Маҳорати суханофарии Сайидои Насафӣ

            Маҳорати суханофарии Сайидои Насафӣ
 Хуҷова Мавҷуда
Номзади илмҳои филология
 
     Сайидои Насафӣ, яке аз барҷастатарин суханвари адабиёти  форсу тоҷик буда, бо эҷоди осори манзуми худ ба ин адабиёт хизмати арзандаеро анҷом додааст. Вай дар маснависароӣ низ бо такмилу инкишоф додани услуби маснависароии Саноии Fазнавӣ, Фахриддини Гургонӣ, Низомии Ганҷавӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ равиши ин жанри адабиро дар маснавиҳояш, ки куллиети ӯ 27 маснавиро дар бар гирифтааст ва ба мавзуъҳои мухталиф бахшида шудаанд, ҳаштои аз ин маснавиҳо ба ҳунармандон ва аҳли касбу ҳунар бахшида шудаанд, ки аз 23 то 53 байтро ташкил мекунанд.Инчунин як асари калонҳаҷми худ «Шаҳрошӯб» ро низ ба аҳли ҳунар бахшидааст, ки аз 405 байт иборат аст. Сайидо ҳам аз нигоҳи сохт ва ҳам аз нигоҳи муҳтаво ба ин маснавиҳояш тозагӣ бахшидааст. Ин маънои онро надорад, ки шоир аз услубу равиши маснависароии анъанавии адабиёти форсу тоҷик дур шуда бошад. Маснавиҳои номбаршудаи ба маснависароёни ин адабиёт таъсири амиқ  ҳам ба сохт ва ҳам ба мазмуну муҳтаво гузоштааст, ки ин масъалаи дигари  омӯзишу пажӯҳиш аст. Ин тавру равиши маснависароӣ ба Сайидо имконият додааст, ки дар муносибат бо симоҳои офаридааш дар онҳо услуби эҷодии худро дошта бошад. ӯ дар асарҳояш асосан барои матлаби умумии худ аз лаҳзаҳои алоҳидаи симоҳои офаридааш истифода намудааст. Сайидо дар офаридани маснавиҳои худ маҳорати фавқулода баланди  худро, ки ин дар маснависароии то ӯ дар адабиёти  форсу тоҷик камтар ба назар   мерасад, нишон  додааст. Суханвари асил  дар  маснавиҳои «Дар таърифи Хоҷа Мирзоҷони баққол», «Дар таърифи Хоҷа Шафеи наққош», «Дар таъриф ва тавсифи нонво»... вобаста ба сохту мазмун ва хатти суҷети он бештар  аз ҷузъиёти назаррасу хотирмони симои қаҳрамононаш, барои ҳадафҳои мақсадноки худ ва таркибу ташвиқи исломи ҷорӣ барои покизагии ахлоқи инсонҳо, орзуву ҳавас, иштиёқу инсони реалӣ баҳри зиндагӣ истифода намудааст.
    Пеш аз он ки ба маҳорати симоофарии Сайидо баҳои камтарини худро бидиҳем, бояд донем, ки ҳадафи мақсадноки адиб дар осораш дар чист?        Муаллиф пеш аз ҳама дар  асарҳояш кӯшиш намудааст, ки ба ҳам омадани ҳамагонро, ягонагиву ваҳдатро байни одамон тарғиб намояд ва бо ин расидан ба Офаридгорро бо роҳу равишҳои дар зиндагӣ ба мардум дастрас, ҳакимона нишон диҳад. Барои ин ӯ беҳтарин василаро аз қиссаву афсона, ҳикояти  дар байни онҳо паҳншуда ё гӯшнавоз ва интихоб кардани қаҳрамононаш аз байни  ҳайвонҳо ва ба ин монанд ҷустуҷӯ менамояду дубора бо тавру услуби эҷодии худ пешкашашон месозад. Барои мисол метавон аз қиссаҳои  машҳури асари тамсилии шоир «Баҳориёт» (ҳайвонотнома) ёд кард. Ба ҳамин маънӣ бояд гуфт, ки ин асарҳоро бо шавқу завқи худ эҷод карда бошад ҳам, ӯ дар истифодаи маводи мавҷуда мулоҳизакорона муносибат менамояд. Барои ин ӯ таркибу ибораҳоро аз забони ҳайвонҳо « гуфтам, гуфт, гуфто, чӣ гуфтӣ,  чунин гуфтааст, гуфт он ягона»-ро аз забони қаҳрамонҳои асараш, ки ҳайвонот ҳастанд, лекин ниқоб аз рӯи онҳо бадар кунем, ҳама инсонҳои воқеъӣ ҳастанд, дар мавриду мавқеи худашон ҷой додааст.
