Мазмунофаринӣ дар ашъори Сӯзании Самарқандӣ

 

             Мазмунофаринӣ дар ашъори  Сӯзании Самарқандӣ
Хуҷова Мавҷуда
Номзади илмҳои филология
            
         Сӯзании Самарқандӣ яке аз бузургони адабиёти асри Х11 ба ҳисоб рафта, дар соҳаи адабиёт бо лақабҳои «Ҳаким Сӯзанӣ» ва «Пири сӯзангар» шинохта шудааст.Шоири форсу тоҷик Сӯзании Самарқандӣ дар шаҳри Насаф (Қаршии ҳозира) ба дунё омадааст. Сӯзании Самарқандӣ дар ҷавонӣ ба Бухоро рафта, баробари касби улум пешаи сӯзангариро омӯхтааст. Ба шеъргӯӣ ҳангоми таҳсили мадраса шуруъ кардааст. Пас аз хатми таҳсил ба Самарқанд омадааст. Вай баъзе амалдорони девони давлатиро дар қасидаҳояш васф намудааст. Чуноне ки аз таҳлил ва таҳқиқи муҳаққиқон бармеояд, дар бораи  таърихи таваллуд, таҳсил ва ҷараёни зиндагии Сӯзании Самарқандӣ маълумоти дақиқ дастрас нест. Аз ашъори худи шоир бар меояд, ки ӯ умри хеле тӯлонии бобаракат дидааст.
Мисол:
Ҷуз мадҳи шоҳ беҳудагӯист шоирӣ,
Ҳаштод сол бас, ки будӣ беҳудасаро. [ 3,5].
Сӯзании Самарқандӣ аз худ барои бадинагон девони ашъори хешро ба мерос гузоштааст, ки нусхаи комили он дар китобхонаи Калкутта (Ҳиндустон) маҳфуз буда, қариб 12 ҳазор байтро дар бар мегирад. Якчанд нусхаи нисбатан хурдтари девони шоир дар китобхонаҳои Россия ва Эрон маҳфузанд. Девони комили Сӯзании Самарқандӣ дар Эрон солҳои 1960 ва 1966 ба табъ расидааст. Як нусхаи девони шоир дар Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зери № 440 маҳфуз аст. Ашъори девони Сӯзании Самарқандӣ дар навъҳои маъмули назми давраи ӯ: қасида, қитъа, ғазал, рубоӣ, мусаммат ва ғайраҳо навишта шудаанд, вале онҳо бо мундариҷа ва мазмуни худ аз ашъори шоирони дигар фарқ мекунанд. Дар эҷодиёти Сӯзании Самарқандӣ дар ҳавҷу мутоибот тамоюли ҳаҷвию мутоибавии адабиёти шаҳр дар се навъ: шеърҳои ҳаҷвӣ, шахсӣ, ғазалӣ, мутоибавӣ ва нақиза инкишоф ёфтааст. Сӯзании Самарқандӣ дар ҳаҷву мутоиботи зоҳиран «қабеҳ»-и худ маданияти хандаву истеҳзои халқ, хушҳолию зиндадилии мардумро ифода намудааст. Бештари ҳаҷвиёти Сӯзании Самарқандӣ бо санъаткорӣ ва маҳорати баланди адабӣ навишта шуда, устоди ҳаҷв будани ӯро собит кардаанд. Қисми муайяни ашъори Сӯзании Самарқандӣ оид ба ҳунармандӣ ва васфу ситоиши касбомузӣ мебошад. Дар ашъори худ хукуматдоронро пайваста ба адлу инсоф ва тараҳҳум нисбат ба омма ташвиқ намуда, ба муқобили баъзе золимони халқ қиём кардани ӯ аз мафкураи гуманистӣ ва зиддиистибдодии табақаи ҳунармандон сарзадааст.Чуноне ки аз мисраҳои шерии Сӯзанӣ бар меояд, ба ҳамон нафароне, ки Сӯзанӣ дасти сахо бардошта кӯмака шон мекард, бо ҳосидони вай забон як карда дар ҳаққи Сӯзанӣ дар назди Ҳоқон Маҳмуд ибни Муҳаммад суханҳои бад гуфтанд ва бо иғвои онҳо шоир аз тамоми молу сарваташ маҳрум гашта, ҳатто ба қатл маҳкум шудааст.
