Мудири Шуъба: Алии Муҳаммадии Хуросонӣ

      
      29 октябри соли 1950 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба ҷаҳон омада, баъди хатми мактаби миёна (1967) донишомӯзи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардида, донишгоҳро соли 1972 ба итмом расондааст. Баъди хатми донишгоҳ ( соли 1972) дар Шуъбаи матншиносии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-сентябри слои 1967 ба ҳайси лаборанти калон ба кор пардохта, то мудири шуъбаи мазкур (солҳои 2000-2012) ба камол расидааст.  Чанде ходими пешбари илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳоло мудири Шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттии Маркази мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1987 дар Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) дар мавзӯи «Асадии Тӯсӣ ва «Гаршоспнома»-и ӯ» таҳти роҳбарии профессор Аълохон Афсаҳзод рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Доманаи фаъолияти илмию эҷодии ӯ васеъ буда, дар бахши таҳқиқу адабиётшиносӣ, матншиносӣ, нақди адабӣ ва эҷоди осори  бадеӣ қувваозмоӣ менамояд. Рисолаҳои тадқиқоти ӯ «Муносибатҳои дӯстона ва равобити эҷодии Ҷомӣ ва Навоӣ» (1990), «Асади Туси и его эпическая поэма «Гершасп-наме» (1994, ба забони русӣ),  «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома» (Теҳрон, бидуни соли нашр; дар ҳамқаламӣ бо Ҷ.Назрӣ)», «Таърихи адабиёти форсии дарии тоҷикӣ» (Кобул; 2009, дар ҳамқаламӣ бо  Р. Ҳодизода) ва «Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» (2014, дар ҳамқаламӣ бо  Ҷ.Назрӣ) ба баррасии паҳлӯҳои камомӯхта ё омӯхтанашудаи адабиёти форсии тоҷикӣ бахшида шудаанд. Беш аз 250 китоб, рисола, мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ навишта, дар кишвар ва берун аз он  ба нашр расонидааст.

Алии Муҳаммадии Хуросонӣ  дар даробари корҳои илмӣ дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ саҳм гузоштааст.  Айни ҳол 10 нафар шогирди ӯ ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология мушарраф гардидаанд ва ин паҳлуи фаъолияти босамари ӯ идома дорад. Вай ҳамчун аъзои Шӯрои илмии Институт аз соли 1995 то имрӯз, аз соли 1996 аъзои ҳайати “Анҷумани Иқбол”, ҷонишини раиси “Бунёди Рӯдакӣ” аз таъсис то ба имрӯз, аз соли  2002 то соли 2018 дабири масъули маҷаллаи “Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ”, аъзои Шӯрои назм ва нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аъзои ҳайати таҳририяи силсилаи “Ахтарони адаб” дар 50 ҷилд дар интишороти “Адиб”, аъзои ҳайати таҳририяи силсилаи “Китобхонаи мактаб” дар интишороти “Маориф ва фарҳанг”, аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз соли 1992 то соли 2010 ва аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Покистон  аз оғоз то ба имрӯз  фаъолият кардааст. Мавсуф аз оғоз аъзои Иттиҳоди ховаршиносони ИДМ ва аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Мавсуф дар даҳҳо конфронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо суханронӣ ва гузоришҳо баромад кардааст, ки маводи бештари онҳо дар маҷмӯаҳои дастаҷамъии илмӣ ба чоп расидаанд.

Алии Муҳаммадӣ дар ҷодаи илм ва эҷоди бадеӣ бо  ифтихорномаҳо, мукофот ва ҷоизаҳои зер мушарраф  гардонида шудааст:

-Ифтихорномаи Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон  (1983, Кобул).   

-Ифтихорномаи Вазорати нафту гази Иттиҳоди Шуравӣ (1984, Москва).  

-Ифтихорномаи Созмони фарҳанг ва иртибототи Ҷумҳурии Исломии Эрон (2001, Теҳрон).

оизаи адабии ғайридавлатии «Боргоҳи сухан» (2002, Душанбе).    

-Мукофоти «Соати президентӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 800-умин солгарди зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

( Сентябри соли 2007, Душанбе).

     -Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009, Душанбе).

оизаи муштараки таъсидодаи Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба номи Аълохон Афсаҳзод (2010, Душанбе).              

-Медали ифтихории «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010, Душанбе).

-Барои таҳияву тадвини “Куллиёти форсӣ”-и Муҳаммад  Иқбол (Душанбе, 2013)  бо «Ҷоизаи фахрии президентӣ»-и Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба адабиёт( тиллоӣ, 2014)  мукофонида ва он 19 марти соли 2015 дар  шаҳри Душанбе  ба соҳибҷоиза супорида шуд. 

-Бо “Ифтихорномаи фахрӣ”-и Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии ғалаба бар фашизм сарфароз гардид  (2майи 2015, Душанбе).

-Дипломи пурмаҳсултарин олими Академияи илмҳои Ҷумҳури Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлотияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ба номзади илми филология, ходими пешбари илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси  хатии ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиев Алӣ ( Алии Муҳаммадии Хуросонӣ) дода шуд ( Сентябри соли 2016, Душанбе).

 -  Муҳаммадиев Алӣ 29 августи соли 2018 барои заҳамоташ дар Навоишиносӣ бо ордени “Дӯстлик”- и Ҷумҳурии Ӯзбекистон мукофотонида  шуд.

        Аз ҷумлаи таълифоти илмӣ ва эҷодии мавсуф:

Китобҳои илмии чопшуда (рисола ва монографияҳо):

  1. Мухаммади, Али.  Асади Туси и его эпическая поэма «Гершаспнаме» / Алии Мухаммади.- Душанбе: Дониш, 1994. -194 с.     
  2. Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ ва Назрӣ, Ҷӯрабек. Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома» / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Ҷӯрабек Назрӣ. –Теҳрон. Бидуни нишон додани интишорот ва соли нашр.  ( 1999 , ба ҳуруфи форсӣ).  -234 с.
  3. Ҳодизода,  Расул ва  Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Таърихи адабиёти форсии дарии тоҷикӣ / Расул Ҳодизода,  Алии Муҳаммадии Хуросонӣ . –Кобул: Бунгоҳи интишороти «Майванд»: Сабо, 2009. -466 с. ( Ба ҳуруфи форсӣ).
  4. Хуросонӣ, Алии Муҳаммадии. Меҳру Муштарӣ (Маҷмӯаи мақолаҳо) / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: Адиб,  2010. -320 с. ( 20 ҷузъи чопӣ).
  5. Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ ва Назрӣ, Ҷӯрабек. Ҳунари  номанигорӣ дар «Шоҳнома» / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Ҷӯрабек Назрӣ. -Душанбе : Дониш, 2014 . -300с.

