Интихобот ва манфиатҳои миллии халқи тоҷик

       Интихобот яке аз нишонаҳои асосӣ ва меҳварии ҳокимияти халқ ба ҳисоб меравад. Халқиятҳо  маҳз дар ҳамин маъракаи муҳими сиёсиву иҷтимоӣ Роҳбари давлат ё Президенти худро интихоб менамоянд. Ба гунаи дигар интихоботи Президент яке аз муҳимтарин маъракаҳои сиёсӣ буда, дар тамоми ҷаҳон он ҳамчун маҳзари иродаи мардум, нишондиҳандаи камолоти хираду заковати халқ,  аз ҷумла ҷавонон  пазируфта шудааст.  Тоҷикон тайи ҳазор соли бедавлатӣ, яъне баъди барҳамхӯрии нахустин давлати миллии тоҷикон - Сомониён дигар Пешвои содиқе, ки миллатро сарҷамъ намуда, ҷониби рушду тараққӣ роҳнамун карда бошад,  надоштанд. Маҳз баъди Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Тоҷикистон, мушаххасан баъди ба арсаи сиёсат омадани Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, фарзанди фарзонаву ҷасури миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра кишвари мо ба низому маъракаҳои муҳимми  байналмилалӣ ворид гардид. Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, аввалин бор, соли 1994 Интихоботи Президентӣ баргузор гашт ва бо раъйи аксарияти мардум Эмомалӣ Раҳмон аввалин Президенти қонунӣ ва интихобшудаи мардуми тоҷик эълон ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд. 

          Маълум аст, ки дар замони ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон манфиатҷӯёни дохиливу хориҷӣ бо тамоми ҳастӣ  барои пиёда намудани ҳадафу мақсадҳои муғризонаашон аз тамоми имкониятҳо истифода мекарданд. Дар ин давраи мураккаб, яке мехост тинҷиву амонӣ ба вуҷуд ораду давлату миллатро  аз нестшавӣ ва парокандагӣ наҷот диҳад, вале бар муқобили он, як гурӯҳи ифротгарою террорист (дар симои Ҳизби наҳзати исломӣ) намехостанд дар кишвар оромиву осудагӣ ба вуҷуд ояд, чунки онҳо шароити ҷангу беқонуниро барои анҷом додани барномаҳои муғризонаи худ авлотар медонистанд. Баъди қабули қонуну қоидаҳои навини давлатдорӣ, ба вуҷуд омадани заминаи ҳуқуқии ташаккули ниҳодҳои давлатӣ, амалҳои фиребгаронаю ғайриинсонии онҳо дигар ба кор намерафт. Ин гуруҳҳо панҷ сол ҳамватанони озодаву донишманди худро куштанд ва то 30% мансабро нагирифтанд, ба сулҳ розӣ нашуданд?! Сулҳ намуданд, аммо сулҳи зӯрмадонаву хиёнаткорона ва пур аз фитнаву дасиса, ки вақт инро бармало нишон дод. Вақт нишон дод, ки ин гуруҳҳо мехоҳанд аз сулҳ ба манфиатҳои муғризонаи худ ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопокашон ва ғасби ҳокимияти қонунӣ истифода кунанд. 

         Баъди ҳар як шикаст дар интихоботҳои президентиву парлумонӣ аъзо ва тарафдорони ҳизби вопасгарову иртиҷоӣ, яъне ҲНИ ба иғвову дасиса ва ҳатто амалҳои ғайриинсонона, ба мисли ҳамла ва куштори кормандони давлатӣ, вайрону валангор ва тарғибу фитна андохтан дар шабакаҳо коммуникатсионӣ ва амсоли инҳо даст мезаданд. Аммо беҳуда нагуфтаанд:

       Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст, чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

       Яъне ахиран ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломӣ бо фошшавиҳояш дар интихоботҳо сари худро хӯрд. Охирон амали даҳшатафканиро роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар соли 2015 баъди нокомӣ дар интихоботи парлумонӣ анҷом дода буд. Дар ин замон ба воситаи аъзо ва намояндагони гуногунмақоми ҳизб, мушаххасан бо сардории муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим бо лақаби Ҳоҷӣ Ҳалим ва дигар ҳаммаслаку пайравони онҳо даст ба чунин амал заданд. Ин амали онҳо қонуншикании одӣ набуда, табаддулоти давлатӣ дониста мешуд.

       Бояд зикр кард, ки амалҳои террористонаи наҳзатиён, ҳоло ҳам, чи дар дохил ва чи дар хориҷ дар шаклҳову навъҳои гуногун анҷом мешаванд. Яке аз онҳо агар барои паст намудани шаъну шарафи Тоҷикистон  дар сатҳи байналмилалӣ сайёҳи бегуноҳро кушад,  дигарӣ дар хориҷ аз кишвар ба туҳмату буҳтон, фитнаву дасиса, макру фиреб, мағзшӯӣ ва ҳазорҳо амали пастфитратонаву маҳкумшавандаи дигар даст зада истодаанд. Ҳамин бадтинатонанд, ки имрӯзҳо бо истифода аз вазъият, яъне дар  арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи интихобот рӯй оварда, ба ҳар баҳона мехоҳанд дар ҷумҳурӣ бенизомиву беқонуниро пиёда созанд. Ба ин хотир бо истифода аз ҳар воистаи мумкин нисбат ба роҳбарият ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон овоза ва туҳматҳои бардурӯғ сохта ва паҳн мекунанд. Аммо мо ҷавонон бояд дар ягон вазъият ба фиребу найрангҳои душманони миллати худ дода нашавем ва ҳамеша амалҳои  фиребкоронаву риёкоронаи гурӯҳҳои вайронкору вайронадеш ба мисли ТТЭ ҲНИ-ро маҳкуму мардуд намоем.  

        Ҳамин тавр, мо бояд дониста бошем, ки асоси ҳамаи хиёнату ҷинояти гурӯҳҳои вайронкор манфиатҷӯист. Маҳз манфиат аст, ки онҳоро ба роҳҳои каҷу килеб бурдааст. Онҳо барои манфиатҳои шахсиву гурӯҳиашон аз баҳри манфиатҳои давлату миллати тоҷик   гузаштаанд ва ҳатто бар муқобили онҳо бо мадади хориҷиён муборизаҳои беамон бурда истодаанд. Бале, мо хуб медонем, ки “ҳар куҷое манфиат ҳаст он ҷо идеологияе пайдо мешавад ва ҳар куҷое идеология ҳаст он ҷо манфиате вуҷуд дорад”. Аз ин лиҳоз,  ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки бо эҳсоси ватандӯстӣ ва дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ дар интихоботи рӯзи 11 октябр ширкат намуда, дар ҳар куҷое набошанд аз манфиати  давлат ва арзишҳои миллии худ пуштибонӣ намоянд.

                                                                          Ш. Ёраҳмадзода

ходими илмии

Маркази мероси хаттии

назди Раёсати АМИТ