Мисол:     
                   Гуфт:- «Имшаб хонаат равшан кунам, чун офтоб,
                   Бар кафи ҳар зарраам бошад чароғи тозае.   [ 3, 483].
Ё:
Гуфто: «Туӣ, ки омада даҳ пушт паҳлавон?  
Эй беадаб, ту шарм надорӣ зи рӯи ман? [ 3,653].
Ё дар ҷои дигар;
                   Гуфт: «Эй палиди шумнафас, ҳадди худ шинос,
                   Бар устуғони ман марасон ин ҳама забон. [ 3,655].
Ё дар ҷои дигар;
Дар гӯши гов бод расонид ин хабар,
Фаред карду гуфт: «Чӣ гуфтӣ? Бигӯ ҳамон! [ 3,657].
    Ин тарзи нақли халқӣ дар маснавии адиб хеле хуб ба назар мерасад, ки ба симоҳои дар онҳо офаридашуда бетаъсир нест. Маҳорати симоофарии Сайидоро ҳамчунон мо дар забони равон ва тарзи баёни суханвар дар ин асарҳо мебинем. ӯ барои нишонрас гардидани ашъори худ ва то ба ҳадаф расидани онҳо аз забони умумии мардумӣ истифода намудааст. Бешубҳа, он чӣ дар назми Сайидои Насафӣ  равониву зебоӣ бахшидааст, тарзи баёнест, ки пур аз санъатҳои бадеист.Шоир дар интихобу истифодаи алфоз ва калимаҳои муносиб, эҷоди таркиботи бадеъу хушоянди пайваста бо симои қаҳрамонҳои офаридааш аз худ маҳорати хос нишон дода, дар чеҳранигорӣ ва хислатофарӣ дар ҷову мавқеи худ аст. Хамчунон қиссаву афсонаҳои халқӣ, ки офаранда ва эҷодкори асосиашон мардуманд, аз муаллиф тақозо намудаанд, ки вай ҳамон забону лаҳни баёни ҳамафаҳмро шевотару пурғунҷоиштар намуда, барояшон баргардонад. Ба ин маънӣ, ба «Гуфтугӯи мӯрча бо шер, «Худсифаткунии муш ва гурба»,  «Худтаърифкунии гурба ва саг», «Гӯсфанд ва гург, палангу фил…..» ва баъзе xузъиёти дигари ин rисса xумлагb дар uазалу rасоид ва анвои дигари шеъри форсb ба тасвир омадаанд ва бори маъно бардоштаанд» таваҷҷӯҳ намоед:  
Дар фикри дона мӯрчае буд даргузар,
Омад ба шеру гуфт, ки «Эй Рустами замон!
Аз иттифоқи мӯрчагон ғофили магар?
В-арна чаро ҳақир шумориву норавон?
Хӯроки аҳли байти ман аст аз нитоҷи ту,
Доим пур аст хонаам аз шербаччагон,
Тифлони ширмасти ман имрӯз шергир,
Хешони нотавони мананд аз ту комрон. [ 3,670].
    Бояд гуфт, ки дар абёти болоӣ дар ягон мисраъ калима ё ибораи бемавқеъ роҳ наёфтааст ва бешак агар ягон калимаро гирифта, ба ҷояш калимаи дигар монем, маъно халал меёбад. Хамаи ин калимаву ибораҳо дар баёни Сайидои Насафӣ обастагии маҳкам пайдо намудаанд, ки боиси баландии салосат ва волоияти каломи бадеӣ шудаанд. Дар ин мисол калимаҳои даргузар, магар ва норавон, комрон… барои тақвияти ҳамдигар хизмат карда, ба таври умумӣ симои зоҳирии қаҳрамонро хеле ҷаззоб тасвир кардаанд.
    Дар ин таносуби сухан на танҳо ҳиссиёти адиб дар офари дани симои қаҳрамонаш барҷаста намоён шудааст, балки аз ҷиҳати намуд ва шакли зоҳирӣ низ бо ин ҳиссиёт монандие дида мешавад. Дар ин ҷо чӣ муносибати шаклии предмет ва чӣ муносибати мазмуниву маъноии  тасвиршаванда ва тасвирку-нанда ғолибанд, ки шоир барои ин устокорона ва моҳирона аз забони ноби мардум истифода намуда ва худ забони меъёрро ҳамаҷониба фаро гирифтааст,ки инро мо бештар аз ҳама дар «Шаҳрошӯб» ва қисман дар манзумаҳои «ҳунармандӣ»-и ӯ мебинем.Таъбирҳои халқие,ки дар асарҳои Сайидо кор фарму да шудаанд, қариб ҳамаи онҳоро  имрӯз мардум дар забони гуфтугӯии худ фаровон истифода мебаранд.