Китобҳо : матнҳои илмӣ, илмӣ –интиқодӣ ва илмӣ – оммавӣ

  1. Гулшани адаб. Ҷилди панҷум.
  2. Халифа, Муҳиддин. Нури дида / Муҳиддини Халифа. Бо
  3. муқаддима ва таҳияву тадвини Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: Сино, 1995. -40 с.
  4.  Аттор, Фаридуддин. Достони Шайхи Санъон ва ҳикояти зани порсо / Фаридуддини Аттор. Тайёркунандаи матн, муаллифи муқаддима ва мураттиби луғоту тавзеҳот Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе:  Афсона, 1996. -48 с.
  5. Муҳаммад Иқбол. Куллиёти форсӣ. ( таҳияи гурӯҳи корӣ, ки Алии Муҳаммадии Хуросонӣ низ шомили он буд). Исломобод:  Графитти,  1997. - 494 с.
  6. Мирзолатиф Раҳимзода. Соати саъд. Таҳяву тадвини матн  бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. - Душанбе: Адиб, 1997.- 176 с.
  7. Иқболнома (Маҷмӯаи мақолаҳо). Мураттиб ва муҳаррир Алии Муҳаммадии Хуросонӣ . –Покистон, Лоҳур: нашрияи “Иқбол Академӣ”, 1999. -160 с.
  8. Чароғи маърифати Нигнот.  Мураттибон ва муҳаррирон Шарофиддини Рустам, Убайди Раҷаб, Раҷабалӣ Қудратзода, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: Шарқи озод, 1999. -23 ҷузъи чопӣ.
  9. Базми Ҷамшед. Таҳияву тадвини матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе, 2000 (ба ҳуруфи кириллӣ ва арабӣ). -210 с.
  10. Фаридуддини Аттор. Илоҳинома. Таҳяву тадвини матн  бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. -Душанбе: Эҷод, 2000. -320 с.
  11. Ҷалолуддини Румӣ. Маснавии маънавӣ. Бо ҳамкории Б. Ализода.Теҳрон: Замон, 2001. -728 с.
  12. Зарободӣ,  Мазмун. Гузидаи ғадалиёт / Мазмуни Зарободӣ. Бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. – Душанбе: Истаравшан, 2002. – 270 с.
  13. Мирсаид Миршакар. Панҷи ноором. Таҳяву тадвини матн  бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Робиа Латифӣ. –Душанбе-Теҳрон, 2002. -365 с.
  14. Абдулҳайи Муҷахарфӣ. Муфизу-л-анвор ва девони ашъор. Таҳяву тадвини матн  бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Бӯрии Бачабеки Карим. Москва: Интрансдорнаук, 2003. - 416 с.
  15. “Муфизу-л-анвор”-и Абдулҳайи Муҷахарфӣ. Таҳияи Алии Муҳаммадии  Хуросонӣ ва Бӯрии Бачабеки Карим / Садои Шарқ, № 1-3, 2004. –С. 48-95.
  16. Шоирони Мовароуннаҳр (Аз Рӯдакӣ то Айнӣ). Таҳяву тадвини матн  бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: Адиб, 2006. -688 с.
  17. Файзулло Ансорӣ. Офтоби баҳор. Бо муқаддима ва зери назари Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: Сарпараст, 2006. -224 с.
  18. Фаридуддини Аттор.  Мантиқу-т-тайр. Таҳяву тадвини матн  бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.-Душанбе: Эҷод, 2007. -356 с.
  19. Низомии Ганҷавӣ. Ҳазору як андараз. Таҳяву тадвини матн  бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. -Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2007. -188 с.
  20. Асадии Тӯсӣ. Ҳикоят ва ҳикматҳо аз «Гаршоспнома». Таҳияи  матн  бо муқаддима ва  тавзеҳоти  Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. - Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2007. - 244 с.
  21. Офтоби маърифат. Маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба 800-солагии зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Мураттиб ва муҳаррир Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: Пайванд, 2007. -348 с.
  22. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. Таҳяву тадвини матн  бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. Душанбе: Адиб, 2007. -  480 с.
  23. Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. Дар чаҳор ҷилд. Ҷилди аввал. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғату тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. -Душанбе : Ирфон, 2007.- 686 с.
  24. Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. Дар чаҳор ҷилд, Ҷилди дувум. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғату тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.  –Душанбе: Дониш , 2007.  -718 с.
  25. Муҳиддини Халифа. Бақои умр (Шеърҳо). Бо муқаддима ва таҳияву тадвини Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Хуҷанд: Анис, 2007. – 72 с.
  26. Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакӣ. Девони ашъор. Матни илмӣ ва интиқодӣ бо кӯшиш ва эҳтимоми Расул Ҳодизода, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: Пайванд, 2008. – 614с. (Ба ҳуруфи форсӣ).
  27. Фаридуддини Аттор. Ҳикоёт ва ҳикматҳо аз маснавиҳо. Бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти  Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душабе: Маориф ва фарҳанг, 2008. -265 с.
  28. Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. Дар чаҳор ҷилд. Ҷилди севум. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғату тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.  -Душанбе :Дониш, 2008. -772 с.
  29. Румӣ, Мавлоно Ҷалолуддин. Маснавӣ.  Дар шаш дафтар / Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Баргардон ба ҳуруфи кириллии тоҷикӣ аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Баҳриддин Ализода. - Коня ( Туркия): Шаҳрдории шаҳри Коня, 2008.  Дафтари 1- 293 с.; дафтари 2- 243 с.; дафтари 3 – 320 с.; дафтари 4 – 264 с.; дафтари 5 -366 с.; дафтари 6 – 352 с.
  30. Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. Дар чаҳор ҷилд. Ҷилди чаҳорум. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғату тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. – Душанбе: Дониш, 2009. 588 с.
  31. Шарқшиносии тоҷик (1958- 2008). Мураттибон Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг,  2009. -646 с.
  32. Тӯсӣ, Асадӣ. Гаршоспнома / Асадии Тӯсӣ. Таҳияи матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ .  -Душанбе : Адиб, 2011. – 480 с.   
