Маркази мероси хаттӣ

              Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз бузургтарин ганҷинаҳои осори хаттии шарқӣ дар қаламрави Осиёи Миёна ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Заминаи Марказ баъди ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон (1924) гузошта шудааст. Ҷамъоварии дастнависҳо аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна, бахусус, Самарканду Бухоро пас аз таъсиси Шуъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (1932) ва Китобхонаи ҷумҳуриявии  ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (1933) шурӯъ гардид. Баъди дар заминаи Шуъбаи Тоҷикистони Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шудани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1951) зарурати дар як муассиса ҷамъ овардани дастнависҳо ба миён омада, бо ҳамин мақсад 17 январи соли 1958 бо қарори Шўрои Вазирони РСС Тоҷикистон Шуъбаи дастнависҳои шарқӣ хаттӣ таъсис шуд.

       Соли 1970 дар заминаи Шуъбаи мазкур Институти шарқшиносии АИ РСС Тоҷикистон ташкил карда шуд, Шуъбаи дастнависҳои шарқӣ, ки баъдан Фонди дастнависҳои шарқӣ ном гирифт, муҳимтарин ҷузъи Институти шарқшиносӣ маҳсуб мешуд. Кори асосии ходимони Шуъбаи дастнвисҳо ҷамъоварӣ, тавсиф ва таҳияи феҳрист ё каталоги нусхаҳои хаттӣ буд. Бо ташкили Институти шарқшиносӣ шуъбаҳои иловагӣ таъсис шуда, самтҳои дигари пажуҳиш шарқшиносӣ ба роҳ монда шуд.

      Роҳбарии Институти шарқшиносӣ ба уҳдаи донишманди тоҷик Абдуғанӣ Мирзоев вогузор шуда буд. Фаъолияти академик Абдулғанӣ Мирзоев дар раванди таъйини самтҳои асосии таҳқиқоти илми шарқшиносии тоҷик, ҷалби кадрҳои болаёқат, ташкили ганҷинаи мероси хаттӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон сазовори таҳният ва қадршиносӣ мебошад. Саҳми олимони шарқшиноси тоҷик дар таҳқиқи масъалаҳои забоншиносии муқоисавӣ, таърихи афкори сиёсӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, равияҳои динию мазҳабии муосири кишварҳои шарқӣ хеле намоён аст. Маҳз ҷиддият ва серталабии устодонаи Абдулғанӣ Мирзоев омили ба воя расидани як насли шарқшиносон тоҷик гардид, ки аксари онҳо олимони мумтозу шинохта шуданд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи талоши роҳбарони Институт, хусусан А.Мирзоев ва ҳамату иродаи муҳаққиқон мактаби шарқшиносии тоҷик шакл гирифт, ки ба муҳимтарин мактаби ховаршиносӣ дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ табдил ва эътироф гардид.

     Дар тарбияи мутахассисон ва олимони шарқшинос тоҷик Институти шарқшиносии АИ СССР, ки роҳбарии онро солҳои тӯлонӣ академик Б.Ғафуров бар ӯҳда дошт, нақши арзанда ва қобили таҳсин дорад. 

        Дар ин давра тоҷикшиносӣ ҷузъи муҳимтарини илми шарқшиносӣ дониста шуда, равияи ниҳоят муҳим, вале то ҳамон айём омӯхтанашуда, бунёд ниҳод шуд. Ин равияи таҳқиқи адабиёти асрҳои XVІ XІX тоҷик мебошад, ки аз назари муҳаққиқони таърихи адабиёти форс-тоҷик комилан дур монда буд. Бинобар ин, ақидае бебунёде роиҷ шуда буд, ки давраи тобноку инкишофи ин адабиёт дар асри XV – бо Абдурраҳмони Ҷомӣ хотима меёбад.

         Таҳқиқоти олимони шарқиноси тоҷик дар давра дар бобати шарҳи ҳолу мероси адабӣ ва мазмуну муҳтавои осори адибони ҳанӯз барои илми адабиётшиносӣ номаълум, вале дар адабиёти асрҳои XVІ XІX мақоми намоёндошта, ақидаи зикршударо комилан рад кард ва исбот намуд, ки адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳри ин давраҳо соҳиби намояндагони бузурге буда, мазмуни демократӣ, инсондӯстона ва тарбиявии амиқ дорад.

         Асарҳои донишмандони тоҷик дар ин мудат аз лиҳози тозагии мавзӯъ, таҳлили амиқи осору афкор, таъйини мақоми шоирони мазкур дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар адабиётшиносии тоҷику форс саҳифаи тозаеро боз намуданд.

