яъне солҳои 60-ум арзи вуҷуд намудааст, ки ҳатман дар ин бахш таъсири шеъри нави Эрону Афғонистон барои шеъри нав дар адабиёти тоҷик мусоидат намудааст” [ 1, 132 ].       

Яке аз далоили муҳиме, ки то кунун муҳаққиқон ба он камтар таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, гаройиш ва алоқаи шадиди тоҷикон ба фарҳанги гузаштаи хеш аст. Ин дилбастагӣ ё худ вобастагии мардуми тоҷик ба суннат ва арзишҳои волои миллии хеш дар соҳаи адабиёт ба таври барҷаста инъикос ёфтааст, бинобар ин ҳеҷ як аз таҳаввулоти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии рухдода дар қарни 20 барои тоҷикҳо чандон ҷолиб набуд. Рӯшанфикрони тоҷик таҷаддуд ва пешрафтро ба шарти ҳифзи суннат ва арзишҳои миллӣ ва мазҳабии хеш қабул доранд. Аз ин рӯ, дар замони таҳаввули ҷадиде, ки баъди маҳкумияти шахсиятпарастии сталинӣ дар Шӯравӣ падид омад, шоирони тоҷик бар асоси ҳамин таассӯб сабки шеъри навро аз шоирони ҳамзабони эронӣ бо назардошти махсусиятҳои ҷомеаи худ қабул карданд ва аз он пайравӣ намуданд.

Нуктаи муҳими дигар дар ин робита ин аст, ки шеъри нав дар солҳои 60-ум ба ҳеҷ ваҷҳ ба унвони як падидаи ғолиб дар адабиёти тоҷик матраҳ набуд, балки шоирони ин давра барои баёни андешаҳои хеш аз дигар қолабҳои шеъри форсӣ низ ба таври фаровон истифода мекарданд. Аз ин ҷост, ки шоирони ҷавони солҳои 60-ум на аз сабки нимоӣ, балки аз сабки нима суннатӣ бо гаройиши навгароёнаи Н. Нодирпур пайравӣ мекарданд. Ба қавли Мӯҷиби Меҳрдод пажуҳишгари шеъри тоҷик дар Афғонистон: “Шеъри Тоҷикистон ин бозгаштро дар басо маворид ба тамомӣ анҷом дод ва як бори дигар дар доми шеъри классик гирифтор омад...” [ 7, 102 ]

 Бо таваҷҷуҳ ба ин ки яке аз ҳадафҳои асосии шоирони ин давра бозгашт ба асолати хеш ва эҳёи арзишҳои миллӣ буд, онҳо барои таҳаққуқи ин амр ба дигар анвои шеъри классик низ рӯ оварданд ва дар он қолабҳо низ шеър суруданд. Бинобар ин шеърҳои нави шоирони ин давра як навъ шеъри шогирдона ва муқаллидона буда аз назари зебошинохтӣ дурахшиши чандоне пайдо накарданд. Мушоҳидаҳо баёнгари ин нукта аст, ки ҷилваҳои ҳунарӣ дар шеъри муосири тоҷик бештар дар қолабҳои суннатӣ ва пазируфта шудаи адабиёти муосири тоҷик бештар ба чашм мехӯранд. Аммо дар шеъри нав ё худ нимоӣ ба далели заъфи забонӣ, истеъдоди шоирони тоҷик чандон шукуфо нашудааст. Ба назари доктор Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳақӣ “Заъфи умумии шеъри Нимоии Тоҷикистон албатта чизе нест, ки битавон нодида гирифт, дастикам то он миқдор, ки мо ошноем ҳукм ҳамин аст. Бидоват, фиқдони ҳисси шеърии жарф, дуруштӣ ва ноҳамвории забон ва беинсиҷомӣ вижагиҳои ошкори он аст, ки умед меравад аз он фосила бигирад” [4, 221].

         Ин ки шеъри муосири тоҷик аз назари ҳунарӣ заъиф ба бор омадааст реша дар мушкилоти забони роиҷ дар кишвари мо дорад, зеро забони омиёна зарфият ва тавоноии халқи осори ҳунариро надорад. “Аз нигоҳи Лоиқ камбудии асосии шеъри мо дар солҳои ҳафтодум “харобии забону мантиқ аст... вазни хароб, мантиқи ланг, сактаи қабеҳ, сабки заъиф, зинаҳои бепоя, таркибу таъбироти номутаносиб, саноати берангу бор, ифодаҳои бемаънӣ, ташбеҳҳои нодилписанд, истиораҳои нохушоянд, иборапардозиҳои бебунёд, надонистани табиати калима ва ҳиҷо, суннатшиканиҳои бесуннат, истифодаи бемавриди шева, дуруштӣ ва “шутургурбаҳо” дар баён ва ғайра қариб дар шеъри ҳамаи мо дучор меояд” [ 2, 164].