Мисол:
Ҳамчу мӯрон моли ман дар хонаи худ карда ҷамъ,
В-он гаҳе карданд бар ман тез дандонҳо чу мор.
Ҳаққи молу неъмати ман ҳеҷгун нашнохтанд,
Он сагони нобакору он хасони нобакор. [3,8].
     Мо дар ин мақола кӯшиш ба харҷ додем, ки танҳо дар бораи мазмунофарӣ дар ашъори Сӯзании Самарқандӣ маълумот диҳем ва то як андоза зеҳни хонандаи гиромиро ба дунёи пуробуранги ашъори шоир бедор созем. Бояд қайд кард, ки қасида ва ғазал дар ашъори Сӯзании Самарқандӣ мақоми аввалиндараҷа дошта, қисми зиёди осори ӯро ташкил медиҳад. Гарчанде ки Сӯзанӣ қисми зиёди қасидаҳояшро дар мадҳи соҳибмартабони замони худ, салотину умаро, намояндагони дину шариат, бузургони аҳли адаб ба монанди Унсурӣ, Рӯдакӣ, Саноӣ, Низомӣ, Муъизӣ, Рашидуддини Ватвот бахшида бошад ҳам, вале дар ғазалҳояш тавонистааст, ки аз манзараҳои зебои табиат(пейзаж), ишқу муҳабат байни инсонҳо, дарду ғами ошиқ, ишқи поку ҳақиқӣ, адолати шоҳ ба тобеияти мансаб, ғалабаи осоиштагӣ ба зулм, мафҳуми хирад ва одобу ахлоқ, хирад ва қонунро бо мафҳуми шараф пайванд бахшида, алоқамандии қонун ва ҳукуматдории хирадмандонаро бо талаботҳои одобу ахлоқ ва меъёрҳои ахлоқӣ таъкид менамояд. Шоир пеш аз ҳама тараннумгари ишқ аст, ишқи пок, ишқи беолоиш, ишқи ҳақиқии дур аз ҳама гуна фасод, бидуни ҷудо намудани ишқи инсонӣ ва ишқи ирфонӣ. Мувофиқи эътирофи худи суханвар ишқи ҳақиқӣ дар эҷодиёти ӯ пеш аз ҳама ишқи ирфонӣ буда, асосан дар қолаби мафҳуму истилоҳҳои тасаввуфӣ баён гардидааст. Вай аз ишқи инсонӣ чун аз ишқи маҷозӣ таъбир мекунад ва ишқи заминиро барои расидан ба ишқи ирфонӣ гузаргоҳи дилхоҳ медонад.ӯ бо офаридани ишқи ҳақиқӣ шамъи тоза ба мазори ишқи куҳан афрӯхтааст. Ба воситаи ғазалҳоҳои ошиқонааш шоир ба мардум дарси муҳаббат, покӣ, суббот, бурдборӣ, башардӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва шоистаи инсонӣ ва дар ишқ устувор будан ва барои ишқи ҳақиқӣ мубориза бурданро меомӯзад.
мисол:
Эй ҷуфти дили ман, аз ту фардам
В-эй роҳати ҷон, зи ту бадардам.
Ишқи ту ба ҷон шигард дорам,
То умр ба сар шавад шигардам. [6, 70 ].
Ё дар ҷои дигар:
Соқиё, пеш ор боз он оби оташфомро,
Ҷом гардон кун, бубар ғамҳои беанҷомро
З-он, ки айёми нишоту ишрату шодӣ шудаст,
Бад бувад беҳуда зоеъ кардан ин айёмро.
