ИНЪИКОСИ ЗИНДАГӢ ДАР ОЙИНАИ ШЕЪР

       Аз раф-рафи китобхонаам китобҳои шарикдарси донишгоҳиям ва дӯсти эҷодкорам Султонмуроди Одинаро, бо умеди навиштани сатре чанд дар борааш, ки дар баробари умре бо шуғли ҳирфаияш омӯзгорӣ машғул будану анҷом  додани вазифаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии зодгоҳаш ноҳияи Ҳисор пайваста  ба кори эҷодӣ гирифтор аст, ба таъбири  халқӣ сару калобаамро гум кардам. Худ ба худ сар ба рӯйи даст ниҳодаму андешидам, ки ин рафиқи шафиқи бениҳоят серкорам бо он ҳама масъулиятҳои омӯзгорию давлатию ҷамъиятӣ кай вақт ёфтаву   тавонистааст, ки ин қадар  китоб нависад, ба чоп расонад ва дастраси мо - хонандагонаш гардонад. Ҷамъ-овардаҳоямро боз як-як варақгардон намудаму дарёфтам,  ки бешта-рашонро баробари дастрас  кардан қироат намудаву ҷо-ҷое қалам ҳам задаам. Ва ростӣ, иқрор мешавам, ки баъзеашонро ба рафи китобхона гузошта будаму халос. Гӯё фаромӯш карда бошам. Бо ҳамин хаёлҳо он дарёфтаҳои  гумнакардаамро  болои ҳам  чидаму дидам, ки агар «Куллиёт»-и Султонмуроди Одина мураттаб гардад, дар умум беш аз  даҳ ҷилд китоб хоҳад шуд ва ин дар баробари фаъолиятҳои  бобарори дигараш заҳмати андак нест.  Нигориштаҳои ӯ ибратанд аз анвоъи адабии шеър, қисса, ҳикоя асарҳои хурди саҳнавӣ-драма, публисистика, ҳуқуқ, дастурҳои таълимӣ - методӣ ва ҳатто назарӣ-таҳқиқӣ. Агар дар бораи адади китобҳои чопнашудаи Султонмуроди  Одина ҳадс занем, теъдодашон чандин панҷашумор аст. Инҳо «Родмарди Ҳисорӣ»-ю  «Ҷамоат», «Муфтии шаҳид»-у «Дарёдил», «Бозтоби тақдир»-у «Сарчашмаи файзу саодат», «Роҳҳо ва розҳо»-ю «Аз Душанбе то Москав», «Мироби Ҳисор»-у «Зиндагиномаи Ҳоҷӣ Ҳусайни Насриддин», « Пайроҳаҳои камолот»-у «Асрори бозубанд», «Идҳои ориёӣ»-ю «Санои афсона», «Зилзилаи Ҳисор»-у «Марги қайсар», « Тақ-дир ва тадбир»-у «Дард ва қадр», «Ҳокими кони намак»-у «Машъалдор», «Меҳргон»-у «Наврӯзи Аҷам», «Қиссаҳо аз таърихи Ҳисор»-у «Хазинаи малики Ҳисор куҷо шуд?», «Парӣ»-ю «Гирдбоди хуношом» ва даҳҳо дигар, ки бо забони равони наср навишта шудаанд. Осори манзумаш бошад дар китобҳои «Шукрона»-ву «Дарди дил», «Афсонаи шавқ»-у «Мурғони ризқҷӯ», «Меҳроби умед»-у «Гирдбоди хаёл»,  «Боли орзу»-ву «Ҳамосаи меҳр», «Шабнамшамол»-у «Ҳадиси роҳ», «Девони Султон»-у «Нури ҳавас», «Ашки ғуруб»-у «Гулчини ҳавас» (бо ҳуруфи ниёгон) ва ғ. ҷамъ омада, фарогири шеъру достону  манзумаҳои мусанниф мебошанд. Асарҳои саҳнавии Султонмуроди Одина бошанд асосан дар китоби «Дард ва қадр» гирд омадаанд. Хушбахтона як силсила асарҳои бадеияш бо номи «Бахт ҳадяси» ба забони ӯзбекӣ ва қиссаҳояш «Подоши бахт» ва «Дарди ниҳон» ба забони русӣ тарҷумаву интишор ёфтаанд, ки андак бошад ҳам, нишонаи ташвиқи адабиёти муосири тоҷик ба мардуми бурунмарзист. Номбурда  дар матбуоти даврии кишвар  ва берун аз он беш аз 200 мақолаи илмӣ-оммавӣ навиштаву баҳри баланд бардоштани маънавиёти шаҳрвандон мунташир сохтааст, ки ин ҳам заҳмати захими як фарди эҷодкор аст. Ҳамчунон офаридаҳои килки равонаш зеби авроқи чандин кутубу маҷаллаҳои дастҷамъӣ гардидаанд…

