Матни рубоиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сарчашмаҳо

Матни рубоиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

дар сарчашмаҳо

Алии  Муҳаммадии Хуросонӣ

                                                                                                                

       Сардафтари адабиёти навини форсии тоҷикӣ Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) аз суханварони бисёрдону пуркор ва зиёда аз ин сарагӯйи ин адабиёти дар ҷаҳон камназиру ҳайратовар бо маъниҳои тозаву бикр бошад ҳам, аз офаридаҳои зиқимати адабии ӯ то рӯзгори мо хеле кам омада расидааст (камобеш 1170 байт – А.М. Хуросонӣ), ки ҳиссаи ночизи онро рубоӣ ташкил мекунад. Вале ин миқдори андак гувоҳ бар он аст, ки устод Рӯдакӣ ба ин навъи адабии шеъри форсии тоҷикӣ муҳаббат, дилгармӣ ва нафаси хосса дошта, ҳатто аҳли таҳқиқ, адабиётшиносону шарқшиносон, назариётчиёни адабиёту Рӯдакишиносон эҷодкори навъи рубоиро ба Одамушшуаро нисбат додаанд. Ҳамин аст, ки маншаъу хостгоҳ ва ихтироъкори вазни рубоиро дар бештар мавридҳои баҳс дар атрофии рубоӣ ба номи устод Рӯдакӣ забту сабт кардаанд. Ба ин маънӣ, ҳанӯз дар асри Xlll Шамси Қайси Розӣ дар китоби худ “Ал-муъҷам фӣ маъойири ашъор-ил-Аҷам» пайдоиши рубоӣ ва вазни онро ба Одамушшуаро нисбат дода навишта буд: «…аз муқаддимони шуарои Аҷам, пиндорам Рӯдакӣ, аз навъи ахраму ахраби баҳр (албатта баҳри Ҳазаҷ дар назар аст – А.М.Х.) вазне таҷдид кардааст, ки онро вазни рубоӣ хонанд. Алҳақ вазне мақбул ва шеъре мустализу матбуъест ва аз ин ҷиҳат, ағлаб нуфусу нафисро бад-он рағбат аст ва бештар тибои солимро бад-он майл. Ва гӯянд сабаби истихроҷи ин вазн он будааст, ки рӯзе дар айёми аъёд (идҳо) бар сабили тамошо дар баъзе аз мутаназзиҳот (сайргоҳҳо)-и Ғазнин бармегашт ва ба ҳар навъ аз аҷноси мардум бармегузашт ва тоифае аҳли табъро дид гирди муалъабаи ҷамъи кӯдакон истода… Кӯдаке дид даҳ-понздаҳсола, гуфторе малеҳу забоне фасеҳ, табъе мавзуну ҳаракоте матбӯъ. Гирдаконе чанд аз каф ба кӯз меандохт ва дар ҳазфу рафъ (пастию баландӣ) худро аз ишорати мардум ғофил меандохт, то як боре дар андохтани гирдаконе аз кӯз берун афтод ва ба қаҳқаре ҳам ба ҷойгаҳ биғалтонид. Кӯдак аз сари закои табъ ва сафои қариҳат гуфт:

 

Ғалтон-ғалтон ҳамеравад то буни кӯ.

 

      Шоирро ин калимот вазне мақбулу назме матбӯъ омад. Ба қавонини арӯз муроҷиат кард ва онро аз мутафарриоти баҳри Ҳазаҷ берун овард ва ба воситаи он кӯдак бар ин шеър шуур ёфт» [ 5, 95-96] . Ин ҷо дар баробари он ки Шамс Қайс Рӯдакиро аз аввалин гӯяндагони навъи шеърии рубоӣ арзёбӣ менамояд, ишораи муҳимми дигаре ҳаст дар бораи шаҳри Ғазнин ва дар он ҷо будани шоири дарбори Сомониён ба кадом як сабабе, ки баҳсе дигар мебошад. Аз иқтибоси болоӣ бармеояд, ки вазни рубоӣ аз сурудаҳои мардумӣ гирифта шуда, сипас дар адабиётамон зина ба зина сайқал ёфтаасту имрӯз ҳам сохту муҳтавои шеъри шоиронро рангину намакин нигоҳ дошта меояд.

     Бояд гуфт, ки навъи рубоӣ дар баробари қадимӣ будан аз нигоҳи мавзӯву муҳтаво, ҳамчун ҷинси ғаноии адабиёти форсии тоҷикӣ, соҳибистиқлол буда, минбаъд аз ҷиҳати сохту муҳтаво тавонистааст ба адабиёти араб, адабиёти халқҳои туркизабон, адабиёти ҳиндию урдую пашту ва зиёда аз ин ба адабиёти славянҳо нақши бориз гузорад, ки ин ҳам пажӯҳише алоҳида дошта мешавад.