Маҷлисе дарсоз дар бӯстону ҳар сӯйе нишон,
Лӯъбатони гулруху ҳурони симандомро. [6, 67 ].
    Мафҳуми қонуни адолатро Сӯзанӣ дар андешаҳои ахлоқӣ мебинад, ки донистани онро ба унвони сифати аслии шоҳи одил ва давлатдории одилона зарур мешуморад, ҳамаи инро шоир дар қолаби зебои назм, бо як ҷаҳон обу ранги бадеӣ ба қалам додаст, ки ин аз маҳорати баланди суханварии ӯ дар адабиёт дарак медиҳад. Сӯзанӣ дар байти зерин фасли хазонрези тирамоҳ ва ҷашни Меҳргонро шоирона чунин тавсиф кардааст:
Моҳи муҳаррам омад в-овард Меҳргонро,
Оини меҳргонӣ айши муҳаррамӣ кун.
То аз лақаб тараб беҳ, ҳамвора бо тараб зи,
То хуррамӣ беҳ аз ғам, пайваста хуррамӣ кун  [ 3,122].
        Дигар аз ақидаҳои судманди Сӯзанӣ адолати шоҳ ва тобеияти мансаб мебошад. ӯ маслиҳат медиҳад, ки ҳама дар мақоми адолат бошанд, зеро дар ҳамин ҳолат осоиштагии давлат таъмин карда мешавад. Ба андешаи Сӯзанӣ набояд ба ҳеҷ кас зулмро раво дид, зеро шуълаи ҳақиқат ҳамеша фурӯзон аст. Ин мафҳумро ӯ тавассути  рафторҳои яке аз хонҳои қарохонӣ Қилич Тамғоҷхон, ки фақат дар давраи ҳукумрониаш ӯ ба тараққиёти илм ва адабиёт андаке аҳамият додааст, нишон додааст:
Бахти бедори шаҳаншаҳ Хусрави молик риқоб,
Кард бар болини ғафлат шӯрбахтонро ба хоб.
Дид чун дар хоби ғафлат рафт моҳи нав ҳаме,
Теғи хунолуда бар болин чу теғи офтоб.
Ғафлат андар тоати султон ба ҳақ гарданкашист,
Гардани гарданкашонро теғ бояд ё таноб  [4,3].
Аммо дар замони давлатдории Қарохониҳо илму фан ва адабиёт хеле ақиб меравад. Чи навъе ки Муҳаммади Авфӣ дар тазкираи асри ХIII менависад: Бо вуҷуди ин, якчанд асарҳоеро, ки дар асри ХI дар Мовароуннаҳр ба майдон омадаанд, ном бурдан мумкин аст.Чунончи, «Таърихи мулки Туркистон»-и Маҷдуддин Муҳаммад ибни Аднон ва гайра, ки аз онҳо ба ҷуз баъзе порчаҳои ҷудогона то давраи мо чизе омада нарасидааст.
   Ба ҳар ҳол, дар ин давра адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр баъзе шоирони боистеъдод, монанди Амъаки Бухороӣ (вафоташ соли 1149), Сузании Самарқандӣ (вафоташ соли 1173), Рашидии Самарқандӣ ва гайраро ба камол расонид. Вале ин шоирон аз ҷиҳати аҳамияти эҷодиёти худ бо гузаштагонашон баробар шуда наметавонистанд. Амъак ва Сӯзанӣ дар сабк ва тафаккури бадеӣ аз якдигар хеле тафовут доранд. Эҷодиёти Амъак, ки шоири дарбор аст, пур аз зарофат буда, шакли шеъриро ба авҷи такомул расонидааст. Бесабаб нест, ки донишмандони адаб ашъори ӯро дар дастурномаҳои илми баён, ҳамчун намунаи тақлид ва пайравӣ зикр кардаанд. Сӯзанӣ, баръакс, шоири берун аз дарбор, намояндаи назми доираи ҳунармандони шаҳр аст. Албатта, гоҳо ба ӯ ҳам лозим меомад, ки барои дарёфти маош қасидаҳои мадҳия гӯяд, вале ӯ беш аз ҳама бо ҳаҷвияҳои худ, ки бо забони соддаи ба сабки гуфтугӯ наздик навишта шудаанд, машҳур аст.