  33. Муҷахарфӣ, Абдулҳай. Муфизу-л-анвор ва Девони ашъор / Абдулҳайи Муҷахарфӣ. Таҳияи матни илмӣ дар асоси ду нусхаи қаламии муаллиф ( Ба ҳуруфи форсӣ).Ба эҳтимом ва тасҳеҳи дуктур Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва дуктур Бӯрӣ Бачабеки Карим. –Душанбе: Дониш, 2010. -544с.
  34. Достонҳои “Шоҳнома”. Нигориши Сотим Улуғзода. Таҳияи Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2011.-С.750.        
  35. Ганҷавӣ, Низомӣ. Хамса. Махзану-л-асрор. Хусраву Ширин / Низомии Ганҷавӣ. . Баргардон, пешгуфтор ва таҳияи зоҳир Аҳрорӣ, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Мубашшир Акбарзод. -Душанбе: Адиб,2012. –480 с.
  36. Ганҷавӣ, Низомӣ. Хамса. Лайлӣ ва Маҷнун. Ҳафт пайкар / Низомии Ганҷавӣ. Баргардон, пешгуфтор ва таҳияи Аълохон Афсаҳзод, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Мубашшир Акбарзод. -Душанбе: Адиб,2012. –480 с.      
  37. Ганҷавӣ, Низомӣ. Хамса. Искандарнома / Низомии Ганҷавӣ. Баргардон, пешгуфтор ва таҳияи Ҷобулқо Додалишоев, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Мубашшир Акбарзод. -Душанбе: Адиб,2012. –480 с.
  38. Ганҷавӣ, Низомӣ. Хамса / Низомии Ганҷавӣ. Таҳияи матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Мубашшир Акбарзод. -Душанбе: Адиб, 2012. –672 с.
  39. Аттор ,Фаридуддин. Девон / Фаридуддини Аттор. Таҳияи матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти  Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. - Душанбе: Дониш,2012. – 544 с.
  40. Ҷалолуддини Румӣ. Маснавии маънавӣ(дар 3 ҷилд). Таҳияи матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти  Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Мубашшир Акбарзод –Душанбе: Адиб, 2013. Ҷилди 1. -  480 с.
  41. Ҷалолуддини Румӣ. Маснавии маънавӣ (дар 3 ҷилд). Таҳияи матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти  Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Мубашшир Акбарзод –Душанбе: Адиб, 2013. Ҷилди 2. -  480 с.
  42. Ҷалолуддини Румӣ. Маснавии маънавӣ(дар 3 ҷилд). Таҳияи матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти  Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Мубашшир Акбарзод. –Душанбе: Адиб, 2013. Ҷилди 3. -  480 с.
  43. Пасрӯдӣ,  Нозеҳ. Насими Пасрӯд / Нозеҳи Пасрӯдӣ.  Таҳияи матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. - Душанбе : Эҷод, 2013. – 64 с.
  44. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Куллиёти форсӣ. Таҳияи матн ва таҳқиқи илмии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Шарафнисо Пӯлодова. –Душанбе:Дониш, 2013. -672 с.   
  45. Ҳикмати «Авесто». Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. -144с.         
  46. Аттор, Фаридуддин. Мантиқу-т-тайр ва Асрорнома / Фаридуддини Аттор. Таҳияи матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти  Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. - Душанбе: Адиб , 2014. – 480 с.
  47. Ҷомӣ, Абдураҳмон. Муқаттаот/ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мураттиби матн, муаллифи муқаддима ва луғату тавзеҳот Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. -80 с.
  48. Ҷомӣ, Абдураҳмон. Муқаттаоти Абдураҳмони Ҷомӣ / Абдураҳмони Ҷомӣ.  Муаллифи муқаддима, луғату тавзеҳот ва мураттиби матн Алии Муҳаммадии Хуросонӣ  // Маҷал. “Душанбе”: Минбари эҷодкорони пойтахт, 2014, №7. –С. 5-56.
  49. Ҷомӣ, Абдураҳмон. 600 ғазали Ҷомӣ / Абдурраҳмони Ҷомӣ. Мураттибони матн Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Холида Давлатова. –Душанбе: Дониш, 2014. -316 с.
  50. Ҷалолуддини Балхии Румӣ. Мунтахаби рубоиёт. Таҳияву тадвини  матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: Адабиёти бачагона, 2015. -400с.
  51. Баёзи Шашмақом. Мураттибон Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Аслиддин Низомӣ, Маҳмадёри Шариф. –Душанбе: Дониш, 2016. -600с.
  52. Абдурраҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. Таҳия ва тадвини матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Холида Давлатова. –Душанбе: Адиб, 2016. - 480 с.
  53. Иқболшиносӣ( Маҷмӯаи мақолаҳо). Мураттиб ва муҳаррир Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: Дониш, 2016.  - 214 с.
  54. Абдулҳайи Муҷахарфӣ ва мақоми адабии ӯ ( Мақола ва меҳрномаҳо). Мураттиб Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанде: дониш, 2017. -168 с.
  55. Сайидои Насафӣ. Девон. Таҳияи матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: Адиб, 2017. -480 с.
  56. Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ, Ғании Кашмирӣ. Чаҳорбоғи ғазал. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.- Душанбе:Адиб, 2018.-480с.
  57. Навоӣ, Алишер. Февони Фонӣ / Амир Алишери Навоӣ (Фонӣ). Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ//Амир Алишери Навоӣ//Чашмаи хирад. –Душанбе, Ганҷ, 2018. -705 с.
  58. Навоӣ, Алишер. Фарҳод ва Ширин / Амир Алишери Навоӣ. Тарҷумаи М. Амирзода. Таҳия, тасҳеҳ ва шарҳи луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хурносонӣ ва Анзурати Маликзод//Амир Алишери Навоӣ. Чашмаи хирад.-Душанбе: Ганҷ, 2018.-С. 940-1196.
  59. Ҷомӣ, Абдурраҳмон. Дусад ғазал / Абдураҳмони Ҷомӣ. Таҳияву тадвини Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Мубашшир Акбарзод //Амир Алишери Навоӣ// Боғи ошноӣ.-Душанбе: Ганҷ, 2018.-С. 220-420.
  60. Навоӣ, Алишер. Дусад ғазал. (ба забони ӯзбекӣ) / Алишери Навоӣ. Таҳияву тадвини Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Алишери Навоӣ. Боғи ошноӣ.-Душанбе:Ганҷ, 2018.-С. 20-220.
  61. Насафӣ, Миробид Саййидо. Куллиёт/ Саййидои Насафӣ.-Таҳияи матн бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуро-сонӣ ва Асрори Раҳмонфари Сомонӣ. -Душанбе: Дониш, 2018.-594 с.