      Мактаби адабиётшиносии Абдулғанӣ Мирзоев минбаъда бо таҳқиқоти пурарзиши Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Аълохон Афсаҳзод, Муҳаммадвафо Бақоев, Саҳобиддин Сиддиқов, Усмонҷон Каримов, Амирбек Абибов, Мирзо Аҳмадов, Амрияздон Алимардонов, Шарафнисо Пӯлодова, Аскар Ҷонфидо, Ҷобулқо Додалишоев, Абӯбакр Зуҳуриддинов, Саиднуриддин Шаҳобиддинов ва дигарон такмилу идома ёфтааст. Таҳқиқи адабиёти Шарқи хориҷӣ ва кишварҳои форсизабон ҳам дар ин давра аз тарафи олимони тоҷик хеле вусъат ёфта, ҳаёту эҷодиёти адибони номие чун Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Фонии Кашмирӣ, Ғании Кашмирӣ, Калими Кошонӣ, Абдуллоҳи Ҳотифӣ, Муҳаммади Афғонӣ, Муҳаммади Иброҳими Шаҳриёр, Муҳаммад Иқбол, Зиёуддини Нахшабӣ, Камолуддини Исфаҳонӣ, Абдуллоҳи Кобулӣ, Мирзо Ҳусайн, Хушҳолхони Хаттак, Ҳасани Деҳлавӣ, Содиқи Ҳидоят, Маликушшуаро Баҳор, Абдуллоҳи Бахтонӣ, Абулало Мааррӣ, Фурӯғи Фаррухзод, шоирону нависандагони пешқадами муосири Афғонистону Ҳиндустону Покистону Эрон ва кишварҳои араб дар шаклу қолабҳои гуногун, мақолаҳову рисолаҳо таҳқиқу тарғиб шуданд.

         Саҳми олимони шарқшиноси тоҷик дар таҳқиқи проблемаҳои забоншиносии муқоисавӣ, таърихи афкори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фалсафӣ, равияҳои динию мазҳабии муосири кишварҳои шарқӣ низ хеле намоён аст.

       Дар хусуси таҳқиқоту дастовардҳои илмии шарқшиносони тоҷик ва олимони шарқшиноси тоҷик дар дохилу хориҷи кишвар асару мақолаҳои мутааддиде навишта шудаанд, ки гувоҳи шуҳрату мақоми шоистаи он дар саросари ҷаҳону мебошанд

         Олимоне чун Баҳром Сирус, Камол Айнӣ, Абдуллоҷон Ғаффоров, Ҳақназар Назаров, Расул Ҳодизода, Аълохон Афсаҳзод, Зоҳир Аҳрорӣ, Муҳаммадвафо Бақоев, Амрияздон Алимардонов, Ҷӯрабек Назриев, Қосимшо Искандаров, Алберт Хромов, Раҳим Додхудоев, Абӯбакр Зуҳуриддинов, Амирбек Абибов, Алиқул Девонақулов, Садрӣ Саъдиев, Наҷмӣ Сайфиев, Усмонҷон Каримов, Дӯстмурод Саидмуродов, Мирзо АҳмадовЛола Сулаймонова, Саҳобиддин Сиддиқов, Наима Қаҳҳорова, Ҳусайн Аҳмади Тарбият, Ҷобулқо Додалишоев, Аскар Ҷонфидо, Лола Саломатшоева, Шариф Зарифов, Зулфия Ҳасанова, Матин Ҳусейнзода, И.М. Шпак, Шукрулло Орипов, Муҳаммадҷон Гулҷонов, Олимҷон Хоҷамуродов, Сайиданвар Шохуморов, Сайфиддин Акрамов, Шарафнисо Пӯлодова, Усмонҷон Обидов, Абдулло Юлдошев, Лариса Додхудоева, В.П. Дмитчик, Ю.С. Мартсев, Лола Додхудоева, Тоҷиддин Мардонов, Аҳмадҷон Ҳоҷиев, Г.М. Лузямина, Мирзо Муллоаҳмадов, Маҳин Мамедова, Ҳабиб Пӯлодов, Музаффар Олимов, Мумтоз Усмонов, Аҳмадҷон Сияров, Пӯлод Қаландаров, Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, Ҷавлон Наҷмиддинова, Ғолиб Ғоибов, Санавбар Воҳидова, Сайиднуриддин Шаҳобуддинов, Муҳаммадҷон Умаров, Дилафрӯз Икромӣ, Маҳин Мамедова, Сайфулло Саидов, Савлатшо Мерганов, Маҳмадҷон Гулҷонов, Қудратбек Элчибеков, Моҳира Ашӯрова, Муҳаббат Қаноатов, Ғиёсиддин Қодиров, Алӣ Муҳаммадиев, Раҳматшо Маҳмадшоев, Олия Зиёвуддинова, Ҷавлон Наҷмиддинова, Сайидумар Султонов, Иброҳим Нуров, Шамсиддин Нуриддинов, Маҳмадёр Шарифов, Ализода Сайидхоҷа, Асрор Раҳмонов ва дигарон дар паҳлӯи устодони мазкур истода, дар давоми солҳои гуногун корвони илми ховаршиносии тоҷикро бо шарафмандона ҷониби қуллаи мурод бурданд.      