      Хеле хуб, вале чӣ мегӯед, ки дар як мақола дар бораи ҳамаи ин заҳматҳову навиштаҳо мулоҳиза рондану дар умум қазоват намудан ва ба эҷодиёти гуногунжанру мутааддиди ин дӯсти эҷодкорам хулосаҳои даркорӣ баровардан оё  ин лаҳза имконпазир аст? Ҳаргиз не! Номгӯйи он ҳама  асарҳои як эҷодкорро хондану дар ҳастӣ ҳазм кардан, ба ҷаҳони бекарони эҷодкор ворид гардидану ба бурду бохти эҷодиёти ӯ баҳои муносиби ҳол додан албатта фурсати мувофиқи  минбаъдаро талаб менамояд. Гузашта аз ин, дар асарҳои мансури адиб он қадар симоҳои асосӣ ва фаръӣ амал мекунанд, ки ҳамаашонро дар як радиф овардану инашро симои асосӣ, дигарашро симои манфӣ гуфтан ва севуминашро мувофиқи рафти ҳодисаву воқеаҳои тасвиршуда ба дурӯягӣ мулзам намудан кифояти баҳо додан ба  асари бадеӣ нест.  Бо ин кор буд намешавад. Ҳар кадоме аз симоҳои  офаридани  Султонмуроди Одина, ки дар заминаи тахайюли бадеӣ ва ҳақиқати зиндагӣ рӯйи коғаз омадаанд, бо диди худ, фаъолияти худ,  ҷаҳонбинии худ, олами инфиродии худ дар раванди ҳаёти одамӣ ҳикматомӯз ва фарқкунандаанду дар муқобалаву муқоясаи ҷиддӣ метавон ба ҳар кадоме баҳои муносиб дод. Барои дарки андеша танҳо ба симоҳои мусбату  манфӣ ва ёридиҳандаи қиссаи «Парӣ», ки асари таърихисту ба рӯзгори пуршӯри шоири асри  XIX тоҷик  Парии Ҳисорӣ бахшида шудааст ва қиссаи «Гирдбоди хуношом», ки аз воқеаҳои фоҷеаовару нохуши  даврони сангину нангини ба  соҳибистиқлолӣ гузаштани кишварамон ҳикоят мекунанд, мутаваҷҷеҳ шавед. Дар ҳикояҳои нависанда,  ки бештарашон дар китоби «Амаки худам» ҷой доранд, даҳҳо симоҳои асосиву ғайриасосӣ амал мекунанд, ки ин ҳам ниёз ба  пажӯҳиши алоҳида дорад. Ва ё ба асарҳои публисистии Султонмуроди Одина муроҷиат намудан ва шаммае аз онҳоро ба риштаи таҳлили илмӣ кашидан нигоҳи дигаре, таҳқиқу пажӯҳиши гармтареро интизоранд ва ғ. Дар китоби «Ҳокими кони намак» хотироту ёддоштҳои намакине дорад нависанда.