                                    Осори  манзуми

              Алии Муҳаммадии Хуросонӣ: Маҷмӯаи шеърҳои интишорёфта

  1. Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Чашмаи нӯш / Алии МуҳаммадииХуросонӣ.  -Душанбе : Афсона, 1997. - 48 с.
  2. Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Майи гулгун / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.  -Душанбе : Афсона, 2000. - 84 с.
  3. Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Насими тавҳид / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.- Душанбе: Адиб, 2004. -110 с.
  4. Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Вусъати ишқ / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.  –Xуҷанд: Ношир, 2009.- 252 с.
  5. Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Шукуфаҳои сабзи баҳор / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.  -Душанбе : Маориф ва фарҳанг, 2010.- 192 с.
  6. Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Майи гулгун / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. -Душанбе: Пайванд , 2010.  -250 с.  (Ба ҳуруфи форсӣ).
  7. Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Номбардори падар (Маҷмӯаи шеъру ғазал) / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2011, -192 с.
  8. Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Садои вақт / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. - Душанбе: Адиб, 2017. -228 с.

                 Иддае аз мақолаҳои илмӣ ва илмӣ- оммавии 

Алии Муҳаммадии Хуросонӣ , ки дар кишвар ва берун аз он ба табъ расидаанд:

  1. Аз таърихи омӯзиши «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ // Ахбори АИ ҶШС Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. № 2. 1981. –С
  2. Беҳтарин пайравӣ аз «Шоҳнома»-и безавол / Хуросон, № 10, 1983  ( ба ҳуруфи форсии дарӣ дар Афғонистон, Кобул).
  3. Зи беҳтар сухан нест пояндатар / Садои Шарқ. № 1, 1985
  4. Хусусиятҳои услубӣ ва бадеии «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ / Ахбори АИ ҶШС Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятштносӣ. № 1, 1986.
  5. Асадии Тӯсӣ ва «Гаршоспнома»-и ӯ // Мактаби советӣ, № 11, 1986.
  6. Интихоби саҳеҳ мебояд // Садои Шарқ. № 5, 1987.
  7. Бурдӣ аз офоқ эъҷоз // Садои Шарқ. № 11, 1989.
  8. Шиносоӣ бо Аттор // Машъал. № 11, 1989.
  9. Заҳмати арзанда // Садои Шарқ. № 4, 1990.
  10. Чу арбоби сухан соҳибдилонанд // Илм ва ҳаёт. № 2, 1991.
  11. Чу арбоби сухан соҳибдилонанд //Илм ва ҳаёт. № 3, 1991.
  12. Силсилаи қасидаи «Ситтаи зарурия» // Фарҳанг. № 1, 1992.
  13. Назари Академик Бобоҷон Ғафуров  ба адабёти ирфонӣ // Академик Бобоҷон Ғафуров муҳаққиқи таърих ва тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ. –Душанбе: Ирфон, 1999. –С. 197-214.( Фишурдаи мақола ба забони инглисӣ дар с. 563 ва ба забони форсӣ аз тарафи рости кушодашавии китоб дар с.20-21 интишор ёфтааст).
  14. Ғазали форсии Иқбол//Иқболнома –Покистон, Лоҳур: Нашрияи “Иқбол Академӣ”, 1999. –С. 55-65.
  15. Байти ҳикмат // Чароғи маърифати Нигнот. –Душанбе: Шарқи озод, 1999. -С.96-99.
  16. Муҳаққиқи набототи кӯҳистон / Чароғи маърифати Нигнот. –Душанбе: Шарқи озод, 1999. – С. 166 – 170.
  17. Мармари Тиллогул / Чароғи маърифати Нигнот. –Душанбе: Шарқи озод, 1999. – С. 254 – 258.
  18. Базми ҷамшедии Ҷамшед// Рӯз. «Ҷумҳурият», 1999, 8-май. -С. 4.
  19. Ифтихормандем, ки шогирдаш ҳастем // Рӯз. «Садои мардум», 1999, 2- сентябр. –С. 4.
  20.  Мазмуни Зарободӣ - шоири соҳибдевон // Маҷ. «Тоҷикистон», №1 2000. –С. 28.
  21. Шеъре дархури ситойиш // Рӯз. «Адабиёт ва санъат»№1-4. 25-феврали 2000. –С. 2.
  22. Базми ҷамшедии Ҷамшед // Кит . «Базми Ҷамшед». –Душанбе, 2000. –С. 65-70.
  23. Устод Рӯдакӣ ва қадри суханвар дар аҳди Сомониён // Маҷ. «Шоҳроҳи ваҳдат», № 9, 2000. –С. 25 -30.
  24. Ҳамсафи бузургон  //  ёРӯз. « Адабиёт ва санъат».  2001, №12-14.
  25. Шукӯҳи Оли Сомон ва диди тоза ба он // Рӯз. «Ҷумҳурият». 2001, № 49.
  26. «Асрорнома»-и Шайх Нишопурӣ // Авранг. № 1, 2001.
  27. Таъсири адабиёти ибтидои қарни ХХ Мовароуннаҳр дар рушди забони форсии тоҷикӣ // Савумин раҳовард. Гузориши савумин маҷмаи байналмилалии устодони забон ва адабиёти форсӣ. –Теҳрон, 1381 ҳ.қ. (2002). –С. 211-218.
  28. Умре бо халқ // Рӯз. «Ҷумҳурият». 5-феврали соли 2002.
  29. Таҳқиқоти пурарзиш // Рӯз. «Садои мардум». 14 марти соли 2002.
  30. Ҷасорат ва маҳорат //  Рӯз. «Ҷумҳурият». 11- майи соли 2002.
  31.  Рӯзгори ибратомӯз ва дидаи ибратбин // Рӯз. «Ҷумҳурият». 14 майи соли 2002.
  32. Сатрҳои муҳаббат // Маҷал. «Фарҳанг» , № 3-4, 2002.
  33.  Андалеби гулшани ишқ // Маҷал. «Фарҳанг» , № 5-6, 2002
  34. Ҳаҷ ва амалкарди он дар осори суханварони форсигӯй //  Маҷал. «Сафинаи умед». № 2, 2003. –С. 9-12.
  35. Ғояҳои ваҳдати вуҷуд ва баёни кайфияти он дар «Мантиқу-т-тайр» // Ахбори АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. № 1, 2003.  –С. 38- 48.
  36. Юсуфӣ, Ғуломҳусайн. То ҳаст оламе, то ҳаст одаме / Ғуломҳусайн Юсуфӣ. Таҳияи Алии Муҳаммадӣ // Рӯз.: “Ҷумҳурият”, 18-уми сентябри соли 2004. – С. 3.
  37. Аттори Нишопурӣ ва маснависароӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ // Ахбори АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. № 4, 2003.  –С. 52- 61.