Мисол; доман пур аз чормағз кардан,
Дилбари баққол дорад хулқи хубу рӯи нағз, [ 2,186].
Хонаи ман рафту кардам доманаш пур чормағз.
    Ё дар ҷои дигар таъбири халқии об гаштан (об шудан), коҳи кӯҳнаро бод додан, бо собуни касе ҷома шустан, теша бар пои худ карданро… бо маҳорати баланди шоирӣ истифода бурда аст;
Шӯхи ҳаммомӣ, ки аз ҷон ҳастам оташкори ӯ,
Об гаштам, сӯхтам аз гармии бозори ӯ. [ 2,186].
 
Шӯхи собунпаз, ки мегӯянд; бошад тундхӯ,
Ҷомаи худ борҳо шустем бо собуни ӯ. [ 2,187].
    Чизи дигаре, ки дар ашъори Сайидо аз маҳорати баланд ва завқи ӯ шаҳодат медиҳад, дар баробари забону тарзи баён ва дар мавриди дар ҷои худашон истифода шудани андешаҳои ҳикматомез, панд, андарз ва зарбулмасалу мақолҳои халқӣ дар ҷомаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад. Дар ҳақиқат, таҷриба исбот намудааст, ки агар кас фикру ақидаи худро бо ягон мақолу зарбулмасали халқӣ ё гуфтори баландғояи адибони барҷаста ифода намояд, шунаванда дарҳол ба маънои он сарфаҳм меравад, баробари он илҳом мегирад ва завқи бадеӣ мебарад. Чунки ба воситаи мақолу зарбулмасалҳо адибон тавонистаанд, ки фикрҳои пешқадамонаашонро доир ба мақоми инсон баён карда, ба ин восита хулосаҳои пурҳикмати таҷрибаи рӯзгори тираву тори ҷамъияти феодалиро фош намоянд.Мазмуну мундариҷаи ин мақолу зарбулмасалҳо, бо вуҷуди гуногунии мавзуъҳо, равшану фаҳмо буда, ба шарҳу тавзеҳот ниёз надоранд. Дар таҳлили симои қаҳрамононаш, ки шоир дар асарҳояш зери ниқоб нишон додааст ва агар ниқоб аз рӯи онҳо бадар кунем,  дар асл ҳамаи онҳо инсони воқеӣ ҳастанд, борҳо таъкид гардид, ки ҷавҳари асосиашон тарбия намудани баннӣ башар, новобаста ба ҷинсият аст. Ҳамчун як фарди пешқадам ва муаллими баландмақоми ахлоқи писандидаи замони худ дар пайравии устодони пешинаи адабиёти форсу тоҷик беҳтарин падидаҳои ахлоқи ҳамидаву  солими инсонӣ; покиву номи нек, ҷасорату бурдборӣ, иффату ҳаё, ҳилму шикебоӣ, хоксориву қавипаймонӣ ва ғайраро дар симои қаҳрамонҳояш амалкунанда бо шӯру шавқ ва ҳаяҷони бардавом гаштаву баргашта тарғиб намуда, ҳамчун маҳкумкунандаи ахлоқи баду носолим ва накӯҳишгари бадиҳо ба муқобили пастиву сифлагӣ, ҳирсу тамаъ, шаҳвату айёшӣ, ҷаҳлу нодонӣ, риёву дурӯягӣ, хештанбиниву худписандӣ ва қабоҳатҳои дигари ҷамъиятӣ баромад намуда, бо роҳи панду насиҳат додан мехоҳад дар тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамида ва аз байн бурдани ахлоқи ношоистаи одамон ҳиссаи худро гузорад, ки ғазали зерини ӯро метавон барои боварибахшии андешаҳои болоӣ намунаи беҳтарин донист:
Чун давоти хушк аз чашми қалам афтодаам,
Аз тиҳидастӣ даҳони безабон бошад маро.
Пирам, аммо оҳи ман аз ҳафт гардун бигзарад,
Новаки алмоспайкон дар камон бошад маро.
Баҳри рӯзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут,
Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.
Мекунам наззора неъматҳову ҳасрат мехурам,
Тангдастам, рӯзие дурр аз даҳон бошад маро. [3,99 ].
