Интихоби арзанда

    Бо шунидани вожаи  Президент дар пеши назари аҳолии кишвари мо симои барҷастаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон пайдо мешавад. Оре, ин чеҳраи нурониву мондагор кайҳост, ки дар дилу дар хонадони ҳар фарди ба номусу баори кишвар ҳамчун рамзи сулҳу субот, оромӣ осоиштагӣ ва нишонаи рамзу нумӯи кишвар азизу муътабар аст. Табааи кишвар ӯро ҳамчун инсони покдилу инсондӯст, ҳомӣ ва парастори ятимону пирону барҷомондагон мешиносанд ва азизу гиромӣ медоранд. Ин абармарди сиёсату фарҳанг на танҳо дар Ватани худ муҳтарам аст. Ӯро на танҳо бо ҳамин сифатҳои ҳамидаи номбаршуда, балки бо сифатҳои инсондӯстонаву интернатсионалӣ заковату ояндабиниаш, ки комилан ба нафъи аҳли башар нигаронида шудааст, мешиносанд ва эҳтиром мегузоранд.

         Мо борҳо шоҳиди он шудем, ки Президенти кишвари мо ба СММ (ООН) даъват шуд ва аз минбари бонуфузи он суханронӣ намуд. Дар суханрониҳояш ба баъзе мушкилиҳои ҷаҳони муосир дахл намуд ва пешниҳодҳои судбахшеро ба намояндагони давлатҳои узви СММ ироа дошт. Ин пешниҳодҳо  аз қабили «Об манбаи ҳаёт» ва тадбиру чораҷӯиҳо оид ба тозагии об ва эҳтиёт намудани захираҳои табиии об аз пешниҳодоте буданд, ки солиму тандуруст нигоҳ доштани аҳли башарро кафолат медоданд.

         Агар ба таърихи ба арсаи сиёсат омадани ин сиёсатмадори некном назар афканем, ба хубӣ маълум мешавад, ки ӯ чӣ мушкилиҳоеро паси сар накардааст, то сулҳу субот таъмин шавад ва мардум аз парешонҳоливу сарсонӣ ба зиндагии осудаҳолона баргарданд. Барои ба чунин зиндагӣ мушарраф шудан, роҳбари бозаковату ҷасуре лозим буд, ки хушбахтона дар шахси Эмомалӣ Раҳмон зуҳур намуд. Дар ҳақиқат, ин сиёсатмадори меҳандӯст аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш ба муҳимтарин масъалаҳои таҳкими ҳокимият диққати ҷиддӣ зоҳир намуда барои ислоҳи он ҷасуронаву бебокона иқдом гузошт. Аҳолии кишвар ба иродаи мустаҳкам ва муносибати ғамхоронаи роҳбари кишвар нисбат ба мардум ва давлати навбунёд бовар намуда, торафт дар атрофи ӯ ҷамъ меомаданд ва нияту сиёсати бунёдкоронаи ӯро дастгирӣ мекарданд. Агар ба хотир биёрем, ки давлати тозабунёди мо дар ибтидои солҳои 90-ум дар чӣ ҳолат қарор дошт ва алҳол дар чӣ ҳолат аст, он гоҳ ба хубӣ маълум мегардад, ки кишвари мо аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ то чӣ андоза пеш рафтааст.

         Баргузор гардидани Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми адолатпеша бунёди мустаҳкам гузошт. Дар ин ҷо ба ёд овардани савганди Президенти ҷавони кишвар ва ба ин савганд содиқ мондани он худ сазовори таҳсин аст.

         Аз ҷумла, ӯ гуфта буд, ки «Ман ба ҳар хонадон сулҳ меорам» - Чунин шуд!

         «То охирин гуреза ба Ватан барнагардад,  ман худро осуда эҳсос намекунам, - гуфта буд. Ҳамин тавр ҳам шуд!

         «Ман  гуруснагиро ба халқи худ роҳ намедиҳам».

         -Чунин кард.

         Ӯ ваъда дода буд, ки «Ман Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ наҷот медиҳам!»

         -Ин ваъда ҳам иҷро шуд.

         Дар мавриде гуфта буд «Мо ба амнияти озуқаворӣ мерасем!» Худоро шукр, ин амалӣ шуд.

         «Мо Роғунро месозем!» гуфтани ӯ афсона менамуд. Бо чашми худ дидем, ки он зина ба зина амалӣ шуда истодааст.

         Ӯ бо итминон гуфта буд, «Мо ба истиқлолияти энергетикӣ мерасем!» Инро мо дар хонаву корхона ва дар зиндагӣ бараъло мушоҳида карда истодаем.

         Дар ин маврид аз савганд ва амалӣ шудани он дар хусуси сохта шудани шоҳроҳҳои азиму пулҳои дӯстии байни давлатӣ низ ёд накарда намешавад.

         Оё чунин касеро, ки шабу рӯз дар ёди ободии кишвар ва некуаҳволии халқ аст, арҷ нагузоштан мумкин аст? Алҳақ, ки чунин сарвар ба маънои аслиаш Қаҳрамони ҳақиқии миллат аст.

         Президенти кишвар, даъват намуд, ки аҳолии кишвар соли ояндаро ҳамчун соли ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар истиқбол намоянд. Ин даъватро аҳолии мамлакат бо рӯҳияи баланди меҳнатӣ қабул намуданд ва аз паи сазовор пешвоз гирифтани он мебошанд. Ҳар як шаҳрванд дар ин ҷашни муборак кӯшиш менамояд, ки аз худ ҳиссае гузорад. Дар кишвар ҳазорҳо объектҳои сохтмонӣ амал мекунанд, теъдоди муайяни онҳо пеш аз мӯҳлат сохта ба истифода дода шудаанд, қисми дигар дар арафаи ба анҷомрасӣ буда, боқимондаро то фарорасии ҷашн ба субут расонида ба истифода хоҳанд дод.

         Инро ҳам набояд фаромӯш кунем, ки дар пеш, яъне рӯзи 11-уми октябр, рӯзи интихоботи Президенти кишвар муқаррар шуда аст. Ба ин муносибат пешбарии номзади сазовор ба ин мансаби пурмасъулият ва бошараф дар пеш аст. Ҳар як ҳизб ҳуқуқ дорад, ки ба ин мансаб намояндаи арзандаи худро пешбарӣ кунад. Ҳарчанд, ки номзадҳо ба ин вазифа вуҷуд дошта бошанд ҳам,  ба ин вазифа арзандатар аз Президенти кунунӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон касеро муносибтар намедонам ва рӯзи Интихобот ба тарафдории ин фарзонафарзанди баруманди миллат овоз медиҳам.

                            Маҳмадёри Шариф,

номзади илмҳои филология,

ходими калони илмии ММХ  НР АМИТ