       Баъди фавоти А.Мирзоев роҳбарии Институти шарқшиносиро академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда гирифтанд. М.Осимӣ ба далели муҳим будани самти фаъолияти Институти шарқшиносӣ дар сиёсати илмӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Шӯравӣ шахсан роҳбарии Институтро ҳамзамон бо роҳбарии Академияи илмҳо уҳдадор шуда, то соли 1986 ин масъулиятро анҷом доданд. Муҳаммад Осимӣ дар пушди илмӣ ховаршиносии тоҷик ва тарбияи кадрҳои боистеъдод саҳми босазо гузоштанд.

      Дар ин муддат осрои фарвони шоиру навасандагон ва аҳли илму адаби тоҷик, ки дар ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ маҳфуз буданд, ба алифбои нав баргардон ва ба чоп расонида шуда, барои аввалин бо дар ихтиёри доираи васеи хонандагон қарор дода шуданд. Аз ҷумла, ин давра китоби машҳури Абӯалӣ ибни СиноҚонуни тибб” аз ҷониби ходими илмии Маркази мероси хаттӣ Саиднуриддин Шаҳобиддинов аз арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дар панҷ ҷил ба нашр расид.

      Соли 1991 бо қарори Шӯрои вазирони СССР ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҳти УП-103, аз 02 апрели соли 1991, Институти мероси хаттии АИ РСС Тоҷикистон ташкил гардида, шоири номвару донишманди тоҷик Муъмин Қаноат директор-ташкилкунандаи Институт таъйин карда шуд.

      2 марти соли 1993 бо Қарори Шўрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти 3  Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, Фонди дастхатҳои шарқии он ба ҳайати Институти мероси хаттии АИ ҶТ гузаронида мешавад.

      2 апрели соли 1998 бо назардошти пешомадани зарурат барои омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва равандҳои муосири кишварҳои шарқӣ,  бо Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти 48, Институти мероси хаттӣ ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо табдил ном намуда, доираи фаъолияти он густариш пайдо намуд.

       Институт дар ин давра аз шаш шуъба, ганҷинаи нусхаҳои хаттӣ ва чопии нодир, лабораторияи таъмири китобҳо буд.

         Яке аз самтҳои муҳимми кори институт омода кардани феҳристи осори хаттӣ буда, то соли 1988 шаш ҷилди он ба табъ расидааст. Шуъбаи мазкур таҳти роҳбарии номзади илми таърих Қудратбек Элчибеков умури феҳристнигорӣ ва ба шакли рақамӣ гузарониданро иҷро карда, кори тавсифи электронии нусхаҳоро Амрияздон Алимардонов, Сайиднуриддин Шаҳобуддинов, Абдуллоҷон Юнусов ва Аминҷон Аҳмадҷонзода сомон додаанд.

         Кормандони шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ, ки роҳбарии онро дар солҳои дароз Аълонхон Афсаҳзод, баъдан Алӣ Муҳаммадиев бар уҳда доштанд, дар таҳияву нашри нусхаҳои хаттӣ, аз ҷумла осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Камолуддин Биноӣ, Нозими Ҳиротӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ, Саййидои Насафӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Аҳмади Дониш ва дигар классикони адабиёти тоҷику форс хидмати шоистаеро анҷом додаанд.

         Шуъбаи Эрону Афғонистон, ки мудирии онро чанд сол шодравон Зоҳир Аҳрорӣ уҳдадор буданд, дар таҳқиқи масъалаҳои забону адабиёти Афғонистон ва адабиёти Эрон, таҳқиқу нашри осори адабӣ ва илмии шоирону олимони ин кишварҳо дар муддати чанд даҳсола корҳои зиёде ба сомон расонидаанд.

         Таҳқиқи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, адабӣ, илмӣ ва фарҳангии халқи тоҷик бо Ҳиндустон, ки таърихи чандинасра доранд, проблемаҳои адабиёт, аз ҷумла, «сабки ҳиндӣ», мероси гаронмояи шоирони бузурги тоҷикзабони асрҳои миёнаи ин сарзамин, монанди Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Абулфараҷи Рунӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Зебуннисо ва шоирону мутафаккирони форсизабони асрҳои XІX – XX Ҳинду Покистон Мирзо Ғоиб, Муҳаммад Иқбол, Файз Аҳмади Файз, осори илмӣ ва фарҳангнигории олимони форсизабони Ҳиндустону Покистон мавриди назари муҳаққиқони шуъба будаанд.