    Бо вуҷуди он ки дар бораи пайдоиши навъи шеърии рубоӣ андешаҳо гуногунанд, вале ҷойгоҳу баромади ин навъи мустақили адабӣ ҳамоно аз саргаҳи адабиёти навини форсии тоҷикӣ дар асри lX мебошад, ки бештарин муҳаққиқони ин адабиёт бетардид бовар бар ин доранд.

    Меоем ба сари мақсади асосӣ дар ин мақола, ки сухан аз рубоиёти устод Рӯдакист. Рубоиёти мавсуф ҳанӯз аз оғози Рӯдакишиносӣ дар охирҳои асри XlX дар Аврупо маълум шуда бошад ҳам, ду рубоии шоир барои мардуми тоҷик тавассути «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ расида буд [  1 , 27] , ки аз тазкираи Лутфалибеки Озар «Оташкада» иқтибос шудааст. Минбаъд, бо мурури вақт ва ба Рӯдакишиносӣ диққати ҷиддӣ додану доир ба Рӯдакӣ ба майдон омадани тадқиқотҳои калонҳаҷме, монанди заҳмати бесобиқаи Саъид Нафисӣ,  тадқиқотҳои доманадори академик Абдулғанӣ Мирзоев, профессор Аълохон Афсаҳзод, корҳои мондгор дар ин ҷода ва дафъаҳо дар таҳияи матни илмӣ-оммавӣ, илмӣ ва илмӣ-интиқоди ба нашр расидани осори бозмондаи Одамушшуаро имрӯз мо  35-36 рубоии пурра ва зимни матни Саъид Нафасӣ 8-то, Осори Рӯдакӣ 6-то И.С. Браженская 7-то рубоии  нопурраро дар даст дорем, ки якбайтианд. Ҳатто дар матнҳои ёдшуда рубоии аввали интихоби ин мураттибон ҳамагӣ як мисраъ асту халос, ки матнаш ин аст:

 

… Ҳар рӯз бар осмон-т бодо мурво!

                                                                                                                                                                              [ 3, 827; 4 , 137; 6 , 120 ]

      Шояд  суоле пеш ояд, ки рубоиҳои нопурраи устод Рӯдакӣ чӣ шуданд? Посух он аст, ки таҳиягарон ва мураттибони баъдинаи осори бозмондаи мавсуф онҳоро ба бахши «Абёти пароканда»-и заҳмати худ ҷой доданд, ки дуруст ҳам ҳаст, зеро абёти парокандаи устод албатта, бештар авқот, ба ин ё он жанри бадеӣ тааллуқ дошта, бо гузашти солҳою қарнҳо ҳиссае аз онҳо ноаён аз байн рафтаанду муҳол аст, ки барқарор гарданд. Чун барқарор карда намешаванд, муҳтавояшон низ мубҳам мемонанд.

        Тавре ишора рафт, рубоиҳои устод Рӯдакӣ бо гузашти солҳои зиёд дар Рӯдакишиносӣ ҷамъоварию ба теъдоди нишондодашуда расидаанд ва ин 35-36 рубоии пурраи Одамушшуаро маъхази ягона надошта, то рӯзгори мо тавассути тазкираҳо, луғатномаҳо, осори таърихӣ, фарҳангҳо, баёзҳо ва ғ. гоҳе ба шарофати чанд нусхаи қаламӣ ва гоҳе ҳатто як нусхаи қаламӣ омада расидаанд. Зиёда аз ин дар атрофи баъзеи ин рубоиҳо андешаҳои «оё аз Рӯдакӣ бошад ё на?» низ вуҷуд доранд.