  38. Дурри якто буд байни дӯстон // Рӯз. «Ҷумҳурият». 14-феврали соли 2004. –С. 3.
  39. Ойинаи орзуҳо // Рӯз. «Адабиёт ва санъат». 30-апрели соли 2004, №18. –С. 3.
  40. Камоли комил // Рӯз. «Ҷумҳурият». 5-июни соли 2004. –С. 4.
  41. Ёде аз бузургони миллат // Рӯз. «Нидои ранҷбар». Июни соли 2004. № 7. –С. 8.
  42. Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ //Энциклопедияи адабиёт ва санати тоҷик. – Душанбе, 2004. –С. 451-452.
  43. Таъсири Мавлоно Ҷомӣ дар эҷоди қасоиди форсӣ-тоҷикии Алишери Навоӣ-Фонӣ // Маҷ. мақ. «Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ – ибрати ҳамкори азалӣ ва адабии мо –Самарқанд: СамДУ, 2004. –С. 22-29.
  44. «Ҳафт водӣ» ва мусаннифи он// Маҷ. «Боргоҳи сухан». – Москва, № 2, 2004. –С.130-141.
  45. Заҳматкаши фарҳанги асил / Носирҷон Маъсумӣ. Маҷмӯаи ашъор. –Душанбе: Эҷод, 2005. –С. 3-6.
  46. Байти ҳикмат // Ғайбуллоҳи Эшназар. Умри бардавом. –Душанбе: Эҷод, 2005. –С. 3-15.
  47. Назаре тоза дар тасҳеҳи ашъори устод Рӯдакӣ // Маҷ. «Рӯдакӣ». Фаслномаи адабӣ-фарҳангии Ройзании фарҳангии ҶИ Эрон дар Тоҷикистон. Соли шашум, № 8-9. 2005-2006. –С. 111-119.
  48. Таронасарои Ватан. Муқаддима ба китоби мунтахаби осори Файзулло  Ансорӣ  «Офтоби баҳор».   –Душанбе:  Сарпараст,   2006. –С. 3-9.
  49. Асадии Тӯсӣ.  «Гаршоспнома» дастури давлатдорист. Варақе аз “Гаршоспнома”.  Таҳия ва тадвини Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // маҷал. “Садои Шарқ”. –Душанбе, 2006, №12. –С. 98 - 114.
  50. Чеҳраи Рӯдакӣ // Рӯз. « Садои мардум». 17-апрели соли 2007.    
  51. Ҷустуҷӯҳои илмӣ дар заминаи намунаҳои тозаи ашъори Рӯдакӣ // Рӯз. «Адабиёт ва санъат» . Соли 2007, 1-март.
  52. Ҳаёти адабии Исфаҳон то қарни шонздаҳ дар «Ҳафт иқлим» // Фарҳанг ва ҳунари Исфаҳон дар садаҳои ХУ1 ва ХУ11. –Душанбе, 2007. –С. 270-281 (Бо ҳаммуаллифии М. Садриддинов).
  53. Нашри осори бозмондаи устод Рӯдакӣ дар Тоҷикистон  // маҷал. «Тоҷикистон», №11-12, 2007. –С. 9-11.
  54. Илмат ба амал чу ёр гардад // кит.: Ҷӯрабек Назрӣ – родмарди андеша ва ҳунар . –Душанбе: Пайванд, 2007. –С.39-45.
  55. Рӯдакӣ бино набуд? // Рӯз. «Ҷавонони Тоҷикистон». Соли 2007, 19-сентябр.
  56. Мавлонои Рум, Аллома Иқбол ва Халилуллоҳи Халилӣ // Маҷ. “Боргоҳи сухан”.  Китоби 9. Москва, 2007. – С. 3 – 11.
  57. Ҳусомуддини Чалабӣ ва саҳни ӯ дар эҷоди «Маснавии Маънавӣ» // Офтоби маърифат. Душанбе , 2007. – С. 138 – 146.
  58. Саҳми Мавлонои Рум дар инкишофи афкори ахлоқӣ // Офтоби маърифат. Душанбе , 2007. – С. 243 – 252.
  59. Омӯзгори соҳибдевон / Муҳиддини Халифа. Бақои умр (Шеърҳо). Бо муқаддима ва таҳияву тадвини Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. –Хуҷанд: Анис, 2007. –С. 3-9.
  60. Саҳми Мавлои Рум дар инкишофи афкори ахлоқӣ // Кит. “Ганҷинадори мероси ниёгон”. –Хуҷанд: Ношир, 2007. – С. 59 – 66.
  61. Матншиносии тоҷик ва таҳаввули он дар 50 соли охир / Ёдномаи академик Абдулғанӣ Мирзоев. Душанбе: Дониш , 2008. –С. 105 – 124.
  62. Нашрҳои осори бозмондаи устод Рӯдакӣ дар Тоҷикистон // Маҷ. «Тоҷикистон». № 1-2, 2008. –С.24-27.
  63. Муҳаммадиев Шароф / Алии Муҳаммадӣ // Донишномаи Рӯдакӣ. Иборат аз 4 ҷилд, ҷилди 2. –Душанбе: ҶММ “КСЕРОКС ЛАНД”, 2008. – С. 181.
  64. Қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ва маъхазҳои қаламии он// Маҷ.мақолаҳои ҳамоиши байналмилалии «Ҷойгоҳи Рӯдакӣ ва муколамаи фарҳангҳо» . –Хуҷанд,  28-29 майи соли 2008. –С.339-348.
  65. Матншиносии осори бозмондаи Рӯдакӣ ва мушкилоти он // Фишурдаи суханрониҳо дар Симпозиуми байналмилалии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон»: -Душанбе, 6-7 сентяри соли 2008. –С.130-141.
  66. Охирин дидор // Кит. «Муаллими Ҳикмат». –Душанбе, 2008. –С. 72-77.
  67. Таҳқиқи насри «Искандарномаи кабир»-и Манучеҳри Ҳаким // Кит. Рухшонаи Восеъ. Романи «Искандар кабир»-и Манучеҳри Ҳаким. –Душанбе, 2008. –С. 3-7.
  68. Тараббахши рӯҳу фараҳзои ҷон // Рӯз. «Ҷумҳурият», №126, 7- августи соли 2008. –С. 3.        
  69. Сайидои Насафӣ – шоири ширинбаёни Мовароуннаҳр // Рӯз. «Боргоҳи сухан» , №19. 29-ноябри соли 2008. –С. 7.
  70. Одоб ва ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ // Фаслномаи «Пож», № 4, Эрон: Машҳад, 1387 (январ-феврали 2009). –С.135-156.
  71. Адабиётшиносе дар гаҳвораи адабиёти навини форс- тоҷик // Рӯз. «Овози тоҷик» ( Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Тошкент) . 10-январи соли 2009.
  72. Дарунмояи шеъри имрӯз ва нигоҳи муҳаққиқ // Рӯз. «Адабиёт ва санъат. №21 (1472), 21 майи соли 2009. –С.5. 
  73. Андешаҳо матншиносии ашъори бозмондаи Рудакӣ ва тасҳеҳи он // Маҷаллаи «Хизонаи пурганҷ». Вижаи 1150 солагии бузургдошти устод Рӯдакӣ. ( ба ҳуруфи форсӣ).. –Теҳрон,1387 (2009). –С. 29-31.
  74. Поягузорони шарқшиносии тоҷик ва роҳбарони он // Номаи Пажӯҳишгоҳ : Фаслномаи пажӯҳишҳои эроншиносӣ. Вежаи шарқшиносӣ дар Тоҷикистон. Соли ҳаштум, №9, соли 2009. -8-15 (ба ҳуруфи кириллии тоҷикӣ) ; -С. 34-30 (ба забони русӣ) ; -С. 27-34, -С. 35-42, -С.59-62, 75-76 , -С.77- 84 ва -С.85-90 ва91-96 (ба ҳуруфи форсӣ).