         Таҳқиқи масъалаҳои муҳимми ин сарзамини аз лиҳози нуфус, қаламрав ва фарҳанг бузурги ҷаҳон, ки забони форсӣ ва адабиёти ғании он ба воситаи тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросон ба он ҷой интиқол ёфта буд ва дар асрҳои миёна, бар асари истилои муғул ва ҳуҷумҳои қабилаҳои кӯчӣ, аз навоҳиву шаҳрҳои мутамаддини минтақа аҳли илму адаб маҷбуран ҷилои ватан кардаву ба он сарзамин рафта буданд, аз ҷумлаи вазифаҳои ниҳоят зарури илмие буданд, ки таҳқиқашонро шуъбаи Ҳинду Покистон анҷом додааст.

         Бахши қобили мулоҳизаи осори маҳфуз дар ганҷинаи дастнависҳои институтро нусхаҳои ба забони арабӣ таълифёфта ташкил медиҳанд. Олимони шинохтаи шуъба Тоҷиддин Мардонов, Аҳмадҷон Ҳоҷиев, Сайиднуриддин Шаҳобуддинов, Файзулло Бобоев, Маҳмудҷон Холов, Муҳаммадҷон Умаров ва дигарон, дар баробари тарҷумаву нашри осори гузаштагон таҳқиқи проблемаҳои муосири кишварҳои арабиро низ ба роҳ монда буданд.

         Яке аз зерсохтҳои навтаъсиси Институт шуъбаи таърих ва омӯзиши низоъҳои минтақавӣ буда, дар шароити имрӯза аҳаммияти вижа дорад, зеро проблемаҳои сиёсию иҷтимоӣ, этникию динӣ, ки махсусан, тундгароиву экстремизм ифротгароию терроризм дар кишварҳои Шарқи Наздик дар охири қарни XX ва оғози қарни XXІ ба зуҳур омадаанд, таҳқиқи амиқро талаб мекард. Даврони соҳибистиқлолиии Тоҷикистон ва зуҳури муносибатҳои нави байнидавлатӣ, таҷаммӯъи тазодҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ дар Ховари Миёнаву Наздик, махсусан, дар Афғонистону Ироқ, таҳдидҳои радикализму терроризм ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, хосатан, ба Тоҷикистон, ки дар сарҳади фаъолиятҳои идеологӣ ва мусаллаҳонаи толибон қарор дорад, зарурати таҳлилҳои ҳамаҷонибаи ин падидҳоро ба миён гузошт. Роҳбарогн ва ходимонни илмии шуъба Қосимшо Искандаров, Раҳматулло Абдуллоев, Исмоил Раҳматов, дар омӯхтани падидаҳои мазкур иқдоми ҷиддӣ намуда, асарҳои таълиф намудаи онҳо аҳаммияти назарӣ ва амалии муҳиммеро доро мебошанд.

         Тарбияи шарқшиносони ҷавон аз тариқи аспирантураву докторантура яке аз самтҳои стратегияи давлат дар илм аст. Бинобар ин Академияи миллии илмҳо Тоҷикистон дар ин самт фаъолияти босамарро фаъолона ба роҳ андохтааст, ки Институти шарқшиносӣ ҳам, албатта, дар ин ҷода мавқеъи ҷидданро пеш гирифтааст, ва дар ин густара шогирдони сазовореро ба воя расондааст.

       Аз 4 феврали  соли 2011, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти 36, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ муттаҳид шуда, минбаъд Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рудакии АИ ҶТ номгузорӣ шуд.

     Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 октябри 2016, таҳти 465, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ ба муассисаҳои зерини илмӣ-таҳқиқотӣ ҷудо карда шуд:

     1. Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ

     2. Хазинаи мероси хаттии назди Раёсати АИ ҶТ

     3. Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

        Ҳамин тавр, Хазинаи мероси хатии назди Раёсати Академияи милли илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  аз 13 ноябри 2017, бо қарори Раёсати АИ ҶТ, 42 (а) ба Маркази мероси хаттии назди Раёсати АИ ҶТ табдил дода шуда, идомадиҳандаи самти кор ва иҷрокунундаи таъйиноти вазифаи муассисаҳое мебошад, ки бо номҳои гуногун аз соли 1958 фаъолият доштанд.  