     Имрӯз бо дарназардошти ҳамаи маъхазҳои ашъори бозмондаи устод Рӯдакӣ, ки беш аз 110 адад аст, рубоиёти ӯ танҳо дар 30 маъхаз ба теъдоди гуногун забту сабт шудаанд. Ин маъхазҳову сарчашмаҳо иборат аз инҳо мебошанд: «Ал-муъҷам»-и Шамс Розӣ, «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ, «Баҳористон»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ, «Чаҳор гулзор»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, «Фарҳанги ҷаҳонгирӣ»-и Фахриддин Ҳусайни Инҷӯ, «Фарҳанги рашидӣ»-и Абдурашид ибни Абдулғаффур, «Фарҳанги анҷуманоро»-и Носирӣ, «Фарҳанг»-и мутаалиқ ба китобхонаи улуми сиёсии Теҳрон ва номи муаллиф маълум нест, «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-и Ризоқулихони  Ҳидоят, «Сафинаҳои ашъори форсӣ», «Мунтахаботи форсӣ, ки соли 1885 дар Фаронса Шорлес Шеффер ба чоп расонидааст, «Маҷолису-л-ушшоқ»-и Амир Камолиддини Горазгоҳӣ, «Сафинаи Хушгӯ»-и Муҳаммад Хушгӯ, «Баёзи ашъор»-и нусхаи хаттии мутааллиқ ба китобхонаи султонии Берлин, «Маҷмӯаи ашъор»-и нусхаи қаламии мутаалиқ ба Мирзо Аббосхони Иқбол, ки Саъид «Арафоту-л-ошиқин»-и Авҳадӣ, «Оташкада»-и Луталибеки Озар, «Риёзу-ш-шуаро»-и Амирқулихони Доғистонӣ, «Харобот»-и Зиёпошшо, «Маҷмаъу-л-фурс»-и Ҳоҷимуҳаммади Кошонӣ, тазкираи Лутфалибеки Озар «Оташкада», «Туҳфату-л-мулук», «Тозу-л-маосир»-и Тоҷиддин Низомии Нишопурӣ, «Хайру-л-баён»-и Аббосиддин Муҳаммади Систонӣ, «Рӯдакӣ шоири Сомониён»- мақолаи Ҳерман Этте, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ, ва ғ. Ин маънои онро дорад, ки рубоиёти шоир ҳам то ҷамъовардани ашъори бозмондаи устод аз ҷониби Саъид Нафасӣ ва интишори онҳо дар китоби «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ососри Рӯдакӣ» [ 3 ] хеле парешон, дар баъзе маъхазҳо якто ва дар баъзе маъхазҳо то 10-то ҷойдода шудаанд. Зиёда аз ин, баъзе рубоиҳои Одамушшуаро агар танҳо як маъхаз дошта бошанд, баъзеашон 10-12 маъхаз доранд. Масалан, маъхази рубоии зер танҳо «Ал-муъҷамфӣ маъойир ашъор ал-Аҷам»-и Шамсиддин Муҳаммад ибни Қайси Розӣ мебошад, ки баъд Саъид Нафасӣ истифода намудаву дар ин замина дар ҳамаи нашрҳои минбаъдаи осори бозмондаи устод Рӯдакӣ роҳ ёфтааст:

 

Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад,

Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад,

В-ар ҷон ба лаб оядам, ба ҷуз мардуми чашм

Як қатраи об бар лабам кас накунад.

                                                                                   [  9 , 155 ]

 

     Агар ин рубоӣ танҳо як маъхази қаламӣ дошта бошад, пас рубоии сонии устод Рӯдакӣ, ки иқтибос хоҳад шуд, 13 маъхази қаламӣ дорад. Матни рубоӣ ин аст:

 

Ай аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ,

Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ!

Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ, ҳама ҷӯ,

Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ ҳама кӯ!

                                                                                               [  9 , 161]

      Бояд гуфт, ки матни фавқ на дар ҳамаи нусхаҳои қаламӣ як хел, тавре оварда шуд, ҷой дорад. Қофияҳои ин рубоӣ «бӯ», «мӯ», «ҷӯ» ва «кӯ» мебошанд. Вале ин қофияҳо дар тазкираи «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят, «Мунтахаботи форсӣ»-и Шарл Шеффер ва мақолаи Валад Чалабӣ дар маҷаллаи турки «Дорулфунун» «бӯй», «мӯй» ва «кӯй» омадааст. Гузашта аз ин дар нусхаҳои гуногуни рубоӣ фарқиятҳои дигар низ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, мисраи дувум дар «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят, «Мунтахаботи форсӣ»-и Шарл Шеффер ва «Девон»-и Рӯдакӣ, чопи Теҳрон (1315 қасрӣ) бо эҳтимоми Фаридуни Мирзо ба таври зайл аст: «Ранг аз пайи рӯ рабуда, бӯ аз пайи мӯ» сабт шудааст. Ин мисраъ дар тазкираи «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ «Ранг аз пайи рух бурдаву бӯ аз пайи мӯ» омадааст. Дар мисраи севум дар мақолаи маҷаллаи турки «Дорулфунун» ва «Мунтахаботи форсӣ»-и Шарл Шеффер ба ҷойи «Гулранг шавад» «Гулгун гардад» забту сабт гардидааст ва дар ҳамин мисраъ ба ҷойи калимаи «шӯйӣ» «шӯрӣ» навишта шудааст. Дар мисраи чаҳоруми он рубоӣ дар «Маҷмӯаи ашъор»-и нусхаи қаламии мутааллиқ ба Мирзо Аббосхони Иқбол, ки Саъид Нафисӣ аз он истифода кардааст, ба ҷойи калимаи «фишонӣ» аз калимаи «нишонӣ» кор гирифта шудааст, ки маъниро заъиф мегардонад. Пас, дар асоси раду бадали нусхаҳои аввалияи рубоии мавриди назар матни фавқ дар сиҳҳатӣ итминонбахш буда, дар ҳама нашрҳои осори устод Рӯдакӣ ҳаминро интихоб намудаанд.