  75. Шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ  ва нашри мероси хаттӣ // Номаи Пажӯҳишгоҳ : Фаслномаи пажӯҳишҳои эроншиносӣ. Вежаи шарқшиносӣ дар Тоҷикистон. Соли ҳаштум, №9, соли 2009. –С. 99-118(ба ҳуруфи форсӣ).
  76. Нигоҳе ба Аттори Нишопурӣ / Ахбори АИ Ҷ Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. № 2 , 2010.
  77. Одоб ва ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ / Садои Шарқ. № 9 , 2010. –С.81-95.
  78. Таъсирипазирии Алишери Навоӣ аз адабиёти форсии тоҷикӣ дар мисоли эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ / Маводи симпозиуми байналмиллалии «Низомӣ ва Навоӣ» ( фушурда ба забонҳои узбекӣ, русӣ, инглисӣ ва форсӣ). Самарқанд, 2010 / с. 18-22.
  79. Муруре бар таҳқиқ ва пажӯҳиш дар бораи Асадии Тӯсӣ дар Аврупо // Маҷ. «Адабиёт», Ҷумҳурии Исломии Эрон, №39, соли 1389 (2010). –С. 46-51.
  80. Вусъати домани андеша // Рӯз. «Адабиёт ва санъат», №43. 28- октябри соли 2010. –С. 10.
  81. Замин ҳам навозиш мехоҳад // Рӯз. «Садои мардум», №134. 30-ноябри соли 2010. –С 4.
  1. Абдулҳайи Муҷахарфӣ /   АлииМуҳаммадии Хуросонӣ // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди1. – Душанбе, 2011. –С. 42- 43.
  2. Гармии гуфтори Аттор дар гуфтори Камол / Алии Муҳаммадии  Хуросонӣ // Мақолоти маҷмааи бузургдошти Камоли Хуҷандӣ. –Табрез, 1375. –С. 291-296.
  3. Мухтасаре аз рӯзгору осори Шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ // Абдулҳайи Муҷахарфӣ. Муфизу-л-анвор ва Девони ашъор.  –Душанбе: Дониш, 2011. –С. 7-35. (Ба ҳуруфи форсӣ).
  4. Рӯзгори ибратомӯз ва дидаи ибратбин / дар кит: Убайди Раҷаб «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме». Душанбе: Бухоро, 2012. – С.126 – 130.  
  5. “Хамса”- сарои  беназир ва  сухангустари   муқтадир          / Низомии Ганҷавӣ. Хамса. Махзану-л-асрор ва Хусраву Ширин. -Душанбе: Адиб,2012.- С.3-16.                  
  6. Зиндагӣ дар шеър / дар кит.: «Зиндагӣ дар шеър». -Душанбе, 2012. – С. 19-32).
  7. Ойинаи орзуҳо / дар кит.: «Зиндагӣ дар шеър». Душанбе, 2012. – С. 191-219.
  8. .  Рӯ ба рӯ бо «Девон»-и Шайх Аттори Валӣ / Фаридуддини Аттор. Девон. –Душанбе: Дониш, 2012. –С.3-32.
  9. Андешаҳо андар рӯзгору осори пурбори суханвари нотакрор Иқбол (Бо ҳамқаламии ш. Пӯлодова) // Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Куллиёти форсӣ. –Душанбе, 2013. –С. 12-50.
  10. Таъсирпазирии Навоӣ – Фонӣ  аз осору афкори Амир Хусрав дар «Девони форсӣ»-и ӯ / Суханшиносӣ, № 2, 2013. – С. 144-155. Одоб ва ҳунари номанигорӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Меҳрнома (Маҷмӯаи мақолаҳо). –Душанбе, 2013. С. 144-167.
  11. Сарчашмаҳои қаламии қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» // Рӯз. «Ҷумҳурият», 21. 09. 2013. –С.3.
  12. Истиқбол ва таъсирпазирии Аллома Иқбол аз Хоҷа Ҳофиз // Рӯз. «Ҷумҳурият, 22 апрели соли 2014, № 74 (22379). –С. 3.
  13. Дар сухан муқтадир ва дар илм камназир / Маҷ. мақ. «Робитаҳои адабӣ ва фарҳанги Шарқ». – Душанбе, 1214. – С. 292 – 297.
  14. Ду маснавии Аттори Шишопурӣ // Фаридуддини Аттор. Мантиқу-т-тайр ва Асрорнома. –Душанбе: Адиб, 2014. –С.5-16.
  15. Андалеби Ҳиндустон // Амир Хусрави Деҳлавӣ. Ғазалиёт. –Душанбе: Адиб, 2014. –С. 3-16.
  16. Дар сухан муқтадир ва дар илм камназир// Рӯз. «Ҷумҳурият». 10 январи соли 2014, № 8 (22313). –С. 4.
  17. Истиқбол ва таъсирпазирии Аллома Иқбол аз Хоҷа Ҳофиз// Рӯз. «Ҷумҳурият». 22 апрели соли 2014, № 8 (22379). –С. 3.
  18. Қалами нав // Рӯз. «Ҷавонони Тоҷикистон». 4 декабри соли 2014, №49 (9371). –С. 14.
  19. Замин ҳам навозиш мехоҳад // Қаҳрамони писандидаи мардум. -Душанбе , 2014. – С. 10 – 21.
  20. «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» дар «Авесто»// Ҳикмати «Авесто». –Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. –С.3-8.
  21. Ғазалҳои ошиқонаву орифонаи Мавлоно Ҷомӣ/ Абдураҳмони Ҷомӣ. 600 ғазали Ҷомӣ –Душанбе: Адиб, 2014. –С.3-8.
  22. Муқаттаоти Абдураҳмони Ҷомӣ / Нуриддин Абдурраҳ-мониҶомӣ. Муқаттаот. –Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. –С.3-7.
  23. Чашмае бо умеди ба дарё расидан / Карим Нофеъӣ. Чашмаи муҳаббат. –Душанбе: Адиб, 2014. –С. 3-4.
  24.  Бунёи Рӯдакӣ /   Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Энсикло-педияи Миллии  Тоҷик. Ҷилди 3. – Душанбе, 2014. –С. 248.
  25. Васлӣ, Мулло Сайидаҳмади Самарқандӣ /   Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Энсиклопедияи Миллии  Тоҷик. Ҷилди 3. – Душанбе, 2014. –С.513.
  26. Оташафрӯзи бешаи андешаҳо / Ҷалолуддини Балхии Румӣ. Мунтахаби рубоиёт. –Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. –С.3-8.
  27. Бунёдгузори “Бунёди Рӯдакӣ”// Рӯз. . «Адабиёт ва санъат». –Душанбе, 20 сентябри соли 2015. –С. 3.
  28. Устоди баландном ва баландмақом// Маҷ. «Дин ва ҷомеа».- Душанбе, 2015. -С.23 – 26.
  29. Асари хайр гузошт// Рӯз. «Адабиёт ва санъат». –Душанбе, 29 октябри соли 2015.
  30. Дар бораи маснавии “Ҳафт водӣ”-и мансуб ба Мирсайид Алии Ҳамадонӣ  //Ахбори АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, №3 (236), 2015. –С. 12-22.
  31. Афсаҳзод Аълохон – устоди баландном ва баландмақом дар илм // Кит.: Хайрёди Аълохон Афсаҳзод. –Душанбе: Дониш, 2015.-С. 195-204.               