    Сайидои Насафӣ дар масъалаи тарбия ва таъсири он ба инсонҳо боварии комил дорад. Аз ин рӯ, андешаҳои ахлоқии вай дар «Баҳориет» ва «Шаҳрошӯб» хеле зиёд ба назар мерасад, ки фарогири паҳлӯҳои гуногуни зиндагонӣ  мебошанд. Дар эҷодиети  шоир барои намоёнтар ҷилва намудани симои қаҳрамононаш, дар баробари истифода шудани панду андарзҳои зиёд, паҳлӯ ба паҳлӯ зарбулмасалу мақолаҳои зиёде ҷой доранд, ки иддае аз онҳоро овардан дар бештар кушодани мавзӯъ бе аҳамият нестанд. Ба ин васила, Сайидо гоҳе аз забони худ ва гоҳе аз забони қаҳрамонони асарҳо роҷеъ ба масъалаҳои хулқу атвор, одобу ахлоқ, панду насиҳат ва амсоли инҳо диққат дода, ба ин восита фикрҳои пешқадамонаи худро баён кардааст. Ин адиб мисли дигар сармоядорони адаби форсӣ барои тарбияи фарзанд тамоми маҳорати бадеии худро сарф карда, дар зимни ҳар як баҳс аз ҳикояву воқеаҳои шунида ва ё аз сар гузаронида нақл бинмуда, аз онҳо натиҷаҳои дилхоҳ ва ибратбахш баровардааст. Шоир аз як тараф, фарзандони замони худро аз роҳи бад баргардонад ҳам, вале аз тарафи дигар, пайдост, ки нуқсони табақаҳои ҳукмрони ҷамъияти феодалиро фош намудааст. Наслҳои минбаъда барои амалӣ гардидани пандҳои судманди адибон чун Сайидо, саъю кӯшиш менамоянд, ки дар оянда низ номи ин адибонро ҳамчун шоирони инсондӯст бо эҳтиром вирди забон ва насиҳатҳои падаронаашонро сармашқи кори худ хоҳанд кард.
Мисол:
Дар хони мунъимон бо умеди ато марав,
Монанди дона дар гулӯи осие марав.
Гардад агар ба фарқи сарат санги осие,
Дар ҷустуҷӯи сояи боли ҳумо марав.
Худро насоз ранҷа ба овозаи сахо,
Дунболи корвон ба садои диро марав.
Аз гирдудори қасри лаимон ҳазар намой,
Дар хонаи бахил равӣ беасо марав. [3,450 ].
    Ё дар ҷои дигар;
Макун аз баҳри рӯзӣ пешаи худ бенавоиро,
Бинеҳ чун Куҳкан бар дасти худ зӯрозмоиро.
Ба дарҳо медавонад одамиро нафси гарданкаш,
Харидоре набошад ғайри саг нони гадоиро. [3, 104].
    Дар шароити кунунӣ бошад, ҳама чиз ба тарбия вобастагӣ дорад. Дар ин бобат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунанд, ки мутобиқи онҳо чӣ дар мактаб, чӣ дар хона ва чӣ дар ҷамъият, омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ медиҳанд, ки мавзуи таълиму тарбияи фарзанд аз тарафи падару модарон дар ашъори Сайидо ҷои намоёнро ишғол мекунад
Мисол:
Дар муҳаббат сели ашкам гавҳари дил мешавад,
Ҷун  мураббӣ шуд падар, фарзанд қобил мешавад.
То тавонӣ, хешро аз сифлатаъбон дур дор,
Об чун бо хок ҳамроҳӣ кунад, гил мешавад. [3,227 ].
Ёдар ҷои дигар;
Дил чун мутеъ гашт, чароғи назар шавад,
Фарзанди нек ҷойнишини падар шавад.
Нахле, ки бар надод, шавад боғбон кабоб,
Хун мехурад падар, чу писар беҳунар шавад. [3, 232].
     Ҳамчунин дар ашъори Сайидои Насафӣ тарбияи нармсуханӣ, ширингуфтори ва сухани рост гуфтан, ки як ҷузъи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мегардад, ҷои намоенро ишғол мекунад. Дар осори Сайидо роҷеъ ба забон, ки ҳам сабаби озори касон ва ҳам боиси фараҳу шодии одамон шуда метавонад, хеле зиед аст. Боиси қайд аст, ки дар ташаккули инсонгароиву таҳаммулпазирӣ ва тарбия, фазилатҳои нарм-суханӣ аҳамияти калон дорад.Сайидо низ ба тарбияи ин сифати инсонӣ таваҷҷӯҳи махсуси хешро дар қолаби зебои назм баен кардааст.Чуноне ки олими варзидаи тоҷик Қурбон Хоҷаев дар катоби худ «Суханварӣ» қайд кардааст «Маҳорати суханварӣ яке аз аркони илми калом аст, ки 2500 сол қабл аз ин дар мамолики шарқ падид омадааст. [ 5,5.].