    Тавре дида шуд, баъзе рубоиҳои устод Рӯдакӣ бо чунин ҳолатҳо то ба имрӯз омада расидаанд ва дар онҳо дар ин ё он маврид дар калимаву таркибҳо тафовутҳое мавҷуданд. Барои таъйиди андеша боз мисоли дигаре меорем:

Чун рӯз алам зад, ба ҳисомат монад,

Чун якшаба шуд моҳ, ба ҷомат монад.

Тақдир ба азми тезгомат монад,

Рӯзӣ ба ато додани омат монад.

                                                                       [  9 , 155 ]

 

Мисраи аввали ин рубоӣ дар «Чаҳор гулзор»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ (чопи Бомбей) «Чун рӯз алам занад, ба ҷоҳат монад» омада [ 6 , 74 ] боз дар «Чаҳор гулзор»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, дар нусхаи хаттии маҳфуз дар Тошканд «Чун рӯз алам зад, ба ҳисолат монад» қаламӣ шудааст. «Ҳисом ин ҷо ба маънои шамшер аст ва ба муҳтавои умумии шакли дувуми пайдокадаи мо таваҷҷуҳ равад, маълум мешавад, ки ин порашеър аз рубоиҳои васфии шоир аст дар сифати яке аз мамдӯҳон. Пас матни сиҳҳат ва боварибахшу мантиқан барҷой он матнест, ки мо дар «Чаҳор гулзор»-и қаламӣ пайдо намудем» [ 11, 39-40 ]. Саъид Нафисӣ дар ҳар ду нашри асари худ «Чаҳор гулзор»-ро ба сифати маъхаз нишон медиҳад. Маълум мешавад, ки мавсуф аз чопи Бонбей кор гирифтаасту халос. Бо ин мулоҳизаронӣ атрофи ин рубоӣ анҷомёфта ҳисоб намешавад. Ин рубоӣ аз маъхази аввалинаш «Чаҳор гулзор»-и Хоҷа Хасани Нисорӣ (чопи Бонбей) сар карда, то нашрҳои Саъид Нафасию «Осори Рӯдакӣ [ 4, 148 ] ва баъдинагон, то дарёфти инҷониб аз «Чаҳор мақола»-и қаламии маҳфуз дар шаҳри Тошканд, «Чун рӯз алам занад, ба номат монад»-ро бе ягон тағйирот забту сабт намудаанд, чӣ дар Тоҷикистон, чӣ дар Эрон, чӣ дар Афғонистон ва ҳатто дар матни  интиқодии И.С. Брагинская [ 6 , 74  ].

     Нимаи дувуми мисраи аввали рубоии фавқро мураттиби «Девон»-и Рӯдакӣ Қодири Рустам [7,65]  аз мақолаи инҷониб дар нашрҳои пайдарпайи худ дар Олмотию Душанбею Теҳрону Хуҷанд бе баҳс пазируфта  бошад ҳам, вале нимаи аввали мисраи аввали матни ӯ бо таркиби «Чун субҳ…» сар мешавад, ки ба ивази  «Чун рӯз»  омада, аз як тараф, барои он маъхаз нишон дода нашуда бошад, аз ҷониби дигар «субҳ» ва «ҳисом» мантиқан созгор нестанд. «Чун субҳ…» дар  ғайри нашрҳои Қодири Рустам дар ҳеч маъхазу чопҳои дигари осори бозмондаи устод Рӯдакӣ пайдо нашуд ва «Чун субҳ…» сохтаю таҳрири ӯсту ҳоҷат ба баҳс нест. «Алами рӯз» чист? «Алами рӯз албатта Офтоб аст. Дар урфият имрӯз ҳам «Рӯз шуд, офтоб баромад» мегӯянд, на «Субҳ шуд, офтоб баромад».