Мисол:
Фарзанди ман, набераи маймунӣ,
Иблиси дигар аст на малъуне.
Асроре карда ба падар озорӣ,
Ҳамчунон имомзодаи собунӣ [ 3, 157].
Ё дар ҷои дигар:
Эй Шамсиддин, ба ному ба наво зи ту абр беҳ,
Ҷомаат кафан накӯтару қабр беҳ.
Аз савту сурати ту ҳазорон ҳазор бор,
Ғурранда абр беҳтару дарранда бабр беҳ [ 3, 156].
Ва ё
Ашрафи абрешимӣ чу кирмаки пила,
Умр ба тазвир мегузораду ҳила.
Аз паи донге чаҳору се занад аз сар,
Ба тани пинагон зи каъбатайни ҳалила  [ 3, 156].
Корбасти санъатҳои бадеӣ дар коргоҳи эҷодии шоирон одатан бо мақсади ороиш ва муассир гаштани сухан амалӣ мешавад. Сӯзанӣ дар ашъори худ гоҳо аз санъатҳои бадеӣ хеле фаровон истифода бурда, табъозмоӣ кардааст ва ҳунари баланди эҷодкории худро ба намоиш гузоштааст. Истифодаи фаровон аз ташбеҳу истиора, маҷоз, ташхису такрор, тазоду талмеҳ ва дигар санъатҳои бадеӣ аз маҳорати суханофарии шоир дарак медиҳад. 
     Ташбеҳ аз серистеъмолтарин навъи санъати бадеист,ки дар ашъори шоирон, аз ҷумла дар ашъори Сӯзанӣ зиёд ба назар мерасад. Дар китобҳои илмии назарӣ, чунончи дар асари «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и олими асримиёнагӣ Атоулло Хусайнӣ, дар китоби «Санъати сухан» -и адабиётшиноси муосир Турақул Зеҳнӣ ва дигарон навъҳои гуногуни ташбеҳ нишон дода шудаанд, чунончи, ташбеҳи мутлак ё мурсал, киноят, машрут, тасвит, акс, измор, таф зил.... 
  Мо дар ашъори Сӯзании Самарқандӣ анвои гуногуни ташбеҳ ва санъатҳои дигари бадеиро дучор шудем,ки овардани чанд намуди ташбеҳро беҳбудии кори худ донистем.
1.Ташбеҳи мутлақ, ки ташбеҳи сареҳ низ мегӯянд, содатарин навъи ташбеҳ дар адабиёт ба шумор меравад, ки дар ашъори Сӯзанӣ хело зиёд ба назар мерасад.
Мисол:
        То бастаам бад-он ду рухи лолафом дил,
                                         Монанди лола сӯхта дорам мудом дил [ 3, 112]
Дар ин мисол мушоҳида мекунем, ки сурхии чеҳраи маъшуқа ба гули лола монанд карда шудааст. Ин намуна ҳамчунин ташбеҳи ҳиссӣ аст, ки асоси монандкунӣ бар чизҳои махсуси дидашаванда аст. 
2.Ташбеҳи измор (музмар). Дар ин маврид чизе ба чизе ташбеҳ карда мешавад, аммо зоҳиран чунин метобад, ки ташбеҳ мақсади ӯ нест, ҳол он ки дар замири ин тасвир мақсуд ҳамон ташбеҳ аст.Чунончи, дар байти зер калимаи «баҳор» ташбеҳи измор аст:     
                                        Фасли баҳор бо ман нозук чу барги гул,
Лашкар бурун задам чу гули сурх дар баҳор.
То комгор гардам бо душманони мулк,
                                         Як сӯ шудам зи барги гули сурх комгор  [ 3,14].