      Осори бадеии Султонмуроди Одина бо назму наср навишта шуда, гуногунжанру бисёрпаҳлӯст ва дар ин росто ҳунари шоириаш вежа арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ,  дар ин фушурда мехоҳем роҷеъ ба осори манзуми ӯ, шеъри ӯ баъзе мулоҳизаҳои аввалияи худро баён намоем. Дар ин раванди эҷодӣ мавсуф шоир аст, бо он ки  худро ба ҳеч ваҷҳ шоири ҳирфаӣ намешуморад. Бояд гуфт, ки шеъри вай бо ҳама барору нобаробариҳояш, бо ҳама пасту баландиҳояш, бо ҳама фарогирии мавзӯъу муҳтавоҳояш, ба ҳама соддагию равониҳояш шеъри худи ӯст.

    Чун аз даврони донишҷӯйӣ, шояд пештар ҳам бошад, ба зиндагӣ воқеъбинона менигарист, имрӯз ҳам воқеъбинона менигарад ва дидаву пайдокардаҳояшро, ки ба табъу завқат мувофиқанд,   воқеъбинона ҷомаи рангоранги шеър мепӯшонад, то мо ҳам онро дида тавонему аз он истифода карда тавонем. Дар ин маврид мактаби эҷодии ӯ мактаби вуқӯъ дар шеър аст. Вақте шеъри Султонмуроди Одинаро ботаҳаммул мехонем,  дармеёбем, ки вай аз тамоми паҳлуҳои зиндагӣ огоҳ асту онро ба шеър кӯчонидааст. Ҳамин аст, ки муҳтавои ашъори шоир аксар аз рӯзгори гузарон, ки ба инсонҳо иртибот дорад, маншаъ мегираду шодоб мегардад. Вай пеш аз ҳама дар шеър вассофи ватан аст. Ватане, ки ӯ дар он ба дунё омадааст, ҷавонӣ дидаасту камол ёфтааст,  ишқ варзидаасту дилбар пайдо кардааст ва дар паноҳи ватан имрӯз барои ватан хидмат мекунад:

 

Тоҷикистон – кишвари озоди ман,

Тоҷикистон – хонаи ободи ман.

Бахти ман, уммеди ман, дунёи ман,

Пойдевори ману бунёди ман.

 

      Дар  мавзӯи ватану ватанпарварӣ шеърҳои ӯ «Кишвари хуршедӣ», «Ушшоқи Ҳисор», «Тоҷикистон», «Ниёиш», «Меҳри ватан», «Ватандорӣ», Наврӯзи Тоҷикистон», «Ганҷи Бадахшон», «Ватан», «Ватан гӯям», «Субҳи Роғун», «Ифтихори Тоҷикистон», «Ба Ҳисор», «Тоҷикистонро нигаҳбон шав, Худо!», «Ифтихор», «Қасри Арбоб», «Тоҷикистон», «Тоҷикистон олам аст», «Меҳр», «Душанбе», «Хамосаи меҳр», «Чароғи Роғун», «Туро ман дӯст медорам», «Шоҳамбарӣ» ва … аз муҳаббати беандозаи эҷодкор ба диёрест, ки хуни нофаш дар он ҷо рехтааст.  Ҳар кадоме аз ин шеърҳо, ки бо ормонҳои некбинонаи симои ғиноӣ суруда шудаанд, хонандаро во медоранд то зодбумашро бишиносад, қадру қимати обу хоки онро донад, дар хидмати ватан ва  дар ободонии он саҳим бошад, дигаронро ба ватандӯстӣ талқин намояд ва ғ., хоса дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва шукр мекунад, ки:

Даври истиқлол омад, шукри даврон мекунем,

Ифтихор аз ному хоки Тоҷикистон мекунем…

Тоҷикистон тоҷи истиқлолият дорад ба сар,

Модар аст ӯ, ҷон фидои модари ҷон мекунем.

                            ххх

Шукри ёрон, шукри ин гулзору ин обу замин ,

Шукри ин сарманзили гулпӯши хуршедофарин.