    Ҳамин ҳолатро дар рубоии дигари устод Рӯдакӣ «Чун кушта бибиниям ду лаб гашта фароз…» [9,157], «Ай аз гули сурх ранг бирбурдаву бӯ...» [ 9,161], «Чун кори дилам зи зулфи ӯ монд гираҳ…» [ 9,162] ва ғайра, ки матни онҳо дар маъхазҳои зиёд маҳфуз мондаанду бо доштани фарқиятҳо метавон мушоҳида намуд, ки мураттибони матни илмӣ-интиқодии Одамушшуаро онҳоро мулоҳизакорона омӯхта, то ҷойе сараро аз сақат ҷудо намуда, фарқияти нусхаҳои қаламиро дар поварақҳо нишон додаанд.

     Масъалаи дигаре, ки вобаста ба маъхазҳои рубоиёти устод Рӯдакӣ ба назар расид, он аст, ки баъзан бо вуҷуди дар сарчашмаҳо нишон додани он ки рубоӣ моли Одамушшурост, боз пайдо гардидани шакку шубҳа, монанди оё ин офаридаи табъи ӯст ё на, дида  мешавад. Бояд гуфт, ки ин шубҳаҳо бештар аз ҷониби Саъид Нафисӣ сар задаст. Барои мисол рубоии зеро мегирем:

 

Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост,

Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост.

Бӯйи ҷигари сӯхта олам бигирифт,

Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост!

                                                                                              [9,154]

 

     Саъид Нафисӣ дар мансубияти ин рубоӣ ба устод Рӯдакӣ шубҳа намуда, дар поварақи саҳифаи 827-и китоби худ «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ» ин тавр шарҳ навиштааст: «Ин рубоӣ дар ду сафинаи мухталиф ба номи Рӯдакӣ омадааст, вале машкук аст аз ӯ бошад, зеро ки дар мисраи чаҳорум калимаи «димоғ» ба маънии бинӣ омадааст ва гумон надорам дар замони Рӯдакӣ ин маъниро дошта буда бошад» …[3,827]. Ягона ва аввалин нусхае, ки ин рубоӣ аз он ба номи Рӯдакӣ омадааст танҳо «Сафинаҳои шеъри  форсӣ» мебошаду Саъид Нафисӣ ин рубоиро аз он ҷо ба китоби худ нақл намудааст. Ҳанӯз дигар маъхази қаламие, ки ин рубоиро дар худ маҳфуз дошта бошад, дастрас нашуда. Зиёд аз ин рубоии фавқ дар ҳеч сарчашмаи дигар ба номи шоири дигари форсигӯй наомадааст. Пас, то пайдо шудани маъхази дигар наметавон ба рӯйи ин рубоӣ хати бутлон зад, ки аз Рӯдакӣ нест. Агар маъхази дигаре ба ин рубоӣ пайдо шавад, ҳақиқати ҳолро ояндаи Рӯдакишиносӣ нишон хоҳад дод.

    Рубоии дигари аз нигоҳи маъхаз баҳсталаби устод Рӯдакӣ рубоии зер мебошад. Нахуст матни сиҳҳати онро иқтибос менамоем, ки дар бештари нусхаҳои дастрас ва китобҳои чопшудаи ашъори бозмондаи шоир ин тавр омадааст:

 

                        Чун кушта бибиниям ду лаб гашта фароз

                        Аз ҷон тиҳӣ ин қолаби афсурда ба оз.

                        Бар болинам нишину мегӯй ба ноз

                        К-ай ман ту бикуштаву пушаймон шуда боз.

                                                                                                          [9,157]

 

   Саъид Нафисӣ дар поварақи чопи аввалаи заҳмати Рӯдакишиносии худ ин рубоиро оварда, ки «Закариё бинни Муҳаммади Казвинӣ (1203-1283) дар китоби «Осору-л-Билод» дар калимаи «ланбон» шарҳи ҳоле аз Рафеъуддини Ланбонӣ (шоири қарни Vll ҳиҷрӣ) оварда ва дар поёни он менависад, ки Рафеъуддини Ланбонӣ ҳангоми кушта шудан ин ду байт сурудааст ва аз он пас ин рубоиро овардааст» [9,328]. Маъхазҳои ин рубоӣ «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ, «Фарҳанги Рашидӣ», «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят, «Мунтахаботи форсӣ», мақолаи Ҳерман Эттеи Олмонӣ, «Арафоту-л-ошиқин»-и Муҳа ммадҳусайни Авҳадӣ, «Риёзу-ш-шуаро»-и Вола, «Назми гузида»-и Нозими Табрезӣ ва ғ. мебошанд, ки Саъид Нафисӣ онҳоро дидан намудаву истифода кардааст. Қисме аз ин  маъхазҳо дастраси мо нестанд.