   Дар адабиёти форсӣ шоирон санати такрорро ба ҳадди нисбатан зиёд истифода мебурданд, ки  Сӯзанӣ ҳам дар пайгирии онҳо дар истифода аз ин санъат бештар баҳра бурдааст. Такрор агар баъзан дар оҳангнокӣ ва зебоии сухан саҳм дошта бошад, гоҳо нишон медиҳад, ки шоир мехоҳад ягон нуқтаро маҳз таъкид кунад ё тақвият диҳад.
Мисол:
                                        Симбар ёрам шуд аз ман симбар,
                                Сим ёрам неву ёрам симбар  [ 1,22].
Ё дар ҷои дигар:
                                        Ба зери сояи килке, ки хомаи ту шавад,
                        Шикан-шикан шавад аз бими шери хасмшикан [ 3,89].
Ва ё
Дар ҳар гуноҳ сахраи девам ба хайр хайр,
Ё Раб маро ихлос деҳ аз деву сахра гир [ 1, 19].
Корбурди муқаррари калимот на танҳо ҳусни зоҳирии шеърро меафзояд, балки мусиқии дохилии шеърро низ ба вуҷуд меорад, ки ин ҳолатро ба роҳат метавон дар шеърҳои шоир мушоҳида кард : 
                                         Наёмад аз ман хайреву дар дилам ҳама он,
                                         Ки Ҳақ пазирад бе хайр хайри хайри маро [ 1,4].
    Шоир бо риояи навъҳои гуногуни таҷнис, ки санъати маънавӣ буда, аксар дар адабиёти классикӣ мушоҳида мегардад ва дар ин санъат шоир ё нависанда калимаҳои ҳамшаклу гуногунмаъноро оварда, ба сухани худ зебоӣ, бозии сухан, рангорангии маъно дароварда, ба ин васила завқи бадеиро баланд мекунад, ба шакли зоҳирии шеъраш ҷозиба ато кардааст.Дар адабиёт хелҳои таҷнис бисёр бошад ҳам, се намуди он дар ашъори шоирон зиёд ба чашм мерасанд [ 2, 154-156].
Таҷниси том:
                 То бастаам бад-он ду рухи лолафом дил,
                   Монанди лола сӯхта дорам мудом дил [ 3,112].
“Лола”-и якум ба маънои рӯй (ду рухсора) аст, “лола”-и дуюм ба маънои дили сӯхта (обшуда) аз ғаму интизорӣ аст.                                                                                                                                                                                                                                                                                     
Тачниси мураккаб :
                   Басам зи наргиси серобу лолаи худрӯй,
Ки наргиси бути ман лола даркашид ба рӯй [ 3, 114].
Тачниси мукаррар (ё муздавач) :
Дар ин намуди таҷнис баъд аз калима ба таҷнискашидашуда, калимаи дигаре меояд, ки аз калимаи аввал ҷудо нашуда, ҳиҷои охирин такрор мешавад
[ 2, 15 5].
Ҳарчанд дар ҷадал санамо, даст дасти туст,
        Бо ман раҳе макун ту ба ҷои ҷадал ҷадал [ 2, 119].
    Ҳамин тариқ дар баробари дигар санъатҳои бадеӣ, санъати талмеҳро дар шеъри худ бо маҳорати баланди шеърофариниаш истифода кардааст. Дар мавриди талмеҳ бояд гуфт, ки муроҷиати шоир ба ҳодисаҳову тимсолҳои афсонавию таърихӣ одатан ба марому тамоюли шоир вобастагӣ дорад. Чунончи, муроҷиат ба Эзад, пайғамбарон,Марям, Яқуб, Масеҳ, Юсуф, майли шоирро ба ирфон нишон додааст. Мақсади овардани талмеҳоти қуръонӣ бесабаб набуда, балки шоир  тавассути рӯзгори пайғамбарон садоқату вафодорӣ, некиву накӯкорӣ ва лутфу эҳсон нишон додааст ва саргузашту рӯзгори онҳоро ҳамчун намуна дар зиндагӣ пешкаш менамояд. Ин ақидаи шоирро худи Қуръон ҳам тасдиқ мекунад: “Ҳар хабаре аз ахбори пайғамбаронро бароят ҳикоят мекунам, то туро қавидил гардонем. Ва дар ин китоб бар ту сухани ҳақ ва барои мӯъминон панду наси “ҳат нозил шудааст” [5, 43].