Шукри хоки файзбори Тоҷикистони азиз,

Шукри мардони далеру мардуми меҳнатқарин…

 

     Симои ғиноии шеърҳои дар васфи ватан гуфтаи шоир бо овози марғуладор даст ба дуо мебардорад, то Худо чунин ватанро ҳамеша нигаҳбон бошад, ба он осеби дигареро раво надорад:

Дар паноҳи қуллаҳои кӯҳсор,

Бо суруди ҷонфазои обшор,

Аз Бадахшон то ба Хатлону Ҳисор

Байни ин дунёи нопайдоканор,

Тоҷикистонро нигаҳбон шав, Худо,

Ин гулистонро нигаҳбон шав, Худо!

 

     Дар кишвари мо – Тоҷикистон водии Ҳисори Шодмон   аз водиҳои файзбахш буда,  дар гузашти таърих мулки ободи ҳокиму амирнишин будаасту яке аз шоҳроҳҳои Роҳи Абрешим ва бо хоку оби худ фаровонҳосилу дар чаҳор фасли сол комҳоро ширин медошта, ки имрӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин сифат ба чанд поя боло рафта, қаҳрамони  ғиноии шоир аз ин ҳама сарбаландона болида, шоирро маҷбур менамояд, ки қалам ба даст бигираду «Ушшоқи Ҳисор»-ро тарона  намояд:

Ҳисорам, чанги  Чангобат барад аз дил ғами дунё,

Дили мардони майдонат хурӯшад чун дили дарё

Такида Хизр дастархони файзашро ба домонат,

Сахою файзу эҳсонат надорад дар ҷаҳон ҳамто…

      Султонмуроди Одина дар гуфтани шеър ҳамқадами замон ва ҳамовози даврон аст. Дар «Девони Султон»-и ӯ ин шеърро дарёфтам, ки «Чӯҷаҳои ризқҷӯ» ном ва бӯйю оҳанги тамсил дораду симои ҷавонони барои дарёфти ризқу рӯзӣ саргардонро дар худ таҷассум кардааст. Дили шоир барои онҳо месӯзад, ки оё рафтаву бармегашта бошанд. Ин ба меҳри Модар-Ватан вобаста ва пайваста аст. Иқтибоси  пурраи шеър беҳтар аз таҳлили он дониста мешавад,  ки бо ҳам мехонем:

Кишвари хурду бузургам,

Маскани ту ёлаи кӯҳ,

Чӯҷаҳоят села-села,

Дар сафар набӯҳ-анбӯҳ.

               ххх

Мурғакони ризқҷӯят

Ризқбахшои дигарҳо.

Розиқони аҳли кишвар,

Донапоши маскани мо.

               ххх

Чашмаҳои ашки чашмат

Рӯйи роҳи интизорӣ.

Офтобат роҳпой аст,

Дар танӯри беқарорӣ.

               ххх

Ёд карда гарди роҳат,

Чораҷӯ, бечора ҳастанд,

Кай ба онҳо дона пошӣ,

Интизори ту нишастанд.

               ххх

Мурғакони кӯчии ту,

Кишварат обод созанд.

Гарчи дуранд аз назарҳо

Синаи меҳрат навозанд.

               ххх

Сабзаҳои рӯйи роҳат

Интизори сабзрӯён,

Роҳҷӯён, роҳпӯён

Пойандози азизон.

 

     Ҷойи ишора аст, ки Султонмуроди Одина дар мавзӯи  муҳоҷирати ҷавонон барои дарёфти ризқу рӯзӣ, душворию сангинии ин ҷодаи поёнаш торик, ба шикастҳо рӯ ба рӯ шудани муҳоҷирони меҳнатӣ бурду бохти онҳо дар ин роҳ бо забони назму наср асарҳои хурду калони хуб дорад, ки ҳамаи онҳоро дар як он ба риштаи таҳлил кашидану ба онҳо баҳогузорӣ кардан заҳматест гарон бо диди амиқи муҳаққиқона. Танҳо қиссаи «Бозтоби тақдир»-ро ба ёд меорем, ки адиб дар он солҳои пурошӯби  давраи гузариш ва рӯ ба муҳоҷират ниҳоданду тақдири ҷавонони кишварро ба тасвир кашидааст. Дар шеъри  «Модари чашминтизор» фарзанди аз оғӯши модар ҷудогардида дар ғарибӣ рӯзу шабон бо ёди модар аст. Модар бошад чашм бар роҳи фарзанди муҳоҷираш гирёну нолон ҷаҳонро падруд мегӯяду хаёли фарзанди дурафтода дар тасвири шоир  муассиру ҳузнангез баён ёфтааст:

Чашмаҳои деҳамон дар рӯйи раҳ

Ҳамчу чашми модари ман ғарқи об.

Бар хаёлам, то ҳанӯз аз пайраҳа,

Модарам дорад ба сӯйи ман шитоб…

                                ххх

Гашта-гашта мебиёям сӯйи ӯ,

То бимолам хоки покаш бар ҷабин.

Хок бар сар интизор истодааст,

Турбаташ гардида яксони замин.

 

        Ин ду банд шеър бешак тасвири шоирона аст ва дар баробари ин  забони равони ҳамафаҳми модарӣ онро шевотару равонтар намудааст. Манзараи ба  тасвир кашидаи шоир пеши чашми оддитарин хонанда намоён шуда меистад, зуд фаҳм мегардад.

    Султонмуроди Одина  вобаста ба мавзӯи муҳоҷирони аз ватан рафтаву дар ғарибиҳо ҷаҳони номуросоро падрудгуфта достони лирикие бо номи «Турбати ормонҳо» дорад, ки саропо дард асту аламу навҳаву нола. Достон аз оғоз, бобҳои «Боди тобут», «Навҳаи модар», «Гиряи падар», «Нолаи хоҳар», «Ҳасрати додар», «Алами дилбар» ва хотима иборат буда, сарчашмаи он аз як хабари нохуши ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (14. 08.2003) «Дар як сол бист обут аз Русия»  аст.  Дар достон қаҳрамони лирикӣ дар симои ҷавонони кишвар, ки дунболи ризқу рӯзӣ бори вазнини зиндагиро бар дӯш доранд, таҷассум ёфтааст. Оғози достон баёнгар ё мундариҷаи тамоми достон аст, ки шоир мегӯяд:

 

                       Дарди ман як дард набвад,

                          Ғуссаи як фапрд набвад.

                          Дарди ман сад ранг дорад,

                          Дар бағал сад санг дорад.

                          Дарди кишвар,

                          Дарди модар,

                          Ғуссаи ҷони ман аст,

                          Сӯзи имони ман аст.

                          Бори дардамро фалак бар дӯши худ гирад агар

                          Бишканад ӯро камар!

 

            Муҳтавои достон худ ба худ аз номи асар рӯшан шуда меистад. Сӯги аҳли ойила бар марги ҷигарбанди бо ҳазор умед рафтаву ҷавонмаргшуда ва рӯйи тобут ба зодгоҳ баргашта. Чунин ҳолату дард ба сари мардуми зиёди кишварамон омадаву  шоир ишора менамояд, ки  он ҳамаро дар симоҳоии Модар, Падар, Хоҳар, Додар ва Дилбар  бо забони дарду ҳасрат ҷамъбаст  намудааст. Забони баёни достон ҳузнангезу риққатовар, оҳангнокияш маҳзунона ва дарунмояаш саршори ашку нолаи ҷонкоҳ.

     Достони «Турбати ормонҳо»  ва дигар шеърҳои ба ин мавзӯъ бахшидаи Султомуроди Одина шоҳиди онанд, ки ӯ пештару бештар аз дигар қаламкашони имрӯзи мо ба ин масъалаи мубрами рӯз диққат ва ҳатто диққати амиқ равона намудаасту навиштаҳояш (ҳам ба назму ҳам ба наср)  омӯзишу пажӯҳиши вижа мехоҳанд. Чаро? Барои он ки ин мавзӯъ аз мавзӯъҳои ҷиддии иҷтимоӣ буда, асосан баъд аз соҳибистиқлолӣ ба адабиётамон ба таври васеъ ворид гардид, ки амрест воқеӣ.   Ҳамин аст бо вақт ҳамқадам будану воқеаҳои рӯзро дар асари бадеӣ аз рӯйи завқ  ба тасвир кашидани  қаламкаш.