Мисол:
Димоғошуфта най аз базми аҳли ҷуд меояд,
Зи шамъи сӯҳбати ин қавм бӯи дуд меояд. [3,188].
Ё дар ҷои дигар:
Сарв меояд ба истиқбол аз боғи мурод,
Ростиро ҳар кӣ месозад асои хештан. [3,].
Ё дар ҷои дигар:
Битарс, эй ҷангҷу, ҳангоми субҳ аз тири оҳи ман,
Забонат дар даҳон чун мағзи бодом аст дар шакар. [3,].
    Сайидо дар тасвири симои қаҳрамонҳо ва барҷаста офаридани характеру хислатҳои онҳо, аз санъатҳои бадеӣ ба таври фаровон истифода бурдааст. Ташбеҳу истиора, ташхису маҷоз, тавсифу руҷӯъ, тазоду муболиға, таҷнису иҳом, кинояву талмеҳ, саволу ҷавоб, муаммову сифатчинӣ ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳост, ки санъати моҷоз серистеъмолтарини онҳо ба шумор мераванд. Бояд қайд кард, ки маҷоз яке аз муҳимтарин санъатҳои бадеии маънавӣ буда, барои пурра ва ҷозибанок тасвир намудани ашё ва ҳодисаҳо, алалхусус, барои мухтасар баён намудани фикру ақида имконияти васеъ фароҳам меорад.Дар асарҳои ин адиб санъати маънавии маҷоз мақоми муаянеро ишғол мекунанд. Зеро аксари калимаҳои ашъори шоир ғайр аз маънои аслии худ боз ба маънои маҷозӣ низ омадаанд.
Дар байти зерин калимаҳои меҳр ва моҳ маҷоз буда, ба маънои ғайриаслӣ истифода шудаанд. Зеро ба маънои аслӣ меҳр – офтоб ва моҳ– чизе, ки дар шаб дар осмон пайдо мешавад ва равшанӣ медиҳад маҳсуб меёбанд.Инчунин дар ин мисраъ меҳру маҳ ҳамчун ташбеҳи пӯшида омадааст.Яъне шоир нони суфраи хешро ба меҳру маҳ ташбеҳ додаст.
Мисол:
Чун фалак аз меҳру маҳ, бар суфра дорам нони қоқ,
Рӯзу шаб шармандагӣ аз меҳмон бошад маро. [3,99 ].
Дар эҷодиёти Сайидо санъати бадеии маънавии ташбеҳ мақоми хосса дорад.
Масалан, дар байтҳои зерин чунин оварда шудааст:
Эй паричеҳра, лабе, чун гули хандон, дорӣ,
Қади чун сарву рухи чун маҳи тобон дорӣ .
Сайидои Насафӣ дар ин мисра лаби хандони қаҳрамонашро ба гули хандон, чеҳраашро ба маҳи тобон ва қадашро ба дарахти сарв монанд кардааст, ки ин аз маҳорати баланди суханварии ӯ шаҳодат медиҳад.
       Сайидо  дар ин ғазал нигоҳи зебои қаҳрамонашро ба оҳуи саҳро ташбеҳ медиҳад, ки ин намуди ташбеҳро дар адабиети бадеӣ ташбеҳи пӯшида меноманд.
Мисол;
Кадом оҳунигаҳ имрӯз меояд дар ин саҳро,
Ки аз хамеза лабрез аст оғӯши каманди мо.
    Шоир дар ҷойи дигар ҷомаи қаҳрамонашро ба пари товус ва  чеҳраашро ба гули раъно ташбеҳ дода, байти зебое меофарад, ки дар як байт Сайидо тавонистааст ҳам санъати бадеии ташбеҳ ва ҳам муболиға(бо ҳазор ранг)-ро дар як мисра бо маҳорати баланди шоирӣ истифода кунад:
Ҷилва, чун тазарви боғ,ҷома, чун пари товус,
Чеҳра чун гули раъно, бо ҳазор ранг омад.
    Санъати дигаре, ки бо як маҳорати суханофарӣ дар асарҳояш истифода бурдааст, ин санъати истиора мебошад, ки як намуди маҷоз буда, ба ташбеҳ хеле наздикӣ дорад.Танҳо фарқият дар он аст, ки дар он ташбеҳшаванда зикр наёфта, танҳо ташбеҳку нанда номбар карда мешавад.