Мисол:
Зи боми арш гуяндаш то як марҳабо ҳар дам,
Сулаймони набӣ шояд фиристад тахти билқисӣ [ 1,19].
Ё дар ҷои дигар:
Муҳаммад ибни Сулаймон, ки мулки ӯ
       Дорад ниҳоди мулки Сулаймони подшо [ 1,8].
Ва ё
              Саф зада бинӣ парирӯен ба пеши тахти ӯ,
Чун Сулаймон аст гӯйи хоҷаву эшон парӣ [ 1,122]        
Ё дар ҷои дигар:
Носир вай аст дини Худою расулро,
Нусрат ба ҷуз варо ба ҷаҳон кай бувад раво [ 1,17].
    Аз ин қабил симоҳо дар ашъори Сӯзанӣ метавон бисёр дучор кард чун, Ҳотами той, Баҳром, Хусрав,Салмон, Фиръавн, Исфандиёр...  Дар ашъори сӯзанӣ бо номҳои Фаридун, Рустам,Сӯҳроб, Ҷамшед  дучор меоем, ки онҳо қаҳрамонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсиянд.
 Аё мар подшоҳеро беҳ аз дороӣ биндоро,
                Ва ё мар саф шоҳеро беҳ аз Сӯҳроб бин Рустам [1,19].  
     Ҳангоми пайгирии санъати муболиға дар ашъори Сӯзанӣ мебинем, ки одатан дар дохили маҷоз ва баъзе санъатҳои дигар омадааст. Умуман дар эҷодиёти Сӯзанӣ агарчӣ гоҳ-гоҳ иғроқ вомехурад, асосан муболиға дар ҳолати муътадил корбарӣ шуда аст, чунки муроди аслии шоир  мазмунофаринист.
Мисол:
Сипаҳдорон камар бастанд пеши тахти ӯ саф-саф,
Бар он расму бар он сират ки ҷинне пеши тахти Ҷам [ 1,19].
Ё дар ҷои дигар:
Саргузашти буду набуди ҳама ҷаҳон,
Девони Унсурист зи Маҳмуд ёдгор
В- аз ходимони маҷлиси Маҳмуд тоҷи дин
Чун Унсурӣ ҳазор баромад  ба як шумор [4, 6 ]
Ё дар ҷои дигар:
Хусрави сайёрагон берун шуд аз бурҷи Ҳамал,
Бурҷи Савр аз фарри хусрав ёфт миқдору маҳал [ 3,128]
Дар байти зер Сӯзанӣ санъати муболиғаро истифода бурда дар мадҳи Садруддин чунин мегӯяд:
Ба фазлу адл маъруфӣ бар он ҷумла, ки дар олам,
Зананд аз фазлу адли ту дар бӯстон булбулон достон [ 3,123].
     Дар ашъори Сӯзанӣ ба гайр аз санъатхое, ки дар боло гуфта гузаштем, инчунин санъатхои акс, сифатчинӣ, мусаҷҷаъ, баргардо ниш, тааҷҷуб, тарсеъ, лаффу нашр, санъати лабрас, ирсоли масал, муқобала, тазод, фаровон истифода шудаанд. Яке аз санъатҳои лафзӣ, ки сифатҳо ва ҳолатҳо барои равшан кардани ҳолати предмет зид оварда мешавад, ки ин намуди санъатро дар адабиёти бадеӣ санъати тазод меноманд [2,135].  Санъати тазод дар ашъори Сӯзанӣ хеле зиёд ба назар мерасад.