      Манзумаи «Муаллим»-и шоир низ хонданӣ ва писандиданӣ буда, ҷанбаи баланди ахлоқӣ дорад ва омӯзанда аст. Дар ин манзума қадру қимат ва мақоми муаллим, ки дар адабиёт ҳазорсолаҳо васф кардаанд, бо диди нави нигорандагӣ ва вобаста ба рӯҳи замон инъикос ёфтааст.

     Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин масъалаи ойила ва ойиладорист.  Султонмуроди Одина низ чун зиёии пешқадами ҷомеа ба ин масъалаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳ зоҳир намуда,  бо забони шеър андешаҳои созандаашро баён намудаву ба ҷавонон дар боби  ойиладорӣ раҳнамоиҳо дорад. Эшонро ҳушдор медиҳад, ки дар ин ҷодаи мушкилписанд оҳиставу дониста гом бардоранд, ба иштибоҳ роҳ надиҳанд, зеро хонадоршавӣ хариду фурӯши молу манол  нест.

Шоир дар шеъри «Бахти духтардор» ба соҳибдухтар ишора намуда, ин тасвири зебо ва созанда дорад:

 

Хостгорон рӯйи раҳ истодаанд,

Баҳри духтар ҳалқа бар дар мезанад.

Дар кушо, эй модари шабзиндадор,

Мурғи файзи хонаат пар мезанад.

 

    Вақте хонадорон соҳибфарзанд мегарданд, масъулияташон дар ойиладорӣ дучанд мегардад. Масъулиятшиносӣ дар ойиладорӣ вазифаи аввалиндараҷаи зану шавҳар аст. Вале дар баъзе ойилаҳо, бахусус ойилаҳои ҷавон, инро камтар эҳсос менамоянд ва подоши он бе волидайн мондани кӯдакон мегардад. Дар ин ҳолат кӯдакон бепуштупаноҳ мемонанд ва то ҷое, ки аз кори волидайн азият кашида, меноланду мегӯянд:

 

Эй падар, модар, чаро аз ҳам ҷудо,

Гашта афкандед манро дар бало?

Аз хатои ишқи хоколудатон,

Карда манро бар ҷафоҳо мубтало…

                                      ххх

Айби ман чӣ модари ҷон, эй падар,

Бегунаҳ садҳо гунаҳ дорам ба сар.

Бахти гумгардидаеро  интизор,

Гаштаам хору гадои дар ба дар.  

 

      Дар шеъри «Зиндаятим» ҳам ҳамин мавзӯи доғи рӯз ҳузнангезтар матраҳ гардидааст бо вазну қавофии нав ва амиқтар.

Дар шеърҳои Султонмуроди Одина таваҷҷуҳ ба ҳаёти ҷавонон махсус аст. Вай ҷавонони давронро пеш аз ҳама баъди  ба камол расидан дар хидмати Модар-Ватан мебинад  ва ба онҳо хитоб менамояд, ки:

 

Эй ҷавонони ватан, эй паҳлавонони ватан,

Номбардорони кишвар, қаҳрамонони ватан…

Бо шумо аяндаи ин кишвари озодагон,

Аз шумо ин мулку манзил, эй ҷавонони ватан!

 

         Дар силсилаи «Рубоиёти сарбозӣ»-и шоир аз номи симои ғиноӣ ин ишораи бамавридро дармеёбем, ки ҳикмат дораду қабулкарданист:

 

                   Эй бачаи бодича, зи чӣ менозӣ,

                   Аз пушти ману дугонаам метозӣ.