Масалан, дар ин байт чунин оварда шудааст:
Дӯстон, чун шамъ, имшаб ҷой дар маҷлис кунед,
Дидаи худро тиҳӣ аз хоб, чун наргис, кунед.
    Дар ин порчаи шеър ибораи «чун наргис» истиора буда, ба ҷойи чашм истифода шудааст.Сайидо низ мисли аксари саромадони адабиёти классикии форсу тоҷик ба ҷойи рӯй – гул, лолаи тар, зулф – сунбул, чашм – наргис, даҳон – пистаи шӯр, сухан – дурри ноб, шакар, муҳра,  – хаймагӣ, умр, гавҳар, ахтар, меҳру моҳ, хуҷастамоҳ, офтоб, чароғ, фаришта, ҳур, рӯй, моҳи тобон, сарв, қаду қомат, ҳавзи кафсар,оби ҳает, базми висол, наззораи бунавшаю райҳон, сарви хиромон, ғунчаи хандон, – ахтар, гавҳар, боли ҳумо, насими сабо, кокули он дилрабо, дурҷ, бурҷ, ғунча, оби дида, гуҳар, лаъли тар, рухи зард – сафҳаи зар ва амсоли ин кор мефармояд.
Мисол:
              Хат зи Юсуф дар либоси гург пироҳан гирифт.
              Хатти чун Афросиебаш дар чаҳи Бежан гирифт. [3,124 ].
Дар ин порчаи шеърӣ ибораи «либоси гург» истиора буда, шоир таҳти он бародарони Юсуфро дар назар дорад.
    Сайидо санъати кинояро низ хеле моҳирона дар асарҳояш истифода бурдааст. Дар байти зерин, ки ба гуфтаҳои боло мисол шуда метавонад, ки  кинояомез истифода бурда шудааст, чунин мефармояд:
Ҳарфхони дафтари ҳафту чаҳор,
Хатшиноси сафҳаи лайлу наҳор
    Дар байти фавқ шумораҳои ҳафт ишора ба ҳафт табақи осмон ва чаҳор ишора ба чор унсур (хок, об, бод ва оташ) буда, ҳарду дар якҷоягӣ, яъне ҳафту чаҳор киноя аз Осмону Замин мебошанд.
    Гоҳе адибон дар тасвир ва ситоиши чизе аз ҳадди табиӣ ва аслӣ баромада, онро калонтар ва ё хурдтар нишон дода, дар таъриф ба болотарин нуқта мебардоранд ва ё ин ки ба пасттарин дараҷа мефароранд. Ин ҳолати тасвирро муболиға меноманд, ки дар ғазалҳои ишқии Сайидои Насафӣ мавқеи хосса дорад. Сайидои Насафӣ аз санъати бадеии мублоиға истифода бурда, ашъорашро рангин сохтааст. Шоир дар ин ғазал  ба таври муболиға чунин тасвир месозад:
Мисол:
Ки дар боғи Ирам базме, биҳиштоин шабистоне…
Мурассаътаркише, чобуксаворе, қодирандозе,
Қавибозу камондоре, хадангалмоспайконе,
Қиематхез қадде, оламошубе, дил аз санге, [3, 463].
    Моҳирона истифода бурдани ҳодисаҳои табиат (пейзаж)- ро мо дар тамоми ашъори нобиғаҳои адаби форсӣ, хеле хуб дарк кадаем, ки яке аз ин бузургони сухан Сайидои Насафӣ мебошад.Сайидои Насафӣ аз манзараҳои зебои таьиат (пейзаж) хеле фаровон истифода бурда, осорашро пуробуранг ба ҷилва додаст, ки ин аз зебопарастии шоир дар адабиет шаҳодат медиҳад.
Мисол:                 
 Омад баҳору сайли гулистон ғанимат аст,
 Базми висоли ғунчаи хандон ғанимат аст.
Паҳлуи худ зи хоки чаман барнамекашам,
Чун соя хоб зери дарахтолн ғанимат аст. [15, 70].
    Сайидо дар порчаи зерини ғазалаш аз санъати тазод ва муқобила дар мисоли пирию ҷавонӣ ва замину осмон, рӯзу шаб, обу оташ ,доғу боғ самаранок истифода мебарад.
Мисол:
Бурда дар пирӣ дил аз дастам ҷавони тозае,
Бандаи худро худо додаст ҷони тозае.
Ё дар ҷои дигар;
Аз замин то осмон як қадди мижгон беш нест,
Ҳамчу шабнам рӯзу шаб гар чашми тар бошад маро
Ё
Рӯзиям ҳар рӯз дашном аз даҳони танги туст,
Рӯзу шаб, ҳамчун тарозу, чашми ман дар санги туст.   
