Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ

      Агар истиқлолият ва озодии  як инсон ин роҳ ба сӯи  рушду нумуи як инсон аст, пас истиқлолияти як давлат ин  беҳбудӣ ва фароҳам омадани   беҳтарин шароитҳо барои зиндагии як ҷомеаи бузург аст. Истиқлолияти комили як давлат  асоси озодӣ ва истиқлолияти  шаҳрвандони он аст.

         Бо фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳаёти кишварҳои шомили он марҳилаи сарнавиштсоз оғоз гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳиби Истиқлолият шуд. Ин маънои онро дошт, ки кишвари мо минбаъд дар интихоби шакли давлатдорӣ, сиёсати хориҷӣ ва дигар  самтҳои ҳаёти ҷомеа  озоду мустақил аст.

         Дар робита бо дастовардҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни ҳаётӣ, аз ҷумла, сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ  матлаби фаровоне  навиштаву рӯи чоп омадааст, аз ин лиҳоз, мо мехостем ба як нуқтаи муҳими замони истиқлол таваҷҷуҳ намоем, ки он дар ҳама гуна марҳилаҳои ҳаёти халқи тоҷик меҳвари таконбахше барои мустақилият буд. Дар охири солҳои 80 ва аввалҳои солҳои 90 -ум дар ҷомеаи Тоҷикистон заминаҳое пайдо шуданд, ки  ба эҳёи ҳуввияти миллӣ асос гузоштанд. Минбаъд давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин падидаро дар сиёсати давлатсозӣ ва давлатдории худ  ҷавҳари асосӣ қарор дод.

          Пеш аз ҳама, ҷашнгирии 1100 - солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, бузургдошти 1150 – солагии поягузори адабиёти форсу тоҷик  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500 – солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб, 700 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000 – солагии шаҳри Ҳисор аз чанд ҷиҳат иқдоми бузург буд. Нахуст бо  ҷашнгирии ин санадҳо таърихи тамаддун ва давлатдории чандинҳазорсолаи тоҷикон барои ҷаҳониён муаррифӣ гардид, дувум, насли наврас, бахусус ҷавонон аз  гузаштаи пурифтихори аҷдодони халқи тоҷик огоҳӣ пайдо карданд, ки барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ хеле муҳим ва арзишманд аст.

         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба зарурати омӯзиши мероси таърихии халқи тоҷик  чунин ибрози андеша намудааст: «Яке аз сарчашмаҳои  худшиносии миллӣ, ки решаҳои шукуфонии маънавию  фарҳангии халқи моро шодоб мегардонад, ин мероси  таърихӣ бо мафҳуми васеаш ва хотираи таърихӣ мебошад, ки дар дастовардҳои фарҳангии  илмӣ, дар хираду заковати давлатдорӣ ва ҳашамату бузургии  рӯҳи гузаштагонамон инъикос ёфтааст. Бе  такя ба ин гузаштаи пурмазмун мо ба ҳеҷ соҳае ба пешравӣ ноил гардида наметавонем».

         Пешрафти имрӯзаи Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву иқтисодӣ  шаҳодат аз он аст, ки ин сиёсати пешгирифтаи давлат оқилона ва  ояндасоз аст.

         Дар баробари арҷ ниҳодан ба таърихи халқи тоҷик, ҳамчунин мероси гаронбаи фарҳангии он, бахусус, таҷлили ҷашни бузургону  азизони миллат, мисли Абӯабдулло Рӯдакӣ,  Фирдавсиву Мавлоно, Ҷомиву Туғрал, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон  Ғафурову Мирзо Турсунзода баёнгари ин иқдоми бузург аст. Ин анъанот аз он шаҳодат медиҳанд, ки бузургони халқи тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ  дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд ва он боиси ифтихор барои имрӯзиён аст.  

         Маҳз дар даврони Истиқлолият ҳуқуқи таҷлили бошукӯҳи Наврӯз ба мардум баргардонида шуд, зеро тибқи сиёсати то даврони Истиқлол  ин  ҷашни миллии тоҷикон  таҳдиди аз байн рафтанро дошт.  Аз файзи Истиқлол ин ҷашни бузурги аҷдодӣ дар Тоҷикитон на танҳо бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад, балки дар арсаи байналмилалӣ он мақоми  ҷаҳониро касб намуд. Бо эҳё намудани ин ҷашни бузург, собит гардид, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз – беҳтарин намунаи тамаддуни  ориёнажодон, аз ҷониби мардум пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанг ва ҳуввияти милли онҳоро дучанд месозад.

         Иқдоми дигари ояндасоз ва асоси тарбияи меҳанпарастӣ ин эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва  рушди сайёҳӣ аст.  Дар ин замина бо ибтикори Асосгузори сулҳзу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида буд, ки  барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас дар ин соҳа мусоидат намуд. Пеш аз ҳама, ин эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, мисли, заргарӣ, зардӯзӣ, зардеворӣ, кашидадӯзӣ, сохтани асбобҳои мусиқӣ, санъати меъморӣ, кулолгарӣ  ва ғайраҳо мебошад, ки дар навбати худ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум  имконият фароҳам меоваранд. Минҷумла, ҳазорон занони хонашин ба ҷойҳои корӣ  таъмин шуда, ба ҳунарҳои мардумӣ пардохтанд. Дар натиҷа атласу адраси тоҷикӣ, зардӯзию зардеворӣ, тоқию ҷомаи тоҷикӣ бо нафосату зебоии худ мардуми зиёди дохилу хориҷро ба худ ҷалб менамояд.   Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саривақтӣ буд, зеро мардуми тоҷик  тӯли асрҳои зиёд дар рушду нумуи фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми зиёд гузоштааст. Беш аз он, дар радифи дигар арзишҳои фарҳангӣ,  ҳунарҳои мардумӣ низ инъикосгари фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар мебошанд. Ҳамчунин  ин ташаббуси оқилона барои дарёфти ҳунармандони асил, омӯзишу таҳқиқи  ҳунарҳои зиёди мардумӣ, ҳифз ва тарғибу ташвиқи он имкониятҳои зиёде фароҳам овард.

         Барои муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик барои ҷаҳониён   ин рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон буд, ки дар ин росто иқдоми беҳтарин  аст. Ин сиёсати дурандешона  дар муддати  на чандон зиёд натиҷаи назаррас ба бор овард. Чандин ташкилотҳо ва ВАО – и  бонуфузи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари беҳтарин барои сайёҳӣ арзёбӣ намудаанд, минҷумла, рӯзномаи «Financial Times” кишвари моро ба шумори ҳашт давлати барои сайёҳат мувофиқ ворид намудааст ва ба хонандагони сершумори худ  тавсия медиҳад, ки  аз Тоҷикистон боздид намоянд. Тоҷикистон дар байни ин ҳашт кишвар дар  ҷойи шашум аст. Инчунин Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмиллалии “British Backpacker Society” аз рӯи имкониятҳои сайёҳиаш ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7 – умро  ишғол менамояд. Беш аз ин, ҳар сол теъдоди зиёди сайёҳон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон аз Тоҷикистон боздид менамоянд, ки беҳтарин нишондоди рушди сайёҳии кишвар дар замони  Истиқлол  мебошад.

         Ҳамин тариқ, Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои   худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ майдони фарохеро  ба миён овард. Худшиносии миллӣ меҳваре гардид, ки дар гирди он фарҳанги миллӣ,  суннатҳои таърихӣ, фарҳанги қадимаи ниёгон, ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, бо шарофати он Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хос пайдо намуд.

   Ходими шуъбаи тавсиф ва

таҳияи феҳристи дастхатҳо,

 Латифов Собир