                   Аввал ту бирав хизмати сарбозӣ кун,

                   Пас ман бишавам ба хостгорат розӣ!

 

       Ба мавзӯъҳои матраҳшуда рӯй овардани Султонмуроди Одина аз он маншаъ мегирад, ки ӯ пайваста бо мардум ва дар байни мардум аст, бо шикасту рехти зиндагонияшон нафас мекашад, аз ҳақиқати бурду бохташон огоҳӣ дорад. Шодии ҷомеа шодии ӯву ғаму ками эшон ғаму ками ӯст. Бисёр ҳолатҳо шуда, ки худи эҷодкор номуросоҳоро ба роҳи муросо дароварда, ойилаҳоро ба ҳам оварда, навҷавононро ба сарбозӣ ҳидоят намояд, муҳоҷирони меҳнатиро дастгирӣ кунад ва бо ин ҳама вазифаю масъулияти инсонияшро дар назди ҳамватанон иҷро сохтааст.

    Шоир шоҳиди вақт аст, ки дар давраи гузариш ба сари халқамон чӣ балоҳое  наомада буд. Магар он ҳодисаҳо аз ҷониби халқ сар зад? На! Онро бо найрангбозиҳо  ҷоҳталабону мансабхоҳон сохтаву бар сари халқ бор карданд. Ба шеърҳои «Мансаб бихар», «Ҳуққабозӣ» ва як силсила дубайтиҳо аз китоби «Боли орзу»  таваҷҷуҳ шавад:

         Ғурури мансабу курсии дунё,

Шукӯҳи шону амру ҳукми дунё,

Наарзад ин ҳама ҳангомахоҳӣ,

Ба як оҳи дили озурдаи мо!

 

         Султонмуроди Одина бо он ҳама бурду бохтҳои зиндагӣ ҳамеша ошиқ асту ошиқона ба зиндагонӣ менигарад ва худ зиндагонии ошиқонае дорад. Ишқу ошиқӣ дар ниҳоди  ӯ аз давраи ҷавонӣ ҷой гирифта, дар ҷараёни зиндагӣ камол ёфтааст. Дар мақтаъи шеъри «Занги охир» омада:

 

                   Хайр, эй ҷингиламӯйи синфи ҳашт,

Гарчи мондӣ номаамро беҷавоб,

То нагирам ман ҷавоби номам,

Нома баҳрат менависам сад китоб!

 

            Ин мавзӯи бардавоми адабиёти ҷаҳонӣ дар шеърҳои мавсуф бо диди ӯ, ҷаҳони ӯ, ҳолоти ӯ ва ҳусни баёни ӯ хеле сода, нарм  ва ба фаҳм наздик  тасвири бадеӣ ёфтааст. Қаҳрамони ғиноии шоир  дар мавриди ишқу ошиқӣ ҳолатҳои гуногун дорад. Вай  ошиқ аст (Ҳар нафас, ҳар лаҳза, садҳо бор ёдат мекунам, - Дар сари ҳар ҳарфу ҳар гуфтор ёдат мекунам.),  дар оташхонаи  ишқ худро мегудозад (Гуфтам, ки азизи дил, дасти ману домонат, - Гуфтӣ, ки мазан лофе, баргӯ сухан оҳиста), барои ёр пайғомҳо мефиристад (Эй бод, маҳвашамро дидӣ, расон паёмаш, - Баргӯ, ки зор ҳастам бар пайку бар паёмаш.),  роҳ мепояд ( Кӯки чашмам канда шуд дар интизори роҳи ту,  -Дил адо шуд аз фироқи рӯйи ҳамчун моҳи ту.),  ба уммеди висол аст (Агар Султони маҳзунро мурооте кунӣ аз сидқ, - Аҷал бигрезаду Оби Ҳаёт ояд чӣ хуш бар мо!), бевафоиву бераҳмии маъшуқа ва  хиёнату дурӯягии ӯро мазаммат мекунад ( Ёри дурӯ чашм агар аз мо бипӯшад, чун кунам? – Обрӯйи дӯстро як ҷав фурӯшад, чун кунам?), баъзан аз ишқи гумгаштаи худ ашки ҳасрат мерезад (Он чӣ андар зиндагӣ дидам, фақат ғам буду дард, - Косаи чашмам аз ин рӯ доимо саршор монад) ва ғ. Бештар қаламкашон аз ишқи аввал шиква намоянд, Султонмуроди Одина аз ишқи охир ва ҷамъбасти умр сухан мегӯяд:

 

                   Ишқи охир – абри барфу абри жола, абри борон,

                   Ишқи охир – офтоби дар ғуруби хеш сӯзон.

                   Ишқи охир – интиҳои гулқабои ишқи аввал,

Ишқи охир –  ганҷгоҳи хотироти умри инсон.

 

         Султонмурди Одина шоири тасвирофар аст. Наврӯзиҳои ӯ, тасвири меҳргону зимистон дар қолаби шеъри ӯ баёнгари ҳоланд, ки мехонем:

 

                   Замину осмонро боди серун,

                   Ба тундӣ дар канори худ гирифта.

                   Қавоқи абр авезон то замин аст,

                   Биборад барф, барфи лахла-лахта.

 

         Боз мехонем:

 

                   Шаб ҳамқадаҳ бо рӯз шуд,

                   Дунёи дил фирӯз шуд,

                   Олам ҳама гулбез шуд,

                   Дашту даман гулдӯз шуд,

                   Наврӯз шуд, Наврӯз шуд!

 

         Боз мехонем:

 

                   Наврӯз шуд, эй дилрабо, пеш о, ки наврӯзӣ кунем,

                   Аз кулчаи рӯйи шумо бо завқи дил рӯзӣ кунем.

 

         Боз мехонем:

 

                   Уқоби сардминқори зимистон,

                   Пари лаклак биканда пош дорад.

                   Заминро карда мисли болиши пар,

                   Ба олам гавҳари испед корад…

 

         Домани мавзӯи ашъори шоир фарох аст. Қаҳрамони ғиноии ӯ  бо самимият ватанро, хоки муқаддаси кишварро, волидайнро дӯст медорад, ҳабибону дӯстонро меситояд, азизонро меҳрубонӣ мекунад, ба чеҳраҳои тобону хитматгузорони кишвари озод васфияҳое мегӯяд,  умеди нек ба донаи пошидаи деҳқони ризқдиҳанда дорад, ҷавононро ба роҳи рости зиндаггонӣ ҳидоят менамояд, бечорагону дармондагонро бо муҳаббат менавозад, дар тӯю сур ва ғаму кулфати ҳамнавъон дар паҳлӯяшон аст, бар марги азизону  наздикон марсияхонӣ мекунад,  рақибону нокасон ва дурӯғгӯёну тӯҳматгаронро дар саҳнаи бобарори зиндагии худ дидан намехоҳад ва монанди инҳо, ки мисолашон дар китобҳои ашъори сифатшаванда хеле зиёданд.

         Дар ин нигоҳи андак ба осори манзуми шоир дар бораи забон, ҳусни баён, маҳорати  симоофарӣ ва маҳорати шоирии ӯ, поэтикаи ашъораш  қариб, ки ҳарфе гуфта нашуд. Ин ба он маъност, ки ин тарафи масъала назари алоҳидаву  амиқ ва фурсати мувофиқеро аз ҷониби аҳли таҳқиқ интизор аст.    

Ниҳоят, осори адабии Султонмурди Одина гуногунжанру бисёрпаҳлӯ ва пурмуҳтаво буда, омӯзишу пажӯҳиши ҳамаҷонибаи он дар оянда бар манфиати адабиёту фарҳанги кишвар хоҳад буд.

Корманди илмии Маркази мероси

хаттии назди Раёсати АМИТ,

 Алии Муҳаммадии Хуросонӣ

 

 Инчунин нигаред ба рӯзномаи «Баҳори Аҷам», №26 (538), 22 сентябри соли 2020. – С. 5.