         Аз соли 2017 баъди табдили номи муассиса ба Маркази мероси хаттӣ корашро дар чаҳор самти мушаххаси соҳа идома дод:

         а) Нусхашиносӣ – тафсири илмии нусхаҳои хаттиву сангии маҳфузи ганҷинаи дастнависи Маркази мероси хаттӣ, таҳия ва нашри феҳристи дастнависҳои гуногунзабони дар ганҷина нигаҳдоришаванда ба забонҳои тоҷикиву русӣ, танзими версияи электронии онҳо;

         б) Матншиносӣ ё таҳия ва табъу нашри мероси хаттии дастраси ниёконамон дар заминаи нусхаҳои нодири хаттӣ ва қиёси онҳо бо нашрҳои гуногун;

         в) Ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва тармими нусхаҳои хаттӣ;

         г) Тарҷума, нашр ва омавигардонии нусхаҳои нодир ба забонҳои хориҷӣ.

         Аз соли 2020 роҳбарии Маркази мероси хаттӣ ба уҳдаи Раҳматкарим Давлатов гузошта шуда, усулу равиши кори кормандони марказ тарзу тартиби нави фаъолият – дар заминаи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷалби васоити ҷадиди техникӣ ба роҳ монда шудааст.

         Дар соли 2020 кормандони Марказ ба истиқболи 30 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 китоб ва аз соли 2017 бошад дар маҷмуъ 42 китоб нашр ва дар дастраси хонандагонқ арор додаанд.

         Маркази мероси хаттӣ дар муддати 63 соли мавҷудияташ ба калонтарин маъхази дастнависҳо дар ҷумҳурӣ ва яке аз захираҳои пурарзиши нусхаҳои хаттӣ дар дунё табдил ёфтааст. Ҳоло дар ганҷинаи дастнависҳои марказ беш аз 6000 ҷилд нусхаи хаттӣ ва 6500 ҷилд китобҳои чопи сангӣ (литографӣ) маҳфуз аст.

         Аксари дастнависҳои Марказ ба забони форсӣ навишта шуда, як бахши онҳоро нусхаҳои китобатшуда ба забонҳои арабиву туркӣ ва ибрӣ ташкил медиҳанд.

         Ҷуғрофиёи китобати нусхаҳои хаттии марказ бисёр васеъ мебошад. Дастхатҳо дар минтақаҳои мухталиф, аз ҷумла Мовароуннаҳр, Афғонистон, Эрон, Покистон, Қафқоз, Кошғар ва Поволжейи Русия китобат шудаанд, ки дар  гузашта бо ҳамдигар равобити мустаҳками фарҳангиву адабӣ доштаанд.

         Аз лиҳози таърихи китобат дастнависҳои Марказ давраи калону доманадор, яъне қарнҳои Х1-ХХ-ро фаро мегиранд. Ба ибораи дигар, қадимтарин нусхаи хаттии мавҷуд дар марказ дар қарни Х1 ва навтарини он дар рўзгори мо китобат шудааст.

         Доираи мавзӯоти баҳсу масоили фарогирифтаи нусхаҳои хаттӣ бисёр васеъ ва гуногун буда, тамоми риштаҳои илму адаб ва донишу ҳунарро дар бар мегиранд.

        Қадимтарин нусхаҳои хаттии Маркази мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастнависи «Таърихи Табарӣ» тарҷума ва такмили форсии Абуали ибни Абулфазл Муҳаммади Балъамӣ (363ҳ/974м), «Ат-тафҳиму ли авоил-ис-синоат ат-танҷим» Абурайҳони Берунӣ (430ҳ/1038м) «Кимиёи саодат» Абӯҳомид ибни Муҳаммади Ғаззолӣ (506ҳ/1111м), «Куллиёт”-и Саъдии Шерозӣ» (690ҳ/1291м), «Шарҳу-л-қофия фӣ наҳв»-и Разиюддин Муҳаммади Астарободӣ  ва амсоли инҳо мебошанд, ки китобаташон ба асри Х111 тааллуқ дошта, дар айни замон аз ҷумлаи қадимтарину муътамадтарин дастнависҳо маҳсуб мегарданд.     

      Як теъдод нусхаҳои хаттии марказро дастнависҳои худи муаллифон ва ё нусхаҳои ягонаву нодир ташкил медиҳанд, ки аҳамияти калони илмию таърихӣ доранд.

«Луғати Алӣ Сафӣ» таълифи Фахриддин Алии Сафӣ (939ҳ/1532м), «Зафарнома»-и Бадриддини Кашмирӣ (асри XV1), «Ҷангномаи Байрамалихон»-и Муҳаммад Иброҳим, «Умдат-ут-таворих»-и Миррабеъ ибни Мирниёз (асри XV111), «Таърихи манзума»-и Имомалии Қундузии Комӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и  Ҳоҷи Неъматуллоҳи Муҳтарам, девони ашъор ва «Ганҷи шойгон»-и Абдурраҳмон Тамкини Бухороӣ (асри Х1Х), «Туҳфаи шоҳӣ»-и  Мирзо Азими Сомӣ (1325ҳ/1907м), «Таърихи ҳумоюн»-и Муҳаммад Содиқи Гулшанӣ, «Наводири Зиёия»-и Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (асри ХХ) ва боз теъдоде аз нусхаҳои хаттӣ аз ҳамин қабиланд.