    Дар ин рубоӣ фарқиятҳои зиёдтар ба назар мерасад, монанди дар мисраи аввал калимаи «бибиниям» дар «Девони Рӯдакӣ» (чопи Фаридуни Мирзо, 1315 қамарӣ) «бибинам» омадааст, ки пеш аз ҳама  аз нигоҳи вазнӣ ғалат аст ва ин калима дар ҳамаи маъхазҳои дигар «бибиниям» мебошад. Дар ҳамин мисраъ ба ҷойи «гашта» дар чопи Фаридуни Мирзо ва «Мунтахаботи форсӣ», «карда» омадааст ва асл «гашта» мебошад. Дар мисраи дувум дар «Ҳафт пайкар»-и Амин Аҳмади Розӣ ва «Девони Рӯдакӣ (чопи Фаридуни Мирзо) ба ҷойи «Аз» «В-аз» истифода гардида, дар «Мунтахаботи форсӣ»  ишоратҷонишини «Ин» кор фармуда шудааст. Мисраи севум дар чопи Фаридуни Мирзо «Бар болинам нишаста мегӯй ба ноз» ва дар «Маҷмӯаи ашъор» ба ҷойи «ба ноз» «ба роз» сабт шудааст. Меоем сари мисраи чаҳорум. Ҳиссаи аввали ин мисраъ дар «Девони Рӯдакӣ» (чопи Фаридуни Мирзо) ва  «Маҷмӯаи ашъор» (нусхаи қаламии муттааллиқ ба Мирзо Аббосхони Иқбол, ки Саъид Нафисӣ онро муддате барои истифода ба орият гирифта будааст) «К-ай кушта туро ману» забту сабт гардидааст. Дар дигар маъхазҳои болоӣ, ки бештарашонро номбар кардем, ҳамон аст, ки мо овардаем. Дар чопҳои «Насими Мӯлиён» [7, 87] ва заҳматҳои Қодири Рустам [8,66 ва ғ ] низ «К-ай кушта туро ману» истифода шудааст. Дар ин маврид бояд гуфт, ки ду нусхаи ахиран номбаркардаи мо, чопи Фаридуни Мирзо ва нусхаи Аббосхони Иқбол, аз нигоҳи қадимият нисбат ба дигар нусхаҳои рубоӣ ҷадидтару эътиборашон камтар аст. Аз ин рӯ, мо ҳиссаи аввали байти чаҳорумро ҳамон тавр нигоҳ доштем, ки Саъид Нафисӣ [3,830] пазируфтаву дар «Осори Рӯдакӣ» …[4,153] ҷой додаанд ва эшон беумон забони баёни замони устод Рӯдакиро нигоҳ доштаанд. Бо ин баҳс атрофи  рубоии авқ анҷом намеёбад. Ахиран дар Эрон ба кӯшиши «Бунёди фарҳангӣ ва ҳунарии Рӯдакӣ» ва тасҳеҳу муқобалаи Нодир Каримиёни Саридаштӣ «Девони ашъор»-и Рӯдакӣ   [ 10, бидуни саҳифабандӣ] интишор ёфт, ки дар он ба ҷойи «Чун кушта» «Чун ташна» омадааст. Ин таҳиягари матни ашъори баҳомондаи Рӯдакӣ барои ин  таҳрири  худ маъхазе нишон надодааст ва гумони сиҳҳат он аст, ки ин сохтаи ноҷой ва бидуни мантиқии Каримиёни Саридаштӣ асту бас. Ба ҳар ҳол, агар Каримиёни Саридаштӣ барои ин маъхазе дарёфта бошад ҳам, овардаи ӯ қабулнашаванда аст, зеро дар матни рубоӣ сухан аз тани беҷони аз нигоҳи замонӣ замони ояндаи феълӣ меравад, ки аллакай ба ташнамонӣ ва об эҳтиёҷ надорад.

Зиёда аз ин бояд гуфт, ки дар рубоиёти устод Рӯдакӣ дугунанависию дугунахониҳои баъзе калимаву таркибу ибораҳо ҷой доранд, ки ин дар чопҳои гуногуни ашъори шоир гуногун истифода гардида, тасҳеҳи амиқ ва ё интихоби саҳеҳтари онро аз Рӯдакишиносон интизоранд. Масалан рубоии зеро гирем:

 

Норафта ба шоҳроҳи васлат гоме,

Ноёфта аз ҳусни ҷамолат коме.

Ногоҳ шунидам зи фалак пайғоме,

К-аз хумми фироқ нӯш бодат ҷоме.