  32. Ҷӯрабек Назрӣ -  марди илму адабу ҳунар // Ниг.: Ҷӯрабек Назрӣ. Сухане чанд аз адабу адабиёти муосири тоҷик ( Ё “Дарёи сахан пуроб бояд”). –Душанбе: Дониш,2016. –С. 8-12.     
  33. Ғулғулаи ишқ дар шеъри Ҳилолӣ / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Бадриддин Ҳилолӣ. Девон. –Душанбе: Адиб, 20016. –С. 5-14.
  34. Осори мондгори суханвари нотакрор Хоҷа Убайд / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Убайди Зоконӣ. Мунтахаби осор. –Душанбе: Адиб, 20016. –С. 5-10.
  35. Тоҷикшинос ва тарғибгари адабиёти тоҷик дар Чехия // Рӯз. “Адабиёт ва санъат”, №10 (1825). 10 –марти соли 2016. –С. 12.
  36. Рӯ ба ойинаи Наврӯз // Рӯз. “Ҷумҳурият”, №55 (22877). 19-марти соли 2016. –С. 2.
  37. Васлгари дилҳои аҳли ҷаҳон / рӯз.Адабиёт ва санъат»,  № (1825). 27-уми сентяби соли 2016.  –  С. 4 ва С. 12.
  38. Нигоҳе ба рӯзгору осори Аллома Иқбол  (бо ҳамқаламии Ш. Пӯлодова) / Ниг.: Иқболшиносӣ (маҷмӯаи мақолаҳо). –Душанбе: Дониш, 2016. С. 11-46.
  39. Мавлоно  Ҷалолуддини Балхӣ, Аллома Иқбол ва Халилуллоҳи Халилӣ. / Ниг.: Иқболшиносӣ (маҷмӯаи мақолаҳо). –Душанбе: Дониш, 2016. С. 159-168.
  40. Номаи аъмоли Ҷомӣ дар ғазалҳояш бихон  /  Ҷомӣ, Абдураҳмон. Мунтахаби ғазалиёт. –Душанбе: Адиб, 2016. – С. 3-10.
  41. Сабзварақе аз бӯстони Истиқлол ( Инъикоси дастовардҳои суханшиносии даврони Истиқлол дар «Ахбор»-и АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон) // Маҷ. Камоли Хуҷандӣ. Фаслномаи илмӣ-адабӣ № 3 (7), Хуҷанд,2016. –С. 21-28.
  42. Адабиёти ҳавзаи Кошғар таҳқиқоти дақиқтарро интизор аст ( Муродӣ, Низомиддин. Адабиёти форсу тоҷик дар Кошғар (асрҳои ХУ1-Х1Х). –Хуҷанд: Ношир, 2016. 418 с. / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Садои Шарқ. –Душанбе, 2016. – С. 137-146.
  43. 125. Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва шеъри ӯ /  Алии Муҳаммадии Хуросонӣ //   Пешвои миллат ва Панҷакент. –Душанбе: Эр-гаф, 2016. –С. 197- 221. ( бо ҳамқаламии Расул  Ҳодизода).
  44. Достони тамсилӣ дар ҷомаи қисса (Андешаҳо атрофии достони тамсилии Саидҷон Уроқӣ «Қоз ва Товус». –Душанбе: Адиб, 2016. -320 с.) / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Рӯз. «Адабиёт ва санъат» №16 (1883), 20-уми апрели соли 2017. –С. 14.
  45. Ҳаҷ ва ҳаҷгузорӣ аз нигоҳи суханварон / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Маҷ.:  «Дин ва ҷомеа» («Релегия и обшество»), №2 (35) феврали 2017. – С. 34 - 36.
  46. Маъхазҳои қаламии қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Маҷ.: « Ахбори АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ» №1 (245), 2017. –С.136-145.
  47. Ба як ҷавонмард чиҳил ҳунар кам аст / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Раҳимзода, Хуррам. Гардиши айём (Ҳикоёт ва мақолот)   / Хуррам Раҳимзода. –Душанбе: “ЭР-граф”, 2017.    - С . 3 - 8.
  48. Қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ва маъхазҳои қаламии он / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Маҷ.: « Садои шарқ», №8,  2017. –С.132-145.
  49. Мулоҳизаҳо атрофи абёти тозаёфтшудаи ашъори Рӯдакӣ / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Маҷ.: « Ахбори АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ» №4 (248), 2017. –С.141-146.
  50. Шеъри ҳидоятгар ва созандаи устод Рӯдакӣ / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ// Маҷаллаи “Фарҳанг ва санъат”- Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Душанбе: Истеъдод, 2018, № 3.- с.26-34.
  51. Рубоиёти форсии Амир Алишери Навоӣ- Фонӣ / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Маҷаллаи “Садои Шарқ”, 2018, № 8.-с. 112-118.
  52. Навои дӯстиву бародарӣ / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. Рӯз. “Адабиёт ва санъат”. № 39, 27-уми  сентябри соли 2018.- с. 7 ва 14.
  53. Сайидои Насафӣ - шоире аз табори ҳунармандон / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангиву  адабии Мовароуннаҳр (Маҷмӯаи мақолаҳо). -Душанбе: Дониш, 2018.-С. 571-580.
  54. Ҳидояти Рӯдакӣ / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ //  Рӯз. “Адабиётва санъат”, № 45, 8 ноябри 2018.-С. 7 ва 12.
  55. Мусаввири инсон ва хоссаву хостаҳои он / А.М. Хуросонӣ, А.Р. Сомонӣ // Миробид Саййидои Насафӣ.  Куллиёт. Таҳияи матн бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳоти Алии Муҳам-мадии Хуросонӣ  ва асрири Раҳмонфари Сомонӣ. –Душанбе: Дониш, 2018. – С. 3-24.
  56. Булбули Омул / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ, Ғании Кашмирӣ. Чаҳорбоғи ғазал. –Душанбе: Адиб, 2018. – С. 5-10.
  57. Шоири “хуштарош”-у “хушсадо”  / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ, Ғании Кашмирӣ. Чаҳорбоғи ғазал. –Душанбе: Адиб, 2018. – С. 165-170.
  58. Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ, Ғании Кашмирӣ. Чаҳорбоғи ғазал. –Душанбе: Адиб, 2018. – С. 305-310.
  59. Ғанӣ доди сухан дода / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ, Ғании Кашмирӣ. Чаҳорбоғи ғазал. –Душанбе: Адиб, 2018. – С. 5-10.
  60. Достони “Фарҳод ва Ширин”-и Навоӣ дар тарҷумаи Муҳиддин Аминзода / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ //  Гузориши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, №1-2, 2018. –Душанбе: Дониш, -С. 124-130.