       Ганҷинаи марказ, ҳамчунин, дорои нусхаҳои бисёр нодири мансуру манзумест, ки дар асрҳои гуногун таълиф ёфта, дар дигар китобхонаҳои ҷаҳон дида намешаванд. «Рисолаи мақомот»-и Шайх Абӯсаиди Абулхайр (1403м), «Шарҳ-ул-муғаннӣ»-и Абӯмуҳаммади Мансур (асри X1V), «Маҷмаъ-ул-қасоид» (асри XV1), «Рисолаи қофия»-и Нуриддин Аҳмад, «Рубоиёти мутафарриқа», “Девони ашъор”, «Соқинома» ва «Искандарнома»-и Хоҷа Ҳусайн ибни Иноят Баззози Саноӣ, девони ашъори Абдулатифи Танҳо, қасоиди Назмӣ, девони ашъори Муҳаммадризои Чалабӣ, «Хусраву Ширин»-и Оқошопури Розӣ (асри XV11), девони ашъори Мирзо Абдурразоқи Нашъаӣ, девони ашъори Муҳаммад ибни Абӯтуроб Ҷамил Ҳориси Бадахшӣ, «Миръот-ут-тайиба»-и Муъинуддин ибни Хоҷа Хованд (асри XV111), «Анис-уш-шуаро»-и Абдулкарим ибни Роҷии Ғазнавӣ, «Уммон-ул-маъонӣ»-и Иброҳим Амираки Балхӣ, «Ҳафт кишвар»-и Фахрии Ҳиравӣ, «Латоифи субҳонӣ»-и Абдуссаломи Чигадликӣ, «Маҷмаъ-ул-ҳикоёт» ва «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», девони Мухлиси Бадахшонӣ, «Умм-ул-китоб», «Гуҳаррез», девони ашъори Ҳайрати Бухороӣ, «Усули одоб» ва ғайраҳо аз ҷумлаи дастнависҳои нодири марказ.

      Баъзе аз нусхаҳои хаттӣ аз он ҷиҳат муҳиму шоистаи диққатанд, ки  дар замони зиндагии муаллифон ва ё каме баъдтар аз фавти онҳо китобат шудаанд. Чунончи, нусхаҳои хаттии «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ул-қудс» дар замони зинда будани мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ (в.898ҳ/1492м), нусхаҳои хаттии «Чаҳор девон» ва «Лисон-ут-тайр»-и Алишери Навоӣ (в.906ҳ/1501м), ҳангоми зиндагии ӯ ва нусхаи хаттии «Иёри дониш»-и Абулфазли Алломӣ (в.1011ҳ/ 1602м) панҷ сол баъд аз хатми таълифи китоб (соли 996ҳ/1587м) китобат шудаанд. Ва ё куллиёти Убайди Зоконӣ (в. 772ҳ/1370м), ки 35 сол баъд аз вафоти муаллиф, яъне дар соли 809ҳ/1405м китобат гардидааст, қадимтарин ва боэътимодтарин нусхаи хаттии бадастомадаи осори шоир мебошад. Дар ҳошияи нусха ғазалиёти мунтахаби Ҳофизи Шерозӣ сабт гардидаанд, ки аз ҷумлаи қадимтарин дастнависи ашъори шоир маҳсуб мешавад. Нусхаҳои хаттии “Куллиёт”-и Котибии Нишопурӣ (в. 838ҳ/1434м), «Се девон»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Куллиёт”-и Абдурраҳмон Мушфиқии Бухороӣ (в. 996ҳ/1588м),  девони ашъори Шавкати Бухороӣ (в. 1106ҳ/1695м) чанд сол баъд аз фавти муаллифонашон китобат гардида, қадимтарин ва муътабартарин нусха шинохта шудаанд.

      Дар ганҷинаи марказ баъзе асарҳои нодир мавҷуданд, ки аз онҳо то рӯзгори мо фақат чанд нусхаи хаттӣ боқӣ мондааст. Нусхаи хаттии  «Шаҳриёрнома»-и  Усмон Мухтори Ғазнавӣ (в.544-554ҳ/1149-1159м) аз ҳамин қабил дастнависҳост, ки дар асри Х1Х китобат шуда, аз китобхонаи Стариков (ховаршиноси рус) ба ганҷинаи марказ ворид гардидааст. Матни асар дар ин нусха нисбат ба дувумин нусхаи то кунун маълуми китоб, ки ба Музейи Бритониё тааллуқ дорад, мукаммалтар мебошад. Ё худ дар ганҷина нусхаи бисёр ҷолиби девони ашъори Сӯзании Самарқандӣ (в. 561ҳ/1173м) мавҷуд аст, ки бо вуҷуди дар асри Х1Х китобат шуданаш аз нусхаи аслии худи муаллиф саҳеҳтар аст.