Аз паси пирӣ ҷавонӣ дар ҷаҳон ояд падид,
Гӯи аз иқболи соҳиб ҳамчу ҷаннат шуд ҷаҳон [ 3,129]
Ё дар ҷои дигар:
Ба фаҳшу ҳазли ҷавонӣ ба пирӣ овардам,
Ки ҳеҷ шарм набуд аз ҷавону пир маро [ 1,4].     
Ё дар ҷои дигар:
Басе гуноҳи сағиру кабир кардам касб,
Ки низ кабир хатар буд ва низ сағир маро.
Баҳри сағир азоби кабирро аҳлам,
Агар на авф кунад холиқи кабир маро [1,4] .
 
Пирӣ расиду мӯи сиёҳат сафед шуд,
Ёри сафедрӯйи сияҳмӯйро махоҳ [ 1,7] .
    Дар мисраи зерин Сӯзании Самарқандӣ маҳорати суханофариниаш ро истифода бурда, санъати тасвирро моҳирона ба кор бурда, “Бӯи зулфи дилбар”, “оби чашми абр”, “бӯстони гул”, “ишқи гул” яке аз беҳтарин тасвирҳои шоиронаи Сӯзанианд.
 Бӯи зулфи дилрабоён бод бар саҳро вазид,
 Ҳамчу хатти ҷонфазоён бардамид аз хоки хид.
 Оби чашми абр ошиқвор бар бӯстон чакид,
 Ҳамчу рӯи некувон дар бӯстон гул бишкуфид.
 Булбул андар бӯстон шуд маст нохӯрда набид,
 Маствор аз ишқи гул дастону алҳон баркашид [ 3, 129].
Дар ин мисраъ шоир тавонистааст бӯи зулфи дилбар, боди саҳро, оби чашми абр (яъне боридани борон) ва ишқи гулро ин қадар зебову гуворо ва диданиву шуниданӣ тасвир кунад.
Ё дар ҷои дигар:
Оби равшан тира гашт аз жолаи абри баҳор,
Хоки тира гашт равшан аз фурӯғи лолазор. [ 3, 126].
Ё,
Наргиси хушбӯй боз аз хоби хуш бедор шуд,
Чашми бедидори ӯ боз аз дари дидор шуд [ 3, 126].
Дар ин мисраҳо санъати тасвир хело шоирона истифода бурда шудааст, ки ин аз маҳорати суханофаринии Сӯзанӣ дарак медиҳад.
    Хулоса, дар корбасти анвои санъатҳо Сӯзанӣ баробари риояи анъана дар мавридҳои муносиб тозакориҳо намудааст.Ҷиҳати умумии кори ӯ дар ин ҷода билвосита чорӣ намудани рухи замон дар шеър, биниши тоза, чустуҷӯҳои хаёлӣ ва омезиши якчанд навъи санъатҳо зимни офариниши тасвири бадеист.
 
         Рӯихати адабиётҳои истифодашуда:
1.Сӯзании Самарқандӣ «Девон» захираи дастхатҳои шарқии АФ  Тоҷикистон № 440
2 Х. Мирзозода. Луғати мухтасари истилоҳоти адабиётшиносӣ.-Душанбе: Маориф, 1992. 240 саҳ.
3.Сӯзании Самарқандӣ. Мунтахаби девон.-Душанбе «Нашриёти ДСРТ», 2009. 163 саҳ.
4. Самарқандӣ Ҳаким Сӯзанӣ, бо тасҳеҳи Доктор Насриддин Шоҳҳусайнӣ. Интишороти Амири Кабир,- Теҳрон: 1338.-568с.
5. Қуръони маҷид (тарҷума ба тоҷикӣ бо хатти кириллӣ).- Душанбе, - 2007.
6. Шоирони Мовароуннаҳр. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.- Душанбе: “Адиб”, 2006,688 саҳ.