                                                                                              [9,164]

 

    Ин ҷо ба ибораи «ҳусни ҷамол», ки дар нашрҳои гуногун ва маъхазҳои аввалияи он дугуна, ҳам «ҳусни ҷамол» ва ҳам «ҳусну ҷамол» омадааст, бояд диққат дод. Матншиносони осори Рӯдакӣ ибораи болоиро ба ҳамин ду шакли навишт овардаанд, яъне дар пайвастани ин ду калима пайвандаки изофии «и» ва «у» истифода шудааст. Ба андешаи инҷониб минбаъд бояд «ҳусни ҷамол» истифода гардад. Чаро? Зеро дар ягон шеъри дигари устод Рӯдакӣ дида нашуд, ки вай муродифҳоро пай дар пай чида орад. Дар ин рубоӣ калимаҳои «ҳусн» ва «ҷамол» мустақилмаъно буда, «ҷамол» «ҳусн» дорад ва қаҳрамони офаридаи шоир мехоҳад, ки аз ҳусни ҷамоли маъшуқа ком гирад. Дар ин маврид «ҷамол» ба сифати ашёи мавҷуд омадаасту ҳусн дорад. Ин пешниҳод боз мулоҳиза мехоҳад.

    Дар маъхазҳои алоқаманд ба ин ё он рубоии устод Рӯдакӣ «Розе» «Рӯзе» [9,153], «з-ин» «з-он» [9,156], «боғбонат» «бодбонат» [9,156], «чашм» «дида» [9,159], «нома» «қаҳр» [9,159], «сер аз ҷон» «сер зи ҷон» [9,159], «фурӯшад» «фурӯхт» [9,160], «Оре, ки чу он моҳ бувад» «Оре, чу ту моҳ бувад» [9,160], «монд» «монда» [9,162], «хонаҳо» «хонҳо» [9,163], «зи» «аз» [9,164] ва ғайра омадаанд, ки дар ҳар кадоме аз ин мисолҳо калимаи аввалии иқтибосшуда дурусту бомантиқ менамоянд ва дар матни илмӣ-интиқодӣ ин равиш ҳатталимкон ба инобат гирифта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки матни осори бозмондаи устод Рӯдакӣ зина ба зина сиҳҳати худро, албатта ба заҳмати дастҷамъии Рӯдакишиносон, барқарор карда истодааст.

    Ниҳоят, бо овардани андешаҳои болоӣ дар атрофии сарчашмаҳои рубоиёти устод Рӯдакӣ метавон ба натиҷа расид, ки рубоиёти то ба имрӯз ба мо расидаи шоир сарчашма ва ягона надошта, онҳо бо заҳмати зиёди мутахассисону муҳаққиқони адабиёти форсии тоҷикӣ ва Рӯдакишиноси ҷаҳон ҷамъу таҳияву тадвин ва дастраси умум гардонида шудаанд. Ва ин навишта сухани охир доир ба сарчашмаю маъхазҳою рубоиёти Одамушшуаро набуда, умеди некбинона он аст, ки дар оянда боз сарчашма ва рубоиёти нави шоир дарёфт хоҳанд шуду мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

 

Адабиёти истифодашуда

 

  1. Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик / Садриддин Айнӣ. Аз хатти форсӣ таҳия ва тасҳеҳи Мубашшир Акбарзод. – Душанбе: Адиб, 2010. – 448 с.
  2. Афсаҳзод, Аълохон. Одамушшуаро Рӯдакӣ / Аълохон Афсаҳзод. – Душанбе: Адиб, 2003.-304 с.
  3. Насафӣ, Саъид. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ Саъид Насафӣ. – Душанбе: Нодир, 2008. -934 с.
  4. Осори Рӯдакӣ. Дар таҳти таҳрири Абдулғанӣ Мирзоев. – Сталинобод: Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, 1958. - 544 с.
  5. Розӣ. Шамс Қайс. Ал-муъҷам фӣ маъойири ашъор-ал- Аҷам / Шамс Қайси Розӣ. Муаллифи сарсухану тавзеҳот ва ҳозиркунандаи чоп Урватулло Тоиров. –Душанбе: Адиб,1991. - 464 с.
  6. Рудаки. Стихи. Научный текст. Перевод и комментарий и вводная статья И.Л. Багинской. – Душанбе: Ирфон, 1987.  -288 с.
  7. Рӯдакӣ. Абӯабдуллоҳ. Насими Мӯлиён / Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Дебоча ва танзиму тавзеҳи Асрори Раҳмонфар. - Душанбе: Адиб, 1999. -192 с.
  8. Рӯдакӣ. Девон / Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Таҳия, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам. – Олмотӣ, 2007. – 256 с.
  9. Рӯдакӣ, Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари бинни Муҳаммад. Девони ашъор / Абӯабдуллоҳи Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакӣ. Матни илмӣ ва иқтисодӣ бо кӯшиш ва эҳтимоми профессор Расул Ҳодизода ва доктор Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. – Душанбе: Пайванд, 2008. – 614 с.
  10. Рӯдакӣ. Девони ашъор. Тасҳеҳ ва муқобилаи доктор Нодир Каримиёни Саридаштӣ. - Теҳрон, 1388. - 238 с.
  11. Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Меҳру Муштарӣ / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. – Душанбе: Адиб, 2010. - 320 с.