Ё
Нашканад аз сояи гардун касеро ташнагӣ,
Менамояд об, аммо зери ин пул оташ аст.  
Дар байти дигар;
Рафтиву аз рафтанат марҳам зи доғам рафтааст,
Рангу бӯ, чун шабнам, аз гулҳои боғам рафтааст.  
       Сайидо дар ашъораш аз номҳои Ҷуғрофӣ хеле фаровон истифодаи кардааст, ки ин аз маҳорати баланди шоирии ӯ дар адабиет дарак медиҳад.
Мисол;
Аз хуни ошиқон шуда кӯи ту лолазор,
Эй арғувон, зи кишвари Кобул хуш омадӣ. [3,487].
Ё дар мисраи дигар;
Соиб миёни тозахаёлони Исфаҳон,
Бас бошад ин ғазал гули рӯи сабад маро.  
Ёбайти дигар;
Корвони бӯи пероҳан намеояд зи Миср,
Нолаҳо дар дил гиреҳ, ҳамчун ҷарас,бошад маро.  
Ё дар байти дигар;
То ба зулфи хеш хубон ҳамнишинам кардаанд,
Тирабахтон шаҳриёри мулки Чинам кардаанд.  
     Талмеҳ аз маъмултарин санъатҳои маънавии адабиёти форсии тоҷикӣ буда,намунаи ин санъат ҳанӯз дар осори нахустин гӯяндагони аҳди Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён ба назар мерасад ва бо итминони комил метавон гуфт, ки дар шеъри  аҳди Сомон ҳамчун як санъати нав ба вуҷуд наомада, собиқаи қадиме доштааст. Дар асари Шамс Қайси Розӣ (асри ХIII) «Ал-мӯъҷам фи маъойири ашъор-ил-аҷам» дар бораи маънии луғавӣ ва истилоҳии талмеҳ мааълуиоти мухтасар додааст ва ҳамчун санъати сухан ва истилоҳи он дар асараш овардааст: « Талмеҳ, назар андохтан, нигоҳи сабук кардан ба сӯи чизе, як навъ санъати бадеист, ки зимни он шоир ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, қиссаву афсонаҳо ишора менамояд» [15,311], ки Сайидо дар эҷодиеташ хеле зиёд истифода бурдааст. Дар эҷодиёти Сайидои Насафӣ санъати бадеии талмеҳ ба таври фаровон ва бамаврид истифода гардидааст. Дар онҳо саргузашту лаҳзаҳои аҷоиби сипаришудаи пайғамбарон, асотиру достонвораҳои қадим, ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ, талмеҳоти Қуръонӣ, қиссаҳои ошиқонаи динӣ, мавзуъҳои ищқии мардумии Шарқ ва ғайраро метавон дарёфт, ки ҳар кадоме дар ҷою мақоми худ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Сайидои Насафӣ ҳамчун фарзанди замони худ ва парвардаи сиёсати вақт, ки дар зери ниқоби дини ислом ва қонуниятҳои он фаъол буд, бештар таваҷҷуҳи худро дар истифодаи талмеҳот ба афсонаву ривоятҳои динӣ равона намудааст. Дар ашъори ӯ мо бо калимаву ибороти талмеҳии дашти Карбало, Одаму Ҳаво, асои Калим, дасти Мӯсо, кӯҳи Тур, дами Исо, Яди байзо, дарахти Тӯбо, оташи Тур, Оби ҳаёт, бинои Каъба, Фиръавн, Ҷаннат, Иблис, Юсуф ва Зулайхо ва ғайра дучор меоем, ки бештарашон маншаъ аз «Куръони маҷид» гирифта шудаанд.
   Масалан, Сайидои Насафӣ дар байти зер аз асаи Калим ё асои Мӯсо ва қиссаи Қуръонии «Юсуф ва Зулайхо» ёд карда, мефармояд;   Киссаи Юсуф (а) низ аз қиссаҳоест, ки таърихи беш аз 4000 сола дорад. Он аз осори шифоҳии мардуми яҳуд ба «Таврот» ва аз он ба «Куръон»  ворид гардида, баъдтар дар адабиети Шарқ бахусус адабиёти форс-тоҷик шӯҳрати тамом пайдо намудааст. Сайидои Насафӣ низ ба ин симои тобони осори динию бадеӣ бетафовут набудааст, ки мо онро дар талмеҳан истифода кардани номи Юсуф дар ашъораш дар меёбем. Шоир ба мамдӯҳи худ ишора карда мегӯяд;
Пардаи шарму ҳаёро зулфи ӯ дар хун кашид,
Хат зи Юсуф дар либоси гург пироҳан гирифт. [3, ].