         Қадимтарин нусхаи хаттии то имрӯз бадастомада куллиёти шоири маъруфи асри XV1 Ваҳши Бофқӣ (китобаташ аввалҳои асри XV11) ва мукаммалтарину саҳеҳтарин нусхаҳои девону куллиёти ашъори шоирони номии асрҳои ХV11-X1X  Эрону Мовароуннаҳр Қассоби Кошонӣ, Сайидои Насафӣ ва Шамсиддини Шоҳини Бухороӣ ба Маркази мероси хаттӣ таъаллуқ дошта, дар ягон китобхонаи дигари ҷаҳон дида намешаванд.

         Нусхаҳои хаттии «Ғуррат-ул-камол»-и Хусрави Деҳлавӣ (в. 725ҳ/1325м) китобаташ- қарни X1V, куллиёти Низории Қуҳистонӣ (в. 720ҳ/1320м) китобаташ- соли 972ҳ1564м, ғазалиёти Сайф Арўзии Бухороӣ (в.байни солҳои 905-909ҳ/1500-1503м) китобаташ-охири асри XV1, «Фарҳанги вафоӣ»-и Ҳусайни Вафоӣ (таълифаш-байни солҳои 933ҳ/1526-1527м) китобаташ-соли 1209ҳ/1794м), «Ихтиёроти бадеъӣ»-и Али ибни Ҳусайнӣ машҳур ба Зайн-ул-аттор (в. 807ҳ/1404м) китобаташ- 769ҳ/1465 аз ҷумлаи нусхаҳои қадимию камёб ва нисбатан комилу саҳеҳи ин китобҳо буда, танҳо дар ганҷинаи дастнависҳои Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд.

         Дастхатҳои «Калилаву Димна»-и Абулмаъолӣ Насруллоҳ Муҳаммад ибни Абдулҳамид Шерозӣ (асри Х11), «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт»-и Ҷамолуддин Муҳаммад Авфии Бухороӣ (в. 635ҳ/1232м) ва «Тӯтинома»-и Зиёуддин Нахшӣ (в.751ҳ/ 1350м), ки дар ганҷинаи марказ маҳфузанд, бо вуҷуди дар қарни XV11 китобат гардиданашон, аз ҷумлаи нусхаҳои қадимаи ин китобҳо маҳсуб мешаванд.

         Дар марказ беш аз 1200 лавҳаву намунаҳои хушнависӣ ва қатаъоти хаттотишуда мавҷуданд, ки маҳсули қалами сеҳрангези хаттотону хушнависони моҳири давраҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросону Эрон мебошанд.

         Дар гӯшаи махсус, ки «Захираи ёдгориҳои хаттии  Бадахшон» ном дорад, микрофилму акси нусхаҳои беш аз 280 дастнависи дар миёнаи солҳои 1959-63 аз ноҳияҳои мухталифи ВМБК дарёфтшуда, нигоҳ дошта мешаванд. Илова бар ин, дар марказ маҷмӯае бо номи ёдгории хаттии Бадахшон мавҷуд аст, ки дар он бештар аз сесад  микрофилму фотонусхаи дастнависи осори мардуми Бадахшон  нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин захираи начандон калон бештар аз 35 нусхаи хаттии осори нодир мавҷуд аст. Аз ҷиҳати фарогирифтани осори марбут ба таълимоту ақоиди фирқаи исмоилия  захираи мазкур дар миқёси ҷаҳон дар ҷойи аввал меистад.

       Дар марказ ҳудуди 6000 дастнавис, 6380 нусхаи чопи сангӣ, 1300 микрофилм, 400 фотонусха ба забонҳои тоҷикӣ(форсӣ), арабӣ, туркӣ ва ибрӣ мавҷуд аст. Инчунин, миқдори зиёди руқаот қитъаҳои хаттотони маъруф, муншаот (номаҳо), санаду васиқаҳо, китобҳои чопи Эрон, рӯзномаву маҷаллаҳои солҳои аввали даврони шӯравӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Аз қадимтарин нусхаҳои хаттии мавҷуд дар марказ нусхаи китоби мукаддаси Қуръон (асри Х11) бо тарҷумаи таҳтуллафзӣ ба забони тоҷикӣ, дастхати китоби динӣ ба забони русӣ (асри XV111), нусхаи асари бузурги Абурайҳони Берунӣ «Китоб-ут-тафҳим-лӣ-авоили-саноат-ит-танҷим» (а. X111) ва ду ҷилд китоби муқаддаси «Таврот» ба забони ибрӣ дар ду сандуқи махсуси доирашакл, ки дар Бухоро дар пӯсти даббоғишуда китобат шуда, дарозии он ба чанд метр мерасад, ба ҳисоб мераванд.