Эроди дигари ворида ба шеъри сапеди тоҷик набуди истеҳком ва инсиҷоми маъноӣ ва заъфи меъмории забонӣ мебошад. “Шеъри нави Тоҷикистон - чӣ Нимоӣ ва чӣ сапед - ҳанӯз ба истеҳком ва анҷоми шоиста нарасидааст. Аҳамият надодан ба сохтмони шеър боис шудааст, ки баъзе аз шоирони навпардози тоҷик дар шеъри нав ҳам гоҳ ба қолабҳои суннатӣ баргарданд. Тақтеъ ва нигориши палаконии ашъори суннатӣ ба маънии тавлиди шеъри нав нест. Ин корро танҳо метавон ситез бо қолаби куҳан таллақӣ кард ва на хидмат ба шеъри нав” [ 9, 233-234].

Бо ин вуҷуд, шеъри даҳаҳои 1960-1980-и советии тоҷик дар муқоиса бо шеъри ибтидои асри хх ва ашъори насли комсомол бо хусусиёти хоси худ, фарқ мекунад. Баъзе хусусиятҳои фарқкунандаи ин давраро метавон ба ин шакл номбар кард:

- ҳаракат ба самти истифода аз захираҳои ғании забони модарӣ бо ҳадафи посдошт ва саломати ин;

 - шикасти қолабҳо ва нормаҳои забоние, ки баъд аз инқилоб дар шеър роиҷ шуд;

- парҳез аз куллигӯӣ ва таркиботи маснӯии мутадовил дар ашъори хитоба ва таблиғии пешиниён;

- рӯ овардан ба забони шеъри фохири   классикӣ ва омезиши он бо забони муҳовараии марсум дар шеъри инқилобӣ;

- ҷойгузин кардани вожаҳо ва таъбироти шеъри классикӣ ба ҷойи таъбироти сохта ва калимаҳои воридотии бегона;

- дурӣ аз истифодаи калимаҳои хашин дар каломи мавзун ва таваҷҷуҳ ба латофати сухан дар шеър;

- гаройиш ба эҳёи жанр ва равияҳои адабии фаромушшудаи шеъри клоссик бо забони муосир;

- пардохтан ба руҳиёт ва отифаҳои фардӣ;

- ғалабаи умед ва оянданигарии миллӣ бар эҳсосоти пучи инқилобӣ;

- ғалабаи андешаю тафаккур ва дарди миллӣ дар шеър бар эҳсосоти фаромиллӣ ва зудгузари сиёсӣ;

- дурӣ ҷустан аз мазмунҳои обшӯста, такрорӣ ва шиоргуна;

- авҷ гирифтани лирикаи ошиқонаи романтик ва ватандӯстона;

- тарғиби андешаҳои миллӣ ва ташфиқи худшиносӣ бо ҳадафи эҳёи арзишҳои фаромӯшшуда.

Адабиёт:

  1. Асозода. Х. Адабиёти тоҷик дар саддаи 20. - Душанбе: Маъориф, 1999. – 447 c.
  2. Акбарзода. Ю. Шеъру шоир аз назари Лоиқ. – Маскав: Боргоҳи сухан, № 1,  2003. - с 164
  3. Бечка. И. Адабиёти форсӣ дар Тоҷикистон. –Теҳрон: 1373. – 280 c.
  4. Ёҳақӣ. М, Саъидӣ. М. Аз Ҷайҳун то Вахш. – Машҳад: 1378. - 304 c.
  5. Қубодиёнӣ. Р. М. Ситораҳои Помир. Теҳрон: 1382. – 200 c.
  6. Лангрудӣ. Ш. Таърихи таҳлилии шеъри нав, Ҷ 1, Теҳрон, Нашри марказ, 1370. - 649 c.
  7. Меҳрдод. М. Забеҳулло. Б. Зангулазанон гузашт борон / Сайре дар шеъри муосири Тоҷикистон. - Кобул: Ормоншаҳр, 1390. – с 102
  8. Шакурӣ. М. Шеъри тоҷик ба кадом сӯ меравад. - Душанбе: фаслномаи Рудакӣ, №5, 2008. – с 105 - 118
  9. Шеърдӯст. А. Чашмандози шеъри имрӯзи тоҷик.-Теҳрон: 1376. – 328 c.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


[1] Адрес для корреспонденции: Забехулло Бехруз Саидходжа,  науч. сотр. Научный Центр письменного  наследия АН Республики Таджикистан, 734026. Республика Таджикистан г.Душанбе, 1-проезд, ул. Бинокорон, д.5, кв. 5. Тел: 937592521.