   Зимни ин абёт қиссаи дарози муносибати бародарон бо Юсуф (а) дар вақти чаронидани гӯсфандон, ба чоҳ партофтани ӯ бо баҳонаи гургхӯрд, фурӯхтани Юсуфу ба азизӣ расидани ӯ ва ба Миср барои хӯрока рафтани бародарон дар хушксолии тӯлонӣ, фош шудани дурӯғҳои бародарон дар назди падарашон Яъқуб (а) пеши назар мегузарад.
        Е дар ҷои дигар;
                              Зиёрати дили мо созу сайри ҷаннат кун,
Калиди қуфли дари боғи дилкушо ин ҷост.
Зи доғи туст маро сина равзаи шуҳадо,
Ба ханҷари ту қасам, дашти Карбало ин ҷост.
Бинои Каъба бувад дил ба даст овардан,
Агар худоталабӣ мекунӣ, худо ин ҷост.
Ба гиря гашфтамаш; «Оби ҳаёт меҷӯям»,
Ба ханда гуфт лабаш; «Чашмаи бақо ин ҷост»! [3, ].
Ё дар ҷои дигар;
Баҳри хасм аз хусравон имдод мебояд гирифт,
Интиқоми кӯҳ аз Фарҳод мебояд гирифт.
То ба кай мағрури худ бошӣ ту, эй дунёпараст,
Ибрат аз Фиръавну аз Шаддод мебояд гирифт. [3, ].
    Сайидои Насафӣ аз номҳои асотирӣ-таърихӣ, монандӣ Афросиёб, Сиёвуш, Хусрав, Ширин, Рустам, Бежан, Сӯҳроб, Рахш, Симурғ, Заҳок, Искандари Мақдунӣ, Зол, Фарҳод, Арасту, Афлотун ва ғайра низ, ки бештарашон симоҳои барҷастаи шоҳасари адабиёти ҷаҳонӣ «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ аст, борҳо ба сифати талмеҳ истифода намуда, офаридаҳои килки сеҳрангезашро рангин намудааст. Аз ҷумла бо овардани номи Афросиёб шоҳ, ки подшоҳи Тӯрон буду муддатҳо бо шоҳону паҳлавонони эронӣ набард мекард, шоир ин тавр тасвир менамояд:
 Он ҳилолабру камон аз дасти Рустам мекашад,
Хатти чун Афросиёбаш дар чаҳи Бежан гирифт. [3, ].
Ёдар ҷои дигар;
Арастуи қадаҳ ҳар дам ба Афлотуни хум гӯяд
Зи тифлон ёд гир, эй зӯфнун ҳарфи ҳавоиро. [3, ].                                 
    Адиби нуқтадон бо истифодаи зарбумасалу мақолҳои халқӣ кӯшидааст, ки барҷастагии  мундариҷа ва мазмуни ашъори худро таъм диҳад. Сайидои Насафӣ новобаста ба ихтилофоти  ғоявию фикрӣ ва маҳдудиятҳои замони зиндагии худ аз ганҷинаи афкори тарбиявӣ-ахлоқӣ фаровон истифода намудааст. Таълимоти панду ахлоқии ӯ дар офаридани симои қаҳрамононаш дар ганҷинаи афкори дидактикии мардумамон  мавқеъ дошта, ҷиҳатҳои пешқадамона ва умумибашаронаи он барои таълимоти ахлоқии халқамон таъсири мусбат расонида метавонад.
Дар баробари забону ҳусни баён ва афкори ахлоқӣ- дидактикӣ Сайидои Насафӣ барои барҷаста офаридани симои қаҳрамононаш дар ашъораш беш аз ҳама аз санъатҳои бадеӣ, ҳам санъатҳои маънавӣ ва ҳам санъатҳои лафзӣ, монанди ташбеҳ, истиора, муболиға, тавсифу сифатчинӣ, таззод ва муқобила, талмеҳ, таҷниси лафзӣ, тарсеъ, зулқофиятайн, саҷъ ва ғайра кор гирифтааст.
Хулоса, Сайидои Насафӣ яке аз барҷастатарин шоиронест, ки дар маҳорати симоофарӣ дар адабиёти тоҷику-форс мавқеи махсусро ишғол мекунад, ки симоҳои офаридаи ин шоири тавоно мактаби омӯзиш барои баъдинагон дар маҳорати симоофарӣ хоҳад буд.