 

Муҳимтарин дастоварҳои илмии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ:

        1. Бори аввал бо заҳмати мавсуф доир ба рӯзгору осори Асадии Тӯсӣ ва «Гаршоспнома» - и ӯ рисолаи мукаммали илмӣ навишта ба забони русӣ интишор ёфтааст.
        2. Рисолаи муштараки ӯ бо адабиётшинос Ҷ. Назрӣ «Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома» доир ба паҳлуҳои наомӯхта ва камомӯхтаи шоҳасари Ҳаким Фирдавсӣ баҳс мекунад.
        3. Аввалин маротиба  нусахи қаламии осори адабии шоирони асрҳои XVIII ва аввали ХХ форсии тоҷикӣ Мазмуни Зарободӣ, Нозеҳи Пасрӯдӣ ва Абулҳайи Муҷахарфиро дарёфт ва қисман пурраву қисман мунтахаб ба нашр расонид.
        4. Нахустин маротиба «Маснавии маънавӣ»-и Румӣ, девон ва маснавиҳои Аттори Нишопурӣ,  ашъори Абдулҳайи Муҷархарфӣ  ва… ба ҳуруфи  кирилӣ чоп ва ба хонандаи тоҷик пешниҳод намудааст.
        5. Аввалин бор «Девони кабир»-и Мавлоноро ба пуррагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонидааст ( 2007 – 2009).
        6. Матни илмӣ – интиқодии «Девони ашъор»-и Рӯдакӣ. –Душанбе: Пайванд (  заҳмати Алии Муҳаммадии Хуросонӣ бо ҳамкории Р. Ҳодизода, 2008. -614 саҳ.),  ки бори аввал дар Рӯдакишиносӣ анҷом дода шудааст.
        7. Китоби   Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ «Таърихи адабиёти форсии дарии тоҷикӣ», ки  дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Афғонистон, Бунгоҳи интишороти «Майванд», чопи « Сабо» соли 2009 интишор ёфтааст  ( дар 466 саҳ. ба ҳуруфи форсӣ), аввалин китоби тадқиқотӣ доир ба адабиёти асри ХУ1 ва аввали асри ХХ тоҷик дар Мовароуннаҳр мебошад, ки дар хориҷ аз кишвар бо ҳуруфи ниёгон  чоп шуда, мавриди истифода қарор гирифт.