 

 

                                                                                                         Алии  Муҳаммадии Хуросонӣ

 

МАТНИ РУБОИЁТИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

ДАР САРЧАШМАҲО

 

            Матншиноси осори бозмондаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) яке аз масъалаҳои муҳимми Рӯдакишиносӣ буда, дар адабиётшиносии ватанӣ ва хориҷӣ ба он таваҷҷуҳи алоҳида буду ҳаст. Дар мақола асосан ба сарчашмаҳои рубоиёти устод Рӯдакӣ, ки онҳо дар айни ҳол беш аз 30-то мебошанд ва тафовути матнии онҳо сухан рафтааст. Омӯзишу пажӯҳиш нишон медиҳад, ки аз Рӯдакӣ то имрӯз 35-36 рубоии пурра ва чанд рубоии нопурра боқӣ мондааст. Агар баъзеи ин рубоиҳо як сарчашмаи аввалияи қаламӣ дошта бошанд, пас баъзе рубоиҳои шоир то 10 маъхаз доранд. Ҳамин тавр, рубоиёти то замони мо расидаи устод Рӯдакӣ сарчашмаи ягона надошта, онҳо ба заҳмати зиёд ва тӯлонии Рӯдакишиносон ҷамъу таҳияву тадвин ва дастраси умум гардонида шудаанду ин кор идома дорад.

            Калидвожаҳо: Рӯдакӣ, рубоӣ, маъхаз, фарқият дар матнҳо, 35-36 рубоӣ, Рӯдакишиносон, сарчашмаи ягона, рубоиҳои нопурра, тазкира, луғатнома, осори таърихӣ.

 

Алии  Муҳаммадии Хуросони

 

        ТЕКСТ РУБАЙИ АБУАБДУЛЛАХА РУДАКИ

В ИСТОЧНИКАХ

 

     Текстологическое исследование дошедших до наших дней творческого наследия Рудаки (858-941) считается одной из ключевих проблем в современной рудакиведения, к которой проявляет особое внимание отечественные и зарубежные ученые литературы. В статье речь идёт вокруг источников рубайи устода Рудаки, число которых составляет более 30-и и разночтении в их текстах.

Исследование показивает от  Рудаки до нас дошло 35-36 рубайи в полном объеме и несколько в неполном состояние. Некоторых рубойи Рудаки имеют 1-первычной источник, а ряд других до 10 источников. Таким образом, дошедшие до нас рубайи Рудаки не имеют единой источник достоянием общественности  в результате упорного труда рудакиведов по подготовке и изданию его творчестве, работа на которым продолжается.

    Ключевые слова: Рудаки, рубайи, источники, тазкира, словары, историческое наследие разночитение текстов, рудакиведение, неполние рубайи, источник.

 

Alii Muhammadii Khurosoni

Sources Rubaiyat of Abuabdullo Rudaki     

        Textual study of the extant creative heritage Rudaki (858-941) is considered one of the key problems in modern rudakivedeniya, which shows special attention to domestic and foreign scholars of literature. In this article we are talking around Rubaiyat of ustod Rudaki, which now number more than 30 and differences in their texts.

        Research shows from Rudaki until us has peaked 35-36 rubai in full and several in incomplete state of. Some rubai Rudaki have 1-primary source and a number of others up to 10 sources. Thus, the extant rubai Rudaki do not have a single source of public domain as a result of the hard work of rudakivedov on the preparation and publication of his work, the work on which continues.

       Key words: Rudaki, rubai, sources, tazkira, dictionaries, historical heritage, discrepancy of texts, incomplete rubai and source.

 

Свидения об авторе: Алии Мухаммадии Хуросони – кандидат филологических наук, заведующий отделом текстологии Центра письменного наследия АН Республики Таджикистан. 734025, г. Душанбе,

ул. Хусейн-заде, 35, тел. 917251401.

 

Information about the author: Alii Muhammadii Khurosoni - candidate of philological Sciences, Head of the Department of text ology of the center of written heritage of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan. 734025, Dushanbe, St. Huseynzade, 35, tel. 917251401.