     Дастнависҳои Марказ  дар қаламрави Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, кишварҳои араб, Синсзяни Чин китобат шуда, соҳаҳои мухталифи илму дониш, минҷумла, таърих, фалсафа, ҷуғрофиё, риёзиёт, ҳандаса, фиқҳ, илоҳиёт, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, тасаввуф, мусиқӣ, нуҷум, маъданшиносӣ, тиб, байторӣ, варзиш, ҳукукшиносӣ, таббохӣ, хуллас ҷанбаҳои гуногуни илму фарҳангро фаро мегиранд. Теъдоди зиёди китобҳои чопи сангӣ (литография)-и марказ дар Лакҳнав, Бамбаӣ (ҳоло Мумбай), Пешовар, Кашмир ба чоп расидаанд (охири асри Х1Х ибтидои асри ХХ), ки як навъ ҳукми дастнависро дошта, камёфту нодир гардидаанд.

        Дар марказ, инчунин, асарҳои зиёде роҷеъ ба таъриху фарҳанги мардуми тоҷик, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нашр гардидаанд, вуҷуд доранд. Дастнависҳои мавҷуд ҳангоми таҳияи матнҳои илмӣ-интиқодӣ ва илмию оммавии осори пурарзиши ниёкони мо аз ҷониби муҳаққиқони Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмии собиқ Итгиҳоди Шӯравӣ, донишмандони кишварҳои дигари хориҷӣ истифода шудаанду мешаванд. Тавсифи дастнависҳои тоҷикӣ-форсӣ ва туркии марказ дар 10 ҷилд ба поён расонида шудааст, ки аз онҳо 6 ҷилд (1960-74) ба табъ расидаанд. Феҳристи дастнависҳои аз ВМБК дарёфтшуда ва феҳристи дастнависҳои мусаввару мунаққаш соли 1967 нашр шудаанд. Феҳристи нусхаҳои хаттии марказ дар чор ҷилд зери назари А. Алимардонов дар Теҳрон (ҶИЭ) ба чоп расидааст. Варианти электронии дастнависҳо(2009-2012) дар ҳамкорӣ бо «Маркази Ҷумъа ал-Моҷид оид ба фарҳанг ва мерос» (Амороти Муттаҳидаи Араб) омода шуда, ба чоп пешниҳод шудааст. «Феҳристи дастнависҳои шарқии аз нигоҳи бадеӣ ороишёфтаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1986) ва «Феҳристи китобҳои чопи сангӣ» (2013) ба чоп расидаанд. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои аз аҳолӣ харидорӣ кардани китобҳои нодир ҳамасола (аз соли 2009) 20 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад ва, дар натиҷа, солҳои охир беш аз 500 дастнавису китоби чопи сангӣ вориди ганҷинаи марказ гардидааст. Дар даврони истиқлол ба марказ раҳбарони кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Борис Елтсин (Русия), Бурҳониддини Раббонӣ (Афғонистон), Аскар Акаев (Қирғизистон), Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Муҳаммади Хотамӣ (Эрон), инчунин, муҳаққиқони Фаронса, Олмон, Англия, ИМА, Эрон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва ғ. ташриф оварда, бо мероси гаронбаҳои хаттии халқи тоҷик шинос шудаанд.

      Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол аз чаҳор шуъба: матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси адабӣ, таснифи дастнависҳо ва феҳристнигорӣ, ҳифзу нигаҳдории дастнависҳо, иттилооту тарҷума ва робитаҳои илмӣ таркиб ёфта, беш аз 40 муҳаққиқ саргарми фаъолиятҳои илмию таҳқиқотӣ ҳастанд.

      Роҳбарии муассисаро дар давоми солҳои 1958-1976 Абдуғанӣ Мирзоев, 1976-1986 Муҳаммад Осимӣ, 1986-1991 Акбар Турсунов, 1992-1993 Ҳақназар Назаров, 1991 Муъмин Қаноат, 1993-2007 Ҷӯрабек Назриев, 2007-2008 Шарофиддин Имомов, 2008-2011 Кароматулло Олимов,  2011-2016 Акбар Турсунов, 2016-2017 Сахидот Раҳматуллозода, 2017-2020 Ҷӯрабек Назриев бар уҳда доштан, ки дар ташкили кори муассиса, фаъолияти босамари олимон ва тарбияи мутахассисон саҳми шоиста ва назаррас гузоштанд.

      Аз 27 апрели соли 2020 директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Раҳматкарим Давлатов таъин шудааст